Асосӣ: Рушди соҳавӣ Тадқиқот, нашрияю баромадҳо ТАҲЛИЛУ БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ
+++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар мубориза бо терроризм ва экстремизм +++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти мубориза бо терроризм +++ ТАБРИКОТИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон +++ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Суан Фук мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии «Як камарбанд, як роҳ» иштирок намуданд +++ Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия +++ Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия +++ Таъиноти кадрӣ +++ ТАНОСУБИ ҚУВВАҲО ДАР АФҒОНИСТОН: СУЛҲХОҲОН ВА ҶАНГҶӮЁН +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз232
mod_vvisit_counterДирӯз903
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1999
mod_vvisit_counterДар ин моҳ23363
mod_vvisit_counterҲамагӣ1625977
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Mайи
22
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ТАҲЛИЛУ БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ

25.02.2019

Ҳамасола яке аз руйдодҳои муҳиме, ки дар ҳаёти мардуми шарифи Тоҷикистон анҷом мегирад, ин ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми Олии қунунгузории кишвар мебошад.

Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ муосир ироаи Паёми Роҳбари давлат ба мақоми Олии қунунгузории кишвар ва дар симои он ба тамоми халқи шарафманд ва меҳнадтусти Тоҷикистон, аз ҷумлаи рукнҳои муҳимми давлати соҳибистиқлол ва яке аз рамзҳои асосии давлатдории демокративу ҳуқуқбунёд арзёбӣ мегардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Чун солҳои қаблӣ соли 2018 низ бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд.

Дар Паёми имсолаи Пешвои Миллат тамоми масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеа мавриди омӯзиш ва таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифта, барои рушди устувори ҳар як соҳа ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои қатъӣ ва таклифу ҳидоятҳои зарурӣ дода шуданд.

Таҳлилу арзёбии вазъи иқтисодии мамлакат ва таъмини дурнамои рушди минбаъдаи он яке аз бахшҳои калидии Паёми имсолаи Пешвои миллат ба ҳисоб меравад. Пешвои миллат зимни ироаи Пайми худ иброз доштанд, ки баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, тавассути ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисодӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳбуди вазъи бозори меҳнат, аз ҷумлаи ҳадафҳои олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Ноил гардидан ба мақсадҳои зикргардида, аз бисёр ҷиҳат ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд аст. Бинобар ин, ҳамасола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ирои Паёми худ ин бахши муҳими иқтисодиётро ба таври алоҳида таҳлилу арзёбӣ намуда, барои таъмини рушди устувори соҳаи мазкур ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар ин масир ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои қатъӣ медиҳанд.

Бояд зикр намуд, ки ҳоло дар кишвар барои ташкил ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва ҷалби сармояи дохилӣ ва ҳориҷӣ ба иқтисодиёт тамоми заминаҳо мавҷуд буда, стратегияву барномаҳои давлатӣ мавриди татбиқ қарор доранд.

Соли 2018 дар натиҷаи татбиқи босамари вазифа ва афзалиятҳои дар ҳуҷҷатҳои стратегӣ муайян гардида, инчунин амалӣ намудани вазифаҳои дар Паёми соли гузашта баёншуда соҳаҳои иқтисоидӣ-иҷтимоии кишвар бо такя ба инкишофи бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Аз ҷумла, ин комёбиҳоро метавон ном бурд:

• зиёда аз 7,7 миллиард сомонӣ зиёд гардидани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ;

• муътадил нигоҳ доштани суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳисоби миёна дар ҳаҷми 7,3 дарсад. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2017 0,2 банди фоизӣ зиёд мебошад;

• тақрибан 10 фоиз зиёд гардидани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ;

• дар ҳаҷми 11дарсад афзоиш ёфтани даромади пулии аҳолӣ. Ин рақам нисбат ба соли ғузашта 1 банди фоизӣ зиёд мебошад;

• то 17,3 дарсад боло рафтани ҳиссаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ташакулли ММД. Ногуфта намонад, ки ин рақам соли 2016 ба 15,2 фоиз баробар буд. Дар назар дошта шудааст, ки то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22 фоиз расонида шавад;

• содироти тақрибан 3 миллиард киловатт - соат нерӯи барқ ба кишварҳои хориҷӣ;

• дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ то 4 дарсад афзоиш ёфтани ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ;

• таъмини 15 номгӯйи истеҳсоли молу маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда;

• аъсиси зиёда аз 150 ҳазор ҷойи кории нав;

• то 29,5 дарсад фоиз коҳиш ёфти сатҳи камбизоатӣ;

• баланд гардидани сатҳи ҳавасмандӣ ба ташкил ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва дар ин замина, то 11,6 ҳазор зиёд гардидани шумораи субъектҳои соҳибкорӣ;

• бархурдор гардидани беш аз 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ аз моратория;

• то 9 фоиз афзоиш ёфтани ҳаҷми пасандозҳо дар низоми бонкӣ;

• дар ҳаҷми 201 миллион сомонӣ зиёд гардидани ҳаҷми қарзгузориҳои низоми бонкӣ ба соҳибкорон ва бахши хусусӣ;

• тавассути грантҳои Президенти Тоҷикистон равона гардидани 23 миллион сомонӣ барои рушд ва оғози фаъолияти соҳибкории занон;

• соли 2018 саҳми бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёда аз 70 фоизро ташкил дод, ки ин рақам назар ба панҷ сол пеш 12 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Ҳарчанд, ки соли 2018 нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва ҷалби сармоягузорӣ беҳтару хубтар гардида бошанд ҳам, вале боз ҳам баъзе масъалаҳои ҳалталаби дигар низ ҷой доранд.

Дар иртибот ба ин, Пешвои миллат зимни ироаи Паём иброз доштанд, ки Ҳукумати кишвар доимо дар ҷустуҷӯи роҳҳои боз ҳам самараноки беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ буда, ислоҳотро дар ин самт минбаъд низ, яъне то вақте, ки бахши хусусии кишварамон, соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва истеҳсолкунандагони ватанӣ дар сатҳи байналмилалӣ қобили рақобат ва фазои сармоягузории кишвар аз рӯи ҳамаи нишондиҳандаҳо мусоид гардад, идома медиҳад.

Тавре, ки мушоҳида мегардад, солҳои охир мавқеи байналмилалии Тоҷикистон дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” аз лиҳози якчанд нишондиҳандаҳо беҳтар гардидааст, аммо корҳо дар самти осон намудани пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ, сода кардани расмиёти қатъи фаъолияти соҳибкорӣ, алалхусус, субъектҳои соҳибкории хурд, дастрасӣ ба қарз ва дигар нишондиҳандаҳо беҳбудиро тақозо менамояд. Илова бар ин, ҳоло дар кишвар барои беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ҳамаи намудҳои санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар асоси арзёбии хавфҳо ба роҳ монда шудаанд. Аммо, талаботи қонунгузории соҳа аз ҷониби баъзе мақомоти санҷиш на ҳама вақт риоя мегардад.

Бинобар ин, Пешвои миллат зимни ироаи Паёми имсолаи худ ба масъулини соҳа ҷиҳати ҳалли масоили ҷойдошта ва таъмини рушди минбаъдаи он таклифу пешниҳодҳои мушаххас намуда, татбиқи масъалаҳои зеринро мувофиқи мақсад шумориданд:

• вусъат бахшидани корҳо доир ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ва муаррифии лоиҳаҳои сармоягузорӣ;

• манъ кардани тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ давоми солҳои 2019-2020;

• муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд;

• андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ ва иқтисодии соҳибкорон, расонидани кумак барои таҳияи лоиҳаҳои тиҷоратӣ ва дарёфти роҳҳои татбиқи онҳо, бахусус, ба субъектҳои соҳибкории навтаъсис ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ;

• таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ». Татбиқи қонуни мазкур имкон медиҳад, ки монеаҳои маъмурӣ бартараф гардида, самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорон ва аҳолӣ таъмин гардад;

• бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорон амали намудани «300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ»-ро мувофиқи мақсад мешуморем.

Аз нукта ва масъалаҳои дар боло зикргардида метавон чунин хулоса намуд, ки Паёми Пешвои муаззами миллат дар баробари дигар санадҳои муҳим барои таъмини рушди минбаъдаи фаъолияти соҳибкорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ҳамчун ҳуҷҷати стратеги унвон кард. Зеро дар Паём маҷмӯи васеи масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла бахши воқеии иқтисодиёт таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифта, барои таъмини рушди минбаъдаи соҳаи мазкур ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар он дастуру супоришҳои қатъӣ ва таклифу ҳидоятҳои зарурӣ дода шуданд.

Ҳамасола бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ дар натиҷаи амалӣ намудани вазифаҳои дар Паём муайян гардида, яъне аз Паём то Паём ба дастовард ва марҳалаи нави рушд ворид мегардад.

Дар суратӣ амали гардидани нуктаҳои дар боло зикргардида имкон фароҳам мегардад, ки соли 2019 низ мавқеи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз руи индикатори асосии тамзимкунандаи ташкил ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ боз ҳам баланд гардад.

Дар охир ҳаминро метавон қайд намуд, ки Паёми Пешвои миллат чун санади стратегӣ барои боз ҳам беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ истифодаи дуруст ва самараноки захираҳои истеҳсолӣ, коркарди ниҳоии маҳсулот, афзоиши номгӯи истеҳсоли маҳсулот, баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии истеҳсолкунандагони ватанӣ дар сатҳи байналмилалӣ ва иқтидори содиротии мамлакат, ба вуҷуд овардани ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ заминаҳои мусоидро фароҳам меорад.

Одинаев А.И.,

Муовини сардори Раёсати тадқиқоти

масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи

бахши хусусии МТС назди Президенти Чумҳурии Тоҷикистон