Асосӣ: Навигариҳо НИШАСТИ МАТБУОТИИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДОИР БА ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИВУ ТАДҚИҚОТӢ ВА ТАШКИЛӢ ДАР СОЛИ 2018
+++ Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 9 феврали соли 2019, №АП-1165 +++ Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир +++ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нахустин Муколамаи «Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ-Афғонистон» иштирок намуд +++ ЧАНД ДАСТОВАРДИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2018 +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26.12.2018 12:21, шаҳри Душанбе +++ Дар Душанбе масъалаи шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россияро баррасӣ намуданд +++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1151
mod_vvisit_counterДирӯз1683
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта12329
mod_vvisit_counterДар ин моҳ25555
mod_vvisit_counterҲамагӣ1517937
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Феврали
17
Якшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

НИШАСТИ МАТБУОТИИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДОИР БА ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИВУ ТАДҚИҚОТӢ ВА ТАШКИЛӢ ДАР СОЛИ 2018

08.02.2019

8-уми феврали соли 2019 нишасти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ ширкат доштанд.

Нишасти матбуотиро собиқ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар кушода, ҳайати нави роҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳозирин муаррифӣ намуд. Сипас директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода доир ба фаъолияти илмиву тадқиқотӣ ва ташкилии Марказ дар соли 2018 гузориш дода, аз ҷумла қайд кард, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси яке аз ниҳодҳои таҳлилӣ ва машваратии кишвар бо мақсади амалишавии стратегияҳои давлатӣ ва такмили механизми сиёсати дохилию хориҷӣ ва сиёсати дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.

Дар давоми соли 2018 Марказ дар доираи нақшаҳои корӣ дар чунин самтҳо фаъолият намуд:

1.Дар самти корҳои илмию тадқиқотӣ. Аз рӯйи нақшаи корҳои илмию тадқиқотӣ барои соли 2018 дар доираи самтҳои мазкур тадқиқот аз рӯйи мавзӯъҳои зерин гузаронида шуд:

• Масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотӣ, иҷтимоӣ, миллӣ ва минтақавӣ, ҳамчун стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон.

• Ташаккули низоми миллии баҳогузории индикативии амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар давоми сол натиҷаҳои қаблии тадқиқот дар доираи ҷаласаҳои Шӯрои илмию методии Марказ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ба ғайр аз ин, иҷрои чорабиниҳои мушаххас бо мақсади таъмини самараи амалии тадқиқот ба нақша гирифта шуд.

2. Шӯрои олимон ва Шӯрои илмию методӣ.

Шӯрои олимони Марказ дар ҳайати 21 нафар, аз ҷумла як Академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳафт доктори илм ва ҳафт номзади илм фаъолият кард. Бо мақсади амалӣ намудани стратегияи ягонаи давлатӣ, ҷамъиятию сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар ба ҳайати Шӯрои олимони Марказ мутахассисони варзида аз дигар ташкилоту муассисаҳо низ ворид карда шудаанд.

Шӯрои илмию методии Марказ бештар барои таъмини муҳокимаҳои васеи дохилиидоравӣ дар самтгириву самаранокии пажӯҳишҳои илмию амалии Марказ саҳм мегузорад. Дар соли ҳисоботӣ дувоздаҳ ҷаласаи Шӯрои илмию методӣ баргузор гардид ва ин имконият фароҳам овард, ки варианти ниҳоии гузоришҳо доир ба тамоми самтҳои тадқиқоти раёсатҳои Марказ ташаккул дода шавад.

3. Таҳия ва пешниҳоди гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ.

Дар доираи баргузории корҳои илмию тадқиқотӣ кормандони Марказ пешниҳодот, гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ барои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои амният ва дигар вазорату кумитаҳои давлатӣ, созмону ниҳодҳои дахлдор омода намуда, ба идораҳои дахлдор фиристода шуданд.

Дар соли 2018 кормандони Марказ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои давлатӣ 50 гузориши таҳлилӣ, иттилоотию таҳлилӣ дар ҳаҷми умумии 456 саҳифа пешниҳод карданд.

4. Иштирок дар Комиссияҳои Ҳукуматӣ ва Гурӯҳҳои корӣ.

Роҳбарият ва мутахассисони Марказ дар Гурӯҳҳои кории ҳукуматӣ ва ҷамъиятӣ, комиссияҳои маҷлиси вакилони халқ доир ба масъалаҳои мушаххас иштирок намуданд:

1) Узви ҳайати мушовараи АМИТ "Ховар" (бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон);

2) Гурӯҳи корӣ барои таҳияи "Барномаи махсуси таълимии кормандони муассисаҳои ислоҳии мақомот оид ба омодагии касбии кормандон, ҷиҳати такмили роҳу усули пешгирии фаъолияти ифротгароёна ва тундгароёна аз ҷониби маҳкумшудагон дар дохили муассисаҳо ва берун аз он" (дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон);

3) Гурӯҳи кории байниидоравӣ, ки барои муҳокима ва баррасии методологияи тадқиқоти рушди таҳсилоти олӣ (дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон);

4) Гурӯҳи кори байниидоравӣ оид ба такмили низоми андозбандию гумрукӣ ва самаранокии имтиёзҳои пешниҳодшаванда (дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон);

5) Мониторинг ва арзёбии сатҳи камбизоатӣ ва табақаи миёна дар Тоҷикистон (Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон);

6) Гурӯҳи корӣ доир ба таҳияи лоиҳаи Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030 (Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон);

7) Комиссияи Маҷлиси Вакилони Халқи шаҳри Душанбе оид ба ҳамкорӣ бо ташкилотҳои худфаъолияти ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятию ҳизбҳои сиёсӣ, воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои динию ғайриҳукуматӣ;

8) Комиссияи муваққатии Маҷлиси Вакилони халқи шаҳри Душанбе доир ба номгузорӣ ва номивазкунии маҳалҳо, кӯчаҳо, майдонҳо, хиёбонҳо, боғҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе.

5. Ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмию тадқиқотӣ.

Марказ робитаҳои корию машваратиро бо вазорат, кумитаҳо ва агентиҳои ҷумҳурӣ, мақомоти маҳаллии идоракунии давлатӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ, аз ҷумла Пажӯҳишгоҳи фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносӣ, Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демография, Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор мактабҳои олии мамлакат амалӣ намуд.

6. Ҳамкорӣ бо созмону ташкилотҳои байналмилалӣ.

Марказ дар доираи созишномаҳои ҳукуматӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла намояндагиҳои Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Ҳамкории Шанхай, СААД, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёгии Рушд, Фонди Байналмилалии Асъор, Созмони Олмонии Ҳамкории Байналмилалӣ, Маркази Дипломатияи Пешгирикунанда (шаҳри Ашқобод) ҳамкориҳоро густариш медиҳад.

Марказ узви Маркази таҳлилии СААД, узви Форуми Созмони Ҳамкории Шанхай ва яке аз муассисони Академияи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Бишкек мебошад.

7. Конфронсҳои илмию амалӣ, симпозиум ва мизҳои гирд.

Дар давраи ҳисоботӣ 36 чорабинии илмию амалӣ баргузор гардид, ки аз онҳо: 17 конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, 3 конфронси илмӣ–амалии байналмилалӣ, 13 мизи гирди ҷумҳуриявӣ ва 3 мизи гирди байналмилалии илмию амалӣ буданд.

Гузоришҳо аз семинару конфронсу мизҳои гирд дар рӯзномаҳои давлатӣ ва мустақил ба таври васеъ инъикос шуда, ҳамчунин, дар Сомонаи МТС гузошта шудаанд. Дар баробари ин, роҳбарияти Марказ дар Форуми Созмони Ҳамкории Шанхай (4–5 майи соли 2018, ш. Остона), Конфронси байналмиллалӣ дар Исломобод (21.03.2018), Форумҳои Бюро оид ба ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА (Варшава, сентябри соли 2018), Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ (Деҳлӣ, декабри соли 2018) ва дигар ҳамоишҳои байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Кормандони Марказ дар конфронсу ҷамъомадҳо, семинару маҳфилҳо, мизҳои гирд, ки аз ҷониби созмонҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баргузор шуданд, низ ширкат варзида, 85 маърӯза ва суханронӣ намуда, беш аз 250 мусоҳиба ба васоити ахбори омма дода шуд.

8. Фаъолияти нашриявӣ.

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи маводҳои ташвиқотию фаҳмондадеҳиро аз Паёму суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нашр намуд, аз ҷумла:

–"Паёми Пешвои миллат: моҳият ва самтҳои асосии он", (теъдод 200 нусха), Душанбе, 2018, 52 саҳ.

–"Тезисҳо вобаста ба рушди деҳот", (теъдод 200 нусха), Душанбе, 2018, 28 саҳ.

–"Шиорҳо дар боби Наврӯз" (теъдод 200 нусха), Душанбе, 2018, 50 саҳ.

–"Шиорҳо вобаста ба масъалаҳои глобалии об (бахшида ба ифтихори оғози Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028"), (теъдод 200 нусха), Душанбе, 2018, 70 саҳ.

–"Шиорҳо дар боби Ваҳдати миллӣ (бахшида ба 21 солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ)", (теъдод 200 нусха), Душанбе, 2018, 20 саҳ.

–"Шиорҳо дар боби Истиқлолияти давлатӣ (бахшида ба 27-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ)", (теъдод 200 нусха), Душанбе, 2018, 28 саҳ.

–"Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди Неругоҳи барқи обии Роғун", (теъдод 170 нусха), Душанбе, 2018, 28 саҳ.

–"Шиорҳо аз Паёму суханрониҳои Пешвои миллӣ Эмомалӣ Раҳмон дар боби Неругоҳи барқи обии Роғун", Душанбе, 2018, 12 саҳ.

Дар давраи ҳисоботӣ китоби Худобердӣ Холиқназар ва Абдуллоҳи Раҳнамо "Хатари тафаккури ифротӣ ва гурӯҳҳои ифротгарои динӣ дар чист?" (Душанбе, "Ирфон", 2018, 192 саҳ.) ба табъ расонида шуд.

Дар ин давра нашрияи Марказ–маҷаллаи "Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз", шумораҳои №1 (60), дар ҳаҷми 23 мақола, №2 (61), дар ҳаҷми 25 мақола, №3 (62) , дар ҳаҷми 29 мақола ва № 4 (63), дар ҳаҷми 25 мақола чоп карда шуд. Тамоми маводи воридшуда барои маҷалла тавассути барномаи "Антиплагиат" гузаронида мешаванд. Дар давраи ҳисоботӣ беш аз 184 мақолаи илмӣ тавассути ин барнома санҷида шуд.

9. Ҳамкорӣ бо марказҳои таҳлилии дигар кишварҳо.

Марказ бо як қатор марказҳои таҳлилии дигар давлатҳо, аз ҷумла бо марказҳои таҳлилии Федератсияи Русия, Қазоқистон, Чин, Корея, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия, Латвия, Литва, Лаҳистон (Полша) низ робитаҳои хуби корӣ ва илмӣ дорад.

10. Таҷрибаомӯзии донишҷӯён.

Дар соли 2018 дар Марказ аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 60 нафар, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат 21 нафар, Донишгоҳи (славянии) Русияву Тоҷикистон 18 нафар, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон 28 нафар, Донишгоҳи идоракунии давлатӣ 20 нафар, Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов 12 нафар, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон 2 нафар, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 4 нафар, Донишгоҳи давлатии илм ва технологияи Сибири Федератсияи Русия 1 нафар, аз Донишгоҳи Қазон 2 нафар, дар маҷмӯъ, 166 нафар донишҷӯ таҷриба омӯхтанд.

11. Сомонаи интернетии Марказ.

Сомонаи Марказ ба таври доимӣ фаъол буда, дар он маводҳои илмию таҳлилӣ ва хабарҳоро ҳамарӯза, гузоришу суханрониҳо, мақолаҳои маҷаллаи "Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз" ва китобҳои Марказро ҷой дода мешаванд. Дар давраи ҳисоботӣ дар сомонаи интернетии Марказ беш аз 210 мақолаву матолиби гуногуни илмӣ, хабару гузоришҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ гузошта шуданд. Дар соли 2018 кори сомона хеле фаъол гашта, онро рӯзе 1000 то 1700 хонанда мутолиа мекунанд. То имрӯз қариб якуним миллион нафар бо маводҳои он шинос шудаанд. Сомона ҳамчунин дар Фейсбук саҳифаи худро дошта, котиби матбуотии Марказ ва қисме аз кормандон барои тарғибу ташвиқи сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат аз саҳифаҳои шахсии худ истифода мекунанд. Маводҳои арзишманд ва ҷолиби сомонаи мазкур дар дигар шабакаҳои иҷтимоии шабакаи Интернет гузошта шуда, пешкаши истифодабарандагон карда мешаванд.

12.Корҳои ташвиқотӣ ва тарғиботӣ.

Дар доираи нақшаи дохилиидоравии иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуданд, силсилаи корҳои таблиғотию ташвиқотӣ гузаронида шуд. Маҷмӯи суханрониҳо дар ташвиқу тарғиби сиёсати Президенти кишвар дар мактабҳои олӣ, идораҳои давлатӣ ва ВАО, минтақаҳои кишвар аз 500 маротиба бештар буд.

13. Такмили ихтисоси кормандони Марказ.

Кормандони Марказ дар курсҳои такмили ихтисос, аз ҷумла дар хориҷи кишвар: Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон таҳсил намуда, забонҳои хориҷӣ ва ихтисоси худро такмил доданд. 1 нафар унвонҷӯйи Марказ рисолаи докторӣ ва 5 нафар рисолаҳои номзадии худро ҳимоя карданд. Соли 2018 даҳ нафар ба сифати унвонҷӯ қабул карда шуданд.

Умуман, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 фаъолияти илмиву тадқиқотӣ, тарғиботӣ ва ташкилии пурсамареро анҷом дод. Баъдан директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода, муовини директори Марказ Парвиз Муҳаммадзода, собиқ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар, собиқ муовини якуми директори Марказ Сайфулло Сафаров, муовини директори Марказ Фарида Муминова ва сардорони раёсатҳои Марказ ба саволҳои рӯзноманигорони ватанию хориҷӣ ҷавобҳои қаноатбахш доданд.

Нишасти матбуотӣ дар фазои самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда ба анҷом расид.

Хадамоти матбуоти Маркази

тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон