Асосӣ: Сиёсати дохилӣ Таҳқиқот Тоҷикистон дар самти расидан ба истиқлолияти энергетикӣ қадамҳои устувор мегузорад. Ин нукта имрӯз дар суҳбати атрофи «Мизи гирд» дар МТС баён гардид
+++ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нахустин Муколамаи «Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ-Афғонистон» иштирок намуд +++ ЧАНД ДАСТОВАРДИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2018 +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26.12.2018 12:21, шаҳри Душанбе +++ Дар Душанбе масъалаи шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россияро баррасӣ намуданд +++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1008
mod_vvisit_counterДирӯз1466
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта2474
mod_vvisit_counterДар ин моҳ26000
mod_vvisit_counterҲамагӣ1479036
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Январи
22
Сешанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Тоҷикистон дар самти расидан ба истиқлолияти энергетикӣ қадамҳои устувор мегузорад. Ин нукта имрӯз дар суҳбати атрофи «Мизи гирд» дар МТС баён гардид

30.11.2018

Бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтани агрегати нахустини Неругоҳи барқи обии «Роғун» нишони он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти расидан ба яке аз ҳадафҳои олии стратегии худ – истиқлолияти комили энергетикӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Ин нукта зимни ифтитоҳи суҳбати атрофи «мизи гирд», ки таҳти унвони «Дурнамо ва масъалаҳои стратегии рушди энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, баён гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҷамъомади мазкур намояндагони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати саҳомӣ- холдинии кушодаи «Барқи тоҷик», Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика, Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи иншооти гидротехникӣ ва коршиносони соҳа иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки ҷамъомад ба ифтихори мавриди истифода қарор додани агрегати нахустини Неругоҳи барқи обии «Роғун» доир карда шуд. Мақсад аз баргузории он баҳодиҳии иқтидор, муайян намудани вазифаҳои асосии соҳа ва монеаҳо дар рушди энергетикии Тоҷикистон, дурнамо ва таҳлили сиёсати дарозмуддати рушди стратегии бахши энергетикии мамлакат дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 мебошад.

 

«Тибқи дурнамои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 Тоҷикистон тасмим гирифтааст иқтидори энергетикии худро ба 10 ҳазор мегаватт баробар намояд. Айни замон бо ба кор даровардани агрегати нахустини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ин нишондиҳанда тақрибан ба 6 ҳазор мегаватт расид», — иброз дошт муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода.

Номбурда зикр намуд, ки Тоҷикистон ният дорад дар ин муддат интиқоли неруи барқро ба давлатҳои ҳамсоя солона то 10 миллиард киловатт-соат расонад.

«Яъне мамлакати мо тасмим гирифтааст, ки худро ҳамчун тавлидкунандаи неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза дар минтақа муайян созад. Аз ҳисоботи соли 2018 бармеояд, ки мо тавонистем имсол зиёда аз 2,3 миллиард киловатт-соат неруи барқ ба кишварҳои ҳамсоя интиқол диҳем. Пас аз татбиқ гардидани лоиҳаи минтақавии интиқоли барқи «КАСА-1000» имкон пайдо мешавад, ки ин нишондиҳанда то ба 5-6 миллиард киловатт-соат расонида шавад»,-илова намуд Ҷамшед Шоимзода.

Чанде қабл сардори маркази матбуоти Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки «солҳои охир дар фасли тобистон ҳангоми пурра таъмин будани аҳолии мамлакат бо неруи барқ боқимондаи он ба давлатҳои ҳамсоя — Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон интиқол дода мешавад».

Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат сохтмони чандин неругоҳҳои хурду бузург то андозае тавонист дар самти расидан ба истиқлолияти энергетикӣ замина гузорад.

Дар ин маврид дар ҷамъомади мазкур гуфта шуд, ки «бунёди неругоҳҳои барқии обии «Сангтӯда 1» ва «Сангтӯда 2», оғози татбиқи лоиҳаи КАСА — 1000, таҷдиди Неругоҳи барқи обии Норак, мавриди истифода қарор додани дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 220 ва 500-киловолта дар шаҳри Норак, бунёди зеристгоҳи барқии «Лолазор», Хати интиқоли барқи баландшиддати 220-киловолтаи «Лолазор — Хатлон», Зеристгоҳи барқии «Хатлон», Хати интиқоли барқи баландшиддати 500-киловолтаи «Ҷануб Шимол», ба истифода додани навбати аввал ва дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе аз ҷумлаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошанд, ки то имрӯз амалӣ гардиданд».

Ёдовар мешавем, ки ҳоло иқтидори энергетикии Тоҷикистон хеле назаррас буда, дар як сол қариб 17 миллиард киловатт-соатро ташкил медиҳад.