Асосӣ:
+++ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нахустин Муколамаи «Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ-Афғонистон» иштирок намуд +++ ЧАНД ДАСТОВАРДИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2018 +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26.12.2018 12:21, шаҳри Душанбе +++ Дар Душанбе масъалаи шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россияро баррасӣ намуданд +++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1063
mod_vvisit_counterДирӯз1466
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта2529
mod_vvisit_counterДар ин моҳ26055
mod_vvisit_counterҲамагӣ1479091
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Январи
22
Сешанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ПОЯГУЗОРИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ИЛМ

13.11.2018

16 ноябр – Рӯзи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз вобаста ба вижагиҳои замони Истиқлолият, чун дигар самтҳои ҳаёти иҷтимоӣ, дар соҳаи илм ва фаъолияти илмӣ низ масъалаҳое арзи ҳастӣ мекунанд, ки дар ҷомеаи илмии Тоҷикистон бояд мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, барои ҳаллу фасли онҳо тадбирҳои саривақтӣ ва муфид андешида шавад, зеро ки дар замони муосир илм на танҳо ба қувваи асосии истеҳсолкунанда, балки ба омили муҳими рушд ва нишондиҳандаи асосии иқтидори кишварҳо табдил ёфтаст. Дар ин замина мақому нуфузи ҳар як кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ маҳз аз сатҳи неруи зеҳнӣ, рушди илму инноватсия ва дастовардҳо дар соҳаи техникаю технологияҳои муосир вобастагии ҷиддӣ дорад. Дастовардҳои соҳаи мазкур ҷиҳати амалӣ гардидани таҳаввулот дар ҳаёти иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишварҳо мусоидат намуда, ҳамзамон боиси тағйир ёфтани муносибати одамон ба арзишҳо, инчунин сатҳ ва тарзи зиндагии онҳо мегардад. Аз ин рӯ, масъалаи мазкур дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври фарогир инъикос ёфта, таваҷҷуҳи ҷомеаи илмии ҷумҳурӣ ва сохторҳои дахлдори давлатӣ баҳри ҳалли масоили марбутаи ин соҳаи ҳаётан муҳим ҷалб карда мешавад.

Бояд зикр намуд, ки дар паёмҳои се соли охири Президенти мамлакат паҳлуҳои мухталифи масоили илм хеле амиқу дақиқ ва аз нигоҳи танқидӣ мавриди таҳлил ва арзёбӣ қарор гирифта, барои ҳаллу фасли онҳо дастурҳои мушаххас ироа гардиданд. Зимни суханрониҳо масоили муҳими марбут ба соҳаи илм, аз ҷумла рушди илмҳои бунёдӣ, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани таълими фанҳои дақиқ ва эксперименталӣ, ба сиёсати имрӯза мувофиқ намудани мавзӯъҳои фармоишӣ, тарбияи кадрҳои илмӣ ва такмили неруи зеҳнӣ, самаранокии маблағгузории соҳаи илм, ба иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат сафарбар намудани неруи илмии олимон ва ғайраҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, ки дар маҷмӯъ барои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ хеле муҳим ва зарур маҳсуб мешаванд. Таҳлилҳо ва арзёбиҳои хеле возеҳу амиқи масоили номбурда бори дигар аз таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илм ва тарбияи кадрҳои илмӣ дар ҷумҳурӣ шаҳодат медиҳад. Бо итминони комил метавон гуфт, ки амалӣ гардидани дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар ин самт ҷиҳати аз ҳолати карахтӣ ва фаъолияти камсамар раҳо ёфтани муассисаҳои илмӣ мусоидат намуда, ба оғози марҳилаи нави рушди илм дар ҷумҳурӣ замина хоҳад гузошт. Аз ҷумла бо дарназардошти вазъи имрӯзаи тадқиқоти илмии бунёдӣ дар муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ Президенти кишварамон дар Паёмашон (22 декабри соли 2016) таъкид намуданд: «Дар мамлакат дар шароити имрӯза рушди илмҳои бунёдӣ муҳим ва афзалиятнок буда, пешбурди корҳои илмиву тадқиқотӣ вазифаи аввалиндараҷаи олимони ин соҳа маҳсуб меёбад, ки он беҳбудии ҷиддӣ мехоҳад».

 

Воқеан, дар шароити кунунӣ илмҳои бунёдӣ ба дастгирӣ ва ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дошта, фаъолият дар ин самт беҳбудии ҷиддиро мехоҳад. Бояд зикр намуд, ки ҳанӯз соли 1996 барои дастгирии илмҳои бунёдӣ Укази Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси Фонди президентии таҳқиқотҳои бунёдӣ” аз 24 феврали соли 1996, №422 ба тасвиб расида буд. Тибқи Низомномаи Фонд дар қатори дигар сарчашмаҳое, ки маблағҳои он ташкил меёбанд, яке аз сарчашмаҳои асосӣ, ин 3% ҳиссаҷудокунӣ аз маблағҳое, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои соҳаи илм пешбинӣ шуданд, ба ҳисоб меравад, ки он дар тӯли фаъолияти 22-солаи Фонди мазкур барои ба анҷом расондани тадқиқоти муайян ва мақсадноку муфид дар муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ метавонист мусоидат намояд.

Вале таҳлили вазъи иҷрои корҳои тадқиқотӣ дар ин самт собит менамояд, ки сарфи назар аз таъсиси Фонди мазкур ва кумаку дастгириҳои Ҳукумат вазъи илмҳои бунёдӣ на танҳо тағйир наёфт, балки дар ҳолати боз ҳам ногувортар қарор гирифт. Сифат ва ҳадафҳои асосии тадқиқот аз мадди назар дур монда, иҷрокунандагон натавонистанд илмро бо кашфиёту навовариҳо ғанӣ созанд ва барои рушду нумӯи самтҳои дигари илм дар ҷумҳурӣ мусоидат намоянд. Бинобар ин, масъалаи дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ намудани тадқиқотҳои бунёдӣ дар муассисаҳои илмӣ ва мактабҳои олии ҷумҳурӣ хеле муҳим ва мубрам маҳсуб шуда, ислоҳи саривақтии мушкилоти мавҷуда барои марҳилаи нави рушди илми соҳаи мазкур мусоидат хоҳад кард. Бояд зикр намуд, ки рушди илмҳои бунёдӣ бо илмҳои дақиқ ва эксперименталӣ иртиботи ногусастанӣ дошта, бе мавҷудияти пояи зарурии илмӣ-техникӣ амалӣ намудани тадқиқот ва натиҷагириҳо дар ин самт ғайриимкон аст. Дар робита ба ин, дар Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (20 январи соли 2016) омадааст: «Ба роҳбарони вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, инчунин ректорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ супориш дода мешавад, ки дар давоми чор соли оянда масъалаи пурра бо омӯзгорони фанҳои дақиқ, технологияҳои иттилоотӣ …. таъмин кардани муассисаҳои таҳсилоти умумиро ҳал намоянд». Дар Паёми дигар (22 декабри соли 2016) бошад, таъкид шудааст: «Дар замоне ки илму технология бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, дар илми тоҷик навгонӣ ва ташаббусҳои илмӣ кам ба мушоҳида мерасанд, афроди лаёқатманд, ихтироъкор ва навҷӯ ба ҷодаи илмҳои дақиқ ҷалб карда намешаванд…». Таъкидҳои Пешвои миллат бори дигар собит месозанд, ки вазъи илмҳои дақиқ ва эксперименталӣ дар муассисаҳои илмӣ ва таълимии ҷумҳурӣ ҷавобгӯи талабот набуда, ба дастгирӣ ниёз доранд. Маврид ба ёдоварист, ки дар ин марҳила ҷиҳати дастгирӣ ва рушди самтҳои номбурдаи илм қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди илмҳои дақиқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2005 - 2008» аз 29 декабри соли 2003, №571 ва «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010 - 2020» аз 27 феврали соли 2010, №89 ба тасвиб расидаанд. Вале таҳлили раванди амалӣ гардидани барномаҳои номбурда собит месозад, ки сифати иҷро ва ҳадафҳои асосии онҳо аз мадди назари иҷрокунандагон дур монда, барои тавсеаи тадқиқотҳои бунёдӣ ва илмҳои дақиқу эксперименталӣ ҳанӯз заминаи мусоиди моддию техникӣ ва кадрӣ муҳайё нагардидааст. Бояд таъкид кард, ки маҳз аз ҷониби сохторҳои дахлдор ва ҷомеаи илмии ҷумҳурӣ сари вақт ва дар сатҳи зарурӣ амалӣ нагардидани барномаҳои давлатӣ оид ба соҳаи мазкур боиси эродҳои ҷиддии Президенти кишвар дар паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.

Тавре медонем, бе мавҷудияти озмоишгоҳҳои муҷаҳҳазу замонавӣ, пояи устувори моддӣ-техникӣ ва кадрӣ рушди илмҳои бунёдӣ, хусусан самти илмҳои эксперименталӣ ғайриимкон аст. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ чунин муассиса ё корхонае, ки масъалаи ба ҷумҳурӣ ворид намудани таҷҳизоти илмӣ (таҷҳизот, реактивҳои химиявӣ барои озмоишгоҳҳо ва ғ.) ва дигар маводи заруриро таъмин кунад, фаъолият надорад. Бояд ёдовар шуд, ки соли 2006 бо мақсади ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуда қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкил намудани Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таъминоти соҳаҳои илм бо таҷҳизоти техникӣ, асбобҳо, маводи кимиёвӣ ва васоити экспедитсионӣ» дар назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, вале бо сабабҳои номаълум муассисаи мазкур то имрӯз ба фаъолият шурӯъ накардааст.

Бояд ёдовар шуд, ки бо мақсади таҷҳизонидани кабинетҳои таълимӣ ва озмоишгоҳҳо бо таҷҳизоти зарурӣ ва дар ин замина муҳайё намудани шароити мусоид барои ташаккули тафаккури техникию табиии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017, №544 “Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020” ба тасвиб расонда шуд, ки амалӣ гардидани он дар ин марҳила хеле муҳим буда, метавонад дар ояндаи наздик барои рушди илмҳои эксперименталӣ дар кишвар мусоидат намояд. Лекин таҷриба нишон медиҳад, ки бинобар сабаби дар ҷумҳурӣ фаъолият накардани сохтори махсус оид ба таъмини корхонаҳо, муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ бо таҷҳизоти лабораторӣ ва маҳлулҳои химиявӣ, амалӣ гардидани Барномаи номбурда мушкил ё комилан ғайри имкон мегардад. Айни ҳол, тақрибан тамоми муасисаҳои таҳсилоти миёнаи умумию олӣ, муасисаҳои илмӣ тадқиқотӣ ва соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ маҳз бо ҳамин сабаб наметавонанд омӯзиш ва тақиқоти самараноку судманд ва ташхиси дақиқу саривақтиро ба анҷом расонанд. Ҳамзамон, мушкилоти мазкур тарбияи мутахассисони варзида ва таҷрибаноки ҷавобгӯйи талаботи муосирро дар самти фанҳои эксперименталӣ ва тадқиқоти бунёдӣ ғайри имкон месозад. Илова бар ин, озмоишгоҳҳо барои санҷиши сифати маҳсулот дар назди бозорҳо, роҳи оҳан, гумрук, Тоҷикстандарт, хадамоти бойторӣ ва ғ. низ бе таҷҳизоти зарурӣ ва маводи химиявӣ наметавонанд фаъолияти худро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.

Таҳлил ва арзёбиҳои воқеӣ ва фарогири Роҳбари давлат муҳаққиқону коршиносон ва масъулони соҳаро водор месозад, ки ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд ва дар ин самт тадбирҳои мушаххасу судманд андешанд, зеро вазъи илмҳои бунёдӣ ва самаранокии маблағгузории соҳаи илм дар ҷумҳурӣ боиси нигаронӣ буда, тибқи талаботи замони муосир ва ниёзмандиҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию фарҳангии кишвар муносибати навро мехоҳад.

Бояд зикр намуд, ки ба талаботи ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар мувофиқ намудани тадқиқотҳои илмӣ, хусусан мавзӯъҳои фармоишӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти муассисаҳои илмӣ маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, дар паёмҳои Президенти мамлакат ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, зарурати мутобиқ намудани мавзӯъҳои фармоишӣ ба сиёсати давлатии илмӣ-техникӣ таъкид гардидааст. Аз ҷумла дар Паёми соли 2016 (20 январ) омадааст: «…муассисаҳои илмиро зарур аст, ки ҷиҳати ба сиёсати имрӯза мутобиқ намудани мавзӯъҳои фармоишӣ чораҷӯйӣ карда, тадқиқи масъалаҳои умдаи давлатдории миллиамонро бо дарназардошти пешрафти иқтисоди миллӣ, ояндаи кишвар ва ҳалли мушкилоти мубрами ҷомеа анҷом диҳанд».

Дар Паёми соли 2016 (22 декабр) бошад, омадааст: «…ҷиҳати иҷрои мавзӯъҳои фармоишӣ ва истифодаи самараноки онҳо зарурати таҷдиди назар кардани маблағгузории соҳаи илм ба миён омада, Ҳукуматро зарур аст, ки масъалаи мазкурро омӯхта, ҷиҳати ба танзим даровардани он чораҷӯйӣ намояд». Зарурияти баррасӣ ва ҳалли масъалаи мазкур аз он бармеояд, ки аз оғози истиқлолият то имрӯз аз хазинаи давлат барои тадқиқи мавзӯъҳои фармоишӣ маблағҳои зиёд пешбинӣ мешавад, лекин натоиҷи тадқиқот ҳанӯз ҳам ба рушди истеҳсолот ва ҳалли мушкилоти иҷтимоии кишвар мусоидат намекунанд. Баррасии масъалаи истифодаи оқилонаи маблағҳои буҷетӣ барои соҳаи илм ва самаранокии натоиҷи таҳқиқотро, бешубҳа метавон чун натиҷаи таҳлили амиқу воқеӣ ва нигоҳи танқидии худи Пешвои миллат ба соҳаи мазкур арзёбӣ намуд. Қобили тазаккур аст, ки истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ дар соҳаи илм ҳамон вақт амалӣ гашта метавонад, ки ба бисёрмавзӯъгӣ хотима бахшида, мавзӯъҳои фармоишӣ бевосита дар ҳамоҳангӣ бо равияҳои афзалиятноки илм, ки аз ҷониби Ҳукумат тасдиқ гардидаанд, муайян карда шавад. Воқеан, дар ҳамаи кишварҳо вобаста ба зарурати иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсӣ равияҳо ва самтҳои гуногуни илм дар марҳилаи муайян мавриди таваҷчуҳи махсуси давлат қарор мегиранд, зеро ки муайян намудани равияҳои афзалиятноки илм ва маблағгузории мақсадноки он, хусусан мавзӯъҳои фармоишӣ, яке аз шаклҳои муҳими истифодаи самараноки илм ва неруҳои ақлонӣ барои ҳалли мушкилоти мавҷудаи ҷомеа маҳсуб мешавад. Тавре ки маълум аст, дар ҷумҳурии мо низ бо ин мақсад тадбирҳои муайян амалӣ мешаванд. Аз ҷумла, дар даврони истиқлолият қабул гардидани қарорҳои Ҳукумати ҶТ «Дар бораи тасдиқи Номгӯйи самтҳои афзалиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007 - 2009» аз 30 июни соли 2007 №333, «Дар бораи тасдиқи Номгӯи самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 - 2012 ва феҳристи технологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 30 марти соли 2010, № 167 ва «Дар бораи Номгӯи самтҳои афзалиятноки рушди илм, техника ва технология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» аз 4 декабри соли 2014, №765 аз он далолат мекунад, ки роҳбарияти давлату Ҳукумати ҶТ дар ин самт таваҷчуҳи махсус зоҳир менамоянд. Лекин, бояд тазаккур дод, ки натиҷагирӣ аз авлавиятҳо ва самаранокии онҳо дар ҳалли мушкилоти мавҷудаи ҷомеа, пеш аз ҳама, аз интихоб ва таъйиноти дурусти равияҳои илмӣ ва мавзӯъҳои фармоишӣ вобастагии ҷиддӣ дорад.

Таҳлили номгӯйи тасдиқгардидаи самтҳои афзалиятноки тадқиқоти илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки се марҳиларо дар бар мегирифтанд, собит менамояд, ки санадҳои қабулгардида, аслан бе назардошти талаботи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ-сиёсӣ ва имкониятҳои молиявии ҷумҳурӣ таҳия ва қабул гардидаанд. Дар санади аввали оид ба номгӯйи самтҳои афзалиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2009 50 равия(!), дар санади дуввум, ки солҳои 2010 - 2012-ро дар бар мегирад, 65 равия(!) ва дар санади севвум, ки барои барои солҳои 2015-2020 пешбинӣ шудааст, 110 равияи тадқиқотии афзалиятнок (!) пешбинӣ шудааст.

Бояд зикр намуд, ки санадҳои зикргардида бе назардошти меъёрҳои мантиқ ва талаботи ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангии ҷумҳурӣ таҳия гардида, мавзӯъҳое, ки дар он дарҷ ёфтаанд, ҳам бо сабаби теъдоди бузург ва ҳам бо мазмуну ҳадафнокиашон, наметавонанд равияҳои афзалиятнок бошанд. Зеро зарурияти муқаррар намудани равияҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ, пеш аз ҳама, аз талаботи дар самти мушаххаси ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-сиёсӣ доштаи давлат бармеояд ва маънии онро дорад, ки равияҳои мазкур дар самти таъмини молиявӣ, пояи моддӣ-техникӣ, иқтидори кадрӣ ва ғайра аз ҷониби давлат ба таври иловагӣ дастгирӣ меёбанд ва ба анҷом расидани таҳқиқотҳои пешбинишуда барои ҳалли мушкилоти мавҷудаи ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат мусоидат намуда, ба пешрафти он таккони ҷиддӣ мебахшанд. Дар маҷмӯъ, бе таҳлил ва асоснокии илмӣ аз ҷониби таҳиягарон пешбинӣ намудани чунин теъдоди бузурги равияҳои афзалиятнок (аз 50 то 110 мавзӯъ), имконияти амалӣ гардидани онҳоро тақрибан ба сифр баробар менамояд.

Бояд таъкид намуд, ки ҳадафи асосии ташаккул ва амалисозии самтҳои афзалиятнок дар илм, ин дақиқ намудани самтҳои рушди комплекси ватании илмию техникӣ ва низоми миллии инноватсионӣ бо назардошти манфиатҳои миллии Тоҷикистон ва тамоюлоти рушди ҷаҳонии илмӣ, технологӣ ва инноватсионӣ, вазифаҳои миёнамуҳлати рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар бо назардошти зарарурати ташаккул ва рушди низоми нави инноватсионӣ, таҳия ва амалисозии муҳимтарин барномаҳо ва тарҳҳои давлатӣ мебошад. Самтҳои афзалиятнок дар ин марҳила, ба андешаи мо, бояд, пеш аз ҳама, ба модернизатсияи иқтисоди миллӣ ва се ҳадафи стратегии Ҳукумати кишвар, ки аз ҷониби Президенти мамлакат муайян шудаанд-раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ равона карда шаванд. Шояд ҳалли масъалаи раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ аз қудрати илм ва кӯшишҳои аҳли илми ҷумҳурӣ чандон вобастагӣ надошта набошад, лекин дар ҳалли ду ҳадафи стратегии дигар - таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ олимони тоҷик метавонанд бо ширкати фаъолонаи худ нақши муҳим гузоранд.

Пӯшида нест, ки тайи 10 соли охир мардуми Тоҷикистон аз норасоии барқ танқисии шадидро аз сар гузаронд, вале дар ин самт аз ҷониби олимону мутахассон амали назаррасе ба анҷом нарасид ва бори сангини ин мушкилот, аслан бар дӯши Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошт. Бо мақсади ҳалли мушкилоти мавҷуда ҳанӯз 2 феврали соли 2007, №41 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи комплексии мақсадноки истифодаи васеи мабаъҳои барқароршавандаи энергия, амсоли энергияи дарёҳои хурд, офтоб, шамол, биомасса, энергияи мабаъҳои зеризаминӣ барои солҳои 2007 - 2015» қабул гардида буд, вале тавре ки маълум аст, амалӣ гардидани барномаи мазкур то имрӯз эҳсос карда намешавад. Бояд зикр намуд, ки амалӣ гардидани қарори мазкури Ҳукумат метавонист дар ҳалли ин мушкилот мусоидат намояд, зеро ки ҳадафи ниҳоии санади мазкур низ таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар маҳсуб мешуд. Президенти кишвар дар Паёми соли гузаштаашон (22 декабри соли 2017) ба Маҷлиси Олии ҶТ таъкид намуда буданд, ки дар Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 низ се ҳадафи миллии эълонкардаамон ҳамчун вазифаҳои аввалиндараҷа боқӣ мемонанд ва мо азми қатъӣ дорем, ки дар ояндаи наздиктарин иҷрои онҳоро таъмин намоем. Ҳамчунин таъкид намуданд, ки:-«…мо вазифадорем, ки боз ҳам бештар заҳмат кашида, ба иҷрои ҳадафҳои стратегии миллиамон – таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ, азбунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон,ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат ноил гардем».

Бинобар ин, мантиқӣ мебуд, ки бо мақсади таъмини ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон – таъмини амнияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ, пеш аз ҳама, истифодаи самараноки илм ва захираи зеҳнии мамлакатро таъмин намуда, номгӯйи равияҳои афзалиятноки тадқиқотҳои илмӣ аз нав таҳия ва аз ҷониби Ҳукумат тасдиқ карда шуда, равияҳои марбут ба ҳадафҳои стратегии кишвар аз соли 2019 то соли 2030 ҳамчун равияҳои афзалиятноки тадқиқоти илмӣ муқаррар карда шаванд. Ҳамчунин, ҳамасола пешбинӣ гардидани, ҳадди ақал то 30 фоиз аз ҳиссаи маблағгузории умумии соҳаи илми ҷумҳурӣ барои амалӣ намудани тадқиқотҳо дар самти номбурда, ба андешаи мо метавонад барои ҳалли мушкилоти зикргардида дар ояндаи наздик мусоидат намояд.

Фикр мекунам, ки омӯзиш ва таҳлили эродҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру ҳидоятҳои эшон дар ин самт, барои ҳаллу фасли мушкилоти мавҷудаи соҳаи илм хеле муфид буда, барои аз ҳолати карахтӣ ва таназзул раҳоӣ бахшидани илми тоҷик, ки имрӯз ба як соҳаи бесамар табдил ёфта истодааст, мусоидат хоҳанд кард. Бо итминони комил метавон гуфт, ки таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳое, ки аз паёмҳои Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, барои оғози марҳилаи нави рушди илм ва ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтмиоии кишвар заминаи боэътимод ва устувор хоҳанд гузошт.

Абдураҳмон Қурбонов
доктори илмҳои фалсафа, сардори
Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон