Асосӣ: Маркази матбуот КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМИВУ АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ "НАҚШИ СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА МИНТАҚАВӢ ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИНТАҚАИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ"
+++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++ Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ: вазъият ва дурнамо +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара +++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар мубориза бо терроризм ва экстремизм +++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти мубориза бо терроризм +++ ТАБРИКОТИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон +++ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Суан Фук мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз551
mod_vvisit_counterДирӯз2491
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта5036
mod_vvisit_counterДар ин моҳ37624
mod_vvisit_counterҲамагӣ1680947
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Июни
19
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМИВУ АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ "НАҚШИ СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА МИНТАҚАВӢ ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИНТАҚАИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ"

07.05.2019

Рӯзи 7 майи соли 2019 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси ҷумҳуриявии илмиву амалӣ дар мавзӯи "Нақши созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар таъмини амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ" баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш намояндагони вазорату муассисаҳои дахлдори давлатӣ, корпуси дипломатии муқими Душанбе, олимону коршиносони варзидаи масоили амнияти минтақавӣ ширкат варзиданд.

Дар ҳамоиш маҷмӯи масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифтанд:

–терроризм ва экстремизм чун падидаи муракаби иҷтимоӣ-иқтисодӣ;

–роҳу воситаҳои муқовимат бо терроризм ва экстремизм;

–нақши сохторҳои махсус ва қудратӣ дар мубориза зидди терроризм ва экстремизм; –истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир–сарчашмаи асосии маблағгузории терроризм ва экстремизм;

–мубориза бар зидди маблағгузории фаъолиятҳои террористӣ ва экстремистӣ;

–ташкил ва амалисозии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар мубориза бо терроризм ва экстремизм;

–нақши созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар таъмини амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ ва дигар масъалаҳои муҳими актуалӣ.

Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода кушода, иштирокчиёни ҳамоишро хайрамақдам гуфт ва зимни суханронӣ нақши созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро дар таъмини амнияти Осиёи Марказӣ муҳим арзёбӣ намуд.

Сипас директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода зимни сухани ифтитоҳии худ таъкид намуд, ки баргузории чунин нишасти илмиву амалӣ барои баррасӣ ва дарк намудани мушкилоти ҷойдошта дар муқовимат ва муборизаи муштарак дар минтақаи Осиёи Марказӣ муҳим ва саривақтӣ мебошад. Ӯ аз ҷумла қайд кард, ки масоили таъмини амнияти минтақавӣ, махсусан, бо дарназардошти омили Афғонистон ва пурзӯр шудани рақобат байни абарқудратони асосӣ, аз самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин бобат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Конфронси байналмилалии сатҳи баланд вобаста ба мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ ва дигар суханрониҳои худ қайд менамоянд.

Бо суханони ифтитоҳӣ инчунин, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон И.С.Лякин-Фролов ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон О.Н. Иванов баромад намуда, аз баргузории чунин ҳамоиши муҳим ва саривақтӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Дар назди иштирокчиёни конфронс инчунин муовини сардори Ситоди Генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Х.Эгамзод дар мавзӯи "Нақши Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) дар системаи амнияти минтақавӣ", сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Бухоризода дар мавзӯи "Доир ба масъалаҳои мубрами ташкили корҳои муштараки Вазоратҳои корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар соҳаи муқовимат ба терроризми байналмилалӣ, экстремизм ва сепаратизм", сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф.Абдуллозода дар мавзӯи "Нақши Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) дар самти мубориза бо қочоқи маводи мухаддир", директори Маркази тадқиқоти геополитикии Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон (ДСРТ), профессори кафедраи минтақашиносии хориҷӣ ва сиёсати хориҷии ҳамин донишгоҳ Г. Майтдинова дар мавзӯи "Таъсири омили Афғонистон дар амалишавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030", мудири кафедраи минтақашиносии хориҷӣ ва сиёсати хориҷии Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон О.Шаропов дар мавзӯи "Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва СААД дар таъмини амнияти минтақавӣ" суханронӣ намуданд.

Сипас пиромуни маърӯзаҳои номбурда ҳозирин фикру андешаҳои судманд баён карданд.

Конфронсро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда, ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд. Таъкид карда шуд, ки дар ин нишасти илмӣ-амалӣ маҷмӯи масъалаҳои муҳиму мубрами амнияту суботи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва саҳми созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар ин росто арзёбӣ гардиданд. Умедворем, ки натиҷаи ин ҳамоиш барои пешгирии хатару таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ, таҳкими суботу амнияти минтақа ва дар ин самт беш аз пеш фаъол гардидани созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мусоидат хоҳад кард.

Конфронс дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

Хадамоти матбуоти МТС-и назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон