Асосӣ: Маркази матбуот МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ "ВАЗЪИ КОРҲОИ МАЪРИФАТӢ (СИЁСИВУ ИДЕОЛОГӢ) ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМО"
+++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар мубориза бо терроризм ва экстремизм +++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти мубориза бо терроризм +++ ТАБРИКОТИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон +++ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Суан Фук мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии «Як камарбанд, як роҳ» иштирок намуданд +++ Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия +++ Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия +++ Таъиноти кадрӣ +++ ТАНОСУБИ ҚУВВАҲО ДАР АФҒОНИСТОН: СУЛҲХОҲОН ВА ҶАНГҶӮЁН +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз255
mod_vvisit_counterДирӯз903
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта2022
mod_vvisit_counterДар ин моҳ23386
mod_vvisit_counterҲамагӣ1626000
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Mайи
22
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ "ВАЗЪИ КОРҲОИ МАЪРИФАТӢ (СИЁСИВУ ИДЕОЛОГӢ) ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМО"

26.02.2019

Дар таърихи 26 феврали соли 2019 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи гирд дар мавзӯи "Вазъи корҳои маърифатӣ (сиёсиву идеологӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилот ва дурнамо" баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, коршиносон ва хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.

Мизи гирдро бо сухани муқаддимавӣ муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ Парвиз Муҳаммадзода кушода, иштирокчиёни нишасти илмию амалиро хайрамақдам гуфт ва зимни суханронӣ зикр кард, ки баррасии вазъи идеологию сиёсии кишвар яке аз мавзӯъҳои муҳим ба ҳисоб рафта, дар таҳкими низоми сиёсӣ ва таъмини амнияти миллии кишвар нақши муассир дорад. Дар шароити имрӯзаи ҷаҳон таъмини устувории вазъи идеологию сиёсии шаҳру ноҳияҳои кишвар муҳим буда, дар асоси он татбиқи сиёсати давлатӣ ва тарҳрезӣ намудани барномаҳои рушди сиёсии кишвар шарт ва зарур аст. Аз ин рӯ, баргузории ҳамоиши имрӯза ва баррасии мавзӯи "Вазъи корҳои маърифатӣ (сиёсиву идеологӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилот ва дурнамо" хеле арзишманду мубрам мебошад ва умед дорем, ки мизи гирди имрӯза барои боз ҳам боло бурдани сатҳи корҳои сиёсиву идеологӣ дар кишварамон мусоидат хоҳад кард.

Сипас мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Масрур Аҳмад сухани ифтитоҳӣ карда, мазмуну муҳтавои корҳои сиёсию идеологиро дар замони муосир ба таври мухтасар мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор дод.

Ҳамин тавр, ҳамоиши мазкур ба кори худ шурӯъ намуд. Сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидхоҷа Акбаров дар мавзӯи "Нақш ва ҷойгоҳи корҳои маърифатӣ (сиёсию идеологӣ) дар низоми муосири давлатдорӣ ", сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи "Маҷмӯи корҳои маърифатӣ (сиёсию идеологӣ) дар байни ҷавонон: мушкилот ва дурнамо", сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маъруф Абдуҷабборов дар мавзӯи "Аҳамияти корҳои маърифатӣ (сиёсию идеологӣ дар муҳити деҳот)", муовини якуми директори шабакаи "Радиои Тоҷикистон" Обид Файззода дар мавзӯи "Ҷойгоҳи расонаҳои электронӣ дар низоми корҳои маърифатӣ (сиёсию идеологӣ)", корманди Итифоқи журналистони Тоҷикистон Наҷмиддин Шоҳинбод дар мавзӯи "Ҷойгоҳи расонаҳои чопӣ дар низоми корҳои маърифатӣ (сиёсию идеологӣ), мутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳрухи Ҷаббор дар мавзӯи "Ҷойгоҳи шабакаҳои иҷтимоӣ дар низоми корҳои маърифатӣ (сиёсию идеологӣ) ва дигарон маърӯза намуда, ба саволҳои ҳозирин посухҳои қаноатбахш доданд.

Баъдан пиромуни маърӯзаҳои ироашуда ибрози назар ва табдули афкори арзишманд сурат гирифт.

Мизи гирдро муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода ҷамъбасту натиҷагирӣ кард ва ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.

Мизи гирд дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.

Хадамоти матбуоти Маркази

тадқиқоти стратегиии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон