Асосӣ: Макроиқтисод Ҷавонон ва хатарҳои муосири терроризму ифротгароӣ: вазъ ва дурнамо
+++ Ҷавонон бояд осебпазир набошанд! +++ Аҳамияти гулугоҳи Ҳурмуз чун шоҳраги ҳаётӣ барои интиқоли нафт дар ҷаҳон (дар пасманзари афзудани танишҳо миёни ИМА ва Эрон) +++ ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ: НАЗАРИ ВОҲИД БА АМНИЯТУ РУШД ДАР ОСИЁ ВА ҶАҲОН +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт +++ Ваҳдати миллӣ-таҷассумгари дипломатияи сулҳпарвари Пешвои миллат дар ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Нуробод +++ ЭЪЛОМИЯИ панҷумин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё. Назари умумӣ ба минтақаи амнтар ва шукуфотари МҲТБО +++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1719
mod_vvisit_counterДирӯз2420
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта17651
mod_vvisit_counterДар ин моҳ56803
mod_vvisit_counterҲамагӣ1830196
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Августи
25
Якшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Ҷавонон ва хатарҳои муосири терроризму ифротгароӣ: вазъ ва дурнамо

14.05.2019

Ҷавонон – қисми таркибии ҷудонашавандаи ҷомеа мебошанд, ки дар он нақши хоси худро доранд. Дар замони муосир, яъне тараққиёти ниҳодҳои давлатдории демократӣ, ҷомеаи демократӣ ва тафаккури демократӣ нақши ҷавонон дар равандҳои гуногун рӯз то рӯз афзоиш ёфта истодааст. Ҳатто метавон гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонон дар ҳалли масъалаҳои гуногун мавқеи калидӣ пайдо кардаанд.

Дуруст савол ба миён меояд, ки чаро нақши ҷавонони тоҷик, махсусан, дар замони муосир, мавқеи калидӣ пайдо намудааст, зеро дар замони собиқ Шӯравӣ дар Тоҷикистон на танҳо ҷавонон, балки тамоми ҷомеа зери низоми директивӣ ё фармонии роҳбарияти сиёсӣ қарор дошт.

Ҳоло бошад, дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ва пойдории низоми демократӣ ба сиёсати ҷавонон механизми “назорат аз поён” хос аст (Ниг.: Жизненные пути одного поколения / под ред. М.Х. Титмы, Л.А. Коклягиной, В.В. Семёновой / М.:Наука, 1992. 335с.). Ин маънои онро дорад, ки ҷавонон имрӯз вобаста ба масъалаҳои гуногун плюрализми фикру андешаҳо, ақидаҳо, мавқею манфиатҳоро доранд,ки ин самтҳои васеи инкишофи равандҳои иҷтимоиву сиёсиро фароҳам меорад. Маҳз ҷавонон метавонанд имрӯз ҳамчун “қувваи бузург” арзёбӣ гарданд.

