Асосӣ: Сиёсати дохилӣ Таҳқиқот ДАВЛАТСОЗӢ ВА ДАВЛАТДОРИРО КОРИ САҲЛ НАШУМОРЕД
+++ Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 9 феврали соли 2019, №АП-1165 +++ Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир +++ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нахустин Муколамаи «Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ-Афғонистон» иштирок намуд +++ ЧАНД ДАСТОВАРДИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2018 +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26.12.2018 12:21, шаҳри Душанбе +++ Дар Душанбе масъалаи шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россияро баррасӣ намуданд +++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1173
mod_vvisit_counterДирӯз1683
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта12351
mod_vvisit_counterДар ин моҳ25577
mod_vvisit_counterҲамагӣ1517959
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Феврали
17
Якшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ДАВЛАТСОЗӢ ВА ДАВЛАТДОРИРО КОРИ САҲЛ НАШУМОРЕД

18.01.2019

Рӯзи 17 январи соли ҷорӣ дар интернет мақолаи Радиои Озодиро таҳти унвони "Рақиби Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи соли 2020: ҳадафи ман шикастани сиёсати тарс дар Тоҷикистон аст" мутолиа намудам. Дар он узви собиқи Фронти Халқии Тоҷикистон Қувваталӣ Муродов, ки баҳори соли гузашта аз тасмими иштирокаш дар интихоботи соли 2020 хабар дода буд, изҳор доштааст, ки барои орзуи иштирок дар интихобот карданаш таҳти фишори фарзандонаш қарор гирифтааст. Писаронаш ин тасмими ӯро напазируфта, таъкид кардаанд, ки дар интихоботи оянда ҳама ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмон овоз хоҳанд дод.

Ростӣ, ман аз мулоҳизаронии Қувваталӣ ҳайрон шудам. Баъди 21 соли имзо шудани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ вай номзадии худро ҳамчун узви Фронти халқӣ пешниҳод намуданист ва ангезаи ҳадафашро «шикастани сиёсати тарс дар Тоҷикистон» маънидод кардааст. Гап дар он аст, ки дигар он давраи тирагӣ ва нооромиҳо сипарӣ гардидааст, ба «тарсшиканӣ» ҳам дигар эҳтиёҷ намондааст, чунки ҳоло оромию осоиш танатана дорад, дар тӯли даҳсолаҳо бисёр санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таълифу такмил ёфтанд. Қонун дар бораи тартиби гузаронидани интихобот қабул гардид. Мутобиқи он намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ бо риояи муқаррароти мавҷуда номзадҳои худро ба мансаби олии давлатӣ пешниҳод менамоянд ва ин раванд мунтазам идома меёбад.

Ҷиҳати дигари масъала ин аст, ки мо ҳоло намедонем, Қувваталӣ Муродов дар тӯли 27 соли истиқлолият чӣ вазифаҳоро иҷро кардааст, оё мардум, аҳли ҷомеа ӯро ба қадри кофӣ мешиносанд, дар ин шароити буҳронҳои ҷаҳонӣ оё вай қобилияти роҳбарӣ ба як давлати соҳибистиқлолро дорад ё не? Аз нигоҳ, ман фикр мекунам, ки ба вай фарзандонаш маслиҳати хуб доданд, ки давлати пирӣ ронда, шукронаи зиндагии оромро намояд.

Дар таърихи ҳар давлат шахсоне арзи вуҷуд намудаанд, ки онҳо барои халқи худ хизматҳои шоиста кардаанд. Дар Амрико Ҷорҷ Вашингтон, дар Русия Петри Кабир, дар Ҳиндустон Ҷавоҳирал Неҳру, дар Туркия Камол Отатурк ва монанди онҳо. Талошу заҳматҳои чунин ходимони бузурги ҷамъиятию давлатиро дар саросари ҷаҳон ҳама эътироф менамоянд.

Дар кишвари мо–Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ташкил ва таҳкими давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҷонсипориҳои зиёде кардааст ва ҳамчун сарвари Ҳукумат ва Давлати Тоҷикистон ва Пешвои миллат хизматҳои бузургаш дар саросари ҷаҳон эътироф шудаанд. Имрӯзҳо таҳти роҳбарии ин сиёсатмадори бузург низоми сиёсиву иқтисодии кишвар пойдор гардид, корномаҳое идома доранд, назирашонро таърихи инсоният надидааст. Неругоҳи барқи обии Роғун, ки соли гузашта агрегати аввалаш ба баҳрабардорӣ супурда шуд, аз ҷониби роҳбарони сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун муъҷизаи аср эътироф гардид. Ин иншооти беназири энергетикӣ дар миёни кӯҳҳои сарбаланд, дар даруни кӯҳҳои анбуҳ нуру тавоноӣ тавлид намуда, зиндагии мардуми кишвар ва минтақаро пурнишот мегардонад. Дар дигар соҳаҳо низ дастовардҳо зиёданд.

Албатта, шаҳрвандони Тоҷикистон тибқи қонун дар интихоботи Раиси ҷумҳур метавонанд номзадиашонро пешниҳод кунанд, ин ҷо танҳо халқ худаш метавонад тасмим бигирад: кӣ аз уҳдаи роҳбариву роҳнамоии мардум баромада метавонаду кӣ не? Дар давраҳои гузашта чандин нафарон бо вуҷуди саъю кӯшиши зиёди худашон ва тарафдоронашон натавонистанд ба қадри зарурӣ овоз ҷамъ намуда, дар интихобот иштирок намоянд, вале аксари мардум ба Эмомалӣ Раҳмон раъй доданд.

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ, бархӯрду мухолифати кишварҳои абарқудрат дар минтақа, сарҷамъшавии қувваҳои иртиҷоӣ дар сарҳад, мансабталошӣ ва ниқорталабии як зумра шахсони бемасъулияти маҳдудназар метавонад ба манфиатҳои миллии Тоҷикистон латмаи азим ворид созад. Як зумра бадхоҳон сохтори давлатдориро фалаҷ намуданӣ ҳастанд, онҳо боз бо шӯру валавала, сабақи таърихро фаромӯш карда, ҷанги хонумонсӯзро тарҳрезӣ менамоянд ва дар алангаи оташи он гарм шуданӣ ҳастанд.

Аз лиҳоз, ба маъракаи интихобот хунукназарона, бемасъулиятона ва бепарвоёна муносибат кардан лозим нест. Ба мансаби олии Президент шахсоне пешбарӣ шуда метавонанд, ки онҳо неку бадро хуб омӯхта, таҷрибаи кофии зиндагӣ андӯхта, дар ҷомеа мақоми шоиста ва обрӯву эътибор пайдо намуда бошанд ва онҳоро халқ ҳурмату эҳтиром намояд.

Дар урфият мегӯянд, ки давлатсозӣ ҳам ҳунар аст. Бале, мо давлати дунявии худро бо камоли масъулияти баланд сохтем. Бо мақсати таъмини суботи ҷомеа ба сарварии он бояд тавассути интихоби дуруст ва огоҳона шахсони тасодуфӣ не, балки фарзандони фарзонаи миллат интихоб гарданд.

Карим Пиримзода,
сокини шаҳри Душанбе