Асосӣ: Навигариҳо Тағйироти кадрӣ
+++ Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия +++ Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия +++ Таъиноти кадрӣ +++ ТАНОСУБИ ҚУВВАҲО ДАР АФҒОНИСТОН: СУЛҲХОҲОН ВА ҶАНГҶӮЁН +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанг дар деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанги деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи маҷмааи варзиши Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими «Корвони наврӯзӣ» дар шаҳри Душанбе +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлили ҷашни Наврӯз +++ Манфиати абарқудратҳо дар Осиёи Марказӣ: «ҳамкорӣ ё рақобат» +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз172
mod_vvisit_counterДирӯз357
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта2643
mod_vvisit_counterДар ин моҳ13097
mod_vvisit_counterҲамагӣ1595798
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Апрели
19
Ҷумъа
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Тағйироти кадрӣ

05.02.2019

Дар асоси Фармону Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати роҳбарикунандаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институтҳои тадқиқотии Академияи илмҳо, муовинони Фармондеҳи Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор вазорату идораҳо тағироти кадрӣ сурат гирифтанд.

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои роҳбарикунандаи сохторҳои мазкур таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд. Сӯҳбати муфассалу фарогири тамоми ҷанбаҳои фаъолияти роҳбарони вазорату идораҳои марбута аз таҳлилу баррасӣ ва масъалагузориҳои ҷиддӣ, ки дар Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷагирӣ шуд, сурат гирифт.

Сардори давлат дар идомаи сӯҳбат таъкид намуданд, ки муносибат ба кор дар фаъолияти ҳар як роҳбар бояд аз нигоҳи равандҳои ҷаҳонишавӣ ва дидгоҳи замонавӣ сурат гирифта, ташаббуси навоварӣ, завқи баланди зебоипарастӣ ва нигоҳи тоза дар ҳалли мушкилоту монеаҳои сунъӣ вазифаи асосии ҳар фарди ватандӯст бошад.

Ҳамин тавр бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — Машраб Ибодулло Раҳмон бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Насредин Исматулло бо сабаби ба вазифаи дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоҳиён Абдусаттор бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи сардори Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Салим Носирҷон Юсуфзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Қодирзода Диловар Баҳриддин бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи ректори Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмат, Наврӯзшоев Довутшо бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи директори Институти биологии Помир ба номи Х.Ю.Юсуфбекови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳиддинов Зайниддин Қамарович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи директори Институти химияи ба номи В.И.Никитини Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Акрами Зикриё Иномзод бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзораҳимов Акобир Каримович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, ваколати директори Институти илмҳои гуманитарии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфбеков Шодихон Парвонаевич бо сабаби вафоташ қатъгардида ҳисобида шуд.

Бо Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Сайфуллои Сафар Саъдуллозода бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муминова Фарида Маҳмудовна аз вазифаи муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардиданд.

 

 

Бознашр аз: "АМИТ Ховар"