Асосӣ: Маркази матбуот ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ОЛИМОНИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
+++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими «Корвони наврӯзӣ» дар шаҳри Душанбе +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлили ҷашни Наврӯз +++ Манфиати абарқудратҳо дар Осиёи Марказӣ: «ҳамкорӣ ё рақобат» +++ Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи XIX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ +++ Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони васоити ахбори оммаи давлатӣ +++ Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 9 феврали соли 2019, №АП-1165 +++ Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир +++ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нахустин Муколамаи «Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ-Афғонистон» иштирок намуд +++ ЧАНД ДАСТОВАРДИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2018 +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26.12.2018 12:21, шаҳри Душанбе +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз560
mod_vvisit_counterДирӯз1536
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта8481
mod_vvisit_counterДар ин моҳ34036
mod_vvisit_counterҲамагӣ1570516
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Марти
23
Шанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ОЛИМОНИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

26.12.2018

Дар санаи 25 декабри соли 2018 ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Марказ Худобердӣ Худоназар кушода, қайд кард, ки соли 2018 Шӯрои илмии Марказ дар ҳайати 21 нафар, аз ҷумла як Академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳафт доктори илм ва ҳафт номзади илм фаъолияти густурдаеро анҷом дод. Ба мақсади амалӣ намудани стратегияи ягонаи давлатӣ, ҷамъиятию сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар ба ҳайати Шӯрои олимони Марказ мутахассисони варзида аз дигар ташкилоту муассисаҳо низ ворид карда шуда буданд, ки фаъолияти арзишмандеро ба ба ҷо овард. Сипас ӯ дар бораи фаъолияти илмию тадқиқотӣ, тарғиботию ташвиқотии кормандони Марказ тайи соли 2018 гузориш дода, зикр кард, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси яке аз ниҳодҳои таҳлилӣ ва

машваратии кишвар бо мақсади амалишавии стратегияҳои давлатӣ ва такмили механизми сиёсати дохилию хориҷӣ ва сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд. Дар давоми соли 2018 Марказ дар доираи нақшаҳои корӣ дар чунин самтҳо фаъолият намуд:

1.Дар самти корҳои илмию тадқиқотӣ.

Аз рӯйи нақшаи корҳои илмию тадқиқотӣ барои соли 2018 дар доираи самтҳои мазкур тадқиқот аз рӯйи мавзӯъҳои зерин гузаронида шуда истодааст:

• Масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотӣ, иҷтимоӣ, миллӣ ва минтақавӣ, ҳамчун стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон.

• Ташаккули низоми миллии баҳогузории индикативии амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи нақшаи корҳои илмию тадқиқотӣ барои соли 2018 дар доираи самтҳои мазкур тадқиқот аз рӯйи мавзӯъҳои зерин гузаронида мешавад:

–таҳлили омилҳои асосии берунӣ ва дохилии масъалаҳои амнияти минтақавӣ дар замони муосир;

–арзёбӣ ва мониторинги амнияти сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

–арзёбии вазъи идеологию сиёсии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ва дурнамои он;

–арзёбии тамоюлҳои асосӣ ва самаранокии механизмҳои идораи амнияти озуқаворӣ (дар миқёси минтақаҳои ҷумҳурӣ);

–ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳони таҳаввулёбанда; –арзёбӣ ва мониторинги фаъолнокии соҳибкорӣ дар чорчӯбаи таъмини амниятии минтақавӣ; –дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амнияти иттиоотӣ дар дар зарфи 26 соли Истиқлолияти давлатӣ;

–хусусиятҳои хоси амнияти иҷтимоии Тоҷикистон дар шароити Истиқлолияти давлатӣ.

Дар давоми сол натиҷаҳои қаблии тадқиқот дар доираи ҷаласаҳои Шӯрои илмию методии Марказ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ин имкон дод, ки ҳисоботи илмию тадқиқотии Марказ дар муддати муайяншуда (дар охири сол) бо сифати ба талабот ҷавобгӯй пешниҳод гардад. Ба ғайр аз ин, иҷрои чорабиниҳои мушаххас бо мақсади таъмини натиҷанокии амалии тадқиқотҳо ба нақша гирифта шуд.

Иштирок дар Комиссияҳои Ҳукуматӣ ва Гурӯҳҳои корӣ.

Роҳбарият ва мутахассисони Марказ дар Гурӯҳҳои кории ҳукуматӣ ва ҷамъиятӣ, комиссияҳои маҷлиси вакилони халқ доир ба масъалаҳои мушаххас иштирок намуданд:

1) Узви ҳайати мушовараи АМИТ "Ховар" (бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон);

2) Гурӯҳи корӣ барои таҳияи «Барномаи махсуси таълимии кормандони муассисаҳои ислоҳии мақомот оид ба омодагии касбии кормандон, ҷиҳати такмили роҳу усули пешгирии фаъолияти ифротгароёна ва тундгароёна аз ҷониби маҳкумшудагон дар дохили муассисаҳо ва берун аз он» (дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон);

3) Гурӯҳи кории байниидоравӣ, ки барои муҳокима ва баррасии методологияи тадқиқоти рушди таҳсилоти олӣ (дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон);

4) Гурӯҳи кори байниидоравӣ оид ба такмили низоми андозбандию гумрукӣ ва самаранокии имтиёзҳои пешниҳодшаванда (дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон);

5) Мониторинг ва арзёбии сатҳи камбизоатӣ ва табақаи миёна дар Тоҷикистон (Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон);

6) Гурӯҳи корӣ доир ба таҳияи лоиҳаи Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030 (Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон);

7) Раиси комиссияи Маҷлиси Вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба ҳамкорӣ бо ташкилотҳои худфаъолияти ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятию ҳизбҳои сиёсӣ, воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои динию ғайриҳукуматӣ;

8) Раиси комиссияи муваққатии Маҷлиси Вакилони халқи шаҳри Душанбе доир ба номгузорӣ ва номивазкунии маҳалҳо, кӯчаҳо, майдонҳо, хиёбонҳо, боғҳо, пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе.

Ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмию тадқиқотӣ.

Марказ робитаҳои корию машваратиро бо вазорат, кумитаҳо ва агентиҳои ҷумҳурӣ, мақомоти маҳаллии идоракунии давлатӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ, аз ҷумла Пажӯҳишгоҳи фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносӣ, Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи; Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор мактабҳои олии мамлакат амалӣ намуд.

Ҳамкорӣ бо созмону ташкилотҳои байналмилалӣ. Марказ дар доираи созишномаҳои ҳукуматӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла намояндагиҳои Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Ҳамкории Шанхай, СААД, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёгии Рушд, Фонди Байналмилалии Асъор, Созмони Олмонии Ҳамкории Байналмилалӣ, Маркази Дипломатияи Пешгирикунанда (шаҳри Ашқобод) ҳамкориҳоро густариш медиҳад.

Марказ узви Маркази таҳлилии СААД, узви Форуми Созмони Ҳамкории Шанхай ва яке аз муассисони Академияи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Бишкек мебошад. Конфронсҳои илмию амалӣ, симпозиум ва мизҳои гирд.

Дар давраи ҳисоботӣ 33 чорабинии илмию амалӣ баргузор гардид, ки аз он: 15 конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, 3 конфронси илмӣ–амалии байналмилалӣ, 13 мизи гирд ва 2 мизи гирди байналмилалии илмию амалӣ:

• "Тоҷикистон–Туркманистон: 25 соли дӯстӣ ва ҳамкорӣ" (Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ, 9.02.2018);

• "Масъалаҳои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (натиҷагирӣ аз «Соли ҷавонон»)" (Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ, 28.02.2018);

• "Наврӯзи байналмилалӣ–муаррификунандаи фарҳанги миллии тоҷикӣ" (Мизи гирд, 16.03.2018);

• "Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ¬–рамзи дӯстию рафоқати халқҳои тоҷику ӯзбек" (Мизи гирд, 16.03.2018);

• "Дурнамои равандҳои ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ" (Мизи гирд, 25.04.2018);

• "Масоили воқеӣ ва дурнамои ҳамкориҳо доир ба ҳимояи ҳуқуқҳои саломатии оила ва беморон" (Конфронси илмию амалии байналмиллалӣ, 25.04.2018); "Масоили муҳими мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм дар замони муосир" (Мизи гирд, 27.04.2018);

• "Таъмини шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳадафи стратегии кишвар" (Мизи гирд, 30.04.2018);

• "Амнияти иҷтимоӣ ҳамчун омили муҳими рушди устувор" (Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ, 15.05.2018);

• "Ташаккули модели рушди индустриалӣ–аграрии Тоҷикистон" (Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ, 16.05.2018); "Ташаккул ва инкишофи низоми истеҳсоли молҳои воридотивазкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Мизи гирд, 18.05.2018);

• "Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар таъмини амният ва субот дар сарҳадоти ҷанубии ИДМ" (Мизи гирд, 29.05.2018);

• "Ваҳдати миллӣ–асоси иҷрои се ҳадафи стратегии кишвар" (Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ, 19.06.2018);

• "Паёмҳои Президенти ҶТ ҳамчун омили таҳкимбахши Ваҳдати миллӣ" (Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ, 26.06.2018);

• “Бахши хусусӣ: вазъ ва дурнамои рушд” (Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ, 20.08.2018);

• “Масъалаҳои рушди низоми объёрии заминҳо дар соҳаи кишоварзии кишвар” (мизи гирд, 30.08.2018)

• “Таҳдиду хатарҳои ТЭТ ҲНИТ ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ, 30.08.2018);

• “Рушди неруи содиротии Тоҷикистон” (Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ, 20.-21.09.18);

• “Нест бод экстремизми динӣ” (Мизи гирди байналмиллалии илмию амалӣ, 27.09.18);

• "Дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва мутақобилан судманди Тоҷикистон ва ӯзбекистон" (Мизи гирди байналмилалии илмию амалӣ, 05.10.2018);

• "Чин ва Тоҷикистон: уфуқҳои нави ҳамкорӣ" (Мизи гирд, 01.11.2018);

• "Имконияту маҳдудиятҳои дастгирии рушди соҳаи кишоварзӣ дар чорчӯбаи узвияти кишвар дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо" (Мизи гирд, 05.11.2018);

• "Масъалаҳои ташкили мониторинги фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Мизи гирд, 14.11.2018);

• "Равандҳои сиёсӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо" (Мизи гирд, 27.11.2018);

• "Марҳалаҳои асосии ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои исломӣ ва арабӣ" (Мизи гирд, 28.11.2018);

• "Дурнамо ва масъалаҳои стратегии рушди энергетикаи кишвар" (Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, 30.11.2018);

• "Масъалаҳо ва дурнамои татбиқи самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити нави байналмилалӣ” (Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, 04.12.2018).

–"Ҳамкориҳои стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ҳамчун кафили рушди минбаъдаи иқтисодӣ ва таъмини амнияти дар Осиёи Марказӣ" (Мизи гирд, 14.12.2018);

–"Вазъ ва ояндабинии таъмини молиявии рушди иқтисод дар Тоҷикистон" (Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, 19.12.2018);

– "Вазъ ва имконоятҳои пешгирии фасодкорӣ дар ҷомеаи кишвар" (Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, 28.12.2018).

Гузоришҳо аз семинару конфронсу мизҳои гирд дар рӯзномаҳои давлатӣ ва мустақил ба таври васеъ инъикос шуда, ҳамчунин, дар сомонаи Марказ гузошта шудаанд. Дар баробари ин, роҳбарияти Марказ дар Форуми Созмони Щамкории Шанхай (4–5 майи соли 2018 ш. Остона), Конфронси байналмиллалӣ дар Исломобод (21.03. 2018) иштирок ва суханронӣ намуда, кормандони Марказ дар конфронсу ҷамъомадҳо, семинару маҳфилҳо, мизҳои гирд, ки аз ҷониби созмонҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баргузор шуданд, низ ширкат варзида, 85 маърӯза ва суханронӣ намуда, беш аз 250 мусоҳиба ба васоити ахбори омма дода шуд.

Фаъолияти нашриявӣ.

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи маводҳои ташвиқотию фаҳмондадеҳиро аз Паёму суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нашр намуд, аз ҷумла:

–"Паёми Пешвои миллат: моҳият ва самтҳои асосии он" (ҳаҷм–51 саҳифа, теъдод – 200 нусха);

–"Тезисҳо вобаста ба рушди деҳот" (ҳаҷм – 28 саҳифа, теъдод – 200 нусха);

–"Шиорҳо дар боби Наврӯз" (ҳаҷм–50 саҳифа, теъдод - 200 нусха);

–"Шиорҳо вобаста ба масъалаҳои глобалии об (бахшида ба ифтихори оғози Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028") (ҳаҷм – 70 саҳифа, теъдод –200 нусха) –"Шиорҳо дар боби Ваҳдати миллӣ (бахшида ба 21 солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ)" (ҳаҷми 20 саҳифа, теъдод – 200 нусха);

–"Шиорҳо дар боби Истиқлолияти давлатӣ (бахшида ба 27-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ)" (ҳаҷми 28 саҳифа, теъдод – 200 нусха);

–"Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди Неругоҳи барқи обии Роғун” (китобча- брошюра) (ҳаҷми 28 саҳифа, теъдод – 170 нусха);

–"Шиорҳо аз Паёму суханрониҳои Пешвои миллӣ Эмомалӣ Раҳмон дар боби Неругоҳи барқи обии Роғун" (ҳаҷми 12 саҳифа).

