Асосӣ: Сиёсати дохилӣ Таҳқиқот ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – ФАРОГИРИ БЕШ АЗ 50 МАВЗӮИ МУҲИМИ ҲАЁТИ ДОХИЛИЮ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини сардори Раёсати МТС Зубайдулло Давлатзода
+++ Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия +++ Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия +++ Таъиноти кадрӣ +++ ТАНОСУБИ ҚУВВАҲО ДАР АФҒОНИСТОН: СУЛҲХОҲОН ВА ҶАНГҶӮЁН +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанг дар деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанги деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи маҷмааи варзиши Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими «Корвони наврӯзӣ» дар шаҳри Душанбе +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлили ҷашни Наврӯз +++ Манфиати абарқудратҳо дар Осиёи Марказӣ: «ҳамкорӣ ё рақобат» +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз163
mod_vvisit_counterДирӯз357
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта2634
mod_vvisit_counterДар ин моҳ13088
mod_vvisit_counterҲамагӣ1595789
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Апрели
19
Ҷумъа
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – ФАРОГИРИ БЕШ АЗ 50 МАВЗӮИ МУҲИМИ ҲАЁТИ ДОХИЛИЮ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини сардори Раёсати МТС Зубайдулло Давлатзода

24.01.2019

Паёмҳои ҳарсола барои муайян намудани самтҳои рушди ҷумҳурӣ нақши муассир доранд. Анъанаи паёмгузорӣ аз соли 2001 ибтидо мегирад. Тавассути Паём камбудию муваффақиятҳо муайян карда шуда, чораҳои мушаххаси бартараф кардани онҳо нишон дода мешаванд. Паём барномаи илман асосноки тараққиёти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои як сол мебошад.

Боби чаҳоруми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Президент» ном дошта, ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Мувофиқ ба ҳамин боби чаҳоруми Конститутсия Президент ба тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар роҳбарӣ мекунад.

Моддаи 69-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки салоҳиятҳои Президентро муқаррар мекунад, бо чунин ҷумла оғоз меёбад: «Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад».

Мувофиқи Конститутсия, Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдории давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҳамкории онҳо ва риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

 

Бо эътимод гуфта метавонем, ки Паёми Сарвари давлат абзори муҳими давлатдорист. Шояд на ҳамаи шаҳрвандон донанд, ки вазифа ва нишондодҳои Паём барои ҳокимияти иҷроия ҳатмӣ буда, барои ҳокимияти қонунгузор эътибори тавсиявӣ доранд.

Дар арафаи соли нав ба Маҷлиси Олии мамлакат ва дар симои он ба тамоми халқи кишвар Паём ироа намудан яке аз рукнҳои давлати соҳибистиқлол ва яке аз рамзҳои асосии давлатдории демократию ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад. Мустақилона муайян гаштани манфиатҳои миллии кишвар ва самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ҳақиқатан тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои деринаи мардуми тоҷик аст.

Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо навиди нек ва боварибахш дар бораи идомаи қадамҳои пойдор ва рушди устувори кишвар дар шароити нави ҷаҳонӣ оғоз меёбад. Пешвои миллат дар нахустҷумлаи худ мефармоянд, ки “соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳиму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд”. Чунин рӯҳияи боварию эътимод саросари Паёмро фаро гирифта, гувоҳи дурустии роҳи пешгирифтаи Роҳбарияти олии кишвар дар мазмуни таҳлилию дурбинонаи Паём ба таври боэътимод ва равшан ифода ёфтааст.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ санади расмӣ ва муҳими барномавӣ буда дар низоми сиёсии давлатдорӣ анъанаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсии Тоҷикистон, барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ ва самтнамои ҳаракати устувори ҷомеаи Тоҷикистон ба сӯйи ояндаи рушду амну осоиш мебошад.

Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзӯъҳои зиёду муҳими ҳаёти мамлакатро дар бар гирифтааст. Аз рӯйи ҳисобҳо, Паём зиёда аз 50 мавзӯи ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, маориф ва илм, тандурустӣ, ҳифзи табиат, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, тақвияти неруи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ, беҳбудии вазъи бозори меҳнат, масъалаҳои демографӣ, таҳлили низоми бонкии мамлакат, саноатикунонии босуръати кишвар, ҷалби сармоя, таҳлили низоми энергетикии кишвар, рушди соҳибкорӣ, вазъи нақлиёту коммуникатсия, ислоҳоти соҳаи об ва бисёр дигар масъалаҳои муҳими рушди Тоҷикистонро дар бар гирифтааст.

Дигар масъалаҳои муҳим, аз қабили ҷавонон, ҳуқуқ, қонун ва ҷомеа, судҳо ва ислоҳоти судӣ, терроризм, экстремизм, мубориза ба муқобили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, коррупсия, қочоқи аслиҳа, қазияи Афғонистон таҳлили вазъияти минтақа ва байналмилалӣ, таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон аз мадди назари Пешвои миллат дур намонданд.

Дар Паёми Пешвои миллат ба масъалаи мубориза бо терроризм ва экстремизм диққати махсус дода шудааст. Ҳарчанд чун мавзӯи алоҳида мубориза бо терроризм ва экстремизм дар Паём аз шаш сархат иборат бошад ҳам, аммо Президент ҳангоми дахл ба мавзӯъҳои дигар, ба монанди ҷавонон, қонун, ҷомеа ва ҳуқуқ, мубориза ба муқобили маводи мухаддир, коррупсия, қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, Қувваҳои мусаллаҳ, сарҳад, қазияи Афғонистон, сиёсати сулҳҷӯёна, вазъияти байналмилалӣ ҳангоми баёни андешаҳо оид ба даҳ масъалаи дигар низ ҳамзамон ба масъалаи мубориза бо терроризму экстремизм дахл намудаанд.

Авзои ноорому бесуботи сиёсии сайёра боиси ташвишу нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳон гардидааст. Дар замони имрӯза кӯшишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ, бархӯрди манфиатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва ҷиноятҳои киберӣ торафт шиддат гирифта, ҷаҳонро ба марҳалаи нави ҷанги сард кашонидаанд.

Бояд тазаккур дод, ки мавзӯи терроризм дар умқи таърих реша дорад. Саҳифаҳои таърихи инсоният ҳеҷ гоҳ аз амалҳои зишти террористон холӣ набудаанд. Терроризм ҷинояти сахту хавфнок аст. Террористон манфиатҳои миллию давлатиро ба эътибор намегиранд. Онҳо аз сохти давлатие ҳимоят мекунанд, ки ба андешаашон, ҷавобгӯйи аҳкоми динӣ ва мазҳабӣ бошанд. Дар натиҷаи амалҳои террористии онҳо давлатҳои ҷудогона бесуботу хароб мешаванд. Қишре аз мардумро дар муқобили қишри дигар, пайравони мазҳабҳои гуногунро зидди ҳам шӯронида, ҳатто давлатеро муқобили давлати дигар қарор медиҳанд. Дасисаҳои абарқудратҳо ва дастгирии онҳо аз террористон дар гӯшаҳои гуногуни дунё баҳри амалигардонии манфиатҳои худ ин давлатҳоро ба чӣ ҳоли табоҳе гирифтор намудаанд.

Дунёи имрӯз дунёест, ки манфиатҳои миллию давлатӣ ҳамаи дигар муносибатҳои ҷамъиятиро ниҳоят тезутунд мегардонанд. Махсусан давлатҳои абарқудрат, бозингарони сиёсии ҷаҳонӣ барои ноил шудан ба хостаҳои худ, аз нав тақсим намудани ҷаҳон, соҳиб шудан ба сарватҳои табиии давлатҳои дигар “Баҳори Араб” ва инқилобҳои рангаро аз тарҳ ба амал ҷорӣ менамоянд. Барои ҳалли масоили иқтисодии худ аз ҳисоби дигарон ба абарқудратҳо абзорҳое, ба мисли ташкили бесуботию нооромӣ, ба миён овардани зиддиятҳои мазҳабӣ, миллӣ ва инқилобҳои ранга лозиманд.

Бархӯрди бесобиқаи манфиатҳои миллию давлатии кишварҳои абарқудрат боиси печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра гардидааст. Рӯйдодҳои охири ҷаҳон, тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё ноустувор будани вазъро собит менамоянд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр дурандешона таъкид намуданд: “Диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равон карда шавад”.

Тавре таъкид карда будем, Паёми Пешвои миллат фарогири зиёда аз 50 мавзӯи муҳими ҳаёти дохилию байналмилалист. Нуктаҳои муҳим дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори масъалаҳои ривоҷи соҳибкорӣ, рушди деҳот, саноатикунонии босуръати кишвар, таъмини аҳолии деҳот бо оби тозаи ошомиданӣ, пешрафти энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, маорифу илм, тандурустӣ, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ боз масъалаҳои байналмилалӣ, сулҳу суботи минтақа ва ҷаҳон, мубориза бо терроризм ва экстремизм мебошанд.

Ба масъалаи Афғонистон Пешвои миллат дар Паёмашон диқати махсус дода, сабабҳо ва омилҳои асосии моҷарои муқовиматбори ин кишварро мавриди таҳлили амиқ қарор дода, аз ҷумла чунин мегӯяд: “Суботу оромии ҳамсоякишварамон – Афғонистон барои мо мисли обу ҳаво зарур аст ва Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ талош меварзад, ки дар ин кишвари дӯст сулҳи пойдор барқарор гардад”.

Афғонистон аз солҳои 70-уми асри гузашта ба майдони муборизаи на танҳо қувваҳои моҷароҷӯи дохилӣ, балки ба майдони муборизаи геополитикии абарқудратҳои ҷаҳону минтақа табдил ёфтааст. Аз ин сабаб Афғонистон ба яке аз пойгоҳҳои терроризму экстремизми байналмилалӣ мубаддал гардидааст. Мушкилоти Афғонистон ақибмондагии иқтисодӣ, фарҳанги суннатӣ ва қабилавӣ, ҳузури созмону ташкилотҳо ва неруҳои террористию экстремистӣ буда, мамлакат босуръат ошӯбзада гардида, вазъи иҷтимоӣ ва сиёсӣ бо хушунатҳо, зиддиятҳо ва тазодҳои сиёсӣ, идеологӣ, қавмӣ ва мазҳабӣ рӯ ба рӯ гардидааст.

Қазияи Афғонистон хусусиятҳои гуногун дорад. Неруҳои мухталиф дар ин сарзамин бо ҳам дар набарданд. Дар Афғонистон ҷанг ҳар чӣ рӯшантар хосияти қавмӣ пайдо карда истодааст. Имрӯзҳо вазъияти сиёсию ҳарбӣ дар музофотҳои Қундуз , Тахор ва Бадахшон, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳаданд, тадриҷан тезу тунд мегарданд. Чунин вазъи муқовиматбори музофотҳои ҳамсарҳади Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Миёна барои ин давлатҳо хатарзо буда, боиси нигаронии кишварҳои ин минтақа шудааст. Тазоди манфиатҳои миллию давлатии абарқудратҳое, мисли ИМА, Чин, Федератсияи Россия дар Афғонистон яке аз сабабҳои хушунату муборизаҳо дар ин мамлакати ҷангзада мебошад. Дар Афғонистон фаъолияти террористӣ ангезаи сиёсӣ, мазҳабӣ, идеологӣ ва қавмӣ дорад.

Раванди шаклгирии неруҳои гуногун дар Афғонистон гувоҳи он аст, ки солҳои минбаъда низ буҳрони вазъ дар ин кишвар дар сархати рӯзномаи муносибатҳои байналмилалӣ боқӣ хоҳад монд. Масъалаи Афғонистон бисёрҷанба буда, ҳам сатҳи миллӣ, ҳам сатҳи минтақавӣ ва ҳам сатҳи байналмилалиро фаро мегирад. Дар хотир бояд дошт, ки “масъалаи Афғонистон” басе фаротар аз ҳудуди ҷуғрофии он аст.

Албатта, дар ҳаҷми як мақола мо ба ҳамаи мавзӯъҳое, ки Паём онҳоро фаро мегирад, дахл карда наметавонем. Ин кор тадқиқоти алоҳидаеро тақозо менамояд, вале бо итминон гуфта метавонем, ки Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ ва таъмини амнияту субот дар Ватани азизамон ба сифати як раҳнамо ва дастури муътамад хизмат хоҳад кард.

Зубайдулло ДАВЛАТЗОДА,
муовини сардори Раёсати маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бознашр: АМИТ "Ховар"