Асосӣ: Сиёсати дохилӣ Таҳқиқот МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ "ВАЗЪ ВА ОЯНДАБИНИИ ТАЪМИНИ МОЛИЯВИИ РУШДИ ИҚТИСОД ДАР ТОҶИКИСТОН"
+++ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нахустин Муколамаи «Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ-Афғонистон» иштирок намуд +++ ЧАНД ДАСТОВАРДИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2018 +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26.12.2018 12:21, шаҳри Душанбе +++ Дар Душанбе масъалаи шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россияро баррасӣ намуданд +++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1056
mod_vvisit_counterДирӯз1466
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта2522
mod_vvisit_counterДар ин моҳ26048
mod_vvisit_counterҲамагӣ1479084
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Январи
22
Сешанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ "ВАЗЪ ВА ОЯНДАБИНИИ ТАЪМИНИ МОЛИЯВИИ РУШДИ ИҚТИСОД ДАР ТОҶИКИСТОН"

20.12.2018

Рӯзи 19 декабри соли 2018 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи гирд дар мавзӯи "Вазъ ва ояндабинии таъмини молиявии рушди иқтисод дар Тоҷикистон" баргузор гардид. Дар он намояндагони вазорату муассисаҳои дахлдор, донишмандони соҳаи иқтисодиёту ҷомеашиносӣ, коршиносон ва рӯзноманигорони расонаҳои ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд. Мизи гирд бо мақсади баррасӣ намудани ҷараёни иҷрои вазифаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ зикргардида, муҳокимаи тамоюлҳои асосӣ ва самтгирии стратегии рушди бахши молиявии кишвар доир шуд. Дар он вазъи кунунии соҳаи молия, таъмини шароити мусоид барои рушди ин соҳаи муҳим, дурнамои фаъолияти мақомоти молия ҷиҳати маблағгузориҳои лоиҳаҳои афзалиятдошта ва муассисаҳои бонкӣ арзёбӣ гардид.

Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар ифтитоҳ намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва қайд кард, ки вазъ ва ояндабинии таъмини молиявии рушди иқтисод яке аз масъалаҳои ҳаётан муҳим ва мубрами рӯз ба шумор меравад. Аз ин ҷост, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир таваҷҷуҳи худро ба таъмини

молиявии рушду пешрафти иқтисодиёт равона кардааст. Албатта, дар самти таъмини молиявии рушди иқтисод мушкилоту монеаҳо зиёданд. Бинобар ин, дастгирии пешниҳоду иқдомоте, ки ба таъмини самаранокии рафти ислоҳоти иқтисодӣ дар доираи сиёсат ва фазои сармоягузорӣ бо афзалиятҳои соҳавию минтақавӣ барои таъмини молиявии рушди иқтисодиёти кишварамон кумак мерасонанд ва баргузории чунин нишасту ҳамоишҳои илмиву амалӣ бо ширкати намояндагони масъули вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, коршиносону мутахассисони варзидаи иқтисодиёт барои ҳалли мушкилоти мавҷуда дар ин самт мусоидат менамояд.

Ҳамин тавр, ҳамоиш таҳти барандагии сардори Раёсати масъалаҳои макроиқтисодиии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Расулов ба кори худ шурӯъ намуд. Дар назди ҳозирин директори Департаменти Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Шарипов дар мавзӯи "Низоми бонкӣ ва чораҳои солимгардонӣ", сардори Раёсати идоракунии молиявии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобохон Бобоев дар мавзӯи "Ташаккул ва татбиқи сиёсати буҷавии кишвар", сардори Маркази таҳлилии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайниддин Саидмурод дар мавзӯи " Таҷрибаи омоданамоии дурнамои нишондиҳандаҳои рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ барои давраҳои миёнамуҳлат", Мушовири калони котиботи Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳра Марҷонова дар мавзӯи "Таъмини ислоҳот дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ", сардори шуъбаи рушди маъмурикунонии андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Собир Вазиров дар мавзӯи "Имтиёзҳои андозӣ ва хавфҳои эҳтимолии онҳо" суханронӣ намуданд ва ба саволҳои иштирокчиёни Мизи гирд посухҳои қаноатбахш доданд. Сипас пиромуни маърӯзаҳо дар фазои озод мубодилаи афкор, саволу ҷавоб ва изҳори назар сурат гирифт. Мизи гирдро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар натиҷагирӣ ва ҷамъбаст намуда, таъкид намуд, ки ин нишасти илмию амалӣ барои беҳтар гардидани вазъи таъмини молиявии рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

Хадамоти матбуоти Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон