Асосӣ: Маркази матбуот Дар Душанбе масъалаҳои ташкили мониторинги фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима шуданд
+++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими «Корвони наврӯзӣ» дар шаҳри Душанбе +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлили ҷашни Наврӯз +++ Манфиати абарқудратҳо дар Осиёи Марказӣ: «ҳамкорӣ ё рақобат» +++ Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи XIX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ +++ Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони васоити ахбори оммаи давлатӣ +++ Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 9 феврали соли 2019, №АП-1165 +++ Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир +++ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нахустин Муколамаи «Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ-Афғонистон» иштирок намуд +++ ЧАНД ДАСТОВАРДИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2018 +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26.12.2018 12:21, шаҳри Душанбе +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз530
mod_vvisit_counterДирӯз1536
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта8451
mod_vvisit_counterДар ин моҳ34006
mod_vvisit_counterҲамагӣ1570486
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Марти
23
Шанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Дар Душанбе масъалаҳои ташкили мониторинги фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима шуданд

15.11.2018

Дирӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Масъалаҳои ташкили мониторинги фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъомад баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҷамъомади мазкур намояндагони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» иштирок намуданд.

Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарида Муминова зимни ифтитоҳи ҷамъомад гуфт: «Дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 чор ҳадаф муайян шудааст. Яке аз ин ҳадафҳо таъмин намудани рушди Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ то 7-8 % мебошад. Барои ба ин нишондиҳанда расидан масъулияти хеле баланд лозим аст, чунки иқтисоди ҷаҳон танҳо 2 % зиёд шуда истодааст. Аз ин хотир, барои расидан ба ин ҳудаф ва таъмин намудани рушди устувори иқтисодиёти мамлакат нақши соҳибкорон ва сармоягузорон хеле муҳим мебошад. Ҳамаи заҳмат ва кӯшишҳои зикршуда ба хотири таъмин намудани сатҳи баландтари зиндагонӣ мебошад».

Гуфта шуд, ки мақсади ҷамъомади мазкур аз муҳокимаи стратегияву барномаҳои қабулшуда дар самти фаъолияти соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фаъолияти сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 октябри соли равон зимни суханронии худ дар Форуми байналмилалии соҳибкорӣ — 2018 таҳти унвони «Рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ» зикр намуданд: «Ҳукумати мамлакат вобаста ба фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорон ҳамасола ислоҳоти муҳимро дар самтҳои мухталифи иқтисодиёт, аз ҷумла содагардонии расмиёти бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ, ҳимоя ва дастгирии соҳибкорону сармоягузорон, такмили низоми андозбандӣ, содагардонии санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ амалӣ менамояд».

Зикр шуд, ки бо мақсади мукаммал гардонидани маъмурикунонии андоз ва андозбандӣ моҳи феврали соли ҷорӣ ба Кодекси андоз ва Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Дар маҷмӯъ, тағйиру иловаҳои қабулшуда 30 номгӯй имтиёзу сабукиҳоро дар бар мегиранд, ки ба беҳтар гардидани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар бахшҳои воқеии иқтисодиёт ва соҳаи хизматрасонӣ равона карда шудаанд.

Иштирокдорони ҷамъомад инчунин атрофи мавзӯъҳои «Ислоҳот дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Мониторинги барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2016-2020» ва «Саҳми «Амонатбонк» дар ташаккули фазои сармоягузорӣ» сухан гуфта, атрофи ин масъалаҳо мубодилаи афкор намуданд.