Асосӣ: Сиёсати дохилӣ Ба истиқболи 27 июн – Рӯзи Ваҳдати миллӣ ПЕШВОИ МИЛЛАТ– КАФИЛИ ВАҲДАТ ВА ЯГОНАГӢ
+++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++ Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ: вазъият ва дурнамо +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара +++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар мубориза бо терроризм ва экстремизм +++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти мубориза бо терроризм +++ ТАБРИКОТИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон +++ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Суан Фук мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз446
mod_vvisit_counterДирӯз2491
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта4931
mod_vvisit_counterДар ин моҳ37519
mod_vvisit_counterҲамагӣ1680842
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Июни
19
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Ба истиқболи 27 июн – Рӯзи Ваҳдати миллӣ ПЕШВОИ МИЛЛАТ– КАФИЛИ ВАҲДАТ ВА ЯГОНАГӢ

07.06.2019

Сулҳу субот, оромию осоиштагӣ, бунёдкорию созандагиҳои пурвусъати кишварамон аз дастовардҳои беназири халқу кишварамон маҳсуб меёбанд. Ин ҳама дастовардҳо туҳфаи Худовандӣ буда, бо василаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бароямон насиб гардидааст.

Имрӯзҳо ҳар нафаре, ки аз хоричи кишвар ба Тоҷикистон қадам ранҷа мекунад, аз боду ҳаво, манзараҳои дилбарандаю нотакрору биҳиштиаш баҳравар гардида, фазои осудаҳолии кишварамонро бо чашми cap мебинад ва ба мардуми саодатманди ин сарзамин, ки чунин ҳадяҳои худовандиро соҳибанд, ҳасад мебарад.

Бисту ду сол муқаддам ин ҳама шодиву сурур, шукуфоиву пешрафт ва ба ин рӯзи нек расидани ҳалқи кишварамонро касе гумон надошт. Алангаи ҷанги шаҳрвандӣ ҳамаро ба коми худ фурӯ мебурд. Яьсу ноумедӣ, гуруснагиву қаҳтӣ мардумро аз оянда дилсард гардонида буданд. Аз ин рӯ, мардум на танҳо ба ояндаи дуру дурахшони кишвар, балки ба субҳи фардои худ бовар надоштанд.Шоири шаҳири тоҷик, шодравон Ашӯр Сафар он рӯзҳои тираву ҳузноварро пеши рӯ оварда гуфта буд:

Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад,

Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад.

Муддати панҷ соли ҷанги шаҳрвандӣ мардум рӯзи ҳурсандӣ надошт. Дар тӯю сураш оҳанги ҳузн ва тарсу ҳарос тантана дошт. Агар мардум аз як тараф, аз тарси камондорони беандешаву ҷоҳил рақсу суруд, базму хурсандиро ба гӯшаи фаромушӣ дода буданд, аз ҷониби дигар, нодорӣ, қалбҳои аз марги хешону пайвандон, ёру дӯстон ва ҳамсоягони азизашон хуншор онҳоро аз ташкили базмҳои хурсандӣ дасткӯтаҳ намуда буд. Бо вуҷуди ин, рӯзгори мардуме, ки дар кишвар буданд, новобаста аз вазъи носолими сиёсию иқтисодӣ нисбат ба ҳоли муҳоҷирони иҷборие, ки аз тарси ҷон ба кишвари ҳамсоя- Афғонистон паноҳ бурда буданд, беҳтар буд.

Дар марзи кишвари бегона, дур аз Ватан, дар фироқи ёру ошно, хешону ақрабо рӯз гузаронидан барои муҳоҷирони иҷборӣ осон набуд. Ҳамарӯза дар хоки кишвари Афғонистон ҷасаде аз муҳоҷирони тоҷик ба хок супорида мешуд ва қитъае аз хоки ин кишвар ба мазори ғарибони тоҷик мубаддал мегардид. Дур аз ватани аҷдодӣ, дар хоки кишвари бегона ба хок супурдани пайвандон барои мардуми ватандӯсту ватанпарастамон басо сангину дарднок буд.

Беҳокимиятӣ дар кишвар торафт реша давонида, ҳукумат ба дасти чанд тан аз силоҳбадастони шӯрапушту бесаводу бефарҳанг монда, тақдири миллат ва марзу буми Тоҷикистонро дар сари мӯ бозӣ медоронд.

Ба ҳоли мардуми тоҷик «раҳми Парвардигор омад». Баргузор шудани Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 16-уми ноябри соли 1992 ва ҳайси роҳбари ҳокимияту кишвар интихоб гардидани ҷавонмарди боҷасорату ватандӯст ва халқпарвар Эмомалӣ Раҳмон то андозае ба дилҳо шӯълаи умед барафрухт. "Ман ба Шумо сулҳ меоварам", "То он даме, ки охирин муҳоҷири иҷборӣ дур аз Ватан аст, ман худро осуда намеҳисобам", "Ман дар роҳи қатъи ҷанги бемаънии кишвар ҷони худро дареғ намедорам"– хитобаҳои ин ҷавони халқпарвар ба дилҳои мардуми аз ҷанг хаста фараҳ оварданд.

Аз ин суханони самимонаи Эмомалӣ Раҳмон мардум ба хубӣ дарк намуданд, ки ӯ бо тамоми ҳастӣ хостгори амну осоиши миллат аст. Ин ҷавонмарди оқилу дурандеш бо тамоми ҳастии ҳеш эҳсос намуд, ки агар алангаи ин ҷанги бемаънӣ хомӯш карда нашавад, аз миллат нишоне нахоҳад монд. Ӯ тоби шунидани суханони таънаомези душманони миллатро надошт, ки дар ғурбат ба хок рафтани муҳоҷирони иҷбориро дида, ноадолатона "Ин миллат соҳиб надорад",– гӯён ҷор меандохтанд.

Эмомалӣ Раҳмон–ҷавонмарди сарсупурдаи миллат барои аз вартаи ҳалокат наҷот додани миллат ва барои аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест нашудани номи Тоҷикистон бо тамоми ҳастияш талош намуд. Дар ин роҳ ӯ аз ҷони худ заррае ҳарос накард. Хуб медонист, ки ҳар лаҳзаву ҳар соат мухолифин ва онҳое, ки ҳастии тоҷику Тоҷикистонро намехостанд, пайи ҷисман нобуд карданаш нақшаҳои ноҷавонмардона тарҳрезӣ мекунанд, аммо ӯ қисмати худро ба Худо супурдаву барои ҳифзу амонии тоҷику Тоҷикистон, баҳри мувофиқа ҳосил кардан бо мухолифин пайи оташбас ва қатъи ҷанги бемаънӣ ба ҳар нуктае, ки онҳо мехостанд, далерона рафт. Барои ҳифзи миллату Ватан сари мӯйе наҳаросид. Ба қавли додааш: "Ман дар роҳи қатъи ҷанги бемаънии кишвар ҷони ҳудро дареғ намедорам" чун кӯҳ устувору побарҷо истод.

Яке аз нуқтаҳои мулоқоти мухолифини Ҳукумат бо Сарвари давлат кишвари ҷангзадаи Афғонистон буд. Кишваре, ки дар он ҷо муддати беш аз понздаҳ сол ҷангу хунрезӣ идома дошт. Садои тиру туфанг гӯиё барои мардуми ин кишвар оҳанги зиндагӣ гардида буд. Сарвари миллату давлати тоҷикон ба ин нуқтаи пурхатару маргзо баҳри мулоқот мешитофт. Ҳамаи ҷонибдоронаш, онҳое, ки аз иқдомҳои ватандӯстонааш ҷонибдорӣ менамуданд, аз ин сафари ӯ тарсе дар қалбҳо доштанд. Аз миёни мухолифин баъзеҳо ин лаҳзаро пайти муносиб дониста, ба ҷонаш қасд намуда буданд ва роҳи омаданашро интизорӣ мекашиданд. Чархболи Сарвари боиродаи тоҷикон дар фазои Афғонистон пайдо шуд. Пас аз чанд лаҳзаи парвоз ба замин фурӯд омад. Ин манзараро яке аз қумондонҳои шинохтаи мухолифин тамошо кардаву чунин баён кардааст: "Ӯ аз омадан ба ин нуқтаи маргзо наҳаросид. Аз он наҳаросид, ки шояд аз кадом ҷонибе сӯяш тир холӣ шавад. Шояд аз гурӯҳҳои размандаи афғонӣ ин амали нангинро анҷом дода, онро ба номи мо унвон мекарданд. Эмомалӣ Раҳмон, ки ин ҳама эҳтимолиятҳоро дидаву дониста, бо дасту дили кушода ва қалби пок назди мо барои қатъи ҷанг, ки ҳадафаш наҷоти миллату Ватан аст, ҳузур овард.

Аҳсан ба ӯ!"

Дарвоқеъ, Эмомалӣ Раҳмон ин ҳама хатарҳоро хуб медонист, вале ҳеҷ наметавонист, ки аз қавли ҷавонмардона додааш, пас гардад. Ин амали боҷасоратона баҳри ҳифзи ҷони худу миллату ватанаш сипари беҳтарине гардид!

