Асосӣ: Хабарҳои байналмилалӣ Дар Москва Стратегияи таъмини амнияти иттилоотии кишварҳои ИДМ-ро баррасӣ мекунанд
+++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими «Корвони наврӯзӣ» дар шаҳри Душанбе +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлили ҷашни Наврӯз +++ Манфиати абарқудратҳо дар Осиёи Марказӣ: «ҳамкорӣ ё рақобат» +++ Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи XIX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ +++ Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони васоити ахбори оммаи давлатӣ +++ Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 9 феврали соли 2019, №АП-1165 +++ Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир +++ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нахустин Муколамаи «Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ-Афғонистон» иштирок намуд +++ ЧАНД ДАСТОВАРДИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2018 +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26.12.2018 12:21, шаҳри Душанбе +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз609
mod_vvisit_counterДирӯз1536
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта8530
mod_vvisit_counterДар ин моҳ34085
mod_vvisit_counterҲамагӣ1570565
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Марти
23
Шанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Дар Москва Стратегияи таъмини амнияти иттилоотии кишварҳои ИДМ-ро баррасӣ мекунанд

12.03.2019

15 марти соли 2019 дар Москва Ҷаласаи 81-уми Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор мегардад. Ҷаласа таҳти раёсати Туркманистон баргузор мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар медиҳад.

Рӯзномаи ҷаласа маҷмӯи васеи масоили ҳамгироии кишварҳои ИДМ-ро дар соҳаи иқтисод дарбар мегирад. Аз ҷумла, масъалаи таҳияи Стратегияи таъмини амнияти иттилоотии давлатҳои аъзои ИДМ баррасӣ хоҳад шуд.

Ба масъалаи таъмини ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар соҳаи тиҷорати электронӣ дар кишварҳои ИДМ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад.

Зимни ҷаласа ҳамчунин масоили ҳамгироии мақомоти гумрукии давлатҳои аъзои ИДМ дар самти ҳифзи ҳуқуқ ба иншооти моликияти зеҳнӣ, ворид намудани тағйирот ба Созишнома оид ба тартиботи барасмиятдарории гумрукӣ ва назорати гумрукии молҳо, ки миёни давлатҳои аъзои Созишнома оид ба таъсиси минтақаҳои озоди тиҷоратӣ аз 8 октябри соли 1999 интиқол меёбанд, мавриди муҳокима қарор мегиранд.

Илова бар ин, иштирокдорон инчунин як зумра масоили дигари молиявӣ ва ташкилиро баррасӣ мекунанд.

Ба Шӯрои иқтисодии ИДМ муовинони сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои ИДМ дохил мешаванд. Дар ҷаласаҳои он Раиси Кумитаи иҷроия — Котиби иҷроияи ИДМ иштирок мекунад. Дар назди Шӯрои иқтисодии ИДМ Комиссияи доимоамалкунанда оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, ки аз намояндагони ваколатдори давлатҳои аъзои ИДМ иборат аст, фаъолият менамояд. Он таҳлили ҳамаҷониба ва баррасии лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти иқтисодию иҷтимоиро, ки аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ИДМ ва мақомоти соҳавӣ таҳия мегарданд, таъмин намуда, мавқеи давлатҳоро ҳамоҳанг менамояд.

Бознашр: АМИТ "Ховар"