Асосӣ: Сиёсати дохилӣ Таҳқиқот Паёми «Паймони зиддимилии Тоҷикистон»
+++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++ Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ: вазъият ва дурнамо +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара +++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар мубориза бо терроризм ва экстремизм +++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти мубориза бо терроризм +++ ТАБРИКОТИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон +++ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Суан Фук мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз525
mod_vvisit_counterДирӯз1902
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта525
mod_vvisit_counterДар ин моҳ33113
mod_vvisit_counterҲамагӣ1676435
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Июни
17
Душанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Паёми «Паймони зиддимилии Тоҷикистон»

14.11.2018

Баёнияи ПМТ оид Ҷавоб ба «Баёнияи ПМТ оид ба вазъияти вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон»

ба вазъияти вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки санаи 23 октябри соли 2018 дар сомонаи «Паём.нет» нашр гардид, хислати сирф ҷудоихоҳӣ ва барангехтани хусумати бадбинӣ миёни сокинони вилоятро дорад. Дар баёния дарҷ гардидааст, ки «Дубора ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон зоҳир шудааст ва куштори шаҳрвандони зиёди бегуноҳ дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар назар аст», ки ин ягон асоси воқеӣ надорад. Дар ин ҷо, саволе ба миён меояд, ки кадом оила бадбахтии фарзандонашро ва ё кадом давлат парокандагию бесуботиро мехоҳад? Нест чунин давлату оила. «Паём.нет» сомонаи ягонаи интернетии ТЭТ ҲНИ мебошад, ки бо додани ҳаргуна маълумотҳои бардуруғ мехоҳад шаҳрвандони Тоҷикистонро бовар кунонанд, ки аз сиёсати пешгирифтани имрӯзаи давлату ҳукумат саркашӣ намоянд, вале тамоми мардумии шарфманди ватанамон аз рафтори рубаҳонаи онҳо огоҳанд ва ҳеҷ гоҳ фирефтаи суханони онҳо намегарданд.

Сиёсати имрӯзаи ҳукумату давлат пеш аз ҳама таъмини амнияти миллӣ, таҳкими субот ва осоиштагии мардум аст. Барои нигоҳдоштани сулҳу субот дар кишвар ва фароҳам овардани шароитҳои хуби зиндагӣ барои шаҳрвандонаш давлат кушишҳои зиёдро карда истодааст.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз қисмҳои ҷудонашавандаи Тоҷикистон буда, мардуми ватандӯсту бошарафи он ҳамеша дар ободони кишвар саҳмгузоранд. Вилоят барои саёҳати кӯҳиву экологӣ ва табобатӣ минтақаи беҳтарин мебошад. Беҳуда нест, ки соли 2017 кӯҳҳои Помири Тоҷикистон бори сеюм ба рӯйхати «100 манзараи беҳтарини сайёҳӣ» дар ҷаҳон шомил гардидааст.

Вақтҳои охир воқеаҳое дар дунё ба амал омада истодаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаи пок сохтани ҷомеа аз унсурҳои ҷиноятпеша, мубориза бо ҷинояткории муташаккил, пешгирӣ кардани содиршавии ҷинояту бетартибиҳо аз ҳарвақта бештар аҳамият диҳем.

Бо вуҷуди пешравиҳое, ки имрӯз дар ҳаёти сокинони вилоят ба даст омадаанд, баъзе камбудиҳое низ вуҷуд дорад, ки онҳоро на бояд пинҳон кард, балки ошкор кард ва барои ислоҳу аз байн бурдани онҳо ҳама якҷоя кушиш кард. Зеро чунин камбудиҳо боиси халалдор шудани оромии мардум, суботи ҷомеа, амнияти давлат ва коҳиш ёфтани обрӯи миллат мегарданд.

Дар робита ба ин, дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои пешгирӣ кардани баъзе аз ҷиноятҳо аз ҷумла, убури ғайриқонунӣ аз сарҳади давлатӣ, гардиши ғайриқонунии силоҳи оташфишон, муомилоти ғайриқонунии маводи мухадир ва бо зурӣ аз худ кардани қитъаҳои замин аз ҷониби гурӯҳи хурде, ки дар шаҳри Хоруғ ҳастанд, чораҳои зарурӣ андешида шуд. Барои таъмини амнияти шаҳрвандон ва сайёҳони хориҷӣ дар вилоят чораҷӯии саривақтист. Пешгирӣ кардани ин вабои аср, яъне нашъамандӣ, қочоқи маводи мухадир, ҷинояткорӣ ва тарбияи насли солиму солеҳ вазифаи на танҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест, балки ҳар яки мову шумо, падарону модарон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, фаъолону шахсони обруманд мебошад. Ходимони дин низ вазифадоранд, ки қарзи худро дар назди ҷомеа ва наслҳои оянда бо масъулият иҷро намоянд.

Шоҳрухи Ҷаббор
Таҳлилгари Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти ҶТ