Асосӣ: Сиёсати дохилӣ Таҳқиқот ДЕҲА МАКОНИ СТРАТЕГИИ ТОҶИКОН АСТ: ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
+++ Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 9 феврали соли 2019, №АП-1165 +++ Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир +++ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нахустин Муколамаи «Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ-Афғонистон» иштирок намуд +++ ЧАНД ДАСТОВАРДИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2018 +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26.12.2018 12:21, шаҳри Душанбе +++ Дар Душанбе масъалаи шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россияро баррасӣ намуданд +++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1211
mod_vvisit_counterДирӯз1683
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта12389
mod_vvisit_counterДар ин моҳ25615
mod_vvisit_counterҲамагӣ1517996
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Феврали
17
Якшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ДЕҲА МАКОНИ СТРАТЕГИИ ТОҶИКОН АСТ: ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

17.01.2019

Дар муҳити муносибатҳои ҷамъиятӣ баъзан ба мушоҳида мерасад, ки деҳа ва деҳотиён чун нишони ақибмондагӣ ва бозмондагӣ шинохта шуда, ҳар гуна падидаҳоеро, ки ба тамаддуни муосир тавъам нестанд, хоси деҳа медонанд. Ин аст, ки агар баъзан дар симои нафаре содагӣ ва дар рафтор, пушишу гӯиши ӯ норасоиеоро мушоҳида кунанд, ӯро деҳотӣ, кӯҳистонӣ, қишлоқӣ, ва ғайра меноманд. Яъне «деҳотӣ» хитоб шудани шахс дар ин маврид ишора ба бефарҳангӣ, ҷаҳонбинии маҳдуд, таъну маломат ва дашном додани ӯ мебошад.

Аммо дар тули ҳазорсолаҳои таърих деҳа барои ҳеҷ миллате он қадар хизмат накардааст, ки барои миллати тоҷик карда бошад. Деҳа дар баробари зулми аҷнабиён ва истилогарони арабу муғулу турк ба сифати паноҳгоҳи боэътимоди тоҷикон баромад намуда, ҳамчун камингоҳ ва қалъаи боэътимоди мубориза ва наҷот дар муҳорибаҳои бузурги ватандӯстона ва озодихоҳанаи тоҷикон мусоидат кард. Аз таърихи тоҷикон мисолҳои бешумореро овардан мумкин аст, ки дар ҳассостарин вазъияти ҷангӣ деҳа чун маҳалли ба тактика ва стратегияи муҳориба мусоид нақши ҳалкунандаро иҷро кардааст. Дар ин замина тоҷикон аз ҳамин деҳа шаҳрҳои ба коми оташ фурӯрафтаи худро дубора бунёд карда, дар ҳудуди кӯчаки он тамаддуни тоҷикӣ ва тоҷикиятро ҳифз намуданд. Аз ин нуктаи назар, деҳа на чун нишони ақибмондагӣ, балки макони стратегӣ, ақибгоҳи миллию сиёсии тоҷикон ва эҳёи қадамҳои бузурги рушди таърихии миллат мебошад.

Вобаста ба ин, аз ҷониби Пешвои миллат «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 иқдомест, ки аҳамияти таърихӣ, имрӯза ва ояндаи деҳотро тасдиқ мекунад. Дар шароити имрӯз низ деҳа аҳамияти таърихии худро гум накардааст, вале бозгӯ намудани зарфиятҳо, воқеиятҳо, бартариҳо ва мушкилоти деҳотро, ки дарк, ташхис ва корбурди амалии онҳо барои аз байн бурдани фаҳмиши анаъанавии он мусоидат мекунанд, ба ҳадафи иқдоми эълони «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» муносиб ва созгор мебошанд. Зеро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудани солҳои 2019-2021 на як шиори рӯҳиясозу, ташаббуси аз воқеият берун аст, балки ҳадафи ҷиддие мебошад, ки дар пояи фаҳмиши амиқи мушкилот ва бартараф намудани монеаҳои ҷойдоштаи деҳоти кишвар метавонад самараи дилхоҳро ба бор орад.

Дар партави эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» баҳри рушди инфрасохтори зарурӣ дар деҳот сармояҳои дохилию хориҷӣ ҷалб гардида, сокинонаш аз имкониятҳои бештар бархурдор мешаванд ва ҳамаи ин дар пешрафтҳои умумимиллӣ таъсири назарраси худро хоҳад гузошт.

Бояд зикр намуд, ки зиёда аз 73 фисади аҳолии кишвар (аз шумораи умумии аҳолӣ дар соли 2018, яъне аз 8931,2 нафар 6136,5 нафар дар деҳотҷой маскун мебошанд. Ин омор водор мекунад, ки шароит ва вазъи кунунии деҳоти кишвар ба талаботи рушди як инсони муосир ва аз ҷиҳати ҷаҳонбинӣ пешрафта бояд ҷавобгӯ бошад, аммо омили ҷуғрофӣ (кӯҳсор ва дар масофаи дур ҷойгир шудани деҳот) баъзе монеаҳои объективию субъективиро дар самти рушду инкишофи он пеш морад, ки таъсири худро ба сокинон низ мерасонад.

Бо вуҷуди ин, набояд шароити табиӣ ва имкониятҳои нисбат ба шаҳр маҳдудтари деҳотро ба иқтидори зеҳнию ҷисмонии сокинонаш омезиш дод. Бар хилофи ин, чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз бахши аъзами ходимони барҷастаи илму адаб ва сиёсати тоҷикон зода ва обутобёфтаи деҳот мебошанд. Ҳамин нукта худ шаҳодати он аст, ки агар деҳа бо вуҷуди имкониятҳои маҳдудаш зодбуми фарзандони фарзонаи миллат бошад, пас дар сурати фароҳам овардани шароит ва имоконоти бештару беҳтар нақши он дар тавлиди неруи бузурги ақлонию зеҳнӣ ва дар умум, болоравии нишондиҳандаи рушди неру инсонӣ (иборат аз се самти асосӣ: дастрасӣ ба таҳсилот, тандурустиву дарозумрӣ ва сатҳи шоистаи зиндагӣ) дар Тоҷикистон бесобиқа афзун хоҳад шуд.

Зарфиятҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳот

Сайёҳӣ. Деҳаҳои Тоҷикистон маконеанд, ки дар онҳо анъанаҳо умри ҷовидона касб кардаанд. Унсурҳои таърихӣ, хос, асл ва ҷолиби фарҳанги миллиро маҳз дар деҳа пайдо кардан мумкин аст. Яъне деҳотро метавон осорхонаи зиндаи фарҳангу анъанаҳои миллат номид. Аз ин рӯ, сайёҳони хориҷӣ кӯшиш мекунанд, ки ҳангоми саёҳат бештар бо шароити кӯҳистон, яъне деҳоти Тоҷикистон ошно гарданд.

Борҳо мебинем, ки сайёҳон дар роҳҳои чангии деҳот зери гарду хок бо дучарха сӯйи дараи сангину кӯҳӣ роҳ мепаймоянд. Ин амали онҳо барои баъзе нафарон, ки ғаризаҳои аслии сайёҳро дарк намекунанд, баъзан боиси тамасхур мешавад. Гумон мекунанд, ки ӯ то чӣ андоза соддаест, ки худро чунин машаққат медиҳад, аммо чунин нест, балки ин сайёҳ дар бисоташ маблағҳои ҳангуфт дорад, имкон дорад, ки дар дилхоҳ гӯшаву канори олам дар пешрафтатарин давлатҳои дунё Шветсария, Германия, Амрико бо қимматтарин автомобил сайр ва истироҳат намояд, аммо ба ҷойи ин, ӯ Тоҷикистонро интихоб мекунад. Сабаб дар он аст, ки шаҳрвандони ҷаҳони пешрафта офаридаҳои табиатро аз офаридаҳои сунъӣ арзишмандтар медонанд, зеро муҳит ва табиати онҳоро офаридаҳои сунъӣ: заводу фабрикаҳо ва иншооти зиёд пур намуда, фазои табии тафреҳро комилан танг месозанд. Бинобар ин, майл ва таваҷҷуҳи онҳо ба табиати зинда ва ҳавои тоза бештар мегардад.

Кӯҳе, ки дар диёри мо ҷуз як бузургсанге арзиши дигаре надорад, як сайёҳ дар назди он саҷда мекунад. Аниқтараш сайёҳ фатҳи қуллаи кӯҳеро аз баромдан ба баландтарин ошёнаҳои бинои машҳури дунё чун «Бурҷи Халифа» дар Аморати Муттаҳидаи Араб (828 м), Бурҷи Шанхай дар ҶХХ (632 м), «Бурҷи Озодӣ» дар ИМА (541,3 м), ки на ба ҳар кас ин имкон даст медиҳад, садҳо маротиба арзишмандтар меҳисобад. Борҳо шоҳиди он шудаем, ки сайёҳон ҳатто ҷони худро дар хатар гузошта, аз маконҳои душворгузар ва қуллаҳои баланди Тоҷикистон дидан мекунанд. Моҳи августи соли 2018 як гурӯҳ кӯҳнавардони хориҷӣ (аз Русия, Белорус, ва Испания) қуллаи Исмоили Сомониро фатҳ намуданд, аммо бо сабаби номусоидии боду ҳаво чархболи онҳо дучори садама гардид, ки талафот низ дар пай гузошт. Сарфи назар аз ин ҳодиса, таассуроти кӯҳнавардон оид ба фатҳи баландарин қуллаи Тоҷикистон хеле мусбат буданд.

Дар маркази таваҷҷуҳи сайёҳони дохилу хориҷ қарор доштани деҳоти кишвар ба он далолат мекунанд, ки на камтар аз шаҳр бояд ба инфрасохтори деҳа таваҷҷӯҳ зоҳир намуд. Ба ин масъала соли қабл аз ҷониби Пешвои миллат ҳангоми ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ ҷиддан таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд: «Зарур аст, ки дар маркази вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот, маҳалҳои аҳолинишину деҳаҳо якҷо бо соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони саховатпеша бунёди боғу гулгаштҳо, марказҳои истироҳату фароғат, майдону толорҳои варзишӣ ва дигар корҳои ободонӣ дастҷамъона идома дода шаванд».

Ҳунарҳои мардумӣ. Дар даҳсолаи охир баробари беҳ шудани сатҳи зиндагӣ ва аз молу колои хориҷӣ (бахусус, чиноӣ) пур шудани бозорҳои кишвар таваҷҷӯҳ ба ҳунарҳои дастӣ миёни сокинони деҳот ба таври назаррас кам гардид. Ин боис шуд, ки аксари ҳунарҳои қадимаи мардумӣ аз байн рафтаанд ва ё аз ҷониби ҳунармандон ба он таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир нагардиданд. Масалан, дар як деҳа, ки солҳои қабл даҳҳо оҳангар, чармгар, кафшдӯз, тоқидӯз, намадбофро пайдо кардан мумкин буд, ҳоло баъзан пайдо кардани як устои ин соҳаи ҳунарҳои мардумӣ ҳатто душвор мебошанд.

Тавре дар боло зикр шуд, яке аз сабабҳои аслии ин тамоюл бой шудани бозор аз масолеҳи хоҷагидории арзон мебошад. Масалан, имрӯз дар бозорҳои кишвар ҳама гуна ҳамнавъони ҳунарҳои мардумиро пайдо кардан мумкин аст, ки аз хориҷ ба бозорҳои кишвар ворид мешаванд.

Акнун ба ҷойи масолеҳи оҳангарони миллӣ дар бозорҳо бел, каланд, табар теша, арраи хитоӣ, ба ҷойи тоқиҳои миллӣ, тоқиҳои чоргули истеҳсоли хитоӣ, ҳатто ба ҷойи табақу қошуқи чӯбии миллӣ молҳои хориҷӣ бо сифати паст, вале бо нархи арзон пешкаш карда мешаванд. Яке аз сабабҳои арзонии молҳо ба он вобаста аст, ки онҳо дар давлатҳои хориҷ тариқи техника - мошин истеҳсол карда мешаванд. Агар дар Тоҷикистон як оҳангар тамоми рӯз як табар созад, масалан, дар Чин дар як соат даҳҳо ҳазор табар истеҳсол мекунанд. Ин аст, ки автоматикунонӣ нашудани истеҳсоли ҳунарҳои мардумӣ ва ворид шудани алтернативаҳои дастрасу арзони онҳо аз кишварҳои дигар боиси бемайлии ҳунармандони деҳот ва қариб пурра аз байн рафтани аксари навъи ҳунарҳои мардумӣ шудааст. Дар натиҷа, ҳолати мазкур ба он оварда расонидааст, ки дуредгарӣ, бофандагӣ, бурёбофӣ, гилембофӣ, зардӯзӣ, кафшдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, қошуқтарошӣ, намадбофӣ, оҳангарӣ, сабадбофӣ, тоқидӯзӣ, чармгарӣ, чакмансозӣ барин ҳунарҳои зебои мардумиамон дар аксари деҳоти кишвар дар садади нобудшавӣ қарор доранд. Яъне офаридаҳои дастии ҳунармандони кишвар, ки сифати баланд, вале нархи гарон доранд, дар баробари молҳои шабеҳи аз хориҷ бо нархи арзон воридшаванда рақобатпазириро аз даст медиҳанд ва ҳунармандон харидорони худро пайдо карда наметавонанд.

Ҳамин тавр, қисми зиёди ҳунармандон бо сабабу омилҳои болозикр, аз он ҷумла, кам шудани ниёзҳои пешинаи харидорон, чандон шавқманд нестанд, ки фарзандонашон ин мероси бойи гузаштагонашро ҷиддӣ аз худ кунад. Ҳол он ки зиндамонии ҳунар дар заминаи таъмини меросият ва аз насл ба насл интиқол додани он таъмин карда мешавад. Пас, механизми ягонаи рушди ин ҳунарҳои мардумӣ автоматикунонидани раванди истеҳсолоти он мебошад. Бинобар ин, беҳуда нест, ки аз ҷониби Пешвои миллат саноатикунонии кишвар ҳадафи чоруми стратегӣ эълон карда шуд.

Тамоюлҳо ва зарфиятҳои муҳити ҷавонони деҳот

Таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки танҳо ҳамон кишварҳо ба дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, техникӣ ва эҷодӣ ноил мегарданд, ки ҷавонони он соҳибкасб ва соҳибмаълумот бошанд. Бояд зикр намуд, ки солҳои қабл баъди хатми мактаби миёна дар назди хатмкунандагон (писарон)-и деҳот асосан ду тарзи интихоби роҳи ояндаи ҳаёту фаъолият мавҷуд буд: рафтан ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва дохил шудан ба ягон мактаби олӣ. Дар бештари мавридҳо бо сабаби надоштани имконияти молиявии дохил шудан ба донишгоҳ, фикри дар оянда аз рӯйи ихтисос ёфта натавонистани ҷойи кор ва омилҳои дигар, ҷавонон мехостанд ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд. Аммо солҳои охир ин тамоюл хеле кам шудааст. Ҷавонони деҳот кӯшиш мекунанд, ки хар чӣ зудтар ба донишгоҳҳо дохил шуда, соҳиби касбу ихтисос шаванд ва дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолият кунанд.

Муносибати ҷавондухтарон ва волидайни онҳо низ дар масъалаи соҳиби ихтисос шудани онҳо хеле тағйир ёфтааст. Тағйироте, ки даҳсолаи охир дар фаҳмиши деҳотиён нисбат ба ҷавондухтарон ба вуҷуд омаданд, метавон дар шакли зер баён кард:

1. То синфи 11 таҳсил кардани духтар ҳеҷ зарурат надорад. Фаҳмиши мазкур аз байн рафт, имрӯз ба таври сартосарӣ духтарон то синфи 11 таҳсил мекунанд.

2. Аз деҳа берун баромадан ва маълумоти олӣ гирифтани духтарон айб шуморида мешуд. Ин тафаккур низ тадриҷан аҳамияти худро гум мекунад. Духтарон акнун дар мактабҳои олии кишвар ба таври васеъ таҳсил мекунанд, вале то ҳанӯз дар таҳсили духтарони деҳот монеаҳое мавҷуданд, ки ба якчанд омилҳо вобаста мебошад.

Якум, аксари ҷавондухтарон дар овони таҳсил ва ё баъди хатми коллеҷу донишгоҳ ба шавҳар баромада, таҳсили худро қатъ мекунанд ва онҳое, ки хатм кардаанд, аз рӯи ихтисоси худ фаъолият намекунанд. Ба ин асосан ду омил: шароити иҷтимоӣ ва ё муҳити нави оилавии онҳо моне мешавад. Ба шароити иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, набудани сарчашмаи хуби молиявие баромад мекунад, ки дар натиҷаи он духтарони навхонадор маҷбур мешаванд таҳсилро қатъ кунанд.

Зери омили муҳити оилавӣ бошад, монеагузории шавҳар, наздикони дигари ӯ, анъанаҳои алоҳидаи дар оила мавҷудбуда шомил мешаванд ва дар натиҷа духтарони соҳибтахассус миёни ду интихоби муҳим кор ва ё хушбахтии оилавӣ қарор гирифта, аз кор намудан даст мекашанд.

Дуюм, анъанаи баъди ба шавҳар баромадан, дар асоси тахассуси худ кор карда натавонистани ҷавондухтарони боис мешавад, ки волидайни онҳо ба таҳсили барҳадари духтарон роҳ надиҳанд, зеро маблағи зиёде, ки барои таҳсили фарзанди онҳо сарф мешавад, дар фарҷом ягон суди назаррасе барои ӯ ва нақши ӯ дар истеҳсолоти ватанӣ намеорад. Ҳамин тавр, омили худнигоҳдорӣ аз барабас сарф намудани маблағ сабаб мешавад, ки ҷавондухтарон аз идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои кишвар дур монанд.

Сеюм, барои таҳсили як духтар ба ҳисоби миёна дар як сол 10-15 ҳазор сомонӣ лозим аст. Азбаски дар деҳа сатҳи иҷтимоиёти аҳолӣ нисбат ба шаҳр дар сатҳи поин қарор дорад, аксари оилаҳо наметавонанд духтарони худро ба мактабҳои олӣ шомил кунанд. Барои паси сар намудани ин мушкилӣ дар ин самт, аксаран квотаҳои Президентии барои ҷавондухтарони деҳот ҷудошуда мусоидат мекунанд.

Чорум, на дар ҳамаи деҳоти кишвар, вале дар баъзе деҳаҳо таҳсили духтар дар мактабҳои олӣ метавонад дар оянда барои оила барпо карданашон монеа эҷод кунад. Бинобар ин, падару модарон ба хотири аз бахт маҳрум накардани духтарони худ, дар марвиди дохил намудани онҳо ба донишгоҳҳо худдорӣ мекунанд. Бояд зикр намуд, ки дар фарқ аз шаҳр, ки дар он театр, хонаи кино, донишгоҳҳо, клубҳо, китобхона, варзишгоҳҳо, марказҳои илмию маърифатӣ ва тафреҳӣ зиёд буда, ба ташаккули маърифат ва рафтори мусбати сокинонаш мусоидат мекунанд, деҳот чунин имкониятро надоранд. Аз ин дидгоҳ, деҳа дар муқобили хатарҳои зеҳнию идеологӣ то як андоза осебпазир мебошад. Таҳлилҳо низ нишон медиҳанд, ки бо сабаби набудани чунин инфрасохторҳои муҳими рушду такомули инсонӣ аксар майлонҳои хатарзо, монанди ҷараёнҳои ифротӣ, тундгароӣ, терроризм, нашъамандӣ низ маҳз аз деҳа ба вуҷуд меоянд. Бинобар ин, баланд бардоштани дараҷаи маърифат, шуур ва сатҳи ҷаҳонбинии ҷавонони деҳот, ки дар заминаи дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбия дар мактабҳо ҳосил мешаванд, омили муҳим маҳсуб меёбад.

Вазъи таълиму тарбия дар деҳот.

Бояд зикр намуд, ки нарасидани кадрҳо, хусусан омӯзгорони соҳиби маълумоти олӣ дар деҳот яке аз мушкилоти асосӣ мебошад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҷавонон баъди хатми мактабҳои олӣ кӯшиш мекунанд, ки ба деҳа барнагарданд ва дар шаҳр ба кору фаъолият машғул шаванд. Инро метавон «фирори кадрҳо аз деҳа ба шаҳр» унвон кард ва яке аз ҳадафҳои беҳбуд бахшидани вазъи деҳоти кишвар низ гирифтани пеши роҳи чунин тамоюлҳо мебошанд. Фирори кадрҳо, асосан ҷавонон аз деҳа ба шаҳр ва кам шудани хоҳиши онҳо баҳри кор дар деҳа ба омилҳои зер алоқаманд мебошанд:

Имконияти маҳдуди рушди касбӣ (карерасозӣ). Маъмулан, ҳангоми ба мактабҳои олӣ дохил шудан ҷавонон кӯшиш мекунанд, ки дар шаҳрҳои нисбатан тараққикардаи Тоҷикистон, пеш аз ҳама шаҳри Душанбе ва ё Хуҷанд, Қурғонтеппа таҳсил кунанд. Бо ин тарзи интихоб мехоҳанд, ки баъди хатм дар ин шаҳрҳо ҷойи кор пайдо намуда, то тавонанд ба деҳа барнагарданд. Зеро дар шаҳр фазо ва имконияти рушди касбӣ бештар мебошад ва дар деҳа чунин имконият нисбатан маҳдуд аст.

Ҳамзамон миёни омма, бахусус ҷавонон то ҳанӯз чунин андеша ҷой дорад, ки агар дар мактабҳои олии ҳудуди ин шаҳрҳо таҳсил накунанд, маълумоти олие, ки дар донишкадаву донишгоҳҳои шаҳру ноҳияҳои худ мегиранд барои дар оянда ҷойи кор пайдо кардан метавонад душворӣ эҷод кунад. Яъне, барои идораву корхонаҳо дипломи мактабҳои олии ғайри шаҳрҳои болозикр эътибори камтар дорад.

Шароити номувофиқ. Набудани инфрасохтори маърифатию маишӣ дар деҳот ва шароити арзандаи иҷтимоӣ майли ҷавононеро, ки зодаи деҳа ҳастанд баъди хатми мактаби олӣ кам мегардонанд. Ҷолибияти шаҳр ва фароҳам будани шароити муносиби ҳаётию корӣ водор месозад, ки онҳо бо ҳар қиммате дар шаҳр ҷойи кор пайдо намуда, ба деҳа барнагарданд ва бо ин васила ҳаёти шаҳрӣ дошта бошанд.

Ба таври комил иҷро нашудани имтиёзҳое, ки барои мутахассисони ҷавони деҳот, хусусан барои омӯзгорони ҷавон муқаррар шудаанд. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» як қатор имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавони деҳот пешбинӣ шудааст, ки татбиқи воқеии ин имтиёзҳо майли ҷавононро барои кору фаъолият дар деҳот зиёд хоҳад намуд. Аз ҷумла, дар моддаи 53 (Имтиёзҳои омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф) зикр мешавад, ки «барои омӯзгорони ҷавоне, ки дар деҳот фаъолият менамоянд, барои 3 сол иловапулӣ ба маош муқаррар карда мешавад…» Ҳамзамон дар моддаи 54 (Таъминоти моддии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф) гуфта мешавад, ки «Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгорони дар деҳот зиндагикунандаро бо қитъаҳои замин ва дигар молу мулк таъмин менамоянд».

Тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, татбиқи ин имтиёзҳо нисбат ба мутахассисони деҳот ба кундӣ амалӣ мешавад. Аз он ҷумла, бо қитъаҳои замин таъмин намудани омӯзгорони деҳот тақрибан амалӣ намешавад ва аксари ин мушкилот бо айби мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба вуҷуд меоянд. Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо баҳонаҳои зиёд: зиёд будани шумораи ниёзмандон, набудани қитъаи замин ва ғайра аз иҷрои талаботи қонунгузории кишвар саркашӣ мекунанд. Ҳол он ки дар моддаи 37-и ҳамин қонун (Ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот) зикр мешавад, ки «мақомоти худидоракунии шаҳрак дар бобати беҳбудии шароити иҷтимоии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф чораҳо меандешанд».

Ҳамин тавр, иҷроиши нопурраи кафолатҳои муқарраргардида ва имтиёзҳо барои мутахассисони ҷавони деҳот шавқу ҳаваси онҳоро оид ба кору фаъолият дар деҳа коҳиш медиҳанд.

Вобаста ба мушкилоти ҷойдошта ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 баргузор намудани ду тадқиқоти фарогир дар деҳоти кишвар давоми ин солҳо мувофиқи мақсад дониста мешавад. Аз он ҷумла, дар соли 2019 баргузор намудани тадқиқот барои мушаххас намудани вазъ ва мушкилоти деҳоти кишвар ва ҳамин тавр, дар асоси натиҷаҳои он андешидани чораҳои дахлдор ва тадқиқоти дуюм дар соли 2021, баҳри бозгӯ намудани натиҷаҳои сесолаи рушд ва дараҷаи ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта мусоидат хоҳад кард.

Тақрибан дар аксари марказҳои ҷамоати деҳот клубҳо ва хонаҳои фарҳанг амал мекунанд, ки фаъолияти амиқи онҳо ба рушди дараҷаи маънавиёт ва таъмини ниёзҳои тафреҳии сокинон мусоидат мекунанд. Аммо тавре аз таҳлилҳо бармеоянд, ҳолати хонаҳои фарҳанги деҳот принсипи «будан барои будан»-ро мемонад. Хонаҳои фарҳанги деҳот бо сабабҳои фарсуда шуданашон ва надоштани ҷойи нишаст, ҳамчун унсури руҳиясоз бисёр камсамар мебошанд.

Бояд зикр намуд, ки самаранок истифода бурдан аз имкониятҳои хонаҳои фарҳанг метавонад онро ба яке аз маконҳои таъсирбахши маданӣ ва манфиатбахш табдил диҳад. Тавре аз мушоҳидаҳо бармеоянд, хонаҳои фарҳанги деҳот ҳамагӣ як корманд доранд, ки он ҳам мудири бино мебошад. Ҳангоми баргузор намудани чорабиниҳои ҷашнӣ ҷалби ҳунармандон бисёр мушкил аст. Зеро онҳо дар сатҳи маҳал ба таври шоиста дастгирӣ ва ҳавасманд карда намешаванд. Яке аз чунин механизмҳои такон бахшидани фаъолияти хонаҳои фарҳанги деҳот ин пеш аз ҳама дар асоси маоши муайян ҷалби навозандагон, сарояндагон ва дар маҷмӯъ ҳунармандони маҳаллӣ мебошад. Дар асоси маош чун корманди расмии хонаҳои фарҳанги деҳот ҷалб намудани ҳунмармандон, се натиҷаи дилхоҳро ба вуҷуд хоҳад овард:

- шароити мувофиқ барои худтакмилдиҳии ҳунармандони деҳа фароҳам меояд;

- дар сатҳи деҳот азбайнравии ҳунару санъат пешгирӣ карда мешавад;

- наврасоне, ки ба санъат иштиёқи зиёд доранд, метавонанд, чун шогирд дар назди санъаткорони хонаи фарҳанг таълим гиранд;

- намоишҳои фарҳангӣ зиёд шуда, коҳиши маънавиётро дар деҳот, хусусан байни ҷавонон пешгирӣ мекунад.

Дар ин самт, мувофиқи мақсад шуморида мешавад, ки Вазорати фарҳанг дар асоси барномаи мушаххас, дар ҳошияи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидаани солҳои 2019-2021 баҳри такон бахшидани фаъолият хонаҳои фарҳанги деҳот, ҷалби ҳунармандони маҳаллӣ ба хонаҳои фарҳанг ва дар ин замина, ба яке аз унсурҳои таъсирбахш табдил додани ин марказҳо кӯшишҳои амалиро роҳандозӣ кунад. Дар шароити деҳот миёни ҷавонон такон бахшидани корҳои идеологӣ хеле зарур аст. Ин ҷиҳат ба он хотир гуфта мешавад, ки бахши аъзами корҳои идеологӣ ва ташвиқу тарғибот аксаран дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо бургузор карда шуда, бо сабабҳои харҷи зиёдтарро талаб карданашон, ин гуна маъракаҳо дар деҳот хеле кам баргузор карда мешаванд. Ҳол он ки бо иштироки ҷавонони деҳот ба роҳ мондани аксияву намоишҳои иҷтимоӣ метавонад рӯҳияи мусбати миллию шаҳрвандии онҳоро ба таври бесобиқа дигаргун созад. Кам будани корҳои маърифатӣ миёни ҷавонони деҳот сабаб шудааст, ки таъсири ақидаҳои носолим дар байни онҳо афзоиш ёбад. Солҳои охир бо рӯйи даст гирифтани иқдомҳои ҷиддӣ Ҳукумати кишварро имкон даст дод, ки дар коҳиш додани сафи ҷавонони ба ҳаракатҳои ифротӣ шомилшаванда, муваффақ гардад. Аммо аз таҷрибаи солҳои қабл, аз он ҷумла ҳудуди солҳои 2013-2016 дида мешуд, ки ҷавононе, ки ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ шомил мешуданд, аксаран зода ва истиқоматкунандаи деҳоте ба шумор мерафтанд, ки дар он муҳити танги фарҳангӣ ҳукмфармо аст. Бо истифода аз ин, як қатор шахсоне бо ном «мулло» пайдо шуда, ҷавононро зери таълимоти динӣ мағзшӯи намуданд. Баъзеи онҳо бо истифода аз минбари масҷид идеологияи сатҳи маҳалро зери назорат гирифта, боиси афзудани сафи пайравони ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, аз он ҷумла «Салафия» шуданд.

Сабаби асосии чунин шакл гирифтани вазъият дар деҳот ба набудани унсурҳо ва инфрасохтори дурусти фарҳангию маърифатие вобаста мебошанд, ки фаъолият накардани онҳо фазои холии идеологиро ба вуҷуд оварда, муҳити мувофиқро барои ҷой гирифтани ақидаҳои носолим фароҳам меоранд.

Ҳарчанд дар самти татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ҷавонон чандин номгӯи санадҳо, аз он ҷумла, Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020, Барномаи миллии «Ҷавонони Тоҷикистон», Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон (оғоз аз соли 2002 инҷониб) ва Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва мариди татбиқ қарор дода мешаванд, вале дар шароити имрӯза таҳия ва татбиқи санаде, ки ба таври мустақим ҳаёту фаъолияти ҷавонони деҳотро фаро гирад, бисёр муҳим ва саривақтӣ мебошад. Аз ин рӯ, вобаста ба зарфиятҳо, имкониятҳо, фарҳанг, дараҷаи фикру ҷаҳонбинии хоси ҷавонони деҳот, мушкилот ва монеаҳои ҷойдошта, ки ҳамаи инҳо дар якҷоягӣ институти муайяни иҷтимоиро дар шароити деҳот ташаккул медиҳанд, таҳияи санади марбут ба ин қишри муҳими кишвар «Барномаи рушди имкониятҳои ҷавонони деҳот» муҳим ва зарур мебошад.

Дар маҷмӯъ, зарфиятҳо, хосиятҳо ва масъалаҳои хоси деҳа хеле зиёд мебошанд, ки ҳамаи онҳо ба ташхису дарк ва баррасии амиқ ниёз доранд. Деҳа бо зарфиятҳои худ як фазои кашфнашударо мемонад, ки дар ин самт анҷом додани тадқиқотҳои васеи илмӣ хеле зарур мебошанд. Дар тули се соли минбаъд, ки «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудаанд, ба харҷ додани тамоми имкониятҳои молиявию зеҳнӣ ва идеологӣ барои рушди деҳот муҳим мебошад.

Ҳамин тавр, дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат оид ба беҳбуд бахшидани корҳо дар самти рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар баробари моҳияти иҷтимоию иқтисодиаш, ҷанбаи стратегӣ дошта, пайгирии содиқонаву софдилонаи онҳо аз ҷониби ҳар як сокини Ватан муҳим ва саривақтӣ мебошад.

Сармутахассиси Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти ҶТ. МАЪРУФ Абдуҷабборов