Рӯзи 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ бо азм ва ҷаҳду талошҳои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид. Ин санаи сарнавиштсоз то мавҷудияти миллат аз саҳифаи таърих сутуда нахоҳад шуд.

Мардуми қадршиноси тоҷик ба ҳар накукорӣ новобаста аз мақому манзалаташ арҷгузорӣ менамояд. Ба табибе, ки фарзандашро аз вартаи бемориву ҳалокат раҳонидааст, як умр эҳтиром мегузорад. Эмомалӣ Рамон низ "табиб"-и наҷотбахши миллат ва шоистаи эҳтироми ҷовидонии миллат мебошад.

Пешвои миллати мо дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ аз чеҳраҳои шинохта ва аз ҷумлаи сиёсатмадорони маъруф ба шумор меравад. Таҷрибаи сулҳофарии ин марди бузург мавриди омӯзиши коршиносони ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад.

Таҳаммулпазирӣ маҳаки асосии сиёсати ин сиёсатмадори наҷибро ташкил менамояд. Дар таърихи ҷаҳонӣ ҳеҷ давлатдоре пас аз ба даст гирифтани зимоми роҳбарии давлату ҳокимият мухолифини худро авф нанамуда, муҳоҷирони дар ҳар гӯшаву канори дунё парешоншударо ба ватан ҷамъ наовардааст. Амали ҷавонмардонаву инсондӯстонае, ки Эмомалӣ Раҳмон пешаи асосии сиёсати хеш қарор додааст, обрӯву эътибори вайро миёни хосу оми миллат ва ҷомеаи ҷаҳонӣ баланд гардонидааст. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун хотимабахши ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ, наҷотбахши миллату Ватани аҷдодӣ, меъмори асосии ваҳдати миллӣ шинохта шудааст. Мардуми кишвар бо азму иродаи худ, бо нишони арҷгузорӣ ба хизматҳои беназиру пурарзиши ин марди фарзона ӯро қонунан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат эътироф намуданд.

Ҳар гоҳ дар кишварамон ва хориҷ аз он дар хусуси Ваҳдати миллии мардуми сарбаланди Тоҷикистон сухан ба миён ояд, пеш аз ҳама, симои ин марди фарзонаву хирадманд пеши назарҳо ҷилавгар мешавад. Сарвари давлатамон бо барқарор намудани Ваҳдати миллӣ пояи сиёсати бунёдкоронаи худро мустаҳкам гардонид.

Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷику Тоҷикистон хушбахтиву саодатмандиҳо ва пешрафту шукӯфоиҳои зиёд насиб гардонид. Ҳамкориҳои дӯстона бо зиёа аз 200 кишвари дунё, бунёд гардидани роҳҳои сатҳи байналмиллалӣ ва корхонаҳои азими истеҳсолӣ, ки ба ояндаи боз ҳам дурахшони кишвар мусоидат менамоянд, аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Ваҳдати миллӣ омили муҳими роҳандозӣ шудани сохтмонҳои бузургтарини аср гардидааст. Бунёди нақбҳои Истиқлолу Хатлон, ки баҳри рафъи бумбасти коммуникатсонӣ, бунёди неругоҳдои Бойғозӣ, Сангтӯдаю Роғун, ки истиқлолияти энергетикиамонро таъмин менамоянд, умедро ба ояндаи дурахшони кишвар беш аз пеш мегардонанд.

Баргузории чорабиниҳои бузурги фарҳангӣ, ки дар арсаи чаҳонӣ муаррифгари тамаддуни беш аз ҳазорсолаи миллати тоҷик аст, маҳз бо ташаббус ва талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, аз фазои амну осоиши кишвар ва танатанаи Ваҳдати миллӣ башорат медиҳанд.

27 июни соли равон аз санаи баимзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва тантанаи ваҳдати миллии тоҷикон 22 сол пур мешавад. Агарчи мо дар ин муддат ба дастовардҳои зиёд ноил гардидем, ин ҳама барои ба зиндагии воқеан шоиста расиданамон ҳоло кам аст. Мо барои бунёди зиндагии воқеан шоиста бояд ваҳдати миллиамонро аз ҳама гуна таҳдиду хатарҳо ҳифз кунем. Зеро то ҳанӯз душманони миллату давлатамон барои халалдор кардани амну осоиш, сулҳу сафо, бунёдкориву созандагӣ, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон нақшаҳо тарҳрезӣ менамоянд.

Итминони комил дорем, ки ҳар фарди миллат бо ҷонибдорӣ аз сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дифоъ аз Ваҳдати миллӣ барои ояндаи дурахшони миллат ва Тоҷикистони азизамон саҳми арзанда мегузорад.

Мирзо Ашӯров,

коршиноси масоили сиёсии

Маркази тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон