Асосӣ: Маркази матбуот ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МОДАР
+++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар мубориза бо терроризм ва экстремизм +++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти мубориза бо терроризм +++ ТАБРИКОТИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон +++ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Суан Фук мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии «Як камарбанд, як роҳ» иштирок намуданд +++ Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия +++ Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия +++ Таъиноти кадрӣ +++ ТАНОСУБИ ҚУВВАҲО ДАР АФҒОНИСТОН: СУЛҲХОҲОН ВА ҶАНГҶӮЁН +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз251
mod_vvisit_counterДирӯз903
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта2018
mod_vvisit_counterДар ин моҳ23382
mod_vvisit_counterҲамагӣ1625996
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Mайи
22
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МОДАР

06.03.2019

Рӯзи 6 марти соли 2019 дар Маркази тадқиқоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар баргузор гардид. Ҷамъомадро муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода кушода, дар бораи мақому манзалати Зан-Модар дар ҷомеаи кишварамон суханронӣ намуд.

Ӯ аз ҷумла қайд кард, ки ба оғози эҳёи табиат–фасли зебои баҳори нозанин ва ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ рост омадани Рӯзи Модар рамзи неку хуҷаста мебошад, чунки агар баҳор оғози эҳёи табиат ва зиндагӣ, ибтидои нақшаву ниятҳо ва ташаббусу иқдомоти тоза, омодагӣ ба киштукор ва оғози нави корҳои ободонию созандагӣ бошад, модар сарчашмаи зиндагӣ ва ҳаёт аст. Аз ин рӯ, мо Модарро чун шахси муқаддас дӯст медорем ва ҳурмату эҳтиромашро ҳамеша баҷо меоварем.

Аввалин шахсе, ки ба фарзанди худ санъати суханвариро таълим медиҳад, на Арасту асту на Афлотун, балки Модар аст,ки бо лаҳни ширину равони худ одоби рафтору гуфтор ва кирдори ҳамидаро ёд медиҳад.

Мақому мартабаи Шумо, занону модарони Маркази мо аз занон ва модарони дигар сохторҳо дар он аст, ки Шумо дар Маркази зеҳнӣ кору фаъолият менамоед ва барои рушду пешарафти Тоҷикистони азиз тавассути маводҳои таҳлилии таҳиякардаатон пешниҳодҳои муҳим ва актуалӣ манзур менамоед.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем. Дар Паёми мазкур дар ин бора чунин омадааст:

"Дар замони соҳибистиқлолӣ як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ дар ин самт амалӣ гардида, барои фаъолияти занон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуданд. Барои мисол метавон аз ду соҳаи иҷтимоӣ – маориф ва тандурустӣ ёдовар шуд, ки солҳои охир дар ин сохторҳо шумораи занону духтарон ба маротиб афзоиш ёфтааст.

Тибқи маълумоти оморӣ соли 1991 дар соҳаи маорифи кишвар аз 95 ҳазор нафар кормандон ҳамагӣ 52 фоизро занону духтарон ташкил медоданд.

Соли 2018 ин нишондиҳанда ба 70 фоиз расидааст.

Дар соҳаи тандурустӣ соли 1998 аз 45 ҳазор нафар кормандон 25 ҳазор нафари онҳо занону духтарон буданд.

Ин нишондиҳанда соли ҷорӣ аз шумораи умумии кормандони соҳа, ки 80 ҳазор нафарро ташкил мекунанд, ба 51 ҳазор нафар расидааст, ки нисбат ба солҳои пеш хеле зиёд мебошад.

Имрӯз шумораи занон дар сафи хизматчиёни давлатӣ афзоиш ёфта, соли 2018 дар мансабҳои роҳбарикунанда 19 фоиз ва дар ҳайати хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи онҳо 25 фоизро занону духтарон ташкил медиҳанд.

Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Баробари ин, медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад. Ба ин хотир, мо масъул ҳастем, ки ба ин мавҷуди офарандаи инсоният арҷ гузорем, ранҷу машаққат ва заҳмату хизматҳои ӯро қадр намоем.

Ҳамзамон , аз модарону бонувони кишвар даъват ба амал меорем, ки дар риояи қонунҳои миллиамон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ" ва "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" боз ҳам фаъол бошанд, фарзандонро ба зиндагии мустақилона омода карда, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоянд, сарфаю сариштакориро, ки яке аз хислатҳои беҳтарини миллати қадимаи мост, риоя кунанд, дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳамеша пешсаф бошанд, расму ойин, анъанаву суннатҳо ва фарҳанги миллиамонро ҳифз намоянд.

Бонувону модарони мо бояд, муҳимтар аз ҳама, барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, кӯшиш карда, ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонанд.

Бори дигар ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд".

Бояд гуфт, ки дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишварамон нисбат ба модарону занон ва гувоҳи равшани дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба мақому манзалати хосса соҳиб гаштани бонувон мебошад, – гуфт дар фарҷоми суханронӣ Парвиз Муҳаммадзода ва бонувони Марказро ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрику муборакбод намуд.

Сипас кормандони Марказ Абдуллоҳи Раҳнамо, Ҳақназар Имомназар, Зубайдулло Давлатов, Фирӯз Равшаналиев ва Қиёмиддин Сатторӣ ба сухан баромада, занону духтарони Марказро ба ҷашни Рӯзи модар табрику таҳният гуфтанд.

Дар охир дар вазъияти тантанавӣ муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Парвиз Муҳаммадзода ба бонувони Марказ туҳфаҳои хотиравӣ супорид.

Ҷамъомад дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

Хадамоти матбуоти Маркази стратегии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон