Асосӣ: Сиёсати хориҷӣ Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир
+++ Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 9 феврали соли 2019, №АП-1165 +++ Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир +++ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нахустин Муколамаи «Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ-Афғонистон» иштирок намуд +++ ЧАНД ДАСТОВАРДИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2018 +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26.12.2018 12:21, шаҳри Душанбе +++ Дар Душанбе масъалаи шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россияро баррасӣ намуданд +++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1100
mod_vvisit_counterДирӯз1683
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта12278
mod_vvisit_counterДар ин моҳ25504
mod_vvisit_counterҲамагӣ1517886
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Феврали
17
Якшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир

25.01.2019

Ҷомеаи ҷаҳонӣ, махсусан кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар натиҷаи авҷ гирифтани давраи нави мухолифати абарқудратҳо бо падидаҳои номатлубе, чун терроризм ва ифротгароӣ, савдои одамон, қочоқи маводи мухаддир ва яроқ рӯ ба рӯ мегарданд. Ин падидаҳо, ба монанди пайдоиши лоиҳаи геополитикии ба ном «Давлати Исломӣ», ки худро бо дини мубини Ислом алоқаманд намуда, дар асл ягон робитае ба дину мусалмонҳо надорад, ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хатари зиёд эҷод менамояд. Муборизаи кишварҳо дар Шарқи Наздик бо ДАИШ – террористонро маҷбур намуд, ки ба Афғонистон ва дигар кишварҳои муайян паноҳ баранд, аз ин рӯ мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ масъалаи муҳими таъмини амнияти Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар вобаста ба афзоиши хатари терроризм ва ифротгароӣ ва зарурати ба роҳ мондани ҳамкориҳои бисёрҷониба ҷиҳати муборизаи самаранок бо онҳо қайд менамоянд.

Тоҷикистон ягона кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад, ки бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сарҳади тӯлонӣ

дошта, аз ноамнии ин кишвар зарари ҷиддӣ дида, дар таъмини амнияти минтақавӣ нақши хеле калон дорад. Чуноне ки Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии кишвар қайд намуданд, Тоҷикистон

ҳамчун сипар на танҳо амнияти худ, балки бехатарии минтақа, кишварҳои пасошӯравӣ ва аврупоиро аз паҳншавии маводи мухаддир, силоҳ, терроризму экстремизм ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ таъмин карда истодааст.

Мубориза бо терроризму ифротгароӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷӣ ба ҳисоб рафта, дар банди 2.13 – и Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2015 омадааст:

«Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори эҷоди василаҳои самарабахши ба ҳам овардани манфиатҳои миллӣ ва кӯшишҳои байналмилалӣ, муттаҳид намудани саъю талошҳои ҳамаи давлатҳо барои омода намудани вокуниши муносиб дар баробари таҳдид ва чолишҳои замони муосир мебошад. Дар сатҳи миллӣ, Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими унсурҳои калидии сиёсати хориҷии худ барои мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, қочоқи силоҳ, тундгароии мазҳабӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, хавфҳои экологӣ, тағйирёбии иқлим ва таҳдидҳои амнияти иттилоотӣ ва озуқаворӣ тадбирҳои сиёсию ҳуқуқӣ, иттилоотию таблиғотӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва махсусро роҳандозӣ менамояд».

Дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар падидаҳои номатлуб ягон кишвари олам дар танҳоӣ муваффақ буда наметавонад. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт бо шарикони калидӣ ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ҳамкориҳои дутарафа ва бисёрҷонибаи ҷавобгӯи манфиатҳои миллиро ба роҳ мондааст. Пеш аз ҳама, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътирофи нақши асосии Созмони Миллали Муттаҳид ва Стратегияи умумиҷаҳонии мубориза бо терроризм ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳими ин созмон, бо Русия, Чин, ИМА, Иттиҳоди Аврупо, ҶИ Афғонистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ, аъзоёни Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ҳамкориро ба роҳ мондааст, ки ҷавобгӯи манфиатҳои миллии кишвар мебошад. Дар ҳамкориҳо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин ва дигар санадҳои муҳим қабул гаштанд, ки самтҳои асосӣ ва принсипҳои сиёсати Тоҷикистонро дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ муайян менамоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қатъномаҳои Шӯрои Амнияти СММ (1267 (с.1999), 1373 (с.2001), 1540 (с.2004), 1566 (с.2004), 1617 (с.2005), 1624 (с.2005), 2178 (с.2014), 2242 (с.2015), 2354 (с.2017), 2396 (с.2017) ва ғ.) ва Стратегияи умумиҷаҳонии мубориза бо терроризми Созмонро қабул намуда, бо идораҳои махсуси СММ, аз ҷумла Кумитаи мубориза бо терроризм (CTED) ва Маркази мубориза бо терроризми СММ (CTITF), ҳамкории зичро ба роҳ мондааст. Тоҷикистон пешниҳоди Котиби генералии СММ оид ба ташкили идораи нави созмон – Раёсати мубориза бо терроризмро пурра дастгирӣ намуд, ки он фаъолияти худро пас аз қабули қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумии СММ 15 июни соли 2017 оғоз кард.

Инчунин, дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ Тоҷикистон қисми зиёди санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Конвенсияи байналмилалии СММ оид ба мубориза бо маблағгузории терроризм, ки бо қатъномаи 54/109-и Маҷмаи Умумии СММ аз 9 декабри соли 1999 қабул гаштааст; Конвенсияи байналмилалӣ оид ба мубориза бо терроризми ҳастаӣ аз соли 1997; Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай оид ба мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ аз 15 июни с. 2001; Конвенсияи СҲШ оид ба муқовимат бо ифротгароӣ аз 9 июни соли 2017 ва ғайраҳоро дастгирӣ ва ба имзо расонидааст.

Ҳуҷҷатҳои зикргардидаи байналмилалӣ, ки аз тарафи Тоҷикистон ба имзо расонида шудаанд, нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон аке аз кишварҳои фаъоли муборизаи байналмилалӣ бо терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Ин гуфтаҳоро, инчунин, баргузор гаштани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» дар таърихи 3-4 майи соли 2018 дар Душанбе бо иштироки намояндагони воломақоми беш аз 50 кишвари дунё ва 40 ташкилотҳои байналмилалӣ, тасдиқ менамояд.

Ҳамин тавр, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат дар сафи пеши мубориза бо экстремизму терроризм қарор дошта, бо ин сиёсати устувори худ дар таъмини субботу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми ҷиддӣ мегузорад.

Ҳидоятзода Комрон
Мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил
ва ояндабинии сиёсати хориҷӣ