Асосӣ: Сиёсати дохилӣ Таҳқиқот ТАВСИФИ МУХТАСАРИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ РОҒУН
+++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими «Корвони наврӯзӣ» дар шаҳри Душанбе +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлили ҷашни Наврӯз +++ Манфиати абарқудратҳо дар Осиёи Марказӣ: «ҳамкорӣ ё рақобат» +++ Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи XIX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ +++ Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони васоити ахбори оммаи давлатӣ +++ Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 9 феврали соли 2019, №АП-1165 +++ Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир +++ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нахустин Муколамаи «Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ-Афғонистон» иштирок намуд +++ ЧАНД ДАСТОВАРДИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2018 +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26.12.2018 12:21, шаҳри Душанбе +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз540
mod_vvisit_counterДирӯз1536
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта8461
mod_vvisit_counterДар ин моҳ34016
mod_vvisit_counterҲамагӣ1570496
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Марти
23
Шанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ТАВСИФИ МУХТАСАРИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ РОҒУН

16.11.2018

• Нақши Президенти кишвар дар бунёди Неругоҳи барқи обии Роғун. Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таъмини зиндагии шоиста барои мардуми шарафманди тоҷик се самти асосию стратегиро дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд, ки бо татбиқи пурраи онҳо Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои пешрафтаву тараққикарда мубаддал мегардад.

Аз ҷумла, 26 сентябри соли 2005 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи корҳои бунёдкорию созандагии худ, ки аз сиёсати ватандӯстонаи он кас сарчашма мегиранд, ба шаҳри Роғун сафар карда, дар маросими оғози расмии корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии Роғун иштирок намуда, баён доштанд: "Сохтмон ва ба истифода додани ин иншооти азими стратегӣ ҷаҳиши бузурге дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон мебошад".

Дар давоми солҳои 2006–2016 қариб ҳар сол бо мақсади аз наздик шинос гардидан ба

вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷамъиятиву сиёсии шаҳри Роғун ва пешбурди корҳои сохтмонӣ дар НБО-и Роғун Президенти кишвар чандин маротиба ба ин шаҳр сафар карда, зимнан дастуру супориш ва ҳидоятҳои заруриро ба масъулин доданд.

 

Моҳи октябри соли 2016 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол, махсусан сохтмони НБО-и Роғун падидаи хотирмон ба амал омад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан бо идора кардани техникаи вазнин–булдозер ба бунёди сарбанди НБО-и Роғун ҳусни оғоз бахшиданд.

Дар таърихи 10 майи соли 2017 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷаи корҳои сохтмонӣ дар нақби нақлиётии Т-22 шиносоӣ пайдо карданд. Хабар дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар нақби нақлиётии Т-22 ба итмом расида, дар маҷмӯъ, корҳои нақбканӣ 157286 м3 ва дар ҳаҷми 32865 м3 метри мукааб ҳобонидани бетони конструктивӣ иҷро гардидааст.

Дар санаи 26 июли соли 2018 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлили корҳои иҷрошуда ва омодагӣ барои ба истифода додани навбати агрегати аввали неругоҳ ба роҳбарияти неругоҳ барои таҳияи нақшаи чорабинӣ доир ба истифода додани навбати аввали Неругоҳи барқи обии Роғун дар фасли тирамоҳи соли ҷорӣ супоришҳои мушаххас доданд.

Бо супориш ва назорати бевоситаи Президенти кишвар аз аввали корҳои барқарорсозию сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун аз буҷети кишвар ба ин иншоот дар ҳаҷми 21 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Дар маҷмӯъ, албатта, бо талошу заҳматҳои Пешвои миллат сохтмони Роғун идома дорад ва ин рамзи ғалаба, рамзи оштист, воситаи муҳими амалӣ шудани орзуҳои тоҷикон дар бобати мамлакати мустақилу пешрафта ва ҷомеаи адолатпарвар мебошад.

• Иқтидор ва имкониятҳои техникии иншооти бузург. Неругоҳи барқи обии Роғун ба силсилаи иншоотҳои энергетикии Вахш дохил аст. Он яке аз бузургтарин иншооти гидроэнергетикии ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Иқтидори лоиҳавии неругоҳ ба 3600 МВт баробар буда, он аз шаш агрегати 600 МВт ва баландии сарбанди он 335 метр мебошад. Дар марҳалаи аввали сохтмони сарбанд баландии он то 135 метр бардошта шуда, дар марҳалаҳои оянда пай дар ҳам иншоот то 335 метр сохта мешавад. Дар доираи марҳалаи аввали бунёди сарбанд ду агрегати Рогун ба кор дароварда мешавад.

Ин неругоҳ дар ҳолати пурра ба кор даромаданаш дар як сол метавонад 13,1 млрд. квт-соат неруи барқ ҳосил кунад.

Сарбанд бояд обанбори калон бо ҳаҷми умумӣ 13,3 км3 ва ҳаҷми истифодашаванда 8,6 км3-ро ташаккул намояд. Обанбор дар давоми 13 сол пур карда мешавад. Истифодаи обанбори мазкур барои эҳтиёҷоти энергетикӣ ва обёрии заминҳои лалмӣ пешбинӣ мегардад.

Сохтмони НБО-и Роғун ба марҳалаҳо тақсим мешавад. Иқтидори агрегати якум дар марҳалаи аввал бо истеҳсоли 100 МВт (дар зимистон) ва 200 МВт (тобистон) қувваи барқ мебошад. Ҳамзамон, дар агрегати дуюми неругоҳ низ корҳо пеш рафта истодаанд. Бо дарназардошти технологияи баистифодадиҳию иҷро аз рӯйи нақша бояд баъд аз чаҳор моҳ (баҳори соли 2019) ин агрегат ҳам ба истифода дода шавад.

• Таърихи ташаккул ва амалишавии лоиҳаи НБО-и Роғун. Неругоҳ ҳанӯз соли 1930 ба нақша гирифта шуда, соли 1960 корҳои омӯзишӣ ва соли 1976 бунёди он оғоз шуд. Сохтмони сарбанди неругоҳ соли 1987 шурӯъ гардида, баландиаш то соли 1993 ба 40 метр расид. Аз соли 1976 то соли 1993 корҳои зиёди сохтмони неругоҳи мазкур, аз қабили кандани нақби асосии зери сарбанду нақбҳои обпарто анҷом ёфтанд. Дар ин муддат зиёда аз 43 дарсади тамоми корҳои сохтмонии ин иншооти азим анҷом дода шуда буд, вале баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун қатъ гардид.

Дар санаи 23 июни соли 1993 сели даҳшатнок дарёи Вахшро банд кард ва дар натиҷаи аз кор баромадани дарғоти нақби №2, дарғоти чиҳилметраи неругоҳро об шуста хароб кард. Заҳмати беш аз бистсола баякборагӣ зери селовард монд. Танҳо соли 2004 сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун шурӯъ гардид. Бо ҳамин мақсад ширкати "Роғунсервис" таъсис ёфт ва корҳоро ҷиҳати муаяйн намудани вазъи баамаломада дар сохтмон, барқарорсозии роҳҳо ва таъмири манзилҳои истиқоматӣ барои мутахассисон ва ғайра оғоз бахшиданд.

Соли 2007 сохтмони НБО-и Роғун аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ аз нав оғоз гардид. Дар таърихи 27 августи соли 2007 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳмдории ягонаи давлату ҳукумат Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии Роғун таъсис дода шуд.

Доир ба лоиҳаи Роғун ва ниятҳои неки ҳамсоядорӣ ба ҷумҳуриҳои ҳамҷавор ҳануз соли 2007 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Бонки Ҷаҳонӣ барои гузаронидани тадқиқоти лоиҳаи сохтмони НБО-и Роғун расман муроҷиат намуд. Тибқи ҷамъбасти натиҷаҳои тендери байналмилалӣ Консорсиуми байналмилалӣ бо раҳбарии ширкати фаронсавии "Коен-эн-Беллиер Консалтинг Инҷения" ҳамчун паймонкор (пудратчӣ) ва ширкатҳои итолиявии "Электроконсалт” ва британии "Ҷи-пи-эй Энерҷи Ватер Консалтинг" барои гузаронидани ташхиси мустақили асосноккуниии техникую иқтисодӣ (шартномаи аз 8 феврали соли 2011) ва ширкати шветсарии "Пойри Энержи" барои баҳодиҳии таъсири экологию иҷтимоӣ (шартнома аз 25 марти соли 2011) интихоб гардиданд.

То соли 2014 ташхиси муфассали ҷанбаҳои техникӣ, экологӣ ва иҷтимоӣ, иҷтимоию иқтисодии лоиҳаи Роғун баргузор гардид. Ҳамзамон дар давоми солҳои 2011–2014 силсилаи муҳокимаҳои кушод бо иштироки кишварҳои ҳамсарҳад доир ба масъалаҳои таҳдиду хатарҳои имконпазир пайваста бо сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун бо гузориши натиҷаҳои пешакии арзёбии лоиҳа таъмин гардид.

Дар ҳисоботи худ мушовирони ширкати "Пойри Энержи" ва "Коен-эн-Беллиер Консалтинг Инҷения" ба хулоса омаданд, ки бунёди НБО-и Роғун бо баландии сарбанди 335 метр беҳтарин ва аз лиҳози иктисодӣ манфиатовар мебошад.

Дар моҳи июни соли 2014 ҳисоботи пешакии Бонки Ҷаҳонӣ доир ба лоиҳаи Роғун пешниҳод гардид, ки бехатар ва манфиатнок будани ин иншооти бузургро тасдиқ намуд.

• Аҳамияти НБО-и Роғун. Бо вориди навбати аввали неругоҳ, яъне агрегати якум ноябри соли 2018 ва агрегати дуюм моҳи апрели соли 2019, неруи барқи истеҳсолшуда ба системаи энергетикии кишвар интиқол дода хоҳад шуд.

Аҳамияти НБО-и Роғун боз дар он аст, ки:

– бо истифодаи неруи барқи ин иншоот рушди силсилаи корҳонаҳои азими саноатӣ имконияти хеле хуб пайдо менамояд, ки дар навбати худ сатҳи рушди кишварро ба сатҳи баландтар мебардорад, ба ташаккули иқтисодиёти индустриалӣ – аграрӣ мусоидат менамояд;

–барои истеҳсоли "неруи сабз", яъне пешгирӣ кардани партовҳои зарарнок ба муҳити зист ва риояи меъёрҳои муосири экологӣ имконияти беҳтарин муҳайё месозад;

– имконияти содиротии кишвар афзун мегардад, аз ҷумла дар доираи лоиҳаи "КАСА–1000", ки ба афзоиши содироти неруи барқ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба бозорҳои ниёзманди энергетикии Афғонистон ва Покистон мусоидат менамояд. Ин лоиҳа ҳам аз нигоҳи татбиқи меъёрҳои тиҷоратӣ ва ҳам аз лиҳози истифодаи воситаҳои технологӣ беҳамтост. Ҳамзамон, Тоҷикистон имкон дорад, ки тавассути афзоиши иқтидорҳои тавлиди неруи барқи худ интиқоли онро тамоми сол таъмин намояд.

Пешбинӣ мешавад, ки то соли 2030 иқтидори энергетикии кишвар аз 17 то 45 миллиард киловатт-соат дар як сол ё қариб 3 баробар афзоиш ёфта, ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии фаъолияти сохторҳои соҳа ислоҳоти ҷиддӣ роҳандозӣ шуда, содироти неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаро ба кишварҳои ҳамсоя тавассути хатҳои минтақавии интиқоли неруи барқ, аз ҷумла "КАСА–1000" то 10 миллиард киловатт-соат афзун мегардад.

Таҳиягар Фарида Муминова