Асосӣ: Маркази матбуот Баргардонидани кӯдакон аз Ироқ бозгӯи сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат аст
+++ Ҷавонон бояд осебпазир набошанд! +++ Аҳамияти гулугоҳи Ҳурмуз чун шоҳраги ҳаётӣ барои интиқоли нафт дар ҷаҳон (дар пасманзари афзудани танишҳо миёни ИМА ва Эрон) +++ ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ: НАЗАРИ ВОҲИД БА АМНИЯТУ РУШД ДАР ОСИЁ ВА ҶАҲОН +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт +++ Ваҳдати миллӣ-таҷассумгари дипломатияи сулҳпарвари Пешвои миллат дар ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Нуробод +++ ЭЪЛОМИЯИ панҷумин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё. Назари умумӣ ба минтақаи амнтар ва шукуфотари МҲТБО +++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1733
mod_vvisit_counterДирӯз2420
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта17665
mod_vvisit_counterДар ин моҳ56817
mod_vvisit_counterҲамагӣ1830210
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Августи
25
Якшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Баргардонидани кӯдакон аз Ироқ бозгӯи сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат аст

02.05.2019

Ба Тоҷикистон баргардонидани  84 нафар кӯдакони оилаҳои гумроҳшуда, ки  волидайни онҳо дар сафи Давлати исломӣ ва дигар гурӯҳҳои террористию экстремистӣ  шомил гардида,  дар Ироқу Сурия қарор доштанд,   аз иқдомҳои наҷибона ва сиёсати  инсондӯстонаи Пешвои  миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  нисбат ба кӯдакон, ки ояндаи миллатанд,  гувоҳӣ  медиҳад. Ин матлабро корманди  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯзи РАМАЗОН  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд.

Мусоҳиб афзуд, ки кӯдакони тоҷик  аз қаламрави Ироқ маҳз бо дастуру супориши  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  ва ҳамкории судманди намояндагиҳои дипломатӣ, мақомоти марбутаи Тоҷикистону Ироқ ва мусоидати  ниҳоди атфоли Созмони Милали Муттаҳид – ЮНИСЕФ   ба Тоҷикистон баргаронида шудаанд.

Сарнавишти атфоли  аз Ироқ ба Ватан баргардонидашуда  дар маркази  таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар самти ба таълиму тарбия  фаро гирифтан  ва мутобиқ  намудани онҳо ба ҷомеаи кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ғамхорӣ зоҳир намуда, тадбирҳо меандешад. Зеро Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ эътироф гардида, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.

Мусаллам аст, ки шаби 30 апрел 84 нафар кӯдакон ва ноболиғони тоҷик, ки волидайнашон ҳангоми дар сафи ДИ будан дар набардҳо дар Сурия ва Ироқ  фавтидаанд ва ё дар боздоштгоҳҳо қарор доранд,  тавассути  ҳавопаймои махсус аз Бағдод ба Душанбе баргардонида шуданд.

Баргардонидани 84 нафар кӯдаки тоҷик аз Ироқ ба Ватан дар ҳолест, ки қаблан Ҳукумати мамлакат баъзе аз шаҳрвандони  кишварро, ки гумроҳ гардида, ба сафи ДИ пайвастанд,   баъдан пушаймон шуда, ихтиёран  ба Ватан баргашта буданд, авф  намуда буд. Амалкарди мазкур  ифодагари иқдомҳои  башардӯстона ва хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки намехоҳанд ягон кӯдаки тоҷик берун аз Ватан азият бинад.

Ба таъкиди Президенти Тоҷикистон, «ягон кӯдаки мо дар кишвари бегона партофта нахоҳад шуд».

Бознашр: АМИТ "Ховар"