Асосӣ: Сиёсати дохилӣ Таҳқиқот ДАР ҲОШИЯИ МАҚОЛАИ РАДИОИ ОЗОДӢ ЗЕРИ УНВОНИ "НАХУСТИН РАҚИБИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ИНТИХОБОТИ СОЛИ 2020: ҲАДАФИ МАН ШИКАСТАНИ СИЁСАТИ ТАРС ДАР ТОҶИКИСТОН АСТ".
+++ Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 9 феврали соли 2019, №АП-1165 +++ Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир +++ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нахустин Муколамаи «Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ-Афғонистон» иштирок намуд +++ ЧАНД ДАСТОВАРДИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2018 +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26.12.2018 12:21, шаҳри Душанбе +++ Дар Душанбе масъалаи шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россияро баррасӣ намуданд +++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1117
mod_vvisit_counterДирӯз1683
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта12295
mod_vvisit_counterДар ин моҳ25521
mod_vvisit_counterҲамагӣ1517903
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Феврали
17
Якшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ДАР ҲОШИЯИ МАҚОЛАИ РАДИОИ ОЗОДӢ ЗЕРИ УНВОНИ "НАХУСТИН РАҚИБИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ИНТИХОБОТИ СОЛИ 2020: ҲАДАФИ МАН ШИКАСТАНИ СИЁСАТИ ТАРС ДАР ТОҶИКИСТОН АСТ".

18.01.2019

Пеш аз ҳама, қайд кардан даркор аст, ки мақолаи мазкур ғаразноку тамоюлнок буда, дар доираи «ҷангҳои иттилоотӣ» иншо шудааст. Ба назар мерасад, ки муаллиф озурдахотир асту фаромўш кардааст, ки имрўз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои озоди сиёсию иҷтимоӣ ояндаи худро бунёд карда истодааст. Ягон «сиёсати тарс» дар дохили кишвар ҳукмфармо нест. Тамоми самтҳои сиёсати дохиливу хориҷии кишвар дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва принсипҳои демократӣ пеш бурда мешаванд, ки дар миқёси байналмилалӣ дастгирӣ ёфтаанд.

Зерқонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки самтҳои гуногуни ҳаёти имрўзаи мардумро дарбар гирифтаанд, ҷавобгўйи меъёрҳои байналмилалӣ мебошанд. Маҳз ҳамин қонунҳо ҳастанд, ки ҷанбаҳои тарбиявӣ ва худидоракунии ҳар як шахси ҷомеаро ба танзим медароранд. Масалан, дида мешавад, ки танҳо Қонун «Дар бораи танзиму маросимҳо…» чи қадар ба мардум сабукиҳо оварда, аз хароҷоти изофӣ нигоҳ доштааст. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ талаб мекунанд, ки ҳар як шаҳрванд муҳтавои онҳоро хуб азхуд намуда, саводнокии ҳуқуқиашро боло бардорад. Ибораҳои «фалон корро накун, ки ҳабс мешавӣ» ва «фалон гапро нагўй, хуб нест» ва монанди инҳо, бофтаҳои мардуми аз нигоҳи ҳуқуқӣ ноогоҳ мебошанд. Бесабаб нест, ки Пешвои миллат дар чандин суханрониҳояшон ба ин нукта таъкид кардаанд. То имрўз ягон шахси дар доираи қонунгузорӣ кирдору рафтори худро пешбаранда, ҷазо дода нашудааст.

Камбудиҳо дар системаҳои қазоию қудратӣ ҷойдошта сари вақт муайян ва пешгирӣ карда мешаванд, ки мисоли он бешумор аст. Бинобар ин, ақидаи муаллиф оид ба «сиёсати тарс» комилан беасос мебошад.

Дар хусуси ақидаҳои Абдулғанӣ Мамадазимов доир ба консепсияи «шукрона» ҳаминро гуфтаниам, ки ягон консепсия ё санади дигари меъёрии ба танзим дарорандаи ин мафҳум вуҷуд надорад. Худи халқи тоҷик, ки даҳшати ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997 -ро чашида буд, дигар намехоҳад дубора ин давраҳоро аз гузаронида, қурбониҳои зиёд диҳад. Бинобар ин, ҳама вақт шукри онро мекунад. Ақидаи таҳмили мафҳуми «шукрона» бемантиқу беасос аст. Пешвои миллат маҳз ба гуфтаи халқ такя карда, ин калимаро оммавӣ гардониданд. Тамоми ғалатфаҳмиҳоро дар атрофи «шукрона» мухолифин ба манфиати пиёда кардани мақсадҳои манфӣ истифода мекунанду аз он «пиар» месозанд. Тамоми чорабиниҳои интихоботӣ дар кишвар ба таври шаффоф гузаштанд ва ин ҳолат аз тарафи созмону ташкилотҳои нозири байналмилалӣ эътироф гардидааст. Албатта, камбудиҳо дар ҳар кишвар ҷой доранд, вале бо сабаби ҷузъӣ будан, аз он сарфи назар мекунанду интихоби аксариятро ба назар мегиранд. Дар ин масъала ҳеҷ ҷойи шакку шубҳа нест. Овоздиҳии электронӣ пешниҳоди хуб аст. Умед аст, ки дар оянда дар кишварамон чунин система ҳам ба роҳ монда шавад.

Таҳлили мақола нишон дод, ки дар байни аъзои оилаи Қувваталӣ Муродов ва худи ў дар масъалаи пешбарии номзадиаш ихтилоф мавҷуд аст. Бинобар ин асос, ҳолати рўҳии ў бояд мавриди ташхиси тиббӣ қарор гирад.

М. Акрамӣ