Аммо, бояд тазаккур дод, ки ин “қувва” ду паҳлӯ дорад: манфӣ ва мусбат. Ҳангоми баррасӣ намудани проблемаи ҷавонон дар Сессияи 40-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) қайд карда шудааст, ки “ҷавонон дар ҷомеа нақши духела доранд: аз як тараф, онҳо ба раванди тағйироти иҷтимоӣ мусоидат намуда, аз тарафи дигар, қурбони онҳо мешаванд” (Ниг.: Эриксон Э.Х. Идентичность: юность и кризис. М., 2006. 341с.). Ин маънои онро дорад, ки ҷавонон бо тамоми нерую қувваи худ метавонанд ҷомеа ва давлатро ба пеш баранд, боиси пешрафти соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бошанд, ё ин ки, ҳамин қувваи бузург метавонад ба падидаҳои номатлуб гаравида, идеологияҳои бегонаро ҷонибдорӣ намояд ва ҳастиву созандагии давлату миллатро зери хатар гузоранд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ҷавонони имрӯза тафаккур, нуқтаи назар, фикру ақида, психикаи ташаккулёфтаистода дошта бошанд ҳам, ҳоло дар бисёр ҷода номустаҳкаманд ва дар баён намудани фикри худ дар баррасии бисёр масъалаҳо душворӣ мекашанд. Худ шоҳид ҳастем, ки солҳои охир ҷавонони Тоҷикистон зери таъсири бисёр омилҳо, ба гурӯҳҳои радикалӣ шомил гаштанд. Аз сабабе, ки дар ҷаҳонбинии онҳо холигие пайдо шуда буд, он бо идеологияи ғайр пур гардид ва ҳатто бархе аз онҳо ба Ватани худ баргашта, хостанд вазъи сиёсиро ноором созанд. Аз ин лиҳоз, метавон ҷавононро ҳамчун қишри осебпазир аз ҳар гуна падидаҳои номатлуб, аз ҷумла, терроризму ифротгароӣ дур набуда, арзёбӣ намуд. Бо сабабе, ки терроризму ифротгароӣ ҳамчун проблемаи хусусияти байналмилалӣ дошта эътироф шудааст, он ба суботи иҷтимоӣ ва беҳбудии сиёсии давлатҳои ҷаҳон таҳдиди ҷиддиро ба миён меорад. Гурӯҳҳои сиёсиву динӣ дар солҳои охир ба хотири амалӣ намудани манфиатҳои геополитикии худ аз ҷавонон, ки яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд, самаранок истифода менамоянд. Муҳаққиқи тоҷик Шаъбонов Н.Н. қайд менамояд: «Ҷавонон ҳамчун гурӯҳи муайяни ҷамъиятӣ аз ҷониби ҳизбу ҳаракатҳо ва ҳатто шахсони алоҳида истифода мегарданд» (Ниг.: Ҷавонон – захираи миллат ва ояндаи давлат[Электронный ресурс] // Ҷавонони ТоҷикистонURL:http://javonon.tj/news/youth/avonon-zakhirai-millat-va-oyandai-davlat/?month=05&year=2017). Инқилобу бетартибиҳое, ки вақтҳои охир дар давлатҳои гуногун ба вуқуъ омада истодааст аз ҷониби ҷавонон амалӣ гаштаанд.

Мисол, қисми азими ҳайати бо ном «Давлати исломӣ»-ро асосан ҷавонон ташкил медиҳанд. Тибқи таҳлилҳо дар соли 2018 теъдоди умумии аъзоён, ки аз Тоҷикистон ба ин гурӯҳи ифротиву террористӣ шомил шудаанд дар умум 2443 нафарро ташкил дода, аз он 1652 нафар, яъне 68%-ро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Бояд гуфт, аз аввали пайдоиши худ “Давлати исломӣ” дар тарғибу ташвиқи идеологияи худ ва таъсир ба психологияи шахс дар фазои Интернет хеле пешқадам буд. Ҷамъиятшиноси рус Е.Л. Лутсенко дар мақолаи худ қайд намудааст, ки инқилоби илмӣ-техникӣ (дар асри ХХ) таъсири манфии худро ба ҷавонон расонид, зеро дақиқтар муайян намуд, ки онҳо ба ҳаёти мустақил омода нестанд (Ниг.: Е.Л. Луценко Роль и место молодёжи в социальной структуре Еврейской автономной области [Электронный ресурс] // Киберленинка. URL:https://cyberleninka.ru/article/n/rol-i-mesto-molodyozhi-v-sotsialnoy-strukture-evreyskoy-avtonomnoy-oblasti(Дата обращения: 05.05.2019г.). Назари ин олим аз он шаҳодат медиҳад, ки барои ҷалби ҷавонон гурӯҳҳои ифротгароиву террористӣ дар фазои иттилоотӣ аз усулҳои пешқадам истифода мебаранд ва дар чунин ҳолатҳо қобилияти маълумоти рост ва бардурӯғро фарқ карда тавонистани ҷавонон хеле муҳим аст. Мисолҳо дар ин бобат бисёр овардан мумкин аст: ҳодисаи моҳи июли соли 2018 дар Данғара ( Ниг.: ИГ взяло на себя ответственность за нападение на туристов в Таджикистане [Электронный ресурс] // DeutscheWelle. URL: https://amp.dw.com/ru(Дата обращения: 05.05.2019г.), ҳодисаи моҳи апрели соли 2019 дар Шри-Ланка ва ғайра (Ниг.: Пасхальный теракт в Шри-Ланке: сотни погибших и раненных [Электронный ресурс] // DeutscheWelle. URL: http://9tv.co.il/news/2019/04/21/269641.html (Дата обращения: 05.05.2019г.).

Бо пешрафти илмӣ-техникӣ суръати интиқоли маълумот баланд шуд. Ҳамзамон, миллиардҳо маълумот бесарусомон дар гардиш ҳастанд ва ҳар шахс ё гурӯҳ метавонад озодона маълумоти нав ба навро дар ин фазо ворид намояд, аз ҷумла, бо мақсадҳои ғаразнок истифода барад. Аз ин лиҳоз, истилоҳи нав - “ҷанги иттилоотӣ” ба мавзӯи рӯзмарра табдил ёфтааст. Дар ин бобат, инкишофи тафаккури танқидӣ дар байни ҷавонон, ки истифодабарандагони асосии Интернет мебошанд, зарур мешуморем.

Тафаккури танқидӣ қобилияти фикрронӣ оид ба таҳлили рӯйдодҳо, чизҳо ва воқеаҳо мебошад, ки барои баровардани хулосаи асоснок замина фароҳам меорад. Вобаста ба ин, шахс метавонад маълумоти ростро ба даст оварад, имконияти натиҷаҳои бадастомадаро роҷеъ ба ин ё он масъала дуруст баҳо диҳад. Маҳз, инкишофи чунин қобилият, метавонад чашми ҷавононро равшан созад.

Бояд гуфт, ки инкишофи тафаккури танқидӣ кори якрӯза ё дурӯза нест. Барои он заҳмату кӯшиши ҳар як фарди фаъоли ҷомеа зарур аст. Аввалан, дар ин ҷода фаъолияти “чорумин шохаи ҳокимият” – воситаҳои ахбори омма (телевизион, радио, интернет) зарур аст, ки ташвиқоти худро дар ин самт пурзӯр намоянд. Дуюм, ин албатта фаъолияти ҳамоҳангсози мақомоти ваколатдори давлатӣ (маориф, Кумитаи кор бо ҷавонон, Кумитаи дин, фарҳанг ва ғайра) дар тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, меҳру садоқат ба модар, давлат ва бетараф набудан ба ояндаи миллат дар ин ҷода, метавонад хеле назаррас бошад.

Дар асоси гуфтаҳои боло ду пешниҳоди мушаххас оварда мешавад:

якум, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандии ҷавон, ки дар мавриди пайдоиши падидаҳои номатлуби замон тавонанд устувор бошанд ва муқовимати шадид нишон диҳанд. Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар марҳалаи ташаккулёбӣ қарор дорад, аз ин лиҳоз, он дар ҳалли бисёри масъалаҳо, ба мисли терроризму ифротгароӣ ноустувор аст. Тафаккури танқидие, ки аз он гуфта гузаштем, дар ин маврид метавонад ҳамчун механизми мувофиқ истифода гардад.

дуюм, вусъат бахшидани фаъолияти волонтёрӣ (ризокорӣ), ки он метавонад ҳамчун майдони озоди мубоҳиса ва ҳалли масъалаҳои рӯзмарра аз тарафи худи ҷавонон истифода гардад. Дар ин фаъолият онҳо метавонанд фикру ақидаҳои худро озодона изҳор намуда, барои ҳалли мушкилот пешниҳодҳо намоянд. Онҳо бояд дар ин майдон озод бошанд, тавонанд масъалаҳои мубрами рӯзро ба миён гузошта, перомуни онҳо баҳс намоянд, ба вазирон, роҳбарону ходимони давлатӣ саволҳои худро бевосита дода, ҷавобҳои мушаххас гиранд, бо онҳо ҳамавақт дар робита бошанд.

Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешбурди фаъолияти ҷавонон дар корҳои давлатдорӣ ва ҷамъиятӣ тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ вуҷуд доранд, аз ҷумла:

Қонуни ҶТ“Дар бораи сиёсати ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон ”;

Қонуни ҶТ “Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ”ва ғ.

Ин қонунҳо метавонанд заминаҳои хуб барои фаъолияти озоди ҷавонон дар ин майдон истифода гарданд, то ки ҷавонон тавонанд ба он такя намоянд. Муҳим он аст, ки дар рафъи мушкилоти ҷомеа ҷавонон нақши бузурги худро дарк намуда, масъулияти ба зиммаи онҳо гузошташударо ҳис кунанд.

Бовар дорем, ки агар ин чорабиниҳо дуруст ба роҳ монда шаванд, боиси ҳалли бисёр мушкилот мегарданд.

Икромова Зилола, мутахассиси пешбари

Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии

Маркази тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон