Асосӣ: Маркази матбуот МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ "ОНЛАЙН - ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ФАЗОИ МАҶОЗИИ ТОҶИКИСТОН"
+++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++ Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ: вазъият ва дурнамо +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара +++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар мубориза бо терроризм ва экстремизм +++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти мубориза бо терроризм +++ ТАБРИКОТИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон +++ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Суан Фук мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз555
mod_vvisit_counterДирӯз2491
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта5040
mod_vvisit_counterДар ин моҳ37628
mod_vvisit_counterҲамагӣ1680951
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Июни
19
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ "ОНЛАЙН - ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ФАЗОИ МАҶОЗИИ ТОҶИКИСТОН"

30.05.2019

Рӯзи 30 майи соли 2019 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд дар мавзӯи "Онлайн– экстремизм дар фазои маҷозии Тоҷикистон " баргузор гардид. Дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату муассисаҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳо, коршиносон ва рӯзноманигорони расонаҳои ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.

Мизи гирдро бо сухани муқаддимавӣ муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва зимни суханронии худ қайд кард, ки таҳдиду хатарҳои онлайн-эктремизм ба амнияти Тоҷикистон, хусусиятҳои зоҳиршавии он, омилҳои ҷалбкунанда, ҷавонон чун объекти онлайн-эктремизм, инчунин, тадбирҳои муассири пешгирӣ аз онлайн-эктремизм дар фазои маҷозии кишвар аз масъалаҳои муҳиме мебошанд, ки баррасии амиқ ва пешниҳодҳои мушаххаси иштирокчиёни ҳамоиш метавонанд дар таҳкими амният ва суботи давлат саҳми муносиб гузоранд.

Боиси ифтихор аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба яке аз маконҳои ҳакоҳангсозии талошҳои мушатрак оид ба мубориза бар зидди таҳдид ва хатарҳои замони муосир табдил ёфта, имсол дар мамлакат якчанд чорабиниҳои муҳими сатҳи баланди сиёсию амниятӣ бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардиданд ва дар назар аст, ки баргузор мегарданд, ҳар кадом аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво аҳамияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ доранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки рӯзи 21-уми май дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, аз афзоиши амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои террористию экстремистӣ бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ, ҷиноятҳои киберӣ ва афзоиши хатари гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки яке аз манбаъҳои асосии маблағгузории терроризм ба ҳисоб меравад, изҳори нигаронӣ намуда, барои густариши ҳамкорӣ ва тақвияти муборизаи беамон дар ин самт даъват ба амал оварданд.

Илова бар ин, доир ба аҳамияти тадбирҳои Тоҷикистон дар мубориза ба терроризму экстремизми байналмилалӣ, ҷиноятҳои муташаккил ва қочоқи маводи мухаддир сухан гуфта, таъкид доштанд, ки ин тадбирҳо дар оянда низ тақвият бахшида шуда, ба терроризму экстремизми байналмилалӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби аср дар мамлакат муборизаи беамон бурда мешавад.

Бояд зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд санадҳои муҳим, аз ҷумла Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016–2020, Консепсияи миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом барои солҳои 2018–2025, Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шудааст, ки вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат бо экстремизм ва терроризми байналмилалӣ муайян менамоянд.

Яке аз омилҳои густариш ёфтани ифротгароӣ ва терроризм аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус шабакаи интернет, бо мақсади пешбурди ташвиқот ва тарғиботи экстремизм, ба сафҳои худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ намудан ба амалҳои харобкоронаи онҳо ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла мубодилаи иттилоот дар бораи тарзу усулҳои муассири пайгирӣ намудани чунин сомонаҳо, аз шабакаи интернет хориҷ намудани онҳо ва расонидани кумаки байниҳамдигарӣ миёни кишварҳо дар ин самт шарти муҳими комёбӣ дар мубориза бо кибертерроризм мебошад.

Ҳодисаҳои солҳои охир дар баъзе кишварҳои шарқӣ нишон медиҳанд, ки доираҳои дохилию хориҷӣ маҳз бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ афкори умумии ҷавононро ба таври сунъӣ ба муқобили роҳбарияти ин давлатҳо ташаккул доданд. Ин буд, ки чунин "инқилобҳо" аввал дар фазои интернетӣ амалӣ шуда, сипас ба воқеияти сиёсӣ табдил шуданд.

Ҳадафи асосии чорабинии имрӯза баррасии масъалаи мазкур буда, боварии комил дорам, ки иштирокчиёни ҳамоиш дар баррасии масъалаҳо фаъолнокӣ нишон дода, хулосаву пешниҳодҳои мушаххаси худро дар ин бобат ироа менамоянд.

Сипас, сармутахассиси Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматзода Ҷамшед Ҷӯра сухани табрикӣ гуфта, баргузории чунин ҳамоишро тадбири муҳим дар самти пешгирии терроризм ва ифротгароӣ шуморида, ба иштирокчиёни мизи гирд комёбиҳо орзу намуд.

Баъдан дар назди ҳозирин раиси Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Лутфуллозода дар мавзӯи "Тадбирҳои муассири пешгирӣ аз онлайн-экстремизм дар Тоҷикистон", муовини якуми директори Маркази миллиии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Субҳиддин Баҳриддинзода дар мавзӯи "Масъалаҳои ҳуқуқии муқовимат бо экстремизм дар фазои интернет", мудири бахши таҳлил ва иттилоотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эраҷ Раҷабзода дар мавзӯи "Ҷавонон чун объекти онлайн-экстремизм: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо", хабарнигори АМИТ "Ховар" Мавҷуда Анварзода дар мавзӯи "Муборизаи иттилоотӣ бо онлайн-экстремизм дар Тоҷикистон: дастовардҳо ва мушкилот", муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ойниёл Назриева дар мавзӯи "Шабакаҳои иҷтимоӣ чун омили паҳншавии ақидаҳои ифротгароӣ" суханронӣ намуда, ба саволҳои иштирокчиёни ҳамоиш посухҳои қаноатбахш доданд.

Дар раванди мубодилаи афкор мавзӯъҳои зерин мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифтанд:

–Тадбирҳои муассири пешгирӣ аз онлайн-экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

–Масъалаҳои ҳуқуқии муқовимат бо экстремизм дар фазои интернет;

–Таҳдиду хатарҳои онлайн-экстремизм ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

–Хусусиятҳои зоҳиршавии онлайн-экстремизм дар фазои маҷозии Тоҷикистон;

–Нақши воситаҳои ахбори омма дар мубориза бо онлайн-экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

–Омилҳои ҷалбкунанда ва тарғиботи динӣ дар фазои интернет;

–Ҷавонон чун объекти онлайн-экстремизм: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо;

–Муборизаи иттилоотӣ бо онлайн-экстремизм дар Тоҷикистон: дастовардҳо ва мушкилот;

–Шабакаҳои иҷтимоӣ чун омили паҳншавии ақидаҳои ифротгароӣ.

Мизи гирдро муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода натиҷагирӣ ва ҷамъбаст намуда, таъкид кард, ки баргузории мизи гирд ҷиҳати баррасӣ ва арзёбии масъалаи онлайн-экстремизм дар фазои маҷозии Тоҷикистон, таҳдиду хатарҳо ва таъсири он ба вазъи сиёсию амнияти иттилоотии давлат, пайдо намудани механизмҳои таъсиррасон ва муосири мубориза бар зиддии падидаҳои номатлуб ва хатарноки ифротгароӣ дар кишварамон мусоидат хоҳад кард.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

Хадамоти матбуоти Маркази

тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон