Асосӣ: Маркази матбуот МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ "МАСЪАЛАҲОИ АКТУАЛИИ ПЕШГИРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ"
+++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими «Корвони наврӯзӣ» дар шаҳри Душанбе +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлили ҷашни Наврӯз +++ Манфиати абарқудратҳо дар Осиёи Марказӣ: «ҳамкорӣ ё рақобат» +++ Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи XIX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ +++ Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони васоити ахбори оммаи давлатӣ +++ Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 9 феврали соли 2019, №АП-1165 +++ Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир +++ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нахустин Муколамаи «Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ-Афғонистон» иштирок намуд +++ ЧАНД ДАСТОВАРДИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2018 +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26.12.2018 12:21, шаҳри Душанбе +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз560
mod_vvisit_counterДирӯз1536
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта8481
mod_vvisit_counterДар ин моҳ34036
mod_vvisit_counterҲамагӣ1570516
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Марти
23
Шанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ "МАСЪАЛАҲОИ АКТУАЛИИ ПЕШГИРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ"

07.03.2019

Рӯзи 7 марти соли 2019 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи гирд дар мавзӯи "Масъалаҳои актуалии пешгирии терроризм ва экстемизм" баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату муассисаҳои дахлдори давлатӣ, олимону коршиносони варзидаи масоили амниятӣ ва воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.

Мизи гирдро бо сухани муқаддимавӣ муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода кушода, иштирокчиёни нишастро хайрамақдам гуфт.

Сипас директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода сухани ифтитоҳӣ ироа намуд ва таъкид кард, ки баргузории чунин нишасти илмиву амалӣ барои пешгирии терроризм ва экстремизм на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар Осиёи Марказӣ муҳим ва саривақтӣ мебошад. Дар ҷараёни мизи гирди имрӯза масъалаҳои терроризму экстремизм ҳамчун падидаи мураккаби иҷтимоиву иқтисодӣ; роҳу усулҳои муқовимат ҷиҳати пешгирии терроризм ва экстремизм; нақши сохторҳои махсус ва қудратӣ дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм; истеҳсол ва қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир – сарчашмаи маблағгузории терроризм ва экстремизм; мубориза бо маблағгузории ғайриқонунии фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ; ташкил ва роҳандозии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар мубориза бо терроризм ва экстремизм ва ғайра мавриди муҳокима ва арзёбӣ қарор мегиранд.

Намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Фирӯз Бобохон зимни сухани ифтитоҳӣ баррасии мавзӯи "Масъалаҳои актуалии пешгирии терроризм ва экстремизм", арзёбии омилҳои минтақавии зуҳури ин падидаи номатлуб, таҳдидҳои нави ифротгароӣ ва терроризм ба амнияти миллии Тоҷикистон ва умуман, кишварҳои Осиёи Марказиро мубраму муҳим арзёбӣ кард ва ба иштирокчиёни ҳамоиш барори кор орзу намуд.

Ҳамин тавр, ҳамоиш ба кори худ шурӯъ кард. Дар назди иштирокчиёни Мизи гирд муовини сардори Раёсати оперативӣ-ҷустуҷӯйии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник А.Ҷунайдулло дар мавзӯи "Истеҳсол ва қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир–сарчашмаи маблағгузории терроризм ва экстремизм", ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Мавлонзода дар мавзӯи "Нишон додани муқовимат ба экстремизм ва терроризм аз ҷониби сохторҳои қудратӣ ва шаҳрвандӣ", ходими пешбари илмии Шуъбаи масъалаҳои сиёсӣ ва робитаҳои байналмилалии Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф.Юсуфҷонов дар мавзӯи "Гиреҳи сарбастаи Афғонистон ҳамчун омили густариши терроризми байналмилалӣ, ифротгароии динӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ", директори Маркази тадқиқоти умумиҷаҳонӣ, профессори Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатии Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон А.Раҳмонов дар мавзӯи "Созмонҳои радикалӣ ва террористии муосир: сохтори идоракунӣ, маблағгузорӣ ва роҳҳои муқовимат", сармутахассиси Раёсати иттиҳодияҳои динии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Алиев дар мавзӯи "Роҳу усулҳои муқовимат ҷиҳати пешгирии терроризм ва экстремизм", дотсенти кафедраи хуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултаи хуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ф.Мирзоаҳмадов дар мавзӯи "Баъзе масъалаҳои такмилдиҳии Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷавобгарии ҷиноятӣ барои терроризм", муовини директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Азизӣ дар мавзӯи «Хилофати маҷозӣ: шеваҳои нави таблиғи андешаи ифротӣ дар фазои иттилоотӣ", сармутахассиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ.Хоҷаев дар мавзӯи "Пешгирии ифротишавии ҷавонон гарави таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон", мутахассиси пешбари Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Юлдошева дар мавзӯи "Нақши занон дар пешгирии эктремизм", мутахассиси пешбари Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон К.Ҳидоятзода дар мавзӯи "Кибертерроризм: таҳдиду хатарҳо ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дигарон суханронӣ намуданд.

Сипас пиромуни маърӯзаҳои номбурда ҳозирин фикру андешаҳои худро баён карданд. Дар ҷараёни баррасӣ ва муҳокима масоили омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии пайдоиш ва густариши ифротгароӣ ва терроризм дар ҷомеаи Тоҷикистон ва минтақа, таъсири ҷараёнҳои муосири геополитикӣ ба амнияти умумии Осиёи Марказӣ; фаъолияти созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ: таҳдидҳо ва роҳҳои муқовимат; тамоюлҳои асосии танзими фаъолияти зиддитеррористӣ ва зиддиэкстремистӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва умуман, минтақаи Осиёи Марказӣ ва ғайра мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифтанд.

Мизи гирдро муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода ҷамъбаст карда, зикр намуд, ки дар ҳамоиши имрӯза маҷмӯи масъалаҳои муҳиму мубрами амнияти миллӣ, аз ҷумла чолишу хатарҳои мураккабу бисёрсамтӣ, ки ба масъалаҳои меҳварии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид мекунанд, таҳлил ва арзёбӣ гардиданд. Умедворем, ки натиҷаи ин ҳамоиш барои пешгирии хатару таҳдидҳои терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда анҷом ёфт.

Хадамоти матбуоти МТС-и назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон