Асосӣ: Сиёсати дохилӣ Таҳқиқот НЕРУИ РОҒУН – АМНИЯТИ ИҚТИСОДИИ КИШВАР
+++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими «Корвони наврӯзӣ» дар шаҳри Душанбе +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлили ҷашни Наврӯз +++ Манфиати абарқудратҳо дар Осиёи Марказӣ: «ҳамкорӣ ё рақобат» +++ Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи XIX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ +++ Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони васоити ахбори оммаи давлатӣ +++ Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 9 феврали соли 2019, №АП-1165 +++ Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир +++ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нахустин Муколамаи «Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ-Афғонистон» иштирок намуд +++ ЧАНД ДАСТОВАРДИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2018 +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26.12.2018 12:21, шаҳри Душанбе +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз602
mod_vvisit_counterДирӯз1536
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта8523
mod_vvisit_counterДар ин моҳ34078
mod_vvisit_counterҲамагӣ1570558
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Марти
23
Шанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

НЕРУИ РОҒУН – АМНИЯТИ ИҚТИСОДИИ КИШВАР

16.11.2018

Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010 бармеояд, ки "барои таъмини амнияти энергетикӣ ва паст кардани сатҳи вобастагии кишвар аз воридоти сӯзишворӣ сарфаю сариштакорӣ захираи муҳим мебошад". Ҳамчунин, вобаста ба иҷрои ин Паём, дар Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон аз 5 январи соли 2010 возеҳу равшан гуфта шуда буд: "Он рӯз дур нест, ки дар партави нури Роғун парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тоҷи зарини давлати тоҷикон ҷилои тоза хоҳад гирифт. Роғун сарчашмаи ифтихори миллии ҳар як фарзанди Тоҷикистон ва рамзи сарбаландии имрӯзу фардои мост".

Ҳамаи ин шаҳодати заҳматҳои содиқона ва фидокоронаи Пешвои миллат барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ аст ва ҳар як шаҳрванди мамлакат ва сохторҳои дахлдори давлатӣ бояд самаранок ва бо масъулияти баланд, бовиҷдонона сохтмони ин неругоҳ ва истифодаи ин соҳаи тақдирсози миллиро амалӣ намоянд.

Имрӯзҳо бунёду барқарорсозии иншооти ҳаётан муҳими кишвар, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии Роғун босурат идома дорад ва ба як ҳашари умумимиллӣ табдил гаштааст, ки дар он беш аз 14 ҳазор нафар ва 1,5 ҳазор техника ва механизм шабу рӯз фаъолият доранд. Аз ин лиҳоз, мардуми шарафманди кишвар дар ин раванди хеле мураккаб ва пурҳаводис бояд на танҳо асолати миллии худро ҳифз намояд, балки бо заҳмати созанда ва содиқонаю софдилона рушди сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии давлати соҳибистиқлоламонро таъмин менамоянд.

Неругоҳи барқи обии Роғун Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба мамлакати содиркунандаи барқ табдил медиҳад ва ин захираи бузурги иқтисодӣ мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва қисман мамлакатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, махсусан, Афғонистон, Покистонро ба неруи барқ таъмин менамояд, ки дар дар доираи лоиҳаи байналмилалии энергетикии "КACА–1000" бо маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ, аз охири соли 2018 оғоз шудааст, амалӣ мешавад.

Ҳамчунин, Ҳукумати Тоҷикистон бо вуҷуди душвориҳои зиёди иқтисодиву молиявӣ қотеъона саъй ва талош намуд, ки ормони деринаи миллатро доир ба анҷом расондани сохтмони неругоҳи азими аср ба ҳақиқат табдил диҳад. Аз ҳамин ҷост, ки 16 ноябри 2018 агрегати аввалини ин неругоҳи бузург ба кор дароварда шуд. Дар маҷмӯъ, дар натиҷаи пурра ба кор даровардани Неругоҳи барқи обии Роғун, Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият пайдо мекунад, ки то 8–10 млрд. кВт.соатро содирот намуда, ба буҷаи давлат (ба миқёси соли 2018) то 30 дарсади маблағи изофӣ ворид намояд. Ин шаҳодати ба амнияти энергетикӣ расидани кишвар ва ба яке аз давлатҳои содиркунандаи неруи барқ дар минтақа табдил ёфтани Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Ҳоло сохтмони ин иншооти барои ҷумҳурии мо тақдирсоз ба корзори заҳмати созанда, майдони ҳиммату ҷавонмардӣ, арсаи озмоиши нангу номус ва гузашта аз ин, ба ғояи миллии мо табдил ёфтааст, чунки Роғун на танҳо манбаи нуру рӯшноӣ, балки номуси миллӣ, шарти иқтидору пойдории давлат ва омили асосии таъмини амнияти миллат ва давлати Тоҷикистон мебошад.

Бинобар ин, вақти он расидааст, ки он ҷонфидоие, ки Пешвои миллат барои ҳифзи пойдории давлати тоҷикон дар ҳифзи амнияти миллӣ ва хизматҳои бузург дар соҳаи амнияти энергетикӣ Неругоҳи барқи обии Роғунро ба номи Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номгузорӣ кардан, аз рӯйи мантиқ ва адолат аст. Ин номи пуршараф ҳар фарде, ки дар бунёди неругоҳи бузурги асри бисту як дар оянда фидокорона заҳмат мекашад, ғайрат ва эҳтироми ватандӯстияшро афзун мегардонад.

Акбархон Акрамхонов,
мутахассиси пешбари Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон