Асосӣ: Сиёсати дохилӣ Таҳқиқот СЕ ИБРАТИ РОҒУН ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
+++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими «Корвони наврӯзӣ» дар шаҳри Душанбе +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлили ҷашни Наврӯз +++ Манфиати абарқудратҳо дар Осиёи Марказӣ: «ҳамкорӣ ё рақобат» +++ Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи XIX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ +++ Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони васоити ахбори оммаи давлатӣ +++ Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 9 феврали соли 2019, №АП-1165 +++ Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир +++ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нахустин Муколамаи «Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ-Афғонистон» иштирок намуд +++ ЧАНД ДАСТОВАРДИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2018 +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26.12.2018 12:21, шаҳри Душанбе +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз530
mod_vvisit_counterДирӯз1536
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта8451
mod_vvisit_counterДар ин моҳ34006
mod_vvisit_counterҲамагӣ1570486
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Марти
23
Шанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

СЕ ИБРАТИ РОҒУН ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

16.11.2018

Дар шароити имрӯзаи рушди кишвар таҳкими пояҳои соҳибихтиёрӣ аз масъалаҳои усулии давлатдорӣ ба шумор меравад, зеро барои давлатҳо дар вазъи кунунии ҷаҳон бисёр муҳим аст, ки омилҳои заминасози истиқлолияти давлатии худро тақвият бахшанд ва имконоти мавҷудаи табиӣ ва инсониро барои рушди он васеъ истифода кунанд.

Сиёсати имрузаи байналмилалӣ як силсила ибратҳои гуногунро барои мо муаррифӣ мекунад, ки сиёсатмадорони ҷаҳон барои амалӣ намудани ташаббуси худ ё ин ки ҳифзи дастоварди мавҷуда иқдомҳои гуногунро рӯи даст мегиранд ва он пеш аз ҳама барои тақвияти иқтидори давлатӣ равона шудааст. Ҳар давлат вобаста ба дарки ҷойгоҳи худ дар сиёсати минтақавӣ ва ҷаҳонӣ барномаи рушдро таҳия ва дар амал татбиқ менамояд, ки он барои ба саодат расонидани шаҳрвандон нигаронида шудааст.

Пӯшида нест, ки дар се даҳсолаи Истиқлолияти давлатӣ, Тоҷикистон ба як қатор дастовардҳои усулӣ ноил гардид, ки ҳамаи онҳо таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи даст омаданд. Рушд ва таҳкими дастовардҳои соҳибихтиёрии давлатӣ барои наслҳои минбаъда фазои озод ва шароити мусоидро ба вуҷуд меорад, ки дар дарозмуддат дар ҳифзу татбиқи манфиатҳои миллии Тоҷикистон

мақоми калидӣ доранд. Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат ноил ба он гардид, ки рӯзи 16 ноябр аввалин чархи Неругоҳи барқию обии Роғун ба кор дароварда мешавад. Лоиҳаи мазкур дар ду даҳсолаи охир бо дарназардошти шароити номусоиди минтақавӣ ва таъсири мустақиму ғайримустақими қудратҳои гуногун бо иродаи қавӣ ва эҳсоси амиқи тафаккури давлатӣ дар амал татбиқ карда шуд. Ҳодисаи мазкурро метавон гардиши усулӣ дар рушди давлатдории миллӣ дар Тоҷикистон номбар кард, ки баъди он кишвари мо ба марҳилаи комилан дигари рушд ворид мегардад ва ояндаи дурахшону босаодати миллиро таъмин месозад. Анҷоми корҳои асосӣ ва ба фаъолият шуруъ намудани чархи аввалини НБО-и Роғун чанд ибрати ҷиддиро муаррифӣ мекунад, ки барои рушди ояндаи Тоҷикистон ва тақвияти таҷрибаи миллии давлатдорӣ аҳамияти стратегӣ дорад:

Нахуст, Тоҷикистон исбот намуд, ки дар самти давлатдорӣ ва давлатсозӣ таҷрибаи худиро ба вуҷуд овардааст, ки он барномарезӣ намудани рушди кишвар дар дурнамои дарозмуддат мебошад. Таҳия ва дар амал татбиқ намудани чунин барномаҳо аз ду омил, яъне: якум, иродаи қавии роҳбарияти олии сиёсии мамлакат ва дуюм, заминаи иҷтимоии он дар дохили кишвар, яъне дастгирии ҳамаҷонибаи шаҳрвандон аз иқдому сиёсати элитаи сиёсӣ бо дарназардошти маҳрумиятҳо ва дарки зарурати он барои рушди минбаъдаи мамлакат вобаста аст.

Тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, вазъи мураккаби ҷаҳони муосир тақозо дорад, ки давлат барномаи комилан миллӣ ва дохилии рушдро дошта бошад. Тавре аз фалсафаи сиёсат бармеояд, агар давлат барномаи вижа надошта бошад, пас аз рӯи барномаи дигарон пеш меравад. Шароити дуюм дар дарозмуддат хатари ҷиддиро барои татбиқи манфиатҳои миллӣ ва умуман соҳибихтиёрии давлатӣ ба вуҷуд меорад.

Ибрати ба фаъолият шуруъ намудани чархи аввали Роғун собит мекунад, ки Тоҷикистон бо дарназардошти таҳдиду хатарҳои муосир ва ғайриқобили пешбинӣ гардидани равандҳои сиёсати ҷаҳонӣ бар хилофи сиёсати инерсионӣ амалан сиёсати фаъоли миллиро барои таҳкими Истиқлолияти давлатӣ дар дарозмуддат рӯйи даст гирифтааст. Чунин сиёсати миллӣ бо барномарезии рушди стратегии давлат дар дурнамо барои ҳифзу татбиқ гардидани манфиатҳои дарозмуддати миллӣ таъсири мусбат мерасонад.

Дуюм, ибрати Роғун таҷрибаи давлатдории миллӣ дар кишварро таҳким бахшида, барои муаррифии Тоҷикистон ҳамчун давлати собит далели ҷиддӣ мебошад. Таҳлили фазои иттилоотӣ нишон медиҳад, ки перомуни кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ истилоҳоти гуногуни манфӣ истифода мешавад, ки дар умум барои камранг нишон додани дастовардҳои мавҷудаи замони истиқлолият равона шудаанд. Бар хилофи ин гуна ақидаҳо, таърихи сиёсии Тоҷикистон дар замони истиқлол, мавҷудияти барномаҳои давлатии рушди устувор (амалӣ гардидани Стратегияи миллии рушд то соли 2015, таҳия ва дар ҳоли татбиқ қарор доштани Стратегияи миллии рушд барои то соли 2030 ва дар раванди таҳия қарор доштани Консепсияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2050) собит месозад, ки кишвари мо аз имтиҳони ҷиддии таърих гузашта, ваҳдат ва ягонагии миллиро устувор намуд ва суботу амниятро тақвият бахшид. Худи ин дастовард далели давлати собит будани Тоҷикистон мебошад. Ибрати Роғун паҳлуи дохилӣ ва хориҷии мафҳуми давлати собитро баръало равшан ва асоснок менамояд.

Сеюм, ибрати Роғун нишондиҳандаи сиёсати хориҷии муваффақи кишвар аст, ки боназардошти тамоми фишору шароити номусоиди минтақавӣ дар амал татбиқ карда шуд. Маҳз дарк гардидани анҷоми бунёди НБО-и Роғун ҳамчун абзори муҳими татбиқи манфиатҳои миллӣ дар шароити муосир аз амалкардҳои давлатӣ дар сиёсати минтақавӣ ва байналмилалӣ шаҳодат медиҳад. Агар кори ҷисмониро муҳандисону коргарони зиёд дар бунёди Роғун ба анҷом расонида бошанд, пас ҷабҳаи бисёр мушкилу пурхатари сиёсати минтақавӣ ва байналмилалиро дипломатҳои кишвар ва таҳлилгарони миллӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат дар дӯш доштанд. Аз ин рӯ, метавон хулоса намуд, ки кишвари мо дар самти ҳифзу татбиқи пайгиронаи манфиатҳои миллӣ дар арсаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ соҳиби таҷрибаи ҷиддӣ гардид, ки ин шароит дар дарозмуддат ҷиҳати амалисозии барномаҳои дигари стратегии мамлакат хизмати арзандаро иҷро хоҳад кард.

Дар умум, оғози фаъолияти НБО-и Роғун гардиши усулиро дар шинохти давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон ба вуҷуд меорад ва шароити арзанда ва мувофиқро барои ребрендинг (симосозии навин)-и кишвар ҳамчун давлати собит ва дорои имконияти васеъи инсонию табиӣ муаррифӣ менамояд. Дар дарозмуддат метавон интизор шуд, ки ба тадриҷ имиҷи мусбати Тоҷикистон ташаккул ва тақвият дода мешавад.

Шералӣ Ризоён,
номзади илмҳои сиёсӣ, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии
сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон