Асосӣ: Сиёсати дохилӣ Таҳқиқот … Корвон ба роҳи худ меравад
+++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++ Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ: вазъият ва дурнамо +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара +++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар мубориза бо терроризм ва экстремизм +++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти мубориза бо терроризм +++ ТАБРИКОТИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон +++ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Суан Фук мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз408
mod_vvisit_counterДирӯз2491
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта4893
mod_vvisit_counterДар ин моҳ37481
mod_vvisit_counterҲамагӣ1680804
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Июни
19
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

… Корвон ба роҳи худ меравад

14.11.2018

(Посух ба баёнияи ПМТ, ки санаи 23.10.2018 дар сомонаи «Паём.нет» нашр шуда)

Аъзои ТЭТ ҲНИ, ахиран бо иваз намудани номи гурӯҳашон «Паймони миллии Тоҷикистон», ёвагӯӣ намуда, худро ғамхори миллат вонамуд месозанд. Ин бадхоҳон, замоне бо ришу мӯйсари баланд, рӯймоли занона ва сарбанди борик аз матои сафеди сон бар сар, зери дастуру супоришҳои хоҷагони хориҷӣ, худ барои курсию мансаб ва хоҷагонашон барои ноором сохтани вазъ, давлати тинҷу ороми тоҷикро оғуштаи хун намуданд, ҳазорон тоҷику тоҷикистониёнро аз хона бе хона, ҳазорон фарзандонро ятим ва ба дили ҳазорон модар ғам ҷо намуданд.

Роҳбарону саркардагони гурӯҳи «Паймони миллии Тоҷикистон» ба ҳамаи ин қонеъ нашуда, бо номи нав лофи ватандорӣ мезананд. Ба мисли шағолони гурусна ҳар гуна ғавғо бардошта, даъвои ҳақиқат доранд. Ҳоло он ки мардум мешиносанд ва медонанд кӣ ҳастанд онҳо ва чӣ мехоҳанд?...

Дар баёнияи «дилсӯзона»-и гурӯҳи «ПМТ» оид ба вазъи ВМКБ омадааст, ки гӯё «Дар Тоҷикистон дубора оташи ҷанге ба монанди ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 1992 - 1997 дар ҳоли зоҳир шудан аст. Мақомоти Тоҷикистон дар як макони ором вазъияти буҳронӣ эҷод кардаанд; вазъияте, ки хунрезиҳои дигар ва кушту кушторҳои шаҳрвандони бегуноҳро дар пай дорад». Ҳол он, ки дар баёнияи «дилсӯзонаи» худ нагуфтаанд, ки кӣ оташи ҷанги шаҳрвандиро барафрӯхт? Кӣ сабабгори оғуштаи хун гардидани давлати тинҷу ороми тоҷикон шуд? Кӣ ҳазорон тоҷику тоҷикистониёнро аз хона бехона, ҳазорон фарзандонро ятим ва ба дили ҳазорон модар ғам ҷо намуда буд? Бале, ташкилоти ТЭТ ҲНИ, кунун худро ғамхору ғамгусори мардум мешуморанд. Бо иваз кардани номи худ ин гурӯҳҳои бадхоҳ аз фикру ақидаи худ нагаштаанд ва мехоханд бо гапҳои сафсати худ боз оташи хусуматро дар дили мардум ҷо намоянд. Ҳар як ноороми ҷанге, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон сар задааст, маҳз дасти роҳбарону саркардагони акнун гурӯҳи «ПМТ» мебошад, ки ҳозир аз хоҷагони худ даъват барои «сулҳу суботу осоиш дар Тоҷикистон» доранд. Фаромӯш аз он кардаанд, ки дар Тоҷикистон сулҳу субот, оромию осудагӣ ҳукмфармост ва мардумаш хоҳони дубора дидани ин «дилсӯзон»-ро надорад.

 

 

Хиёнате, ки саркардагону аъзоёни ин гурӯҳ ба мардуми Тоҷикистон кардаанд ва кардан мехоханд, дар тӯли таърих ягон миллат ва давлате чунин хиёнаткориро надидааст.

Ҳукумати Тоҷикистон барои амну суботи ҷомеа, ободию сарсабзӣ, ба танзим даровардани вазъ дар тамоми манотиқи кишвар чораҳо меандешад. Шумо хоинони миллат фаромӯш кардаед, ки ВМКБ як қисмати ҷудонашавандаи Тоҷикистон ба шумор рафта барои тартиботу ободии он Роҳбарияти олии мамлакат тамоми чораҳоро дар амал татбиқ менамояд.

Мардуми ватандӯсту бошарафи ВМКБ саҳмгузор дар ободию осудагӣ ва тинҷию амонии Тоҷикистон кору фаъолият доранд, барои мардуми дигар минтақаҳои Тоҷикистон бародару хоҳар, падару модар ҳастанд ва хуб медонанд, ки аъзо ва саркардагони гурӯҳи ПМТ киҳо ҳастанд ва чӣ мехоҳанд?. Шумо хоинони миллат ҳуқуқ надоред, ки ба давлату ҳукумат ва мақомотҳои Тоҷикистон ҳушдор диҳед, зеро сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти кишвар тинҷию оромӣ, ободию осудагӣ ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоию маишии аҳолии кишвар мебошад.

Шумо хоинони миллати тоҷик аз дур истода, сафсата нагӯед, зеро вазъ дар ҳамаи манотиқи кишвар ором аст ва мардуми Тоҷикистон сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати кишварамонро дастгирӣ менамоянд. Албатта, бо силоҳ гаштани як шахс дар ҷомеа ҳазорон нафарро дар хатар мегузорад. Мо мехоҳем, ки ба мисли дигар вилоятҳо дар ВМКБ ҳатто кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ бесилоҳ бошанд. Агар ҳамаи нафарони силоҳбадаст ихтиёрӣ силоҳонашонро супоранд, ҳоҷат ба гирифта гаштани силоҳ ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ намемонад. v Баъдан ба хоинони Ватан гуфтаниям, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар он кореро тасмим мегирад ба манфиат, сулҳу субот ва амнияти аҳолии кишвар мебошад.

Хусрав Ализода
корманди Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон