Асосӣ: Маркази матбуот "ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ҶАВОНОН"
+++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими «Корвони наврӯзӣ» дар шаҳри Душанбе +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлили ҷашни Наврӯз +++ Манфиати абарқудратҳо дар Осиёи Марказӣ: «ҳамкорӣ ё рақобат» +++ Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи XIX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ +++ Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони васоити ахбори оммаи давлатӣ +++ Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 9 феврали соли 2019, №АП-1165 +++ Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир +++ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нахустин Муколамаи «Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ-Афғонистон» иштирок намуд +++ ЧАНД ДАСТОВАРДИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2018 +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26.12.2018 12:21, шаҳри Душанбе +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз638
mod_vvisit_counterДирӯз1536
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта8559
mod_vvisit_counterДар ин моҳ34114
mod_vvisit_counterҲамагӣ1570594
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Марти
23
Шанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

"ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ҶАВОНОН"

16.11.2018

Дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кор даровардани агрегати нахустини Неругоҳи барқи обии Роғун китоби Аҳтам Абдуллозода, Қиёмиддин Миралиён таҳти унвони "Пешвои миллат бо ҷавонон" зери назари ҳайати таҳририяи Раҳмон Озода Эмомалӣ, Абдуҷаббор Раҳмонзода ва вироиши муҳаррирони масъул Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз, Сайфулло Сафаров бо сарпарастии Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба табъ расид. Муаллифони Ин китоби арзишманд ба "Соли ҷавонон" бахшида шуда, ҳамчун нишонаи ғамхорӣ, меҳрубонӣ, дастгирии пайгирона ва эътимоди падаронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонони кишварамон манзур мегардад.

Дар китоби "Пешвои миллат бо ҷавонон" дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, ки бо ташаббус, дастгирӣ ва дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифтаанд.

Китоби номбурда барои истифода ба доираи васеи хонандагон, аз ҷумла ҷавонон, олимон, сиёсатшиносон, ҷомеашиносон, сиёсатмадороон ва коршиносон пешниҳод шудааст. Китоби "Пешвои миллат бо ҷавонон" дар шакли ранга ва ороиши баланд дар ҳаҷми 476 саҳифа тавассути Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Фароз" чоп гардидааст.

 

 

 

 

Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон