Асосӣ: Сиёсати хориҷӣ Масъалаҳо ва дурнамои татбиқи самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити нави байналмилалӣ
+++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++ Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ: вазъият ва дурнамо +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара +++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар мубориза бо терроризм ва экстремизм +++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти мубориза бо терроризм +++ ТАБРИКОТИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон +++ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Суан Фук мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз537
mod_vvisit_counterДирӯз2491
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта5022
mod_vvisit_counterДар ин моҳ37610
mod_vvisit_counterҲамагӣ1680933
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Июни
19
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Масъалаҳо ва дурнамои татбиқи самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити нави байналмилалӣ

04.12.2018

Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои боз» буда, имрӯз кишвари мо бо тамоми давлатҳои ҷаҳон ҳамкории хубу ягона ва мутақобилан судманд ба роҳ мондааст. Ин нуктаро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар дар ҳамоише, ки имрӯз дар Душанбе дар мавзӯи «Масъалаҳо ва дурнамои татбиқи самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити нави байналмилалӣ» баргузор гардид, баён дошт.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар конфронси илмӣ коршиносони ниҳодҳои дахлдори давлатӣ, вазоратҳо, марказҳову пажӯҳишгоҳҳои илмӣ -тадқиқотӣ ширкат варзиданд.

Худобердӣ Холиқназар изҳор дошт, ки «бо заҳматҳои шабонарӯзии халқи азизамон, ки аз сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, чархаи аввали иншооти таърихии Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор шурӯъ намуд. Бо фаъолияти он мо имрӯз ба истиқлолияти энергетикӣ, яъне шароити асосии ҳалли масъалаҳои муҳимтарини иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва дар айни замон ба тавсеаи ҳамкории минтақавӣ хеле наздик шудем».

Зикр гардид, ки дар зарфи солҳои Истиқлолияти давлатӣ сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ташаккул ёфта, Тоҷикистон бо ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ, хусусан иқдомҳои ба соҳаи об нигаронидашуда ҳамчун кишвари пешсаф дар арсаи байналмилалӣ мақоми шоиста касб кард. Имрӯз Тоҷикистон аз сӯи созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносон ҳамчун босуботтарин давлат дар минтақа арзёбӣ гардидааст, ки ин раванд аз дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

Дар ҳамоиш ҳамзамон иброз гардид, ки ташаббусҳои роҳбари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон танҳо ба масъалаҳои об маҳдуд нагардида, Сарвари давлати мо зимни суханрониҳояшон аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ доимо дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим, мубориза бо зуҳуроти номатлуб- ифротгароӣ, терроризм, қочоқи маводи мухаддир, бекорӣ, бесаводӣ, авзои Афғонистон, хусусан бозсозии он ва рӯ овардан ба «иқтисоди сабз» ҷомеаи ҷаҳониро ба муттаҳидию ҳамкорӣ даъват менамоянд. Ин баёнгари нақш ва фаъолияти Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст.

Дар ҳамоиш дастовардҳои сиёсати хориҷии кишвар дар замони муосир, таъмини амнияти комили миллӣ ва вобастагии он ба сиёсати хориҷии кишвар, таҳлили вазъ ва роҳҳои такмили идоракунии сиёсати хориҷии мамлакат, ҳамкории байнидавлатии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, дурнамо ва мушкилот, арзёбии дастовардҳо дар рушди ҳамкорӣ бо шарикони стратегӣ дар мисоли Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.