Асосӣ: Инкишофи иҷтимоӣ САНОАТИ ДОРУСОЗӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ МУҲИММИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
+++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++ Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ: вазъият ва дурнамо +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара +++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар мубориза бо терроризм ва экстремизм +++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти мубориза бо терроризм +++ ТАБРИКОТИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон +++ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Суан Фук мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз522
mod_vvisit_counterДирӯз2491
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта5007
mod_vvisit_counterДар ин моҳ37595
mod_vvisit_counterҲамагӣ1680918
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Июни
19
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

САНОАТИ ДОРУСОЗӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ МУҲИММИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

27.05.2019

Соҳаи дорусозӣ дар низоми тандурустии кишварҳо ҷойгаҳи махсус дошта, ҳамзамон бо мураккаб будани технологияи истеҳсол дар самти саноат муҳим ва сермасраф ба шумор меравад. Зеро он бо мушкилиҳои гуногуни худ шурӯъ аз марҳилаи коркард дар озмоишгоҳ ва экспертизаю ба роҳ мондани истеҳсоли он заҳмати зиёдро талаб менамояд. Маҳсулоте, ки дар ин намуди саноат истеҳсол мегардад, барои ҳифзи солимии инсон хеле муҳим буда, дар замони муосир талабот нисбат ба он рӯз аз рӯз меафзояд. Ҳамзамон, соҳаи дорусозӣ яке аз муҳимтарин бахшҳои иқтисодиёти ҳар як кишвар ба шумор меравад.

Корхонаҳои саноатии истеҳсоли маводҳои доруворӣ дар охирҳои асри XIX сохта шуда, дар аввалҳои асри XX, баъди кашф кардани маводҳои синтетикӣ хеле тез рушд карданд. Дар он замон истеҳсоли маводи доруворӣ бештар дар кишварҳои Олмон, Британияи Кабир ва Шветсария ба назар мерасид. Олмон то соли 1945 дар истеҳсоли намудҳои гуногуни маводи доруворӣ дар бозори ҷаҳонӣ ҷои аввалро ишғол мекард.

Дар солҳои аввали асри гузашта, дар миқёси Иттиҳоди Шӯравӣ сохтани корхонаҳои саноати дорусозӣ оғоз гардида, дар як қатор кишварҳои он, аз ҷумла, Гурҷистон, Белорусия, Арманистон ва Озарбойҷон оид ба соҳаи мазкур заводу корхонаҳои истеҳсолӣ сохта шуданд. Нисбат ба солҳои пешин, дар замони муосир талабот ба истеҳсол ва фурӯши маводҳои доруворӣ, умуман маҳсулотҳои фармасевтӣ хеле баланд рафта истодааст. Тавре ки аз таҳлилҳо бармеояд, кишвари мо, ки яке аз давлатҳои ҷавони пасошӯравӣ маҳсуб мешавад, дар рушди саноати дорусозӣ он қадар пеш нарафтааст. Зеро аз он таҷрибаву малака, заводу корхонаҳои истеҳсолӣ мутахассисони маҳаллӣ дар соҳаи дорусозӣ, ки дар миқёси давлатҳои шӯравӣ фаъолият доштанд, бархӯрдор набуданд. Соли 1924 дар шаҳри Душанбе ҳамагӣ 1 дорухона фаъолият мекард. То солҳои 60-уми асри гузашта дар миқёси ҷумҳурӣ ҳамагӣ 115 дорухонаи на чандон тавоно вуҷуд дошт , ки барои таъмини аҳолӣ ва муассисаҳои тиббӣ бо маводи доруворӣ мушкилоти зиёде ба миён меомад.

Ҳамагӣ як фабрикаи дорусозӣ ташкил карда шуда буд, ки он ҳам баъди барҳам хӯрдани давлати шуравӣ фурӯхта ё шахсӣ гардида буданд. Аз сабаби нарасидани мутахассисони маҳаллӣ дар ин соҳа соли 1980 якчанд нафар мутахассисони ҷавони соҳаи дорусозии маҳаллӣ барои дар аспирантура таҳсил кардан ба шаҳрҳои Москва ва Ленинград фиристода шуданд. Баъди тайёр намудани мутахассисони соҳаи дорусозӣ соли 1983 бори аввал дар назди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон кафедраи умумии фармасевтӣ “Технологияи дорусозӣ ва фармакогнозия” ташкил гардид. Баъдтар барои фаро гирифтани паҳлуҳои гуногуни таълимӣ, илмӣ ва тахассуси дорусозӣ се кафедраи дигар – кафедраи фармакогнозия ва ташкили иқтисоди фармасевтӣ, кафедраи технологияи фармасевтӣ ва фармакология ва кафедраи кимиёи фармасевтӣ ва заҳршиносӣ таъсис дода шуд . Айни замон мутахассисони соҳаи дорусозӣ ё худ фармасевт дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбӣ, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ тайёр карда мешаванд.

Барои рушди саноати дорусозӣ дастовардҳои илми химия ва биология хеле муҳим аст, зеро бе таҳлилу синтези химиявию биологӣ ба ягон дастовард ноил гардидан ғайриимкон мебошад. Олимон қайд менамоянд, ки барои ихтироъ намудани як навъи дору таҳлили дурударози озмоишӣ лозим меояд. Яъне барои ба даст овардани як навъ дору аз 5000 то 10000 синтезҳои химиявӣ гузаронида мешавад ва ин метавонад аз 10 то 15 сол давом ёбад. Дар баробари ин хароҷоти хеле зиёдро талаб менамояд.

Норасоии мутахассисони баландихтисос дар самти дорусозӣ мушкилии дигари соҳа маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, тайёр намудани мутахассисони соҳаи дорусозӣ, омӯзиш ва истифодаи оқилонаи имкониятҳои табиии кишвар дар ҳалли мушкилоти ҷойдошта нақши муҳим дорад. Зеро ҳамаи он корҳое, ки табибон барои табобат ва ё пешгирии бемориҳои гуногун ба анҷом мерасонанд, маҳз бо истифодаи маводҳои доруворӣ ба ҷо оварда мешаванд. Оид ба аҳамияти маводҳои доруворӣ физиологи машҳури рус И.П.Павлов чунин гуфтааст: “дору яроқи ҳаматарафаи табиб буда, ягон амалиёт, хоҳ он ҷарроҳӣ, момодоягӣ ва ё дигар фаъолияти табобатӣ бошад ҳам, бе истифода аз дору, иҷро кардани он ғайри имкон аст” .

Дар кишвар соҳаи дорусозӣ, умуман фаъолияти фармасевтӣ ва гардиши маводҳои доруворӣ зери назорати давлат қарор дошта, онро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ” (аз 08.12.2003 №72, аз 12.05.2007.№270, аз 18.06.2008 №409, аз 03.07.2012 №861, аз 17.05.2018 №1531), “Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Ахбори МО ҶТ, с.2017, №5) ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои дахлдори он ба танзим медароранд. Мақсади асосии ин ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба низом даровардани фаъолияти фармасевтӣ дар муассисаҳои дорусозӣ, гардиши молу маҳсулоти фармасевтӣ, аз ҷумла маводҳои доруворӣ мебошад.

Аз сабаби он ки ҷумҳурии мо дар рушди соҳаи фармасевтӣ на он қадар пеш рафтааст, воридоти маводи доруворӣ хеле зиёд ба назар мерасад, ки он зиёда аз 90%-ро ташкил медиҳад. Ин миқдор вобастагии бозори дохилии ҷумҳурии моро ба маводи дорувории воридотӣ нишон медиҳад. Тибқи маълумотҳои Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳоло дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 2440 муассисаҳои фармасевтӣ фаъолият менамоянд. Аз шумораи умумии муассисаҳо 495 адад дар шаҳри Душанбе, 316 адад дар НТҶ, 395 адад дар минтақаи Қурғонтеппа, 300 адад дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, 876 адад дар вилояти Суғд, 56 адад дар ВМКБ фаъолият менамоянд . Аксари ин муассисаҳои фармасевтӣ ба хариду фурӯши маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ машғул буда, онро бештар тавассути дорухонаҳо ба фурӯш мебароранд. Фурӯши қариб 80%-и маводҳои доруворӣ маҳз бо воситаи дорухонаҳо амалӣ мегарданд, ки шумораи онҳо зиёда аз 2240 ададро ташкил медиҳанд.

Ҳоло дар кишвар зиёда аз 90 ширкат ба воридоти маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ машғул буда, асосан воридоти онро аз кишварҳои Россия, Беларус, Украина, Покистон, Хитой ва Ҳиндустон ба роҳ мондаанд.

Дар бозори дохилӣ аз номгӯи умумии маводи доруворӣ аксариятро истеҳсолкунандагони ширкатҳои хориҷӣ ташкил медиҳанд, ки ин аз рӯи стандарти ҷаҳонӣ таҳдид ба амнияти тандурустии давлат ба ҳисоб меравад. Чунки маводҳои дорувории босифат ва ҳаётан зарур аз воридоти он вобаста мебошад. Номгӯи дорувориҳое, ки ба кишвари мо ворид мегарданд, қариб 80%-ро “ҷенерик” яъне нусхаи доруҳои аслӣ ва ҳамагӣ 20% доруҳои аслӣ ташкил медиҳанд. Дар бисёр ҳолат як навъи дору бо чанд ном ворид мегардад. Аҳолии кишварро бештар ширкатҳои хусусӣ бо маводи доруворӣ таъмин менамоянд. Тибқи таҳлили коршиносон таъмини аҳолӣ бо маводи доруворӣ шакли хусусӣ гирифтааст. Дар бозори дохилӣ гардиши яклӯхти онро 95% ва дар фурӯши чакана 90%-ро ширкатҳои хусусӣ соҳиб мебошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 декабри соли 2016 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар оиди воридоти маводи доруворӣ, назорати сифати он, муомилоти доруҳои қалбакӣ ва мунтазам баланд гардидани нархи он андешаи назар карда буданд. Дар ин раванд, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта вазорату идораҳои дахлдорро вазифадор намуданд, ки барои кам кардани муомилоти дорувории қалбакӣ ва пастсифат дар мамлакат чораҳои зарурӣ андешанд .

Имрӯз ягон кишваре нест, ки маҷмӯи пурраи доруҳоро истеҳсол намуда, аҳолии худро бо он таъмин намояд. Аммо аз нуқтаи назари амнияти миллӣ, аниқтараш амнияти тандурустӣ ҳар як кишвар бояд аҳолиашро ба миқдори муайян бо маводи дорувории ватанӣ таъмин намояд. Айни ҳол ҷумҳурии мо ҳамагӣ 10% талаботи дохилиро бо доруҳои ватанӣ таъмин менамояд. Ҳамаи он доруҳое, ки ба аҳолии кишвар ҳаётан муҳим мебошанд, аз қабили антибиотикҳо, инсулин, доруҳои қалб, бемориҳои онкологӣ, доруҳои зиддивирусӣ барои табобати бемориҳои гуногуни сироятӣ ва ғайра аз хориҷи кишвар ворид мегарданд. Ин вобастагии талаботи моро ба маводи дорувории хориҷӣ нишон медиҳад ва сабаби ба бозори дохилӣ ворид гардидани доруҳои пастсифат гардида, метавонад ба саломатии аксарият зарари ҷиддӣ расонад. Ё ин ки дар ҳолатҳои ғайричашмдошт, ба монанди паҳн гардидани эпидемия, сар задани офатҳои табиӣ мамлакатро ба як ҳолати ногувор оварда расонад, ки ин, пеш аз ҳама, ба қишрҳои осебпазири ҷомеа таъсир мерасонад. Илова бар ин, дар ҷаҳон нархи маводи доруворӣ босуръат меафзояд, ки ин ба иқтисодиёти кишварҳои вобаста таъсир мерасонад. Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ баъзе сабабҳои босуръат афзудани нархи доруҳоро нишон додааст:

• иваз намудани маводи дорувориҳое, ки кӯҳна гардидаанд;

• васеъ ё ки паҳн намудани истифодаи доруҳо;

• пайдо шудани воситаҳои наве, ки бар зидди бемориҳои пештар табобат ё пешгирӣ карданашон ғайриимкон буд;

• баланд намудани нархи препаратҳои мавҷуда мебошад.

Аз ин рӯ, моро лозим меояд, ки барои таъмин намудани амнияти миллӣ ва ба ин васила коҳиш додани вобастагӣ аз воридот саноати дорусозии худро бо технологияҳои муосир хуб ба роҳ монда, доруҳои босифат ва ба ҳамаи табақаҳои аҳолӣ дастрас истеҳсол намоем.

Айни замон бо мақсади кам кардани воридоти маводи доруворӣ аз хориҷи кишвар ва дар ин замина ба роҳ мондани истеҳсоли маводи доруворӣ ва маҳсулоти тиббӣ зиёда аз 32 корхонаи хурди истеҳсолӣ фаъолият менамояд. Дар ин корхонаҳо ҳамагӣ 240 номгӯи маводи доруворӣ ва маҳсулоти тиббӣ истеҳсол мегардад, ки ин барои аҳолии кишвар басанда нест. Ҳамзамон маводи доруворие, ки истеҳсоли онро корхонаҳои ватанӣ ба роҳ мондаанд, аз он доруҳои калидии ҳаётан зарур нестанд. Маводҳои дорувориҳои ватанӣ, асосан аз шарбатҳои (сироп) гуногун, гурӯҳи витаминҳо, маҳлулҳои глюкоза, маҳлули Рингер, хлориди натрий, метрогил, лидокаин, новокаин, димедрол, аналгин, папаверин ва намудҳои гуногуни гиёҳҳои шифобахш, ки дар намуди чой банду баст карда шудаанд, иборат мебошанд. Аксарияти маводи доруворӣ ва маҳсулотҳои тиббии ватанӣ аз гиёҳҳои шифобахш ва маҳсулотҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза тайёр карда мешаванд. Аммо бо вуҷуди ин баъди коркард, сифати банду басти он ба меъёрҳо ҷавобгӯ нестанд. Шояд ин аз таҷриба надоштан ё ба кор ҷалб гардидани шахсони тасодуфӣ бошад, ки ин маҳсулот дар бозор харидори худро пайдо намекунад, дар натиҷа корхонаҳои истеҳсолкунанда аз фаъолият боз мемонанд.

Бо мақсади дастгирӣ намудани корхонаҳои истеҳсоли доруҳои ватанӣ ва бартараф намудани камбудиҳои соҳа дар самти саноати дорусозӣ аз тарафи Сарвари давлат пешниҳод гардида буд, ки соли 2018 воридоти технологияҳои навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шаванд.

Ҳамзамон аз тарафи олимони институтҳои ботаника, биологияи Помир, физика ва химияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои дароз оиди гиёҳҳои шифобахши кишвар корҳои илмию тадқиқотӣ гузаронида шудааст. Ҳамаи он растанию гиёҳҳое, ки олимон онро омӯхтаанд барои истеҳсоли маводи доруворӣ имконпазир мебошад. Тибқи маълумоти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаи омӯзишу тадқиқотҳои олимон дар шакли “Атласи гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон” ба чоп мерасад. Дар Атласи мазкур тақрибан оиди 182 гиёҳҳои кишвар, мавзеи паҳншавӣ, дар кадом минтақа рӯиданаш, кадом вақт ҷамъоварӣ карда мешавад, хосияти фармакологӣ ва аз онҳо кадом намуди доруҳоро истеҳсол кардан мумкин аст, маълумот дода мешавад.

Ҳамаи ин дастгириҳои Сарвари давлат ва кӯшишу заҳматҳои олимони тоҷик дар самти саноати дорусозии кишвар хеле муҳим ва саривақтӣ мебошад. Ин иқдом кори ширкату корхонаҳои истеҳсоли маводи доруворӣ ва маҳсулоти тиббии ватаниро осон намуда, ба онҳо имконият медиҳад, ки рушди истеҳсоли маҳсулоти ватаниро бо сифати баланд ва ба талаботи байналмиллалӣ ҷавобгӯ ба роҳ монанд.

Дар баробари ҳамаи он пешравиҳое, ки имрӯз дар самти саноати дорусозӣ аз тарафи ҳукумату мутахассисони соҳа ба назар мерасанд, барои боз ҳам дар сатҳи зарурӣ рушд додани он як қатор корҳои илмию назариявиро ба анҷом расонидан лозим меояд. Яъне, пеш аз ҳама, вобаста ба талаботи маводи доруворӣ ва маҳсулоти тиббӣ, базаи меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти саноати дорусозӣ давра ба давра мукаммал гардондан зарур аст. Заводу корхонаҳои дорусозӣ ва маҳсулоти тиббӣ, ки аз тарафи ширкатҳои ватанию хориҷӣ дар қаламрави Тоҷикистон сохта мешаванд, бояд ҳаматарафа ба стандарти ҷаҳонӣ мутобиқ намуда, ба хотири рушд ва рақобатпазир гардидани маводи доруворӣ ва маҳсулоти тиббии истеҳсоли ватанӣ, воридоти як қатор маводи доруворӣ ва маҳсулоти тиббиро, ки истеҳсоли он дар кишвар ба роҳ монда шудааст, кам намудан лозим аст. Ҳамзамон воридоти маводи доруворӣ вобаста ба меъёру талаботи аҳолии кишвар ва намуди бемориҳо ба роҳ монда шуда, аз рӯи зичии аҳолӣ ва масофа шумораи дорухонаҳои давлатӣ ба меъёр дароварда назорат карда шаванд, ки ҳамаи қишрҳои ҷомеа ба он дастрасӣ дошта бошанд. Барои баланд бардоштани сифати маводи доруворӣ мутахассисони соҳаи дорусозӣ бояд давра ба давра аз такмили ихтисос гузаронида шуда, дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи дорусозӣ базаи омӯзиши фанҳои химия ва биология аз зинаи аввал, яъне аз мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ сар карда, то коллеҷу донишгоҳҳо пурқувват гардондан лозим аст.

Назирова М.Н., сармутахассиси Раёсати

таҳлили масъалаҳои иҷтимоии

Маркази тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон