Асосӣ: Сиёсати дохилӣ Таҳқиқот Корнамоии қаҳрамонон ҷовидонист!
+++ Ҷавонон бояд осебпазир набошанд! +++ Аҳамияти гулугоҳи Ҳурмуз чун шоҳраги ҳаётӣ барои интиқоли нафт дар ҷаҳон (дар пасманзари афзудани танишҳо миёни ИМА ва Эрон) +++ ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ: НАЗАРИ ВОҲИД БА АМНИЯТУ РУШД ДАР ОСИЁ ВА ҶАҲОН +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт +++ Ваҳдати миллӣ-таҷассумгари дипломатияи сулҳпарвари Пешвои миллат дар ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Нуробод +++ ЭЪЛОМИЯИ панҷумин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё. Назари умумӣ ба минтақаи амнтар ва шукуфотари МҲТБО +++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1741
mod_vvisit_counterДирӯз2420
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта17673
mod_vvisit_counterДар ин моҳ56825
mod_vvisit_counterҲамагӣ1830218
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Августи
25
Якшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Корнамоии қаҳрамонон ҷовидонист!

 

06.05.2019

Соли ҷорӣ аз анҷоми ҷанги мудҳише, ки насли инсоният мислашро надидааст, яъне хатми Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 74 сол пур мешавад. Муддати 74 сол аст, ки мардуми сайёра аз даҳшати фашизми гитлерӣ озод ва дар фазои сулҳу субот зиндагӣ доранд.

Ғалабаи бузурги собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бар алайҳи фашизми Германия бори дигар ба ҷомеаи инсонӣ собит намуд, ки қувваи некӣ аз болои бадӣ ҳамеша дастболост ва иттиҳоди ҳалқҳоро дар ҳама давру замон ягон қуввае шикаст дода наметавонад. Ғалабаи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дастоварди бузурги шаҳрвандони 15 ҷумҳурие буданд, ки Иттиҳоди Шӯравиро ватани ягона ва хонаи умеди худ дониста, барои аз душман озод намуданаш ҷоннисорӣ карданд.

Германияи фашистӣ таҳти сарварии Адолф Гитлер аҳдномаи дӯстиро, ки бо Иттиҳоди Шӯравӣ 28 августи соли 1939 ба имзо расонида буд, 22 июни соли 1941 хиёнаткорона шикаста, ба хотири забт ва несту нобуд кардани давлати ҷавони сотсиалистӣ, яъне Иттиҳоди Шӯравӣ бо иқтидори бузург ҳамла оварда,шаҳру деҳоти зиёдро ба хок яксон ва шумораи зиёди одамонро ба ҳалокат расонид, аммо ба нияти нопоки худ муяссар нагардид.

Пирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин ҷанг пирӯзии кулли халқу миллатҳои сулҳҷӯю озодихоҳи олам ва барои тамоми насли башарият намунаи ибрати талқини сулҳу осоиштагӣ маҳсуб меёбад. Ин рӯйдоди бузурги таърихӣ аз саҳифаҳои фаромӯшношудании халқу миллати тоҷик низ ба шумор рафта, аз хотири фарзандони Тоҷикистон фаромӯш намегардад.

Наслҳои калонсоли ҷомеа то ҳанӯз солҳои вазнин ва пурдаҳшати ин ҷангро бо нафрати зиёд ба ёд меоваранд, зеро дар он зиёда аз 55 миллион нафар мардуми сайёра: тифлони навзод, кӯдакони наврас, мардону занон, пирони барҷомонда, аскарони шуҷоъу далер ва қавиирода қурбон гардидаанд.

Барои муҳофизати Ватан 300 ҳазор нафар тоҷикистониён сафарбар шуда, аз ин шумора 92 ҳазори онҳо ба ҳалокат расидаанд.

Барои ҷасорату мардонагӣ бар зидди фашизм беш аз 55 ҳазор нафар ҷанговарони тоҷик бо ордену медалҳои давлатӣ сарфароз гардида, ба 54 нафари онҳо унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ дода шуд, ки дар байни онҳо Сафар Амиршоев, Домулло Азизов, Ҳайдар Қосимов, Тӯйчӣ Эрйигитов, Чутак Урозов, Исмоил Ҳамзаалиев, Ҳодӣ Кенҷаев ва дигарон буданд.

Шуҷоату мардонагӣ, дӯстию рафоқат, ваҳдату якдигарфаҳмӣ миёни халқу миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва меҳнати суботкоронаи хурду бузурги ақибгоҳ буд, ки на танҳо хоки муқаддаси ин мамлакат аз истилои фашизм наҷот ёфт, балки тамоми дунё аз хатари он озод гардид.

Пос доштани хотираи неки фарзандони шуҷоъи Ватан, ки барои зиндагии осудаи наслҳо ҷонбозӣ кардаанд ва собиқадорони меҳнат, ки дар ақибгоҳ шабу рӯз заҳмат кашидаанд, вазифаи муқаддас ва қарзи виҷдонии ҳар як фарди ҷомеа мебошад.

Пас аз фатҳи Ғалаба, собиқ ҷанговарон дар барқарорсозии оқибатҳои ҷанг фаъолона иштирок намуда, кишвари азизамонро ба яке аз давлатҳои пуриқтидор табдил доданд.

Онҳо дар ҳар як пешравӣ, бахусус, баланд бардоштани иқтисодиёти мамлакат, рушду нумӯи соҳаҳо ва сохтмони иншоотҳои азим нақши асосӣ доштанд.

Пас аз 47 соли Ғалаба дар ҷумҳурии осоиштаи соҳибистиқлоламон бо кӯшиши душманони халқу миллатамон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид, ки собиқадорони ҷангро сахт дар ҳарос овард.

Онҳо, ки дарду азоби ҷанг, харобию даҳшати онро аз наздик дида буданд, бонги изтироб заданд, зеро бар асари ин ҷанг на танҳо мулки ободу осоиштаамон харобу валангор хоҳад гардид, балки мавҷудияти минбаъдаи миллатамон зери бори суол хоҳад монд.

Онҳо аз ҷумлаи ватандӯстони асил ва ҷамоатчиёни фаъол баҳри таъмини оромӣ ва хотимаи ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ ҷаҳду талоши зиёд менамуданд. Даъватҳои ватандӯстона ва нақли таҷрибаҳои ҳаётиашон самараҳои нек ба бор оварданду ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ дар мӯҳлати кӯтоҳ хотима ёфт.

Онҳо бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти кишвар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ саҳми беназир гузоштанд.

Ҳукумати мамлакат дар тӯли беш аз 27 соли соҳибистиқлолӣ нигоҳубину парастории иштирокчиёну собиқадорони ҷанг, расонидани кӯмакҳои молиявӣ ва дигар ғамхориҳои иҷтимоиро вазифаи асосии худ ҳисобида, дар ин самт ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ гардонид ва ин корро дар оянда низ идома хоҳад бахшид. Зеро ки шуҷоату диловарии фарзандони баору номуси халқамон дар давраҳои ҳассоси таърихӣ, аз ҷумла, дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон намунаи олии ватандӯстӣ ва сабақи беҳтарини мардонагиву ватандорӣ ба наслҳои имрӯзу оянда мебошад.

Сол аз сол шумораи иштирокчиёну маъюбони ҷанг - шоҳидони воқеии он рӯзҳои мудҳиш кам мегардад ва ё шояд пас чанд сол охирин нафари онҳо ин ҷаҳонро тарк гӯяд, вале ин маънои онро надорад, ки воқеаҳои пурдаҳшати солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ фаромӯш мешаванд, баръакс, симо ва корнамоии он нафароне, ки барои Ватан ҷонро дареғ надоштанду то охирин лаҳзаҳои умрашон бо душман ҷангиданд ва ё маъюб гардида ба Ватан баргаштанд, пурҷилову дурахшонтар мегардад.

Расидан ба қадри меҳнат ва кӯмаку ғамхорӣ намудан дар ҳаққи иштирокчиён ва собиқадорони ҷангу меҳнат қарзи инсонии ҳар фарди баору номус аст.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта дар таҷлили солгарди Рӯзи Ғалаба чунин изҳор дошта буданд: «Омӯзиши таҷрибаи зиндагӣ, ҳаёту фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ва маслиҳату машварати онҳо ба наслҳои имрӯзу фардои Ватани азизамон дар роҳи ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва рушди давлати соҳибистиқлоламон дастури муҳим ба шумор меравад.

Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Ғалаба бар фашизм ҷаҳони имрӯзаро бори дигар водор месозад, ки бо мақсади таҳкими муносибатҳои дӯстона, ҳамгироиву ҳамкорӣ ва тақвияти равобити ҳамаи давлатҳо кӯшишу талошҳои худро бештар намоянд. Ҳамгироӣ ва мақсадҳои ягона шарти асосии ҳифзи сулҳу субот, рӯзгори орому осудаи мардуми сайёра ва омили муҳимтарини муборизаи муштарак бар зидди неруҳои бадхоҳ мебошад.

Алалхусус, дар шароити ноором ва бисёр мураккаби ҷаҳони муосир, ки хатарҳои нав дар он вусъати бесобиқа пайдо карда, мардуми сайёраро ба нигарониву ташвиши ҷиддӣ рӯ ба рӯ кардаанд, тарғибу ташвиқи сулҳу субот, дӯстиву ҳамкорӣ ва матонату шуҷоати фарзандони Ватан дар ҷодаи мубориза бар зидди хатарҳои муосир, аз қабили экстремизму терроризм, миллатгароиву нажодпарастӣ ва дигар зуҳуроти нангину хатарнок, инчунин барои тарбияи эҳсоси ватандӯстиву озодихоҳии ҷавонон ва баланд бардоштани руҳияи ватанхоҳии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳим мебошад. Зеро ки вазъи сайёра имрӯз нисбат ба ҳар вақти дигар ниҳоят печидаву мураккаб гардидааст ва бар зиди хатарҳои муосир танҳо тавассути иродаи неки халқҳои олам ва саъю талоши муштарак истодагарӣ кардан мумкин аст».

Имрӯз дар саросари кишварамон бо василаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу суботи воқеӣ ҳукмрон асту ҳамарӯза ба пешрафту ободкориҳои нав муяссар гардида истодаем. Аз ин хотир, моро зарур аст, ки шукронаи ин ҳама сулҳу субот, пешрафту ободкориҳои Ватани азизамон намуда, ҳар кадомамон ҷавобан ба ин шароиту имкониятҳои мавҷуда дар таҳкими онҳо саҳмгузорӣ намоем.

Бояд ҳар нафар аз мо, сокини Тоҷикистони соҳибистиқлол, алалхусус, ҷавонон барои рушди Истиқлолияти кишварамон, таъмини ҳамешагии сулҳу амнияти он ҳамчун фарзандони содиқи Ватан ҳамеша дар талош бошем.

Ҳар нафар аз насли калони кишварамонро зарур аст, ки барои дар рӯҳияи ватандӯстиву сулҳпарварӣ, ифтихори милливу донишпарварӣ ва зиракии сиёсӣ тарбия намудани ҷавонон ва чун ҳомиён ва ғамгусорони халқу миллат ба воя расидани онҳо ҳиссагузорӣ кунем.

Аҳли ҷомеа бояд хуб дарк намоянд, ки дар ягон асру замон ҷанг ба ҷуз харобӣ, манфиати дигаре ба бор нахоҳад овард. Ҷанг боиси ҳалокати одамон, вайрону валангор шудани шаҳру деҳот ва монеаи пешравии халқу давлатҳо хоҳад гашт. Дар як худи Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиёда аз 1700 шаҳрҳо вайрон карда шуданд, миллионҳо бехонаву хоҷагидорӣ монданд. Аз ин лиҳоз, моро мебояд, ки барои таъмини сулҳу осоиши кишварамон ва пойдории он бо тамоми ҳастиамон кӯшиш ба харҷ диҳем.

Мирзо Ашӯров, коршиноси масоили сиёсии

Маркази тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон