Асосӣ: Маркази матбуот КОНФРОНСИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ "РУШДИ НЕРУИ САНОАТ: МАСЪАЛАҲОИ ҶОРИИ ИҚТИСОДӢ ВА ИДОРАКУНӢ"
+++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++ Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ: вазъият ва дурнамо +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара +++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар мубориза бо терроризм ва экстремизм +++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти мубориза бо терроризм +++ ТАБРИКОТИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон +++ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Суан Фук мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз436
mod_vvisit_counterДирӯз2491
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта4921
mod_vvisit_counterДар ин моҳ37509
mod_vvisit_counterҲамагӣ1680832
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Июни
19
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

КОНФРОНСИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ "РУШДИ НЕРУИ САНОАТ: МАСЪАЛАҲОИ ҶОРИИ ИҚТИСОДӢ ВА ИДОРАКУНӢ"

21.05.2019

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи низоми доимоамалкунандаи муҳокимаю машваратҳои васеи самаранок доир ба масъалаҳои стратегии рушди кишвар 21 майи соли 2019 Конфронси илмию амалӣ дар мавзӯи "Рушди неруи саноат: масъалаҳои ҷории иқтисодӣ ва идоракунӣ"-ро баргузор намуд. Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, коршиносон ва хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.

Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода кушода, иштирокчиёни нишасти илмию амалиро хайрамақдам гуфт ва зимни суханронӣ аз ҷумла қайд кард, ки дар шароити муосир барои таъмини рушди ҳар як давлат тамоми соҳаҳои иқтисодиёт муҳиманд, аммо асос ва пояи онро саноат ташкил медиҳад.

Бинобар ин, ҳар қадаре, ки ин бахши муҳими иқтисодиёт пешрафта бошад, ҳамон андоза кафолати ҳалли масоили иҷтимоӣ-иқтисодӣ,аз ҷумла бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, коркарди ашёи хоми ватанӣ то ҳадди ниҳоӣ, баланд гардидани иқтидори содиротии кишвар ва дар маҷмӯъ, рушди иқтисоди миллӣ таъмин хоҳад гашт.

Солҳои охир дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ намудани вазифаҳои дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар баёншуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ муштазам афзуда, соли 2018-ум 23 млрду 872,4 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017-ум 11,8 % зиёд мебошад. Ҳамзамон, дар се соли охир ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 15,2 то 17,3 дарсад афзоиш ёфта, зиёда аз 150 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис дода шуд.

Аммо бо вуҷуди ин пешрафтҳо, ҳоло ҳам мушкилоти зиёде мавҷуданд, ки ҳалли онҳо кӯшиши дастаҷаъмонаро талаб мекунад. Зикр кардан ба маврид аст, ки дар доираи санадҳои муҳими стратегӣ, аз қабили "Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030" ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016–2020 пешрафти ояндаи Тоҷикистон дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ пешбинӣ гардидааст, ки мувофиқи он ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то соли 2030 бо такя ба рушди бахши хусусӣ ва соҳибкории истеҳсолӣ бояд ба 22 дарсад расонида шавад.

Илова бар ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръати кишварро ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд. Ноил гардидан ба ин ҳадафи стратегӣ моро водор месозад, ки ҷузъҳои таркибии ин бахши муҳими иқтисодиётро пайваста мавриди омӯзиш ва таҳлилу баррасӣ қарор дода, рушди минбаъдаи соҳаи саноатро бо роҳу усулҳои нав таъмин намоем. Бинобар ин, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва расидан ба афзалиятҳои муайянгардида, тасмим гирифт, ки конфронси илмӣ-амалии имрӯзаро баргузор намояд. Аз ин рӯ, баргузории ҳамоиши имрӯза ва баррасии мавзӯи "Рушди неруи саноат: масъалаҳои ҷории иқтисодӣ ва идоракунӣ" хеле муҳиму мубрам мебошад ва умед дорем, ки нишасти имрӯза барои тавсеаи минбаъдаи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи саноатикунонӣ дар кишварамон мусоидат хоҳад кард.

Ҳамин тавр, ҳамоиш ба кори худ шурӯъ намуд. Дар назди ҳозирин мушовири иқтисодии котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ Абдурауф Ҷӯраев дар мавзӯи "Ислоҳоти самти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар соҳаи саноат", сардори Раёсати рушди саноат ва инфрасохтори Вазорати рушди иқтисодиёт ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳроб Зикриёзода дар мавзӯи "Саноатикунонии босуръат асоси таъмини рушди босуботи кишвар ва шуғли пурсамар", сардори шуъбаи равзанаи ягона оид ба мусоидат ба сармоягузории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Миралӣ Бодуршозода дар мавзӯи "Таҳлили рафти татбиқи созишномаҳои сармоягузорӣ ва рушди корхонаҳои саноатӣ", сардори Раёсати омори саноат ва сармоягузорӣ дар сохтмони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Раҷабова дар мавзӯи "Ташаккули омори саноат: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он ", сардори шуъбаи ҷалби сармоя ва қарздиҳии Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахон Шарипов дар мавзӯи "Саҳми Муассиса дар рушди иқтисоди миллӣ тавассути пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок", директори Корхонаи воҳиди давлатии "Саноати хӯрокворӣ"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Одинаев дар мавзӯи "Масъалаҳои таъмини аҳолӣ бо равғани рустанӣ", декани факултаи менеҷмент ва коммуникатсияи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, номзади илмҳои иқтисодиёт Мавҷуда Алибоева дар мавзӯи "Нақши илм дар рушди саноатикунонии кишвар", ноиби ректор оид ба робитаҳои хориҷӣ ва инноватсияи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Фатҳулло Ҷабборов дар мавзӯи "Саноатикунонии босуръат ҳадафи стратегӣ ва заминаи боэътимоди рушди босуботи кишвар", ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ Ҳабибҷон Ҳамидҷонов дар мавзӯи "Рушди иқтисодиии саноат ва таъмини моддию техникиии он", ходими калони Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Маҳкамов дар мавзӯи "Масъалаҳои саноатикунонӣ дар ҳуҷҷатҳои стратегиии кишвар" суханронӣ намуданд. Сипас ҳозирин пиромуни маърӯзаҳои ироашуда фикру андешаҳои муфид иброз намуданд.

Конфронсро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода натиҷагирӣ ва ҷамъбаст карда, ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.

Маркази матбуоти МТС-и назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон