Асосӣ: Сиёсати дохилӣ Таҳқиқот Наврўз падидаи бузург дар тамаддуни башарӣ
+++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар мубориза бо терроризм ва экстремизм +++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти мубориза бо терроризм +++ ТАБРИКОТИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон +++ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Суан Фук мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии «Як камарбанд, як роҳ» иштирок намуданд +++ Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия +++ Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия +++ Таъиноти кадрӣ +++ ТАНОСУБИ ҚУВВАҲО ДАР АФҒОНИСТОН: СУЛҲХОҲОН ВА ҶАНГҶӮЁН +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз253
mod_vvisit_counterДирӯз903
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта2020
mod_vvisit_counterДар ин моҳ23384
mod_vvisit_counterҲамагӣ1625998
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Mайи
22
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Наврўз падидаи бузург дар тамаддуни башарӣ

15.03.2019

Дар фарҳангу ойини мардуми тоҷик ҷашни Наврӯз ниҳоят арзишманд мебошад. Ин ҷашни умумимиллӣ барои халқи мо мероси таърихӣ ба шумор меравад, зеро он аз гузаштагони дурамон ба ёдгор мондааст. Боиси ифтихор аст, ки дар поку беолоиш ва бегазанд ба насли имрӯз расонидани ин суннати бисёр гиромии таърихӣ саҳми фарзандони фарзонаи миллати тоҷик беназир мебошад.

Наврӯзро, ки баъзан «Иди баҳор» ва «Соли Нав» ва дар баъзе ноҳияҳо "Иди сари сол" низ номида мешавад, ҷашни қадимӣ ва анъанавии мардуми тоҷик ва эронинажод мебошад. Наврӯз бо эҳё гардидани табиат ва фарорасии баҳорон оғоз меёбад ва тақрибан таърихи зиёда аз 3 ҳазорсола дорад. Ҳарчанд он ҷашни қадимӣ ва анъанавии мардуми тоҷик ва эронинажод ҳисобида мешавад, вале баъдтар дар байни дигар халқҳои ғайриэронӣ низ расм шуда, бо шукӯҳи хосса таҷлил карда мешавад. Тибқи маълумоти расмӣ ба ҷуз дар Тоҷикистон Наврӯз ҳоло дар кишварҳои зиёди ҷаҳон: Афғонистон, Албания, Озарбойҷон, Гурҷистон, Эрон, Туркия, Федератсияи Русия (Бошқирдистон, Доғистон, Тотористон), Ироқ, Туркия, Покистон, Қазоқистон, Косово, Қирғизистон, Муғулистон,Туркманистон, Ӯзбекистон низ ҷашни расмии миллӣ ба шумор меравад. Яъне ҳанӯз пеш аз ҷаҳонишавиаш, Наврӯз дар ин давлатҳо мақоми ҷашни миллиро соҳиб буд.

Иди Наврӯз соли 2009 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид расман ба феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси башарияти фарҳанги ҷаҳонӣ дохил гардид. Як сол пас, 19 феврали соли 2010 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаеро қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмиллалӣ касб намуд. Ҳамин тавр, соли 2011 дар Эрон ва соли 2012 дар Тоҷикистон Иди байналмилалии Наврӯз ҷашн гирифта шуд.

Наврӯз баъд аз Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмиллалӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», рӯзҳои 21 март - 24 март - Иди байналмилалии Наврӯз эълон карда шудааст. Имсол ба санае, ки Наврӯз аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҷашни байналмилалӣ эълон гардид, нуҳ сол пур шуд. Тоҷикистони соҳибистиқлол ба хотири мақоми ҷаҳонӣ гирифтани ин ҷашн яке аз кишварҳои ташаббускор буд ва дар ҳифзу нигаҳдошти ормонҳои умумиинсонӣ ва умумифарҳангии ин оини аҷдодӣ саҳм гузошт.

Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашни таърихи инсоният ба ҳисоб меравад. Ҳамин нукта барои ҷаҳониён ба таври мустақим собит месозад, ки тоҷикон низ яке аз қадимтарин мардуми сайёра ва соҳиби фарҳангу маънавиёти ғанӣ мебошанд. Ҳатто дар даврони ҳуҷуми араб ба сарзамини мо, ки Наврӯз ҳукми «билдъат»-ро гирифта, таҷлили он манъ шуда буд, на танҳо он аз хотираҳои мардум фаромӯш нашуд, балки тоҷикон тавонистанд анъанаҳои нодири онро то замони имрӯз ҳифз кунанд.

Ҷаҳонишавии ҷашни бостонии Наврӯз ва дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил намудани он нишонаи аз тарафи халқҳои гуногуни ҷаҳон эътироф гардидани ҳақиқати болозикр мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид барҳақ фармудаанд: «Имрӯз Наврӯзи аҷдодии мо на танҳо дар кишварҳои ориёӣ, балки дар сарзаминҳое низ ҷашн гирифта мешавад, ки дар замони худ аз сарчашмаи пурбаракат ва ҷовидонаи фарҳанги мо баҳравар шудаанд. Ин нукта бори дигар тасдиқ мекунад, ки миллати мо дар тамоми таърихи худ нақши паҳнкунандаи тамаддунро бозидааст».

Вақте ки адабиёти халқҳои ҷаҳонро варақ мезанем, дар ҳеҷ кадоми онҳо ба андозаи адабиёти форсу тоҷик Наврӯз бо тамоми зебоию шаҳоматаш тавсиф ва тараннум нагардидааст. Аз ин ҷо ногузир ба хулосае меоем, ки умри Наврӯз бо умри сухан ва ҳусну малоҳати зиндагӣ баробар аст, яъне Наврӯз бо каломи зебо ва умуман, зебоӣ пайванди азалӣ дорад.

Ҳарчанд дар Тоҷикистон дар даврони Шӯравӣ таҷлили расмӣ аз Наврӯз мамнӯъ буд, вале дар се даҳаи ахир ҷашнгирии Наврӯз дар сатҳи давлатӣ ва бо ширкати мақомоти баландпоя доир мешавад. Аммо дар Афғонистон ва Эрон таҷлил аз Наврӯз бештар дар муҳити хонавода сурат мегирад. Дар Тоҷикистон ин ҷашни мубораки ниёгон бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил гардида, мардум дар тантанаҳои он дастаҷамъона ширкат менамоянд, зеро барои мо Наврӯз на суннати хонаводагӣ, балки ҷашни воқеан мардумист. Бояд ҳамин нуктаи муҳимро зикр намуд, ки Наврӯз бо ягон дину мазҳаб робитае надорад, балки ҷашни фарҳангиест, ки аз суннату оинҳои инсондӯстона ва ваҳдатсозу сулҳпарварона иборат буда, маҳз бо ҳамин мушаххасоташ ба ҷашни оммавӣ табдил гардидааст. Он сарфи назар аз нажоду миллат ва дину мазҳаб, ба як рукни муҳими фарҳанги мо табдил ёфтааст. Пешвои миллат дар робита ба ин фармудаанд: «Наврӯз хусусияти сирф фарҳангӣ ва инсониву мардумӣ дорад ва ҳеҷ зарурате барои сиёсӣ кардан он вуҷуд надорад».

Бар хилофи сиёсӣ намудани ин ҷашн ва инкор намудани таомулу анъанаҳои он, ки аз ҷониби баъзеҳо садо медиҳанд, замони он расидааст, ки Наврӯз ва барномаҳои он аз чорчӯби донишҳои мардумшиносӣ, фолклорӣ ва филологӣ, умуман аз улуми инсонӣ фаротар бурда шавад ва аз ҷумла бо дарназардошти он мавридҳое, ки дар боло ёдоварӣ гардид, ба сурати ҷиддӣ ва илмӣ вориди майдони илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ гардад.

Бояд зикр намуд, ки мувофиқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид Наврӯзро беш аз 300 миллион сокинони кишварҳои ҷаҳон таҷлил менамоянд, аммо вай ба ҷашни кулли башар табдил ёфтааст. Халқҳои Осиёи Марказӣ, Балкан, ҳавзаи баҳри Сиёҳ, Қафқоз, Шарқи Наздик ва манотиқи дигар бо омад - омади Наврӯз расму суннатҳои қадимии худро баҷо меоваранд.

Бархе аз муҳaккинони ойинҳои Наврӯзӣ бар ин назаранд, ки мақомоти кишварҳои туркзабони Осиёи Марказӣ Наврӯзро танҳо ба хотири таъмини бақои таърихии мардуми худ ҷашн мегиранд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки мардумони Осиёи Марказӣ равобити хуби таърихӣ доштанд, ҷашни Наврӯз дар миёни кишварҳои туркзабони минтақаи Осиёи Миёна, ба вижа ӯзбекҳо, қирғизҳо, қазоқҳo ва туркманҳо низ дар натиҷаи равобити фарҳангӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва мавқеи ҷуғрофиёӣ густариш ёфтаааст.

Яке аз асосҳое, ки Наврӯз ба рӯйхати мероси ғайримоддии халқҳо эътироф шудааст, пеш аз ҳама, ҷанбаи муттаҳидсозию баҳамоварӣ доштани он мебошад, зеро дар густариши дипломатия ва ҳамгироии давлатҳо ҳеҷ омиле, ҳатто иқтисодиёт ба монанди фарҳанг қудрати барқарор намудани дӯстӣ ва робитаҳои ҳасанаи байни давлатҳоро доро нест.

Наврӯз дар минтақаи Осиёи Марказӣ унсури муассири дӯстии байни давлатҳо мебошад. Мисоли он пеш аз ҳама дар ҳолати имрӯзаи муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон зоҳир мешавад. Робитаҳои наздики фарҳангӣ доштани мардуми тоҷику ӯзбек сабаб шуданд, ин ду миллат боз ба асли муносибатҳои дӯстона баргарданд ва дубораи саҳифаи тозаеро дар сарнавишти ояндаи ҳамсоядории нек боз кунанд.

Дар шароити Тоҷикистон Наврӯз омили таҳкимбахши ваҳдат ва якпорчагии давлат аст. Ҳамасола дар ҳошияи ҷашни Наврӯз сафари дастаҷамъонаи аҳолии як минтақаи Тоҷикистон ба минтақаи дигар ташкил шуда, ҷашну чорабиниҳои якҷоя баргузор карда мешаванд. Чунин иқдомҳо дар ҳошияи Наврӯз омили боз ҳам тақвият ёфтани робитаи байниҳамдигарии аҳолии кишвар ва таъмини фазои солими ҳамзистӣ мебошанд.

Ҳамин тавр, ба Наврӯз бояд болотар аз як ҷашн нигоҳ намуд. Он як арзишест, ки ҳастии инсон, моҳияти муносибатҳои одамон, рушди сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ, эҷоди таҳаммулпазирӣ дар ҷамеа ва нигоҳи созандаи оммаро ба ҳаёт дар бар мегирад.

МИРЗО Ашӯров, коршиноси Маркази

тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