Асосӣ: Сиёсати хориҷӣ Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар мубориза бо терроризм ва экстремизм
+++ Ҷавонон бояд осебпазир набошанд! +++ Аҳамияти гулугоҳи Ҳурмуз чун шоҳраги ҳаётӣ барои интиқоли нафт дар ҷаҳон (дар пасманзари афзудани танишҳо миёни ИМА ва Эрон) +++ ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ: НАЗАРИ ВОҲИД БА АМНИЯТУ РУШД ДАР ОСИЁ ВА ҶАҲОН +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт +++ Ваҳдати миллӣ-таҷассумгари дипломатияи сулҳпарвари Пешвои миллат дар ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Нуробод +++ ЭЪЛОМИЯИ панҷумин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё. Назари умумӣ ба минтақаи амнтар ва шукуфотари МҲТБО +++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1665
mod_vvisit_counterДирӯз2420
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта17597
mod_vvisit_counterДар ин моҳ56749
mod_vvisit_counterҲамагӣ1830142
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Августи
25
Якшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар мубориза бо терроризм ва экстремизм

17.05.2019

(дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд: «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил)

Бешубҳа, имрӯз як қатор гурӯҳҳои ҷинояткорӣ террористу экстремист бо сӯистифода аз номи поки дини ислом ба паҳншавии афкори исломситезӣ ва бадбинии мусулмонон аз ҳаргуна амалҳои даҳшатафкан ба ҷомеаи башар истифода карда истодаанд. Ин амалҳои нопоки онҳо ба обрӯйи дини мубини ислом ва мусулмонон латма расонида истодааст.

Рӯзҳои 16-17 майи соли 2019 Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамкорӣ ва ҳамдастии Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Конфронси хеле муҳиму зарурии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил»-ро дар шаҳри Душанбе ташкил ва баргузор намуда истодаанд, ки аҳамияти байналмилалӣ ва зарурат барои аҳли ҷомеаи башар мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки баргузории ҳамоиши байналмилалии мазкур идомаи мантиқии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд зери унвони «Муқовимат бо терроризм ва пешгирии ифротгароии хушунатомез» мебошад, ки рӯзҳои 3-4-уми майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд.

Ташкили ҳамоиши байналмилалӣ дар чунин сатҳи баланд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле муҳим ва саривақтӣ мебошад. Зеро, кишвари мо, бинобар мавқеи ҷуғрофӣ, дар саргаҳи аввали муқовимат бо чунин проблемаҳои глобалии замони муосир қарор дорад. Инчунин, ҳамоиши байналмилалии мазкур ҳам дар масъалаи мубориза бо ифротгароиву терроризм ва роҳу воситаҳои маблағгузории онҳо аз ҳисоби даромади гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва ғайра ва ҳам дар боло бурдани обрӯ ва нуфузи байналмилалии Тоҷикистон нақши калонро иҷро хоҳад кард. Баргузор кардани ҳамоиши байналмилалии мазкур фурсати муносибест барои муаррифии зарурии сиёсати давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо ин таҳдиду хатарҳо ва усулҳои пешгирию таъмини амният дар минтақа ва ҷаҳон.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи Барномаи рушди СММ барои давраи то соли 2030, Стратегияи ҷаҳонии СММ оид ба мубориза бо терроризм, қатъномаҳои Шӯрои Амнияти СММ ва дигар созмонҳои дахлдорӣ СММ, Ҷумҳурии Тоҷикистон стратегияҳо оид ба муқовимат ба терроризм ва ифротгароӣ барои давраи солҳои 2016-2020, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир барои солҳои 2013-2020 ва Консепсияи миллии муқовимат ба пулшӯйӣ, маблағгузории терроризм ва силоҳи қатли омро барои давраи солҳои 2018-2025 таҳия намудааст, ки мавриди татбиқ қарор доранд.

Имрӯз амалҳои террористиву экстремистӣ ва роҳҳои маблағгузории он аз ҳисоби даромади гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккил, хариду фурӯши одамон, силоҳ ва фасод таҳдиду хатарҳои ҷиддӣ ба сулҳу амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ ба шумор мераванд. Амалҳои террористиву экстремистӣ ба тинҷиву оромӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва озодии инсонҳо таъсир расонида, намегузорад, ки онҳо дар руҳияи сулҳу субот таҳкиму тақвият ёбанд.

Амалҳои террористӣ дар минтақаҳои гуногуни олам миллионҳо нафар одамонро гирифтори хавфу хатар ва дар оташи ҷангу низоъҳо қарор додааст. Дар натиҷаи ин амалҳои даҳшатафкани гурӯҳҳои ҷиноятпешаи террористӣ солҳои охир зиёда аз 100 кишвари дунё зери ҳадаф қарор гирифта, бо сабаби онҳо садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расида ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд.

Таъмини сулҳу субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба вазъияти амниятии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон робитаи ногусастанӣ дорад. Зеро, имрӯз афзоиши сафи зархаридони хориҷӣ, тақвиятёбии амалҳои террористии ҳаракати «Толибон» дар ҳамкорӣ ба аъзои гурӯҳи ба ном «Давлати Исломӣ» (мамнӯъ дар Тоҷикистон) ва рӯз аз рӯз ноамнтар шудани вазъияти ин кишвар давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷомеаи ҷаҳонро сахт нигарон кардааст. Мувофиқи таҳлили коршиносони ватанӣ дар охири соли 2017 инфрасохтори асосии Созмони террористӣ-экстремистии ба ном «Давлати Исломӣ» (мамнӯъ дар Тоҷикистон) дар қаламравии кишварҳои Ироқ ва Сурия барҳам хӯрд, вале таҷриба ва гузашти соли 2018 нишон дод, ки ҳанӯз ҳам нерӯҳои парокандаи ин Созмони террористӣ ҳам дар қаламрави ин кишварҳо ва таъсиргузории онҳо, инчунин дар кишварҳои Ховари Миёна ва мамлакатҳои арабии шимоли Африқо, интиқол ёфтани пайравони он аз Ироқ ба Эрон ва аз ин кишвар ба Афғонистон як хатари ҷиддие барои амнияти ҷаҳон ва минтақа ба миён овардааст.

Дар баробари чунин таҳдиду хатарҳои воқеӣ, инчунин хатари истеҳсол ва содироти ғайриқонунии маводи мухаддир дар Афғонистон, ба кишварҳои наздисарҳадии он, аз ҷумла бо Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Туркманистон нигаронии амиқро ба вуҷуд овардааст. Ин нигаронӣ танҳо ба амнияту суботи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дахл надошта, балки ба кишварҳои минтақаи Аврупову Амрико низ таъсир мерасонад.

Дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд, низ яке аз бахшхои муҳимашро ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва манбаъҳои маблағгузорӣ ба амалҳои террористӣ бахшида шудааст. Интизор меравад, ки дар ҳамоиши байналмилалии мазкур бо иштироки намояндагони мақомотҳои дахлдор ва коршиносону таҳлилгарони ватаниву хориҷӣ, роҳу воситаҳои амиқи маблағгузории ин амалҳои террористиро аз ҳисоби даромади гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир муайян намуда, тадбирҳои самарабахшро пешниҳод менамоянд.

Рузҳои 2-3-юми майи соли 2019 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон 11-ум вохӯрии Вазирони корҳои хориҷии узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гашт, ки дар доираи он як қатор тамоюлҳои таҳдидовар марбут ба истеҳсоли маводи мухаддир дар Афғонистон ва содироти он ба кишварҳои мухталифи ҷаҳон муҳокимаву хулосагириҳо шудаанд.

Солҳои охир дар Афғонистон истеҳсол ва фурӯши маводи мухаддири навъи афюн афзуда истодааст. Мувофиқи оморҳои Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ истеҳсоли навъи афюн дар соли 2017 назар ба соли 2016 87%, яъне ба 9 000 тонна баробар шудааст. Дар соли 2017 майдони кишти чунин навъи маводи мухаддир ба 328 000 гектар васеъ шудааст.

Бинобар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи созмонҳои минтақавӣ ба монанди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай дар пешгирӣ ва мубориза бо терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир як қатор амалҳои самаранок ва ҳадафнокро ба сомон расонида истодааст. Махсусан, дар самти мубориза бар зидди назорати гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ояндаи наздик бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай сохтори махсус, Маркази зидди маводи мухаддир дар Душанбе ташкил хоҳад шуд. Мавриди зикр аст, ки ташаббуси мазкур ҳанӯз соли 2006 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо дода буд.

Хулоса, дар ҳақиқат Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷрибаи арзишманди мубориза бо экстремизм ва терроризмро касб намудааст, ки муаррифии амиқ ва дурусти он дар чунин ҳамоишҳои байналмилалӣ барои пешбурди мубориза бо ин падидаҳо дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ хеле муфид хоҳад буд. Ҳамзамон тақвият гаштани ҷанбаҳои сиёсию дипломатӣ ва таҳлилию коршиносии ҳамоиши байналмилалии мазкур метавонад дар самти мубориза бо терроризму экстремизм ва роҳҳои маблағгузории он, аз ҷумла аз ҳисоби даромади гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва фурӯши одамон ва рафъи ин ҳатару таҳдидҳо барои кишвари мо, минтақа ва ҷаҳон кумак намояд.

Азимзода Т.С., мутахассиси пешбари

Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии

Маркази тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон