Асосӣ: Маркази матбуот МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ "СИЁСАТИ МИНТАҚАВИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ: МОҲИЯТ ВА САМТҲОИ АСОСИИ ОН ДАР МАРҲАЛАИ НАВ"

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз318
mod_vvisit_counterДирӯз2557
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта10816
mod_vvisit_counterДар ин моҳ50938
mod_vvisit_counterҲамагӣ1896840
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Сентябри
20
Ҷумъа
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ "СИЁСАТИ МИНТАҚАВИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ: МОҲИЯТ ВА САМТҲОИ АСОСИИ ОН ДАР МАРҲАЛАИ НАВ"

24.05.2019

Рӯзи 24 майи соли 2019 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи гирд дар мавзӯи "Дурнамои равандҳои ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ: моҳият ва самтҳои асосии он дар марҳаллаи нав" баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони сафоратҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ, вазорату идораҳои давлатии кишвар, олимону коршиносони масоили байналмилалӣ ва васоити ахбори ватанӣ ширкат варзиданд.

Мизи гирдро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода кушода, баргузории чунин ҳамоишро барои мустаҳкам гардидани ҳамгироии минтақавӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва шарикони стратегии онҳо муҳим арзёбӣ кард ва ба иштирокчиёни нишаст барори кор орзу намуд. Ӯ зимни суханронии ифтитоҳии худ қайд кард, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба рушди ҳамкориҳо дар минтақа аҳамияти авлавиятнок дода шуда, пешбинӣ мешавад, ки таҳкими муносибатҳои дуҷониба бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон минбаъд низ бояд аз рӯйи эътимод, дӯстӣ ва ҳамкории судманд ба роҳ монда шаванд.

Ҳадафҳо ва вазифаҳои муштарак дар минтақа кишварҳоро водор месозанд, ки бо истифода аз зарфиятҳои ҳар як кишвари минтақа барномаҳо ва стратегияҳои муштаракро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ таҳия намуда, бо дарназардошти манфиатҳои кишварҳои ҳамсоя сиёсати созанда ва устуворро пеш гиранд.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ аз бисёр ҷиҳатҳо ба ҳам наздик мебошанд. Гузаштаи ягонаи таърихӣ, анъанаҳои фарҳангӣ, диниву мазҳабӣ, шароиту мушкилоти мавҷудаи ба ҳам монанд, ҳадафҳо ва вазифаҳои муштарак ин кишварҳоро водор месозанд, ки бо ҳамдигар робитаи зич дошта бошанд. Бинобар ин, Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии худ ҳамкорӣ ва ҳамгироии минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳаллу фасли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъмину субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ мешуморад. Аз ин лиҳоз, дар ҳама марҳалаҳо Тоҷикистон дар самти равобит ва сиёсати хориҷӣ ғояҳои ҳамкорӣ ва тарҳҳои ҳамгироии минтақавиро дастгирӣ намудааст. Аз ҷумла ташкили Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (соли 1991), ғояи ташкили Созмони Иқтисодии Осиёи Марказӣ (соли 1998) ва Иттиҳоди Кишварҳои Осиёи Марказӣ мисоли он шуда метавонанд. Тоҷикистон дар кор ва ташкили чандин созмонҳои хусусияти ҳамгироӣ ва дастаҷамъона иштироки фаъол ва бевосита дошт.

Бояд тазаккур дод, ки маҳз ҳамкориҳои зич ва ҳамгироии воқеӣ метавонад манфиатҳои миллии тамоми кишварҳои минтақаро дар умум ва дар алоҳидагӣ таъмин намояд. Аз ин рӯ, мо ҳамгироиро яке аз омилҳои муҳими рушди сиёсиву иқтисодии ҳамаи давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, ҳамчунин, таъмингар ва кафили амнияту субот ва ҳифзи манфиатҳои миллии онҳо меҳисобем. Маҳз ҳамкории созанда, истифодаи якҷояву оқилонаи сарватҳои бузургу нодири табиии минтақа ва рушду инкишофи муштарак кафили амалӣ шудани манфиатҳои миллии кишварҳои минтақа дар соҳаи сиёсат, иқтисод, фарҳанг ва амният шуда метавонад.

Бовар дорам, ки ҳамоиши имрӯза барои аз байн бурдани мушкилоти асосии ҳамгироии минтақавӣ мусоидат намуда, дар рушду тавсеаи раванди ҳаётан муҳими кишварҳои Осиёи Марказӣ саҳм мегузорад.

Сипас дар назди ҳозирин сармутахассиси Маркази иттилоот ва таҳлили муносибатҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Манзура Ҳусниддинова дар мавзӯи "Мавқеи Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба раванди ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ", устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Амриддин Шарипов дар мавзӯи "Раванди ҳамгироӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ", коршиноси масоили сиёсии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Абдуллоҳи Раҳнамо дар мавзӯи "Масъалаҳои ҳамгироии минтақавии Осиёи Марказӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон", муовини сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегиии назди Президленти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарзона Худойдодова дар мавзӯи "Робитаҳои тиҷоратии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ" суханронӣ карданд.

Иштирокчиёни ҳамоиш пиромуни маърӯзаҳои ироашуда фикру андешаҳои судманд иброз намуданд.

Мизи гирдро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода натиҷагирӣ ва ҷамъбаст карда, зикр намуд, ки эҷоди муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ ва ҳамгироӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва таъмини рушди иқтисодӣ ва суботи сиёсӣ дар минтақа ба манфиати ҳамаи давлатҳои минтақа ва шарикони стратегии онҳо дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

Хадамоти матбуоти Маркази

тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон