Асосӣ: Маркази матбуот МУЛОҚОТ БО ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз398
mod_vvisit_counterДирӯз2557
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта10896
mod_vvisit_counterДар ин моҳ51018
mod_vvisit_counterҲамагӣ1896920
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Сентябри
20
Ҷумъа
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

МУЛОҚОТ БО ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН

27.05.2019

Рӯзи 27 майи соли 2019 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти Марказ бо ҳайати намояндагони Академияи муносибатҳои байналмилалии муосири Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид. Дар мулоқот ҳайати Чинро директори Институти Авроосиёи Академияи муносибатҳои байналмилалии муосири Чин Дин Сяосин, коршиноси Институти Авроосиё Ван Тсун ва коршиноси ҳамин пажӯҳишгоҳ Ван Минчан намояндагӣ карданд.

Мулоқотро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода кушода, меҳмононро хайрамақдам гуфт ва қайд кард, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамсоякишвари бузург ва яке аз шарикони асосии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодиву фарҳангии байни ду кишвари ҳамҷавор солҳои охир беш аз пеш густурда ва мустаҳкам гардидаанд. Бо сармоягузории Чин дар Тоҷикистон даҳҳо корхонаҳои бузургу хурди саноатӣ ва иншооти ҳаётан муҳим бунёд гардида, бо сифати баланд фаъолият доранд.

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд сол боз бо Академияи муносибатҳои байналмилалии муосири Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар муассисаҳои илмиву тадқиқотии ин кишвари бузург робитаҳои зичи ҳамкории густурдаро ба роҳ монда, чанд тарҳи илмиву пажӯҳиширо дар ҳамдастӣ бо ҳамтоёни чинии худ анҷом додааст. Умед аст, ки минбаъд низ робитаҳои илмиву тадқиқотии ҳар ду муассисаи пажӯҳишӣ мустаҳкамтар мегарданд.

Сипас директори Институти Авроосиёи Академияи муносибатҳои байналмилалии муосири Ҷумҳурии Мардумии Чин Дин Сяосин барои пазироии самимӣ ба роҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд ва тазаккур дод, ки ҷониби Чин хоҳони густариши робитаҳои илмиву тадқиқотӣ дар соҳаҳои сиёсату иқтисодиёт, иҷтимоиёту фарҳанги байни ду кишвари ҳамсоя мебошад ва амалӣ намудани чанд лоиҳаи муштарак ба нафъи ҳар ду тараф аст.

Пас аз муҳокимаву баррасиҳо ҷонибҳо ба хулосае омаданд, ки барои ҳамкориҳои пурсамари минбаъдаи ҳар ду муассисаи илмиву тадқиқотӣ санади Ёддошти тафоҳум (Меморандум) байни Академияи муносибатҳои байналмилалии муосири Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва имзо карда шавад.

Ҳайати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мулоқот инчунин, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷӣ Бахтиёр Холиқов, сардори Раёсати омӯзиши масоили амнияти минтақавӣ Хуршед Додихудоев, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилӣ Парвин Нуриддин намояндагӣ карданд.

Сипас, мулоқоти ҳайати намоядагони Ҷумҳурии Мардумии Чин бо кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Ҷамъомадро муовини директори Маркази тадқиқотии стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода ифтитоҳ намуда, пас аз муаррифии меҳмонони олиқадри хориҷӣ доир ба фаъолияти Маркази тадқиқотии стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мухтасар маълумот дод. Аз ҷониби ҳайати намояндагони Чин директори Институти Авроосиёи Академияи муносибатҳои байналмилалии муосири Чин Дин Сяосин ба сухан баромада, дар бораи сохтор ва фаъолияти илмиву тадқиқотӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди пажӯҳишгоҳи худ бо ҳамтоёни хориҷии мамолики дуру наздик, махсусан кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба таври муфассал суханронӣ намуд.

Дар охири ҳамоиш меҳмонони хориҷӣ ба саволҳои гуногуни кормандони Марказ посухҳои қаноатбахш доданд.

Мулоқотро муовини директори Маркази тадқиқотии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда, ба меҳмонони олиқадр аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҷодаи фаъолияти илмиву тадқиқотии судманд ва густаришу тавсеаи ҳамкориҳои илмиву тадқиқотӣ ба нафъи ҳар ду кишвари дӯсту ҳамҷавор барори кор ва комёбиҳо таманно намуд.

Вохӯрӣ дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор шуд.

Хадамоти матбуоти Маркази

тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон