Асосӣ: Маркази матбуот КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ "ҶАНБАҲОИ СТРАТЕГИИ РУШДИ ИҶТИМОӢ-ИҚТИСОДИИ МИНТАҚАҲОИ ТОҶИКИСТОН"
+++ Ҷавонон бояд осебпазир набошанд! +++ Аҳамияти гулугоҳи Ҳурмуз чун шоҳраги ҳаётӣ барои интиқоли нафт дар ҷаҳон (дар пасманзари афзудани танишҳо миёни ИМА ва Эрон) +++ ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ: НАЗАРИ ВОҲИД БА АМНИЯТУ РУШД ДАР ОСИЁ ВА ҶАҲОН +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт +++ Ваҳдати миллӣ-таҷассумгари дипломатияи сулҳпарвари Пешвои миллат дар ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Нуробод +++ ЭЪЛОМИЯИ панҷумин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё. Назари умумӣ ба минтақаи амнтар ва шукуфотари МҲТБО +++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1664
mod_vvisit_counterДирӯз2420
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта17596
mod_vvisit_counterДар ин моҳ56748
mod_vvisit_counterҲамагӣ1830141
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Августи
25
Якшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ "ҶАНБАҲОИ СТРАТЕГИИ РУШДИ ИҶТИМОӢ-ИҚТИСОДИИ МИНТАҚАҲОИ ТОҶИКИСТОН"

30.04.2019

Рӯзи 30 апрели соли соли 2019 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи "Ҷанбаҳои стратегии рушди иҷтимоӣ-иқтисодии минтақаҳои Тоҷикистон" баргузор гардид. Дар он намояндагони вазорату муассисаҳои дахлдор, донишмандони соҳаи иқтисодиёту ҷомеашиносӣ, коршиносон ва рӯзноманигорони расонаҳои ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.

Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва қайд кард, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон ба рушди иҷтимоӣ-иқтисодии минтақаҳои кишварамон диқққати махсус дода мешавад, ки татбиқи аксари лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту роҳсозӣ, кишоварзию обтаъминкунӣ ва маорифу тандурустӣ дар ҳамаи шаҳру деҳоти мамлакат аз он шаҳодат медиҳад. Дастовардҳои кишвар дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ нишон медиҳад, ки роҳбарияти давлату ҳукумат Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду тараққиёти иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ бо такя ба минтақаҳои он тамоми имконоту захираҳоро сафарбар намудаанд, то ин ки тавассути таҳия ва татбиқи барномаҳои пурсамари давлатӣ, аз қабили Стратегияҳои миллии рушд–2030 ҷиҳати гузариш аз модели иқтисодии аграрӣ ба модели нави саноатӣ-аграрӣ ба комёбиҳо ноил гарданд.Ба андешаи мо, расидан ба ин ҳадафҳои олӣ аз бисёр ҷиҳат ба рушди бахши иқтисодиёт алоқамандӣ дорад.

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои муҳиме, ки дар шароити кунунӣ саривақтӣ арзёбӣ мешаванд, мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифтанд. Ин масъалаҳо дар гузариши иқтисодиёти кишвар аз шакли аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ ва саноатикунонии кишвар барои амалишавии ҳадафи чоруми стратегии кишвар заминаи мусбат мегузоранд ва барои рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоии кишвар такони ҷиддӣ мебахшанд.

Бо мақсади боз ҳам обод кардани Тоҷикистон, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор ва ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонию баланд бардоштани некуаҳволии мардум дар тамоми минтақаҳои кишвар аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019–2021 "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидааст. Барои фароҳам овардани шароит баҳри васеъ намудани доираи истеҳсолот ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти хушсифату рақобатпазир, истифодаи бештари иқтидорҳои истеҳсолӣ, аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намудан барои истеҳсоли маҳсулоти босифат, таъмини шуғли пурсамар барои аҳолӣ ва афзоиши воридот ба буҷет дар асоси азнавсозии фондҳои истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ, ҳимояи истеҳсолкунандагони ватанӣ, татбиқ намудани маҷмӯи чорабиниҳо ва амалӣ кардани барномаҳои соҳавии рушд зарур мебошанд.

Бо дастгирии молиявии шарикони рушд айни замон дар Тоҷикистон 70 лоиҳа ба маблағи умумии 31,9 миллиард сомонӣ ё баробар ба 3,38 миллиард доллари амрикоӣ амалӣ гардида истодааст. Дар зарфи се моҳи аввали соли равон дар доираи лоиҳаҳои татбиқшаванда 669,9 миллион сомонӣ азхуд карда шудааст. Дар ҳошияи ҳадафи чоруми стратегӣ–саноатикунонии босурати кишвар ба соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ бештар тавваҷуҳ зоҳир карда мешавад. Аз тарафи ҳукумат ва давлат барои дастгирии соҳибкорӣ тайи чанд соли охир як қатор имтиёзҳо амалӣ гаштаанд, ки боиси ҳавасмадии соҳибкорони ватанӣ гаштааст. Бо ин роҳ саҳми бахши хусусиро ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегӣ бештар мегардад. Аз ҷумла бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон "300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ" амалӣ карда мешавад.

Дар робита ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳтаи миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки барои бартараф кардани монеаҳои маъмурӣ, таъмин намудани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорон бо аҳолӣ, соли 2019 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ"-ро таҳия ва пешниҳод намояд. Сарфи назар аз дастоварҳои назаррас, ҳоло масъалаҳои зиёди ҳалталаб ҷиҳат расидан ба ҳадафҳои муайянгардида мавҷуд мебошанд. Бинобар ин, баргузории конфронс ва ибрози фикру андешаҳои шумо барои ҳалли масоили ҷойдошта ва таъмини рушди минбаъдаи бахши воқеии иқтисодиёт метавонад заминаҳои мусоидро фароҳам созад.

Сипас дар назди ҳозирин муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмин Сангинзода, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, муовини якуми Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Шарипов, муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ. Амирбекзода, намояндаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Солиев, намояндаи Кумитаи рушди маҳали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Салоҳиддинов, сардори Раёсати пешбурди фаъолияти сармоягузории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хурсанд Вафобекзод, корманди Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидраҳмон Назризода, корманди Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон И.С.Ашӯров, корманди Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Б.Шарипов, сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Л.Шозодаев, сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд А.Қодиров, сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои вилояти Хатлон Д.Мирзоев, муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Ш.Раҳимов, мудири шуъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода М.Назирзода, намояндаи БҶИИ МК МSDSP М.Бодурбеков суханронӣ намуда, ба саволҳои иштирокчиёни ҳамоиш посухҳои қаноатбахш доданд.

Сипас иштирокчиёни ҳамоиш пиромуни маърӯзаҳо фикру андешаҳои судманд иброз намуданд. Аз ҷумла зикр гардид, ки дар Паёмҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлисӣ Олӣ, суханрониҳо дар ҷаласаҳои Ҳукумат, мулоқот ва сафарҳояшон ба минтақаҳои гуногуни мамлакат масъалаҳои муҳими рушди иҷтимоӣ-иқтисодии минтақаҳо мавриди муҳокима қарор мегиранд. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми воситаву имкониятҳои мавҷударо ба хотири пешрафти ҳамаи минтақаҳои кишвар равона карда истодааст, то ки барои шаҳрвандон шароити ҳарчи беҳтари кору фаъолият ва зиндагии арзанда муҳайё карда шавад.

Дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат то имрӯз барои баланд бардоштани вазъи иқтисодию иҷтимоии шаҳру ноҳияҳо ва дуруст ба роҳ мондани сиёсати минтақавӣ барномаҳои миёнамуҳлати рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар таҳия ва қабул гардиданд. Амалӣ гардидани барномаҳо дар шароити ҷорӣ гаштани муносибатҳои нави иқтисодӣ, пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани нақшу саҳми минтақаҳо, инчунин, ба истифодаи самараноки захираҳои маҳаллӣ ва рушди ҳамаҷонибаи иқтисодӣ-иҷтимоии минтақаҳои гуногуни кишварамон вобаста аст. Баҳри амалӣ гардонидани ҳадафу афзалиятҳои дар доираи барномаҳои рушди шаҳру ноҳияҳои кишвар қабулгардида таваҷҷуҳ доимо баланд аст, зеро фарқи мавҷудаи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, табиию иқлимии минтақаҳо тақозо менамояд, ки роҳҳои ҳалли оқилонаи онҳо пайдо карда шуда, саҳми минтақаҳо дар пешрафти иқтисоди кишварамон боз ҳам бештару беҳтар гардад.

Дар ҷумҳурӣ Консепсияи рушди маҳалҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои ҷумҳурӣ таҳия карда шудааст, ки дар онҳо самтҳои рушд барои давраҳои миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат пешбинӣ гардидаанд.

Фаъолият дар самти устуворгардонии иқтидори мақомоти идоракунии маҳаллӣ бо таъмини ҳамоҳангсозии фаъолият бо мақомоти марказии идоракунӣ боз ҳам тақвият меёбад. Дар заминаи он инфрасохтори шаҳраку деҳот, муассисаҳои маориф, тандурустӣ, роҳсозӣ, обтаъминкунӣ, фарҳанг ва варзиш таҷдид ва навсозӣ мегарданд ва рушди ҳамаҷонибаи иҷтимоӣ-иқтисодии минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз пеш таъмин карда мешавад.

Конфронси илмӣ-амалиро муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода натиҷагирӣ ва ҷамъбаст намуда, таъкид намуд, ки ин нишасти илмӣ барои рушди минбаъдаи иҷтимоӣ-иқтисодии минтақаҳои кишварамон мусоидат хоҳад кард.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

Хадамоти матбуоти Маркази

тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон