Асосӣ: Сиёсати дохилӣ ТАЪСИРИ ИНТЕРНЕТ ВА ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА ТАФАККУРИ ҶАВОНОН ДАР РАВАНДИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
+++ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нахустин Муколамаи «Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ-Афғонистон» иштирок намуд +++ ЧАНД ДАСТОВАРДИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2018 +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26.12.2018 12:21, шаҳри Душанбе +++ Дар Душанбе масъалаи шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россияро баррасӣ намуданд +++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1067
mod_vvisit_counterДирӯз1466
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта2533
mod_vvisit_counterДар ин моҳ26059
mod_vvisit_counterҲамагӣ1479095
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Январи
22
Сешанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ТАЪСИРИ ИНТЕРНЕТ ВА ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА ТАФАККУРИ ҶАВОНОН ДАР РАВАНДИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

02.01.2018

Ҷавонон неруи созандаи давлату миллат буда, ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ нақши назаррас доранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аксари аҳолии он ҷавонон ташкил медиҳанд, таваҷҷуҳи давлату ҳукумат ва махсусан Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа хеле зиёд аст. Дар яке аз суханрониҳояшон Пешвои миллат фармудаанд: «Ҷавонон бояд хуб дарк намоянд, ки тақдири ояндаи халқу давлат ба дӯши онҳо гузошта шудааст.»

Аз ин суханони Президенти кишвар бармеояд, ки ҷавонон дар назди давлату миллат масъулияти бузург дошта, дар таҳкими давлатдории миллӣ нақши калидиро иҷро мекунанд. Вале набояд фаромӯш кард, ки тақдири ояндаи миллатро ба он ҷавононе метавон вогузор кард, ки дар ҳақиқат ватандӯсту худогоҳ, соҳиби донишу малакаи мутобиқ ба замони муосир ва аз ҳама муҳим, ғурури миллию зиракии сиёсӣ дошта бошанд.

Бинобар ин, тарбияи дурусти насли наврас вазифаи муҳими ҷомеаву давлат ба шумор меравад. Маҳз дар рӯҳияи ватандустиву инсонгароӣ тарбия ёфтан ва дорои маърифати

баланди сиёсию ҳуқуқӣ, ҷавононро қодир месозад, ки манфиатҳои миллии кишвари худро дарк ва ҳифз намоянд. Танҳо бо дарки баланди худшиносии миллӣ моро муяссар мегардад, ки давлатдории миллии худро таҳким бахшем. Чунки ҷаҳони зудтағирёбанда бо худ равандҳои сиёсӣ, падидаҳои ҷадид, мушкилоти гуногуни сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоиро ба бор овардааст, ки хоҳу нохоҳ ба тафаккури ҷавонони кишварҳо, махсусан давлатҳои миллӣ, таъсир хоҳад гузошт. Чун кишвари ҷавони мо Тоҷикистон низ аз ин таҳдидҳо эмин нест, зарур аст, ки мушкилот ва сарчашмаҳои таъсиррасон сари вақт муайян ва роҳи ҳалли дурусти пешгирӣ ва бартарафсозии онҳо пайдо гарданд.

Яке аз падидаҳое, ки инсони муосир бе он худро тасаввур карда наметавонад, Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Интернет дастоварди бузурги инсоният дар асри 21 мебошад. Он ба сифати воситаи асосии иттилоотрасон дар ҷаҳони имрӯз баромад мекунад. Бояд гуфт, ки ҳар як пешрафте, ки инсон ба он ноил мегардад, ҷанбахои мусбату манфӣ дорад ва ИНТЕРНЕТ низ аз ин истисно нест. Ба ҳайси ҷанбаҳои мусбати Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад инҳо баромад намоянд:

1. Барои робита ва алоқаи байни инсонҳо Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ масоҳат ва сарҳадро аз байн бурдааст. Одамон новобаста аз он, ки дар кадом нуқтаи дунё ҳузур доранд, метавонанд бо якдигар муошират кунанд. Имруз интернет аҳолии кишварҳои ҷаҳонро ба ҳам наздик кардааст. Шаҳрванди як кишвар метавонад дӯстони зиёдеро аз кишварҳои дигар пайдо кунад ва бо онҳо дар робита бошад;

2. Барои пайдо намудани маълумоти зарурӣ ва муфид интернет имконияти хуберо фароҳам меорад;

3. Шабакаҳои иҷтимоии интернет имкон медиҳанд, ки ҷавонон ба гуруҳои илмӣ – фарҳангӣ, аз қабили химия, физика, мусиқӣ, тиб, адабиёт ва ғайра аъзо шуда, талаботи маънавиашонро қонеъ намоянд;

4. Дохилшавии ҷавонон ба донишгоҳҳои кишварҳои дигар, ёфтани ҷойи кор тавассути рекламаҳо низ аз муфид будани интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ дарак медиҳад.

Номгӯйи чунин хосиятҳои мусбати Интернетро метавон давом дод.

Аммо, дар баробари пешравиҳо ва ҷиҳатҳои мусбат, Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ як қатор проблемаҳои ҷиддиро низ ба бор овардааст, ки сабаби ташвиши давлату ҷомеа гардидааст.

Тибқи тадқиқоти сотсиологӣ дар як рӯз 33,3% истифодабарандагон, махсусан ҷавонон аз 5 то 6 соат вақти худро беҳуда дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронанд, ки ин на ба маънои касбият, ё шуғли ҳаррузаи онҳо, балки вобастагии зиёд аз шабакаҳои иҷтимоӣ фаҳмида мешавад.

Вақтгузаронии барзиёд ва дар канор мондан аз олами ҳақиқӣ яке аз паёмадҳои манфии интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Ин мушкилот бештар дар байни наврасону ҷавонон мушоҳида мегардад. Дар ин ҷо бемаъсулиятии волидон низ дида мешавад, зеро маҳз онҳо ба фарзандонашон компютер ва телефонҳои мобилӣ мехаранд, аммо назорат намекунанд, ки онҳо бо чӣ кор машғуланд, кадом иттилоотро мутолиа мекунанд ва бо кӣ дар робита ҳастанд?

Бояд гуфт, ки амнияти давлату ҷомеа пурра аз таъмини амнияти иттилоотии кишвар вобаста буда, бо раванди рушду пешрафти техника ва техналогияи ҷадид ин масъала боз ҳам ҷиддитар мегардад. Имрӯзҳо ҳама гуна шабакаҳои иҷтимоӣ назоратнашавандаанд ва миқдори маълумоти зиёде, ки дар худ доранд, на ҳама  дурусуту беғараз ва боиси нигаронӣ буда дар аксари вақт хатар эҷод мекунанд.

Маълум аст, ки солҳои охир гурӯҳҳои террористию экстремистӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ фикру ақидаҳои ифротии худро тарғибу ташвиқ менамоянд. Таҷрибаи кишварҳо ва махсусан Ҷумҳурии Тоҷикистон низ нишон медиҳад, ки аксари ҷавонон ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин ё он гуруҳу ҳаракатҳои ифротӣ пайвастаанд. Ҳизбу ҳаракатҳои ифротие, ки дар Тоҷикистон фаъолияташон манъ аст, имрӯзҳо аз хориҷи кишвар ақидаҳои нопоки худро мехоҳанд бар сари ҷавонон бор кунанд.

Аз ин рӯ, давлат ва ҷомеаи шаҳрвандиро зарур аст, ки шабакаҳои иҷтимоиро ба сифати рушди ҷаҳонбинии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандориву миллатдусти онҳо самаранок истифода кунанд. Муҳим аст, ки фарҳанг, анъанаҳои неки миллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври зарурӣ таблиғ шаванд. Маҳз ба ин восита метавон ҳувияти ҷавонону наврасонро тақвият бахшида, онҳоро аз бегонапарастию доми фиреби манфиатдорон наҷот дод.

ФИРӮЗИ РАМАЗОН,
корманди Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати дохилии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон