Асосӣ: Сиёсати дохилӣ Таҳқиқот Мизи гирд дар мавзӯи "Тоҷикистон ва ҷаҳони ислом: хусусият ва дурнамои ҳамкориҳо"
+++ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нахустин Муколамаи «Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ-Афғонистон» иштирок намуд +++ ЧАНД ДАСТОВАРДИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2018 +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26.12.2018 12:21, шаҳри Душанбе +++ Дар Душанбе масъалаи шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россияро баррасӣ намуданд +++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1029
mod_vvisit_counterДирӯз1466
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта2495
mod_vvisit_counterДар ин моҳ26021
mod_vvisit_counterҲамагӣ1479057
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Январи
22
Сешанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Мизи гирд дар мавзӯи "Тоҷикистон ва ҷаҳони ислом: хусусият ва дурнамои ҳамкориҳо"

29.11.2018

Рӯзи 28 ноябри соли 2018 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи гирд дар мавзӯи "Тоҷикистон ва ҷаҳони ислом: хумусият ва дурнамои ҳамкориҳо" баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои давлатии Тоҷикистон, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, олимону коршиносони масоили байналмилалӣ ва васоити ахбори ватанӣ ширкат варзиданд.

Мизи гирдро бо сухани муқаддимавӣ муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров кушода, баргузории чунин ҳамоишро барои мустаҳкам гардидани ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мамолики ҷаҳони ислом муҳим арзёбӣ кард. Ӯ қайд намуд, ки ки рушди ҳамкориҳо бо кишварҳои мусулмонӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, кишвари мо ҳамеша ба ҳайси узви Конфронси исломӣ аз тарҳҳои ҳамгироӣ дар ҷаҳони ислом ҳимоят ва мусоидат менамояд. Имрӯз кишварҳои мусулмониро на танҳо ҷуғрофия ва таърихи умумӣ, балки манфиатҳои муштарак дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, амниятӣ ва ғайра муттаҳид месозанд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи давлатҳои фаъол дар раванди ҳамгироии мамолики мусулмонӣ ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт махсусан, бо Бонки Исломии Рушд дар амалӣ гардидани тарҳу лоиҳаи муфид ҳамкорӣ ва равобити зичро ба роҳ мондааст.

Сипас котиби илмии Маркази тадқиқоти исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳрамбек Маҳрамбеков дар мавзӯи "Бархӯрди дидгоҳҳои кишварҳои мусалмонӣ дар самти таъмини амнияти минтақа", сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии Маркази тадқиқоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқназар Муъмин дар мавзӯи "Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо кишварҳои арабиии Халиҷи Форс", мудири шуъбаи пажӯҳиши исломи муосири Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмщои фалсафа Қамар Нурулҳақов дар мавзӯи "Бинишҳои мухталиф доир ба масъалаи ҳизбҳои динӣ-сиёсӣ дар ҷаҳони ислом" суханронӣ намуданд.

Иштирокчиёни ҳамоиш пиромуни суханрониҳои ироашуда озодона фикру андешаҳои худро баён намуданд. Маърӯзачиён дар навбати худ ба суолҳои ҳозирин посухҳои қаноатбахш доданд.

Дар кори мизи гирд мушовири Раёсати кишварҳои Осиё ва Африқои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дипломати собиқадор Салоҳиддин Насриддинзода ширкат варзид ва дар мавзӯи "Тоҷикистон ва ҷаҳони ислом: хусусият ва дурнамои ҳамкориҳо" фикру андешаҳои сӯдманд иброз кард.

Мизи гирдро муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров натиҷагирӣ ва ҷамъбаст карда, ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъолона арзи сипос намуд.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

Хадамоти матбуоти Маркази

тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон