Асосӣ: Сиёсати хориҷӣ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин
+++ Ҷавонон бояд осебпазир набошанд! +++ Аҳамияти гулугоҳи Ҳурмуз чун шоҳраги ҳаётӣ барои интиқоли нафт дар ҷаҳон (дар пасманзари афзудани танишҳо миёни ИМА ва Эрон) +++ ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ: НАЗАРИ ВОҲИД БА АМНИЯТУ РУШД ДАР ОСИЁ ВА ҶАҲОН +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт +++ Ваҳдати миллӣ-таҷассумгари дипломатияи сулҳпарвари Пешвои миллат дар ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Нуробод +++ ЭЪЛОМИЯИ панҷумин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё. Назари умумӣ ба минтақаи амнтар ва шукуфотари МҲТБО +++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1683
mod_vvisit_counterДирӯз2420
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта17615
mod_vvisit_counterДар ин моҳ56767
mod_vvisit_counterҲамагӣ1830160
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Августи
25
Якшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин

29.05.2019

Равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, сарфи назар аз таърихи нисбатан кӯтоҳи худ дар зери таъсири омилҳо ва падидаҳои гуногун ташаккул ёфтаанд. Муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, дар ҳақиқат, ҳам дар лаҳзаи бавуҷудоӣ ва ҳам дар тӯли даврони минбаъдаи рушди худ таҷассумгари риояи ҳамаи санадҳо, принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи амалкунандаи байналмилалӣ мебошад.

Ҷумҳурии Мардумии Чин дар қатори аввалинҳо шуда, соҳибистиқлолии Тоҷикистонро эътироф намуда, 4-уми январи соли 1992 равобити дипломатӣ барқарор намуд. Дар давраи мушкили ҷанги шаҳрвандӣ ва баъди барқарор шудани сулҳу оромӣ дар рушди инфрасохтори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як ҳамсоякишвари дӯсту хайрхоҳ кӯмаку ёрии моддиву техникии худро дареғ надошта, ҳамин тавр, шарики боэътимоди давлати ҷавону соҳибистиқлоли Тоҷикистон будани худро дар амал собит намуд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин амал ва дастгирии беғаразонаи Чинро то ҳол ёд доранд ва баҳои баланд медиҳанд.

Аз ин рӯ, дар айни замон муносибату ҳамкорӣ бо Чин яке аз самтҳои афзалиятноку асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад. Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо изҳор доштанд, рушди муносибатҳои дӯстонаи шарикӣ ва ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, яке аз афзалиятҳои муҳим буд ва хоҳад монд.

Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳо бо ҳамсояи бузурги худ, Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамеша афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Таваҷҷуҳи махсуси Тоҷикистон ба Чин натанҳо бо нуфузи бузурги сиёсӣ ва иқтисодии Чин дар ҷаҳон ва дар маҷмуъ дар минтақаи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором, балки бо робитаҳои амиқи таърихӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва сиёсии умумӣ, ҳадафҳои иқтисодии монанд, инчунин мавҷудияти сарҳади умумӣ ва дигар омилҳову сабабҳои воқеӣ низ алоқаманд мебошад. Дар баробари ин, сарони давлатҳо дар ҳама мулоқоту вохӯриҳояшон оид ба натиҷаву пайомадҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманд баҳои баланд дода, таъкид мекунанд, ки таҳкими ҳамкориҳоро дар самти рушд ва шукуфоии халқҳои ду ҳамсоякишвар кафолат медиҳанд.

Аз ҷумлаи санадҳои муҳиме, ки барои рушди муносибатҳо ва ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин замина гузоштанд, инҳо мебошанд:

1) Эъломияи муштарак оид ба принсипҳои асосии муносибатҳои тарафайн байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 9-уми марти соли 1993.

2) Шартнома дар бораи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 15-уми январи соли 2007.

3) Изҳороти муштараки сарони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба барқарор кардани муносибатҳои шарикии стратегӣ аз 20-уми майи соли 2013.

4) Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкории стратегӣ аз 13-уми сентиябри соли 2014.

5) Изҳороти муштараки сарони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба барқарор кардани муносибатҳои шарикии стратегии ҳамаҷониба аз 30-юми августи соли 2017.

Санадҳои мазкур меҳвари асосии муносибатҳои дуҷонибаро ташкил намуда, барои рушди босуботи муносибатҳои шарикии устувор ва дарозмуддат зербинои қавии ҳуқуқӣ-шартномавӣ гузоштаанд.

Маврид ба зикр аст, ки солҳои охир ҳамкориҳои иқтисодӣ низ миёни Тоҷикистон ва Чин рушд ва тақвият ёфта истодаанд. Бешубҳа, Чин дар айни замон, бо афзоиши бесобиқаи иқтисодиаш дар ҷаҳон нақши муассиреро касб намудааст ва барои Тоҷикистон доштани равобити стратегӣ бо чунин кишвари қудратманд, ҳам аз ҷиҳати сиёсиву иқтисодӣ ва ҳам амниятиву низомӣ ба манфиат мебошад.

Барои мисол метавон аз рушди босуботи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии ин ду кишвари дӯсту ҳамсоя далел биёварем. Ҳанӯз соли 2017 ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот миёни ин ду кишвар аз 2 миллиард доллари амрикоӣ гузашта буд.

Гардиши мол байни кишварҳо дар семоҳаи аввали соли 2017 беш аз 200 миллион долларро ташкил дод ва бо талошҳои якҷоя мумкин аст, ин нишондод то соли 2020 то ба 3 миллиард доллар расонида шавад.

Бояд гуфт, ки имрӯзҳо Ҷумҳурии Мардумии Чин аз лиҳози сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон яке аз мақоми аввалро дар миёни шарикони иқтисодӣ соҳиб мебошад. Вижагии робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин сатҳи устувору пойдори ҳамкориҳои ду кишвар мебошад. То имрӯз бо маблағгузории Чин силсилаи лоиҳаҳои стратегӣ, аз қабили шоҳроҳи Чанак-Хуҷанд-Душанбе, нақбҳои Шаршар, Чормағзак, Шаҳристон, хатҳои интиқоли барқи “Ҷанубу-Шимол”, “Лолазор-Хатлон” ва дигар лоиҳаҳои хурду бузург амалӣ гаштаасту ва дар ҳоли амалишави қарор доранд. Кишвари Чин ҳамчунин дар назар дорад, ки дар оянда дар пиёдасозии лоиҳаҳои энергетикии кишвари мо, аз ҷумла дар бунёди неругоҳҳои ҳароратӣ ва барқи обӣ бо зарфияти миёна ширкат намояд.

Қобили зикр аст, ки дар доираи ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба истиқрори муносибатҳои шарикии стратегии ҳамаҷониба имзо гузоштанд.

Имзо гардидани чунин ҳуҷҷати сиёсиро метавон натиҷаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвари дӯсту бародар арзёбӣ намуда, қуллаи баландтарини дастоварди қарордодию ҳуқуқӣ дар ин саҳифа донист Эъломияи мазкур ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсии байниҳукуматӣ тамоми ҷанбаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Чинро дар бар мегирад. Аз ҷумла, дар ҳуҷчати мазкур ҷонибҳо бори дигар изҳор намудаанд, ки барои бозҳам таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноати кӯҳӣ, кишоварзӣ, технологияҳои иттилоотӣ, илму техника, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, сиёсат, амният ва ғайра саъю кӯшиш ва талош меварзанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати хориҷии худро бар усули ҳамгироӣ ва равобити дӯстона бо тамоми кишварҳои ҷаҳон ба роҳ мондааст, аз ҷумлаи ҳадафҳои гуногун, ки асоси муносибатҳои байнидавлатиро муайян мекунанд, ҳадафҳои иқтисодиро дар мадди аввал мегузорад. Зеро ҳадафи асосии кишвари мо ҳарчи зудтар расидан ба ҳадафҳои стратегии дар пеш гузошташуда ва ба ин васила муҳайё сохтани шароити муносиб барои зиндагии шоистаи тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин аҳамияти хоса медиҳад. Ба шарофати сатҳи баланди эътимоди сиёсии ҳамдигар ва дӯстии қавӣ, муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Чин бо назардошти рушди пайдарпай дар самтҳои сиёсат, иқтисодиёт ва робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ фарқияти шоиста дорад ва ба сатҳи нав – муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ бароварда шуданд, ки аз муҳимтарин дастовардҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки устувории ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни кишварҳои мо ба манфиати ҳар ду давлат ва халқият ҷавобгӯ буда, ба нигоҳ доштани сулҳ, амният ва субот дар минтақа ва тамоми ҷаҳон мусоидат мекунад. Аз ин рӯ дастгоҳи сиёсии кишварро зарур аст, ки бо мақсади ҳарчи бештар таҳким намудан ва тавсеа бахшидани ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун, инчунин татбиқи минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегии ҳамаҷониба тавонмандиҳои то ҳанӯз истифоданашударо ба кор баранд.

Шарифӣ Абдуллоҳ, мутахассиси пешбари

Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии

Маркази тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон