Асосӣ: Навигариҳо «ҲИЗБИ НАҲЗАТ ГУРӮҲИ ТЕРРОРИСТИСТ, ТЕРРОРИЗМ БО ИСЛОМ ҲЕҶ УМУМИЯТЕ НАДОРАД…». Коршиноси масоили сиёсӣ Зубайдулло Давлатов сиёсисозии исломро ҷиҳати манфии раванди ҷаҳонишавӣ мешуморад
+++ ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ: НАЗАРИ ВОҲИД БА АМНИЯТУ РУШД ДАР ОСИЁ ВА ҶАҲОН +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт +++ Ваҳдати миллӣ-таҷассумгари дипломатияи сулҳпарвари Пешвои миллат дар ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Нуробод +++ ЭЪЛОМИЯИ панҷумин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё. Назари умумӣ ба минтақаи амнтар ва шукуфотари МҲТБО +++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++ Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ: вазъият ва дурнамо +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз6
mod_vvisit_counterДирӯз2740
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта5199
mod_vvisit_counterДар ин моҳ46581
mod_vvisit_counterҲамагӣ1752394
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Июли
23
Сешанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

«ҲИЗБИ НАҲЗАТ ГУРӮҲИ ТЕРРОРИСТИСТ, ТЕРРОРИЗМ БО ИСЛОМ ҲЕҶ УМУМИЯТЕ НАДОРАД…». Коршиноси масоили сиёсӣ Зубайдулло Давлатов сиёсисозии исломро ҷиҳати манфии раванди ҷаҳонишавӣ мешуморад

10.05.2019

ДУШАНБЕ, 09.05.2019 Солҳои охир раванди сиёсӣ сохтани ислом вусъати хатарнок гирифта, ҳар рӯз сабаби қатлу куштори ҳазорон нафар аҳолии осоишта ва бе хонаву ҷой мондани миллионҳо нафари дигар шуда истодааст. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми табрикотии худ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон баён дошта, илова намуданд: «Аксари гурӯҳҳои ифротӣ аъмоли нангини худро таҳти ниқоби ислом содир мекунанд, ҳол он ки дини ислом аслан ва моҳиятан зидди ифротгароиву хушунат ва қатлу куштор буда, баръакс, одамонро ба инсондӯстӣ ва корҳои нек ҳидоят менамояд».

Дар робита ба ин мавзӯъ андешаҳои коршиноси масоили сиёсӣ, муовини сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло ДАВЛАТОВро, ки зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» Шукӯҳи ДАЛЕР баён дошт, манзури хонандагон мегардонем.

Терроризм ва ифротгароӣ бо ҷамъияти инсонӣ таърихи баробар дорад, яъне ин ҷурми инсон ҳеҷ гоҳ аз ҷамъият берун набудааст.

Мавзӯи мазкур баробари таърихи ҷамъияти инсонӣ таърих дорад. Саҳифаҳои таърихи инсоният ҳеҷ гоҳ аз амалҳои зишти террористон холӣ набудаанд. Ин ҷурми тули таърих бо шеваҳои гуногун аз худ дарак додааст. Роҳбарони пасипардагии онҳо ҷавононро мағзшӯӣ карда, онҳоро ба сӯи марг мефиристанд. Бо ин амал номи худро ҳамчун тимсоли бадию вайронкорӣ дар саҳифаҳои таърих бо хатти сиёҳ навиштаанд.

Террористон барои эҷоди бесуботӣ, барангехтани низоъҳои миллию мазҳабӣ ва нажодӣ ҷаҳд менамоянд. Онҳо мехоҳанд бар издиҳом тӯдаҳои одамон нуфуз пайдо кунанд, мувофиқ ба хости худ ба мағзҳои одамон шакл бахшанд.

Чун террористон рӯҳу мағзи одамонро ба ихтиёри худ медароранд, қудрати зиёдеро соҳиб мегарданд. Дар ҳақиқат террористон мехоҳанд дар давлатҳои алоҳида ҳукмрон шуда, ба онҳо сару сомони ба дидашон мувофиқ бахшанд. Онҳо ба кору амале даст мезананд, ки танҳо хости худашон аст. Ба он ки ҷаҳониён дар бораашон чи назаре хоҳанд дошт, аҳамият намедиҳанд.

Терроризм ҷурм аст. Террористон манфиатҳои миллию давлатиро ба эътибор намегиранд. Онҳо аз сохти давлатие (холофати исломӣ) ҳимоят мекунанд, ки ба андешаашон ҷавобгӯи аҳкоми динӣ ва мазҳабӣ мебошад. Дар натиҷаи амалҳои террористии онҳо давлатҳои ҷудогона бесубот, хароб ва ба хоки сияҳ баробар шудаанд. Табақае аз мардумро дар муқобили табақаҳои дигар, пайравони мазҳабҳои гуногунро зидди ҳам шӯронида, ҳатто давлатеро муқобили давлати дигар қарор медиҳанд. Дасисаҳои абарқудратҳо ва дастгирии онҳо аз террористон дар гӯшаҳои гуногуни дунё баҳри амалигардонии манфиатҳои худ ин давлатҳоро ба чи ҳоли табоҳ гирифтор намудаанд. “Баҳори Араб” тарҳи барномарезишудаи абарқудратҳо буд, ки тавассути он абарқудратҳо тақсимоти нави ҷаҳониро аз кишварҳои Араб оғоз намуданд. Дасисаҳои бозингарони ҷаҳонӣ як қатор давлатҳои араб (Сурия, Ироқ, Либия, Яман)-ро ба ҳоли табоҳе гирифтор намуданд.

Дунёи имрӯз дунёест, ки манфиатҳои миллию давлатӣ ҳамаи дигар муносибатҳои ҷамъиятиро ниҳоят тезу тунд мегардонанд. Махсус, давлатҳои абарқудрат, бозигарони сиёсии ҷаҳонӣ барои ноил шудан ба хостаҳои худ, аз нав тақсим намудани ҷаҳон, соҳиб шудан ба боигариҳои табиии дигарон Баҳори Араб* ва инқилобҳои рангаро аз тарҳ ба амал ҷорӣ менамоянд. Барои ҳалли масоили иқтисодии худ аз ҳисоби дигарон ба абарқудратҳо абзорҳое, ба мисли ташкили бесуботию нооромӣ, ба миён овардани зиддиятҳои мазҳабӣ, миллӣ ва инқилобҳои ранга заруранд.

Дар замони ҷаҳонишавӣ ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ кӯшиш мекунанд, ки бо роҳҳои гуногун қувваҳои нави зиёд, махсусан ҷавононро ба сафи худ ҷалб намоянд. Аммо чуноне ки таҷриба нишон медиҳад, на танҳо ҷавонон, балки одамони синну сол ва касбу кори гуногун ба ин ташкилотҳо аъзо мешаванд. Ин сабабҳои гуногун дорад. Масалан, дар муносибат ба дин ташкилотҳои террористӣ– экстремистӣ аз тарзу усулҳои гуногун истифода мебаранд. Яке аз ин роҳҳо сиёсикунонии ислом мебошад.

Терроризми байналмилалӣ набояд дар чаҳорчӯбаи манфиатҳои миллии кишварҳо, балки дар сатҳи васеътари манфиатҳои кишварҳои минтақа ва ҷаҳон таъриф гардад. Ин зуҳурот ба таърихи пайдоиши ҷамъияти инсонӣ ҳамсол аст. Тӯли таърих терроризм барои ба даст овардани қудрат, барои таъмини ғаразҳои худ аз ҷониби гурӯҳҳои маҳдуди сиёсӣ, қавмӣ, нажодӣ ва мазҳабӣ мавриди истифода қарор гирифтааст.

Терроризм зуҳуроти мураккаб аст. Мавқеияти сиёсӣ ва иҷтимоии он ба ҷанбаҳои таърихӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, идеологӣ ва ҷаҳонбинӣ пайвандӣ дорад. Он тӯли таърих дар миёни пайравони динҳои мухталифи яҳудӣ, масеҳӣ, ислом, ҳиндуизм, буддоӣ ва сикҳ вуҷуд доштааст. Тафаккури мазҳабӣ иқдомоти хушунатбор дошта метавонад. Беҳуда нест, ки яке аз навъҳои терроризм- ин терроризми мазҳабист.

Таълимоти дини ислом – сулҳпарварона, инсондӯстона ва моломоли андешаҳои нек ва созанда буда, асосан барои беҳтар кардани ахлоқи ҷомеа нигаронида шудааст. Беҳуда нест, ки Паёмбари Худо ҳазрати Муҳаммад (с) худро омӯзгор мегуфтанд ва аз ин ифтихор мекарданд.

Имрӯз ташкилотҳои террористию экстремистӣ барои пиёда кардани мақсадҳои худ аз дин истифода мекунанд. Бубинед онҳо аз дин чӣ гуна сӯиистеъмол менамоянд. Агар мо як дини исломро дар назар дошта бошем, он 72 равия дорад. Аз ҳама мазҳабҳои калони он суннӣ ва шиъа мебошанд. Ташкилотҳои террористиву экстремистӣ миёни ин ду равияи ислом зиддият ба вуҷуд оварда, онҳоро ба ҳам ҷанг меандозанд. Бо истифода аз ин ба мафкураи шаҳрвандон самти барояшон зарурӣ мебахшанд.

Ин гуна ҳодисаҳоро мо дар мисоли Ироқ, Сурия, Афғонистон ва Либия дида метавонем. Дар ин мамлакатҳо маҳз бо суиистифода аз ислом – исломи сиёсишуда ташкилотҳои террористӣ тавонистанд дар як муддати муайян муваффақ шаванд ва ба ниятҳои худ бирасанд.

Масалан, марзи зиёди Ироқу Сурия дар дасти ба ном Давлати исломӣ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) буд. Саволҳое ба миён меоянд, ки ДОИШ чӣ гуна тавонист, ки ҷавононро ба сафҳои худ ҷалб кунад? Маблағ ва воситаҳои ҳарбиву иттилоотиву таъминотиро аз куҷо пайдо намуд?

Дунёи имрӯз дунёест, ки манфиатҳои миллию давлатӣ ҳамаи дигар муносибатҳои ҷамъиятиро ниҳоят тезу тунд мегардонад. Махсусан, давлатҳои абарқудрат, бозингарони сиёсии ҷаҳонӣ барои ноил шудан ба хостаҳои худ, аз нав тақсим намудани ҷаҳон, соҳиб шудан ба боигариҳои табиии дигарон Баҳори Араб ва инқилобҳои рангаро аз тарҳ ба амал ҷорӣ менамоянд. Барои ҳалли масоили иқтисодии худ аз ҳисоби дигарон ба абарқудратҳо абзорҳое, ба мисли ташкили бесуботию нооромӣ, ба миён овардани зиддиятҳои мазҳабӣ, миллӣ ва инқилобҳои ранга заруранд.

Ҳанӯз ҳам миёни давлатҳои қудратманди ҷаҳонию минтақавӣ нисбат ба терроризм муносибатҳои дугона ҷой доранд. Абарқудратҳои ҷаҳонӣ аз гурӯҳҳои террористӣ барои амалӣ намудани хостаҳои худ истифода менамоянд, онҳоро бо яроқу воситаҳои пулию молӣ таъмин менамоянд. Аз ин ҷиҳат дар давлатҳои гуногун ба терроризм ҳамчун зуҳурот баҳои ҳархела додаанд.

Бояд гуфт, ки абарқудратҳои дунё онҳоро аз ҷиҳати молиявӣ, техникӣ ва яроқу аслиҳа дастгирӣ карданд. Мақсади ин гурӯҳ давлатҳо, ки муаллифони лоиҳаҳои террористиву экстремистӣ дар Ироқу Сурияву Афғонистон будаанд, манфиатҳои милливу давлатии худро тавассути ташкилотҳои террористиву экстремистӣ амалӣ кардан мебошад, ки он ҳам бо истифодаи сиёсикунии ислом сурат гирифта истодааст.

Дар умум гӯем, истифодаи ислом бо мақсадҳои гуногун кори нав нест. Аммо истифодаи сиёсии ислом барои ба даст овардани мақсадҳои сиёсӣ, яъне табаддулоти ҳарбӣ, ба даст овардани ҳокимият дар давлатҳои гуногун ва ба вуҷуд овардани бетартибиҳо барои ба мақсадҳои сиёсии худ расидан дар замони ҷаҳонишавӣ вусъати беандоза касб намудааст.

Ин ҷиҳати манфии раванди ҷаҳонишавӣ аст, лекин ин раванд дар умум мусбат арзёбӣ мегардад. Ин пасомадҳои манфии раванди мазкур аст. Дар асл гурӯҳҳои зиёди террористӣ ба дини ислом — ба он чизе, ки Худованд ба воситаи Қуръон ба мардум фармудааст, ҳеҷ умумияте надоранд. Дар дини ислом мақсади асосӣ- тарбия, эътиқод ва мардумро ба роҳи рост равон кардан аст.

Бояд гуфт, ки дин низ дар баробари илм, идеяҳои ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ як шакли шуури ҷамъиятӣ мебошад. Аз ин рӯ ташкилотҳои террористиву экстремистӣ барои ба сӯи худ кашидани мафкураи ҷавонон ва шаҳрвандони давлатҳои дигар кӯшиш мекунанд, ки аз он истифода баранд.

Ин гурӯҳҳо шаҳрвандони ҳамаи мамлакатҳо, аз ҷумла зиёда аз 1 ҳазору 900 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро бо роҳи ваъда додани маблағҳои калони дар ҳеҷ ҷой набуда тавонистанд ба сафи худ ҷалб кунанд. Аммо, хушбахтона, дар Тоҷикистон назар ба солҳои 2014-2015 аз 2016 инҷониб майли воридшавии ҷавонон ба ин тоифа гурӯҳҳо кам гардид. Ин натиҷаи кори хуби сохторҳои давлатӣ, ҳукуматӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аст, ки тавонистанд бо ин вабои аср мубориза баранд.

Бояд гуфт, ки дунё ҳамеша гирифтори муборизаи манфиатҳост. Ин манфиатҳо барои давлатҳо, ҳизбҳо, гурӯҳҳо ва одамони алоҳида ба сифати яроқи идеологӣ хизмат менамоянд.

Мисоли равшани инро метавон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дарёфт. Зеро ба ҳамагон маълум аст, ки чӣ гуна Ҳизби наҳзати исломӣ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) барои ба даст овардани ҳокимият ташкил кардани табаддулоти ҳарбӣ ва барои ҷалби ҷавонон ба ҳайати худ дар Тоҷикистон кӯшишҳои зиёде кард.

Беҳуда нест, ки 15 сентябри соли 2015 бо Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломӣ ташкилоти террористию экстремистӣ эълон карда шуд. Ҳамаи давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкории Шанхай низ ин ҳизбро ҳамчун ташкилоти террористиву экстремистӣ эътироф намуданд.

Ин ҳизби террористиву экстремистӣ низ аз номи ислом баромад карда, ақидаи шаҳрвандонро ба худ ҷалб кард.

Дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки бо мамлакати мо ҳамсарҳад мебошад, 40 сол боз ҷанг рафта истодааст. Дар ин ҷо низ аз ақидаҳои исломӣ истифода бурда, ҷангро аланга зада истодаанд. Масъалаи тинҷиву суботи ин мамлакат ба гуфтаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «барои мамлакати мо хеле муҳим мебошад».

Мутаассифона, аксари ҷавононе, ки ба гурӯҳу созмонҳои ифротӣ мепайванданд, онҳое мебошанд, ки саводи зарурии дунявӣ ва маърифати ибтидоии динӣ надоранд. Гурӯҳҳои ифротӣ ҷавононро ба доми худ кашида, ба коми марг мебаранд. Намоиши филмҳои дорои хусусиятҳои террористӣ ва экстремистӣ, паҳнкунии ғояҳои ифротгароӣ тавассути шабакаи ҷаҳонии интернет сабаби дигари гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ мебошанд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки паст будани савияи дониши ҷавонон, аз нигоҳи мафкуравӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва динӣ тайёр набудани онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ, майлу хоҳиши ба даст овардани маблағи муфт сабаби фирефта шудани онҳо аз тарафи намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва шомил гардиданашон ба ин ташкилотҳо гардидааст.

Яке аз роҳҳои пешгирии гаравиши шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ роҳ надодан ба таҳсили ғайрирасмии ҷавонон дар муассисаҳои динии хориҷи кишвар ва баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд ба ҳисоб меравад. Дар муҳити носолим тарбия ёфтан, аз ҷониби падару модарон ва шахсони онҳоро ивазкунанда фароҳам наовардани шароити зарурии моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва рӯҳӣ заифии таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии алоҳида мебошад. Дар натиҷаи гузаронидани вохӯриҳои инфиродӣ бо падару модарон соли 2015 аз 3 ҳазору 233 нафар шаҳрвандон, ки ғайрирасмӣ дар муассисаҳои таълимии динии хориҷи кишвар таҳсил мекарданд, беш аз 3 ҳазор нафар ба ватан баргардонида шуданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дуруст зикр карданд, ки «мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд., илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва дар оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд».

Масъалаи дигар, аз боғчаи бачагона то мактаби олӣ бояд як низоми доимоамалкунанда ва мунтазами таълим мавҷуд бошад. Яъне, вақте ки як ҷавони тоҷик мактаби олиро хатм мекунад, ӯ бояд мафкураи ватандӯстӣ ва милливу давлатӣ дошта бошад. Ин тадбир ба ӯ имконият медиҳад, ки хубро аз бад ва сафедро аз сиёҳ фарқ кунад. Инчунин зарур аст, ки барои ҷавонон вақти холӣ ташкил карда шавад. Яъне ҷавонон берун аз дарс, кор ва дар дигар вақтҳои холии худ ба варзиш ва дигар амалҳои фоиданок машғул шаванд ва саломатии худро нигоҳ доранд. Ин анъана имрӯз дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ роҳандозӣ гардидааст ва қобили дастгириву пайравӣ мебошад.

Бознашр: АМИТ"Ховар"