Дар давраи ҳисоботӣ китоби Худобердӣ Холиқназар ва Абдуллоҳи Раҳнамо "Хатари тафаккури ифротӣ ва гурӯҳҳои ифротгарои динӣ дар чист?" (Душанбе: "Ирфон", 2018, 192 саҳ.) низ ба табъ расонида шуд. Дар доираи нашриёти Марказ – маҷаллаи "Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз" шумораҳои №1 (60), дар ҳаҷми 23 мақола, №2 (61), дар ҳаҷми 25 мақола, №3 (62) , дар ҳаҷми 29 мақола ва № 4 (63), дар ҳаҷми 25 мақола ба табъ расонида шуд. Тамоми маводи воридшуда барои маҷалла тавассути барномаи “Антиплагиат” гузаронида мешаванд. Дар давраи ҳисоботӣ беш аз 184 мақолаи илмӣ тавассути ин барнома санҷида шуд. 9. Ҳамкорӣ бо Марказҳои таҳлилии дигар кишварҳо.

Марказ бо як қатор марказҳои таҳлилии дигар давлатҳо, аз ҷумла бо марказҳои таҳлилии Федератсияи Русия, Қазоқистон, Чин, Корея, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, марказҳои тадқиқоти стратегии ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия, Латвия, Литва, Лаҳистон низ робитаҳои хуби корӣ ва илмӣ дорад. 10. Таҷрибаомӯзии донишҷӯён.

Дар соли 2018 дар Марказ аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 60 нафар, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат 21 нафар, Донишгоҳи (славянии) Русияву Тоҷикистон 18 нафар, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон 28 нафар, Донишгоҳи идоракунии давлатӣ 20 нафар, Филиали Донишгоҳи давлатиии Москва ба номи Ломоносов 12 нафар, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон 2 нафар, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 4 нафар, Донишгоҳи давлатии илм ва технологияи Сибири Федератсияи Русия 1 нафар, аз Донишгоҳи Казон 2 нафар, дар маҷмӯъ, 166 нафар донишҷӯ таҷриба омӯхтанд.

11. Сомонаи интернетии Марказ.

Сомонаи Марказ ба таври доимӣ фаъол буда, дар он маводи илмию таҳлилӣ ва хабарҳоро ҳамарӯза, гузоришу суханрониҳо, мақолаҳои маҷаллаи «Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз» ва китобҳои Марказро ҷой дода шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ дар сомонаи интернетии Марказ беш аз 210 мақолаву матолиби гуногуни илмӣ, хабару гузоришҳо дар бахшҳои забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҷой дода шудаанд. Дар соли 2018 кори сомона хеле фаъол гашта, онро рӯзе 1000 то 1700 хонанда мутолиа мекунанд. Маводи арзишманд ва ҷолиби сомонаи мазкур дар дигар шабакаҳои иҷтимоии Интернет гузошта шуда, пешкаши истифодабарандагон карда мешаванд.

Корҳои ташвиқотӣ ва тарғиботӣ.

Дар доираи нақшаи дохилиидоравии иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуданд, силсилаи корҳои таблиғотию ташвиқотӣ гузаронида шуд. Дар ин раванд:

• силсилаи маводҳои ташвиқотӣ ва фаҳмондадеҳӣ, аз ҷумла "Паёми Пешвои миллат: моҳият ва самтҳои асосии он" ва шиорҳо доир ба ҷашну ташаббусҳои муҳими кишвар: дар боби Наврӯз, масъалаҳои глобалии об, Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ дар шакли китобча таҳия ва нашр гардид.

• маҷмӯи суханрониҳо дар ташвиқу тарғиби сиёсати Президенти кишвар дар мактабҳои олӣ, идораҳои давлатӣ ва ВАО, минтақаҳои кишвар аз 450 миқдор бештар буд.

Такмили ихтисоси кормандони МТС

Кормандони Марказ дар курсҳои такмили ихтисос, аз ҷумла дар хориҷи кишвар: Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон таҳсил намуда, забонҳои хориҷӣ ва ихтисоси худро такмил доданд.

Сипас пиромуни ҳисоботи ироашуда аъзои Шӯрои олимони Марказ, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Кароматулло Олимов, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Абдураҳмон Муҳаммад ва дигар аъзои Шӯрои олимони МТС фикру андешаҳои судманд иброз намуданд. Ҷаласаи Шӯрои олимонро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар ҷамъбасту натиҷагирӣ карда, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фаъолияти Шӯрои олимони Марказ дастуру тавсияҳои муфид пешниҳод намуд.

Хадамоти матбуоти
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон