Асосӣ: Сиёсати дохилӣ Таҳқиқот ПОСУХ БА БАЁНИЯИ ПМТ ОИД БА ВАЗЪИ ВМКБ
+++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++ Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ: вазъият ва дурнамо +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара +++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар мубориза бо терроризм ва экстремизм +++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти мубориза бо терроризм +++ ТАБРИКОТИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон +++ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Суан Фук мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз448
mod_vvisit_counterДирӯз2491
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта4933
mod_vvisit_counterДар ин моҳ37521
mod_vvisit_counterҲамагӣ1680844
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Июни
19
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ПОСУХ БА БАЁНИЯИ ПМТ ОИД БА ВАЗЪИ ВМКБ

08.11.2018

Аз ин баёнияи ғаразнок аввалан хело тааҷуб кардам. Ин сарварони «дилсӯз», ки аланга задани ҷанги шаҳрвандӣ кори бевоситаи онҳо ва сарпарастони онҳо буд, ки барои миллату давлат харобиҳои азимеро ҳам ба бор оварданду кишвари бе он ҳам заъифро ба солҳо ақиб андохтанд, имрӯз боз аз ҷанги нави шаҳрвандӣ огоҳӣ медиҳанд? Ман тааҷуб надорам, надорем, ки нақшаи ҷанги «нав» дар каллаи ҳамин ашхоси ғаразнок ва киндор ҷойгир шуда бошад. Оё ба мардуми Тоҷикистон, ки аз кашмакашҳову «демократияи» чунин ашхос, ки аслан бештар аз сиёсатбозиҳои ғаразнок нест, дар нафратанд, ин ҳушдору огоҳӣ доданашон маънои эълони ҷанги нав нест? Бале ба маънии эълони ҷанги нав аст, ки ҳамин чанд ашхоси кинаҷуй барои кишвари орому сокинони он эълон доранд. Шумо дар Аврупо ва дар доираи лонаҳои террористии Ховари Миёна ва Афғонистон паноҳ бурда, дар бораи кишвари мо, ки дар кутоҳтарин фурсати таърих бо пешрафти қобили эътирофи худ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи устувореро ҳам соҳиб шудааст, қазоват мекунед. Тааҷуби бештари мо аз дилсузии хоси шумо дар мавриди як гӯшаи дурдасти куҳистони кишвар, вилояти

Бадахшон аст. Ман дар тӯли солиёни зиёд мушоҳида кардам, ки тамоми ин «дилсӯзиҳо» ягона ҳадаф дорад ва он ҳам танҳо суйиистифода аз мавқеи муносиби ин вилоят, мушкилоти ҷуғрофиву иқтисодии он ва ниҳоят соддалавҳии сокинони он мебошад, ки ба хотири ғаразҳои сиёсии худ ҳам ҳамчун василаи осонтар истифода мешаванд.

Ман ҳамчун як шаҳрванди оддӣ, бо такя ба таҷрибаи кории беш аз панҷсолаам, ки дар кишвари Афғонистон, дар байни нухбагони он, доираҳои сиёсӣ ва мардуми он ҷо пайдо кардам, диду назари худро вокеъбинона, бе ғаразона, бидуни ягон муболиға, бо итминони комил ба ҳами мардуми худ ва «дилсӯзони » он мегуям. Дастовардҳои бузурги ин кишвар, ки таҳти сарварии Пешвои он дар кӯтоҳтарин муддат ба даст омаданд, воқеан ҳам дар дохили кишвару хориҷ аз он қобили эътирофу эҳтироманд. Ва муҳимтаринашон сулҳу суботу бунёдкориву ободкориҳои саросарӣ дар кишвар мебошанд, ки мушкилотҳои мувақаттии кишвар, ки хоси ҳар кишвари дигар ҳам мебошанд, дар баробари ин дастовардҳои бузург ҳеҷ арзише дошта наметавонанд. Дар мисоли Кӯҳистони Бадахшон, ки аз замони ҳахоманишҳо як музофоти расмии ин империя буд ва тоҷикони асилу қадим дар он ҷо сукунат доштанд. Банда тамоми умри худро дар он ҷо гузарондам, ва онро ба сатҳи хело бештар медонам, аммо ин ҷо фақат ба таври кутоҳ ба ду намуна қаноат мекунем. ВМКБ замони шуравии абарқудрат беш аз ним сол дар бундбасти табии қарор дошту «аз тамоми дунё ҳам ҷудо буд». Ҳамин кишвари тозаистиқлолу, ҷавон бо буҷети ночиз тавонист шоҳроҳ бунёд кунад ва вилоятро сокинони онро бо тамоми кишвар тамоми сол пайваст кунад ва рушди ба тадриҷи онро низ оғоз кунад, ки онро ба ҳеҷ сурат нодида гирифта намешавад.

Ва як нуктаи соддаи мантиқиро дигари муҳим ба гуши шумо «дилсӯзони навбаромад»расонданием. Мард бояд дар ҳама ҳолат мардиашро аз даст надиҳад. Агар каме мардӣ ва нишоне аз имону инсоф ва виҷдони оддӣ дар шумо ҳанӯз боқӣ монда бошад, мардиву дастовардҳои Пешвои аз тарафи тамоми миллат ва ҷаҳон эътирофшударо лоақал нодида нагиред,ки ин комилан беинсофӣ ва душманбо мардуми худ аст.

Шумо Бадахшонро нуқтаи ҳассос мегуед, ки аз бисёр ҷиҳат дуруст ҳам аст. Албатта маҳдудиятҳои физикӣ, мушкилоти зиёди иқтисодиву зерсохтории дар ин минтақа ҳанӯз ҷой дошта, ба тарзи тафаккури сокинонашон бе таъсир намемонад. Бо истифода аз ин мушкилоти мувақаттӣ ва ба тадриҷ ҳал шаванда, шумо манфиати худро дари ин минтақаи ҳассос барои ҳадафҳои сиёсиву идеологиатон истифода карданӣ астед ва ният доред, ки кишварро боз ба кашмакашиҳо такон диҳед. Вале оё шумо дар шароити кунунӣ аз мардумро боре пурсидед, чи мехоҳанд, ба «дилсӯзии шумо ниёз доранд ё не?». Ман итминони комил дорам, ки мардуми душворписанд, вале шарифи Бадахшон беш аз ҳама хомушии шумо барин дилсузҳоро мехоҳанду бас.

Шумо гуё дар Аврупои дорои стандарти баланди демократӣ паноҳ ёфтеду аз ҳасудони ин кишвари муваффақшуда раҳнамоӣ ҳам мегиред. Ноход дар он ҷо барои шумо нагуфта бошанд, ки дар давлати ягона, дар ҳар қитъаи зарурии он неруҳои низомӣ ба андозаи зарурат ҳар қадар буда метавонанду ҷойгир шаванд. Ба хусус дар ин минтақа, ки бо 4 кишвар, аз ҷумла Афғонистони ноором, ки дар хати сарҳади он терористони ба истиллоҳ «кибергҳои биололгӣ, зомбиҳои» одамсурат ҳам ҷамъ шудаанд, давлат вазифаи ҷонии худ, дифои хату марз, шаҳрвандони худро иҷро накунад? Ва ё ба муқобили қонуншиканиҳо, аз ҷумла бо истифодаи силоҳ, маводи мухаддир,сарҳадшиканиҳо тартиботи оддитаринеро, ҷорӣ накунад? Аз тарафи шумо кӯшиши бисёр бади «ҷудо кардани Бадахшон» ва таҳрики соддаи он ба як нукта такя мешавад, возеҳ дида мешавад. Он ҳам ҷаҳонбинии хоси аксари мардуми он аст, ки шумо мехоҳед бо намоиши «дилсузии ба манфиати худӣ» онро суйиситифода кунед.

Шумо дасисабозӣ мекунед ва ҳушдоратон ягон маънӣ надорад. Шумо кӣ ҳастед ки Ҳукумати мардумиро «ҳушдор медиҳед». Ба назари мо шумо барои истифодаи ибораҳои «терроризми давлатӣ», истифодаи нируҳои низомӣ, пулисӣ бар зидди мардум» ва ғайра шумо бояд назди қонунҳои байналмилалӣ ҷавоб диҳед. Зеро ин тӯҳмат аст ба кишвари дунявӣ, демократӣ ва сокинони он.

Ҳама медонанд, ки шуморо чун абзор, бозича ба хотири ҳадафҳои сиёсӣ дар бозии абарқудратон барои фишоровариҳои ба мавқеи Тоҷикистон, ба хусус барои шарики кишварҳои пасошуравӣ будани он истифода мебаранд. Барои шумо аз ҳар манбаъҳо пули зиёд ҳам мерасонанд, то ки шумо бар муқобили Ватанатон фаъолиятҳои ҷосусӣ баред, дар байни мардуми худ, зери пардаи демократияву ислом, ки аслан дар ин мафҳумҳо танҳо дарку фаҳмиши тангу ғаразноки худи шумо ҳаст, тухми парокандагӣ бипошед. Шумо ҳамаи ин фаъолиятҳои зидди миллиатонро «муборизаи сиёсӣ» ном мебаред. Аммо аз оқибати он ягон тасаввурот надоред. Тасаввури ягонаи шумо мисли ҳамон мухолифини афғон аст, ки мегуфтанд:«баъди ба қудрат расидан, ягон хел мекунем». Оё шумо намедонед, ки ҷомеаи муосири тоҷикистонӣ, ба хусус баъди он чизе, ки шумо ва роҳбарони онвақтаатон ба сарашон оварданд, чунин тасаввуру «таҷрибакуниҳоро» (экспериментро) дар ҳеҷ ҳолат нахоҳанд пазируфт.

Шумо бо кадом далелу мантиқ фикр мекунед, ки як Пешвои воқеан мардумиву ватанмеҳвар, ё Ҳукумати расмӣ қасдан намехоҳанд, ки дар Бадахшон фабрикаву завод сохта шавад, таркторхо бурда шаванд, ҷойҳои корӣ муҳайё шавад? Албатта дар забон ҳар гуна мағлатаву беҳуда гуфтан мушкилие надорад. Аммо дар амал ин кор ба сабабҳои зиёди берунӣ(объективӣ) ва дохилӣ (субъективӣ) вобаста мебошанд, ки вақт мехоҳад, ягонагӣ мехохад, бештар аз ҳама амнияту субот мехоҳад, ки шумо барқасдона мехоҳед ба он халал ворид кунед.

Ба назарам шумо бояд вакти чизе гуфтанӣ шавед, каме аз фикру мантиқ аз воқкеият ҳам истифода кунед, лоақал бо мушовирони аврупоиатон лоақал як машвара кунед, ки гапҳоятон хандаовар набошад, ин маслиҳати бародарона аст. Шумо ҳамон шахсоне ҳастед, ки ба ҳар ном баромад кунед, шуморо ҳама мешиносанд ва хуб ҳам медонанд, ки он дар як ҷумла чуни наст, ки «ғарзҳои сиёсиву идеологии шумо» бо мардуми бедоршуда равшананд ва ба хосту ормонҳояшон барои ояндаҳои дур ҳам тамоман созгор нестанд. Ҳамчун бадахшонӣ илова мекунам, ки Бадахшон соҳибону дилсӯзони худро дорад ва ба «талошҳову дилсӯзиҳои» шумо барин «ватанпарастон», ки натиҷаи он «хизмати хирсона»-и беш нест, ягон эҳтиёҷе надорад. Хизмати «бузурги шумо» дар баробари Бадахшони сангину саропо куҳсор ва сокинони душворписанди он як чиз хоҳад буд ва он ҳам ором гузоштани мардуми сарбаланди ин сарзамини баландкӯҳ, то ки рузгори сангинашро пеш баранду якҷо бо тамоми мардуми кишвар ояндаи беҳтарашонро бисозанд.

Имомназар Ҳақназар