Асосӣ: Сиёсати дохилӣ Таҳқиқот БАЁНИЯИ ПАЙМОНИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАСТУР БАРОИ НООРОМИИ ҶОМЕА
+++ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нахустин Муколамаи «Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ-Афғонистон» иштирок намуд +++ ЧАНД ДАСТОВАРДИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2018 +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26.12.2018 12:21, шаҳри Душанбе +++ Дар Душанбе масъалаи шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россияро баррасӣ намуданд +++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1063
mod_vvisit_counterДирӯз1466
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта2529
mod_vvisit_counterДар ин моҳ26055
mod_vvisit_counterҲамагӣ1479091
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Январи
22
Сешанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

БАЁНИЯИ ПАЙМОНИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАСТУР БАРОИ НООРОМИИ ҶОМЕА

13.11.2018

Дар санаи 23- октябри соли 2018 Паймони миллии Тоҷикистон, ки роҳбарии онро М. Кабири – ҳамчун “ғамхори мардуми Бадахшон” муарифӣ намуда, аз дуриҳо боз ҳам бо ҳамон шиори куҳнаи “Аз хоби гарон хез!” муроҷиат карда, доир ба вазъияти Бадахшон баёнияе интишор намуда аст. Мусалам аст, ки баёнияи маскур саропо аз буҳтону бофта иборат мебошад. Дар сархати аввали баёния чунин сатрҳоро мехонем “Мақомоти Тоҷикистон дар як мақоми ором вазъияти буҳронӣ; вазъияте, ки хунрезиҳои дигар ва кушту кушторҳои шаҳрвандони бегуноҳ дар Бадахшонро дар пай дорад”. Аҷаб мантиқе. Табдили ном карданду табдили андешаву афкор не.

Гумон доштем, ки шахсе чун Кабири, ки замоне ба сиёсат ворид шудаву пайравони зиёдро доро буд, бояд тавони бо далелҳои раднопазир ибрози андеша карданро ёд гирифта бошад. Вале чун мебинем ӯ аз ҳамтоёни худ, ки маҳз дар доираи эҳсосот ва хулосаҳои хасакии кучагӣ суханронӣ мекунанд, дур нарафтааст. Ба андешаи банда ҳатто коршиносони дохилӣ, ки ба Бадахшон сафар накардаанд дар масъалаи баҳо додани вазъи кунунии ин минтақаи дурдасти кишавар душворӣ мекашанд. Чунки вазъро танҳо нафароне метавонанд баҳо диҳанд, ки худ онҷо будаву аз наздик бо мардум суҳбат оростаанд ва бо чашми худ ба атроф нигоҳ намуда бо далелу иттилоотҳои дақиқу санҷидашуда ошнои пайдо кардаанд.

Боиси тааъҷуб аст, ки гоҳе дар маркази Ҷумҳури ё дигар манотиқи кишвар ашхоси ҷиноятпеша зери тозиёнаи танқид гирифта шуда, аксар вақт нисбати онҳо чораҳои ба ҷавобгари кашидан ва аз озодӣ маҳкум намудан андешида мешавад, чун ҳолатҳои муқаррарӣ қабул карда мешаванд. Мисол меорем вақте ба наздики яке аз нафарони олимақоми ВКД генерал Файзулло Гадоев ба 28 сол аз озоди маҳкум гашт, дар ҷомеъа ин ҳамчун ҳукми адолатпеша қабул карда шуд. Чунин мисолҳо дар миқёси кишвар хеле зиёданд. Аммо гоҳе сухан дар мавриди қонуншиканӣ дар Бадахшон равад, ҳамоно нафароне чун Кабирӣ пайдо мешаванд, ки онро як навъ ҳуҷуми сохторҳои қудратии давлат ба ин минтақа маънидод карданӣ шуда, бо ин рафторашон мехоҳанд ба худ холҳои сиёсӣ замъ намоянд .

Ҳарчанд ТЭТ роҳбарони ҲНИ бо шумури 12-15 нафар 9 сентябри соли 2018 дар Варшава бо ном “Паймони миллии Тоҷикистон”- ро ташкил додаанд, вале фаромӯш карданд, ки сабабгорони асосии ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон маҳз ҳамин наҳзатиҳо буданд. Шумо ҳазор Паймон ташкил куненд монанд ба он аст, ки гург дар пӯсти гӯсфанд. Паймони Шумо ҳамон ТЭТ ҲНИ мебошад. Боз мехоҳед, ки аз вазъият истифода, намуда Тоҷикистонро ба гирдоби нооромиҳо гирифтор намоед? Дигар Шумо ва хоҷагони хориҷиатон ҳеҷ гоҳ ба мақсад нахоҳед расид. Вазъият дар ВМКБ он тавре нест, ки Шумо дар баёнияатон тасвир намудаед.

Дар Баёния омадааст, ки “Мо ба сурати ҷиддӣ ба мақомоти Тоҷикистон ҳушдор медиҳем, ки аз такрори иқдомҳои ғайримасъулона, хатарнок ва низомию полисӣ дар Бадахшон худдорӣ кунанд. Қотеъона даъват ба амал меоварем, ки аз ба кор бурдани терроризми давлатӣ нисбат ба шаҳрвандони худ даст бардоранд ва шайтони ҷанги шаҳрвандиро аз хоб бедор насозанд”. Паймони Шумо дар кадом асос ба мақомоти Тоҷикистон ҳушдор медиҳад. Охир “Паймон”-и Шумо худ ташкилоти террористист. Ҳамон ТЭТ ҲНИ-и пешинаест, ки табдили ном карда. Чӣ гуна метавонад як созмони террористӣ, ки худ бозичаи дасти хадамотҳои махсуси хориҷӣ аст, ба мақомоти Тоҷикистон ҳушдор диҳад? Ҳол он ки вазъият дар ВМКБ орому босубот аст. Касе ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бошандагони Бадахшонанд таҳдид намекунад. Илова бар ин, роҳбарони Ситоди байниидоравӣ ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов борҳо таъкид намуданд, ки муқобили мардуми Бадахшон ягон хел амалиёт, аз ҷумла амалиёти ҳарбӣ бурда намешавад. Аммо ҷинояткороне, ки ба қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа машғуланд бояд назди қонун ҷавоб гӯянд. Гап сари аз ҷинояткорон пок намудани Бадахшон меравад. Ба ин ҳар як давлат ҳуқуқ дорад. Шайтони ҷанг Шумоед, ки дур аз Тоҷикистон мехоҳед вазъиятро муташанниҷ намуда, мақсадҳои нопоки худро амалӣ намоед. Дар ҳақиқат пеш ТЭТ ҲНИ ва ҳоло ПМТ таҷрибаи ташкили ҷанги шаҳрвандиро дорад. ПМТ бояд донад, ки мардуми Бадахшони Тоҷикистон ба сафсатаҳои ба нооромию бесуботӣ оваранда таваҷҷуҳ надорад. Мехоҳед худро ғамхори халқи Тоҷикистон вонамуд созед? Ниқоб иваз намудед, аммо моҳиятатон ҳамонест, ки дар дунё онро моҳияти террористӣ мехонанд. Бадахшон як пораи хоки Тоҷикистони азиз аст. Мардуми он сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмонро якдилонаю самимона дастгири менамоянд. Шаҳрвандони Тоҷикистон ба қадри оромию субот, ваҳдату ягонагӣ мерасанд ва аз он пуштибони менамоянд. Ҳеҷ гуна ихтилофангезӣ, дурӯғбофӣ дигар саддӣ роҳи сиёсати пешгирифтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда наметавонад.

Яке аз вазифаҳои асосии “Паймони миллӣ”¬- муҳофизати сохти демократии дунявии ҳуқуқбунёд, дастрасии ҳамагони ба озодии сухан, баёни андеша, озодии виҷдон ҷамъомад ва иттиҳодияҳо ба шумор меравад. Ҳамаи ин ба мақсадҳои барномавии ТЭТ ҲНИ куллан мухолифат дорад. Мақсади барномавии ТЭТ ҲНИ сарнагун намудани сохти конститутсионӣ, ташкили давлати исломӣ ва аз рӯйи аҳкоми шариат идора намудани Тоҷикистон муайян шудааст. Танҳо кофист ба ёд орем, ки солҳои 1990 -ум ба ҷангиёни ТЭТ ҲНИ муяссар гардид, ки дар ноҳияҳои минтақаи Ғарм “Ҷумҳурии Исломии Ғарм”- ро таъсис диҳанд. Соли 1993 ин минтақа зери тасаруфи ТЭТ ҲНИ афтода буд. Президенти ин ҷумҳурии лухтакмонанд узви Шӯрои сиёсии ТЭТ ҲНИ Саъдидини Рустам ва вазири мудофиа Ризвон Садиров эълон шуда буданд.

Фармонҳои аввалини ин давлати лухтакмонанд дар бораи манъи аз хона баромадани занон, дарозии риши мардон аз чор ангушт кам набошад, манъи мактабхонии духтарон, манъи мусиқи дар тӯйҳо аз ҳар оила ду ҷангӣ ба муҷоҳидон додан, ба ҷангиён додани захираҳои хӯрокворӣ аз қабили, орд асал гӯшт, картошка ва себ аз фармонҳои ташкилоти дигари террористӣ “Давлати исломӣ” фарқе надорад.

Мақсади ПМТ ҳимояи давлати демократӣ эълон гардидааст. Гумон аст, ки фанатикҳои ТЭТ ҲНИ ки дар Сурияву Ироқ сайқали таҷрибаи террористӣ намудаанду имрӯзҳо дар минтақаҳои бо Тоҷикистон ҳамсарҳади Афғонистон интизори фармони хоҷагони хориҷии худ қарор доранд аз ин мақсадҳои “демократӣ” бохабар бошанд.

Хонандаи азиз! Худ қазоват намо. Оё чунин ташкилоти террористие монанди ПМТ ҳуқуқи маънави дорад, ки доир ба вазъияти Бадахшони Тоҷикистон ба давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дастур диҳад? Ҳаргиз чунин ҳуқуқ надорад, зеро худ бозичаи дасти дигарон аст.

Дар баёнияи ПМТ оид ба вазъияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадаст, ки дар Тоҷикистон дубора оташи ҷанги ба монанди ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 1992-1997, дар ҳоли зоҳир шудан аст. Ин хатои маҳз аст, чунки мақсади мақомоти Тоҷикистон, алалхусус Пешвои миллат, ин аст, ки решаҳои сулҳу субот, тинҷию оромӣ ва фазои орому созандагӣ дар ҳар як хонадони тоҷик мустаҳкам бошад. Новобаста аз он, ки он ҷо вилояти Бадахшон аст Хатлон, Суғд ва ё ягон минтақи дигари Тоҷикистон.

Пешвои миллат бисёр дуруст қайд карданд, ки дар дигар давлатҳо дар ҳолати шубҳанок будани шахс аллакай кормандони ҳифзи ҳуқуқ силоҳро ба даст гирифта, дар ҳолати ҳаракат карданд, дигар ягон раҳму шавқат намекунанд ва ба сӯят тир холӣ мекунанд. Аммо Ҳукумати Тоҷикистон ин корро накард, баръакс ҷинояткоронро авф намуда, фурсат дода шуд, ки ба ҳаёти осоишта баргарданд, дар фикри ҷомеаи обод бошанд. Ин фикрҳои ғаразноки пучу бе асоси душманони миллати тоҷик мебошанд, ки дур аз ватан истода, ҳавасу қудрати давлатдорӣ карда, мардумро дубора бо васвасаҳои шайтониашон ба хуну хок кашида, суистифода карданианд, ки соҳиби мақому манзалат шаванд.

Масъалае, ки ПМТ “буҳрони Бадахшон” ном мебарад, оё фикр намекунанд, ки аз соли 1991 то якуми июли соли 2018 дар вилоят 619 нафар гирифторони ин бемории нашъамандӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки қариб нисфи онҳоро сокинони шаҳри Хоруғ ташкил медиҳанд. Шумораи нашъамандоне, ки ба қайд гирифта нашудаанд, аз рақами зикргардида ду баробар зиёд мебошад. Дар чунин буҳроне, ки ҳазорҳо ҷавононро ба коми марг меборад ба генофонди миллат зарба мезанад чӣ гуна Пешвои миллатро нигарон накунад? Пас бори дигар малум кардед, ки худи Шумо хизматгори хоҷагони хориҷиатон ҳастед кадом супорише, ки аз тарафи хоҷагонатон мегиред, ҳамонро амалӣ мекунед. Дар асл ягон нақшаи корие ба манфиати халқ рӯйи даст надоранд, фақат корашон сиёҳ кардани Ҳукумат мебошад.

Мардуми Тоҷикистон аллакай фаҳмиданд ки зери ниқоби Паймони Миллии Тоҷикистон чӣ пинҳон будааст, хуб дарк карданд, ки бо саркардаҳои хориҷиашон ба ватану мардуми худашон хиёнат карда истоданд. Чуноне, ки шоир барҳақ фармудааст:

Бар ҳар ранге, ки хоҳӣ ҷома мепӯш,
Ман аз тарзи хиромат мешиносам.

Мирзоев. Ҳ
мутахассиси пешбари Маркази
Тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон