Асосӣ: Сиёсати дохилӣ Таҳқиқот РАНГ БИНУ ҲОЛ ПУРС
+++ Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 9 феврали соли 2019, №АП-1165 +++ Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир +++ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нахустин Муколамаи «Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ-Афғонистон» иштирок намуд +++ ЧАНД ДАСТОВАРДИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2018 +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26.12.2018 12:21, шаҳри Душанбе +++ Дар Душанбе масъалаи шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россияро баррасӣ намуданд +++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1154
mod_vvisit_counterДирӯз1683
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта12332
mod_vvisit_counterДар ин моҳ25558
mod_vvisit_counterҲамагӣ1517940
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Феврали
17
Якшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

РАНГ БИНУ ҲОЛ ПУРС

18.01.2019

Зери ин чанд изҳороте, ки аз ҷониби Қувваталӣ Муродов оид ба иштирок дар интихоботи президентӣ баён шуданд, чанд ҷиҳати ҳайсият ва шахсияти ӯ аён мегардад:

Якум, ба худ эътимод надоштан. Мувофиқи Моддаи 24-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Номзади ба мансаби Президент пешбаришуда бояд аз тарафи панҷ дарсади шумораи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи интихобот доранд, тарафдорӣ карда шавад». Қувваталӣ Муродов бошад, аз Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ сабукӣ хостааст ва талаб кардааст, ки шумораи имзои шаҳрвандон ба тарафдории номзади пешбаришаванда кам карда шавад. Маълум мешавад, ки азбайнбарандаи «сиёсати тарс» ба неруи худ як зарра эътимод надорад ва ба ҷойи аз байн бурдани тарс аз он меҳаросад, ки агар номзадиашро пешниҳод кунад, шумораи даркории имзоҳоро ҷамъ оварда наметавонад,

Дуюм, андешаи маҳдуд ва ҷаҳонбинии шахшуда. Тавре аз гуфтаҳои Кувваталӣ Муродов бармеоянд, ӯ мехоҳад, ки афсарони собиқи ҳар ду ҷониби ҷанги шаҳрвандиро зери чатри «Фронти халқии Тоҷикистон» гирд оварда, ҳамин тавр, бо ёрии онҳо мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа ва монеаҳои иштирок дар равандҳои сиёсии кишварро бартараф созад. Худи ҳамин нуқтаи назари «номзади оянда» собит месозад, ки вай фақат ба як доираи танги

одамон такя намуда, миллионҳо шаҳрвандони Тоҷикистонро надида мегирад. Сеюм, доштани ғаризаи аз худ «қаҳрамонсозӣ». Баргузории интихоботи президентӣ, иштирок намудан дар он ҳам ба ҳайси интихобкунанда ва интихобшаванда як раванди беқоидаву қонуне нест, ки шахсро зери тарсу фишор қарор диҳад ва тақдири ӯро зери хатар гузорад, балки болотар аз як раванд падидаи ҳатмӣ ва меёъри меҳварии демокартия буда, дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад.

Тибқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнаш аз 30 кам нест, забони давлатиро медонад, камаш даҳ соли охир дар Тоҷикистон зиндагӣ карда, дорои ҳуқуқи интихоботӣ мебошад, Президент интихоб шуда метавонад" ва «Шумораи умумии номзадҳо ба мансаби Президент маҳдуд карда намешавад». Аз ин рӯ, ҳеҷ зарурате ҷой надорад, ки бо баёнияҳое чун «аз байнбарии сиёсати тарс» аз шахсияти худ «қаҳрамон»-у «фидоӣ»-и роҳи озодӣ сохт.

Чорум, махлут кардани манфиатҳои миллию давлатӣ ба манфиатҳои шахсӣ. Тавре аз таърихчаи тавлиди изҳорот дида мешавад, соли қабл Қувваталӣ Муродов дар натиҷаи як баҳси судӣ хонаи истироҳатии "Харангон"-ро, солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар дараи Варзоб хусусӣ карда буд, мағлуб шуд. Ин мағлубият сабаб шуд, ки вай даст ба баёнияҳои бузурги сиёсӣ занад, аз ҷумла иштирок дар интихоботи президентӣ. Яъне на дарки манфиатҳову мушкилоти ҷомеа, балки мушкилоти шахсӣ сабаб шудааст, ки дар интихоботи президенти ширкат варзад.

Дар хулоса ҳаминро метавон гуфт, ки мо дар солҳои ҷанги шаҳвандӣ нестем, ки ҳамчун сарвари сиёсӣ ба майдони сиёсат омадани шахсро неруи силоҳу маҳорати қумондонӣ ва тафаккури қумандонсолоронааш муайян кунад ва ҳар гуна нигоҳи танги шахсию гурӯҳии худро болои дигарон бор созад.

Агар соҳиби чунин мафкураӣ, аз ҷасорат сухан набояд гуфт!

Мо дар асри 21, дар асри ҷаҳонсолорию замонсолорӣ қарор дорем, ки мебояд аз тафаккури танги шахсию гурӯҳӣ расту ба арзу тӯли манфиатҳои миллату давлат андеша кард ва соҳиби мафкураи сиёсии ҷаҳонию, ҷаҳонбинии муосир буд.

Шарифзода Р.И.