Асосӣ: Навигариҳо САНАДИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ (Ба ифтихори 24-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
+++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими «Корвони наврӯзӣ» дар шаҳри Душанбе +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлили ҷашни Наврӯз +++ Манфиати абарқудратҳо дар Осиёи Марказӣ: «ҳамкорӣ ё рақобат» +++ Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи XIX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ +++ Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони васоити ахбори оммаи давлатӣ +++ Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 9 феврали соли 2019, №АП-1165 +++ Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир +++ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нахустин Муколамаи «Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ-Афғонистон» иштирок намуд +++ ЧАНД ДАСТОВАРДИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2018 +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26.12.2018 12:21, шаҳри Душанбе +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз532
mod_vvisit_counterДирӯз1536
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта8453
mod_vvisit_counterДар ин моҳ34008
mod_vvisit_counterҲамагӣ1570488
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Марти
23
Шанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

САНАДИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ (Ба ифтихори 24-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)

05.11.2018

Ин санади таърихӣ воқеан ҳам омили муҳими муттаҳидкунанда, ҳифзи сулҳу субот, оромӣ ва ризояти шаҳрвандӣ дар ҷомеаи мо мебошад. Қонуни асосиии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдирсоз буда, ҳамаи паҳлуҳои ҳаёт ва фаъолияти шаҳвандон, сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятиро дар бар мегирад ва роҳи рушду пешрафти давлати тоҷиконро барои садсолаҳо муайян мекунад. Дар муҳокима ва қабули он саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо арзанда мебошад, ки чунин қайд кардаанд: «Ҳадафи сиёсии мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Дар ин ҷода Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд».

Дар тӯли ин солҳо Конститутсия тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошад ва мардуми дар арсаи олам муаррифӣ бисозад. Он барои сулҳу салоҳ ва ба ваҳдати комил расидани тоҷикон нақши муҳим бозид. Ин хуҷҷати тақдирсоз аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ дар шумори панҷ конститутсияи беҳтарину мардумитарини давлатҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) шуморида шуд. Дар робита ба ин масъала, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин ибрози назар намуданд: «Эътирофи соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон ба василаи Конститутсияи он, бешубҳа, аз ҷумлаи арзишҳои гаронбаҳои миллат мебошад, зеро маҳз соҳибихтиёриву истиқлолият барои миллат имконияти интихоби озодонаи роҳи пешрафти мустақилонаро фароҳам оварда, халқро ба ҷаҳониён ҳамчун соҳибдавлату соҳибқудрат муаррифӣ карда истодааст».

Бо мурури замон ва вобаста ба тақозои давру замон ба ин санад се маротиба тағйироту иловаҳои зарурӣ ворид карда шуданд (26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016). Дар асоси он нахустин бор дар фазои сиёсии мамлакат монанди кишварҳои дигари пешрафтаи ҷаҳон, парлумони дупалатагӣ таъсис дода шуд, ки пайваста дар такмили қонунгузории кишвар нақш мебозад. Бинобар ин, моро мебояд, ки ба Конститутсияи кишварамон ҳамчун муқаддасоти миллӣ арҷ гузорем ва меъёрҳои онро, ки барои рушду суботи кишвар равона шудааст, риоя намоем. Чунончи, дар моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад».

Зиндагии имрӯза нишон медиҳад, ки халқи тоҷик воқеан ҳам кишвари демокративу ҳуқуқбунёд, дунявиро барпо намуда, дар талоши ҳифзи манфиатҳои худ мебошад ва дар ин ҷода ба муваффақиятҳои беназир ноил гардидааст. Пеш аз ҳама, дар кишвар волоияти қонун, яъне озодӣ ва баробарҳуқуқии шаҳрвандон, дӯстии тамоми миллату халқиятҳо таъмин гардида, дар маҷмӯъ, ҷомеаи навини адолатпарвар барқарор карда шудааст. Албатта, чунин ҳолат рашку ҳасади бадхоҳони давлати тоҷиконро ба авҷи аъло расонидааст ва онҳо дар талоши онанд, ки аз тариқи расонаҳои васоити ахбори омма тамоми комёбиҳои ба василаи Конститутсия бадастовардаи халқи тоҷикро хатти бутлон зананд ва боз мардумро ба вартаи нобудӣ ва ҷангу ҷидол ва хунрезӣ тела диҳанд, вале боварии комил дорем, ки тири ин бадхоҳон хок хоҳад хӯрд.

Дар чунин вазъияти мураккаб, мо ҷавонон, бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва бо ҳар роҳ кӯшиш намоем, ки тамоми дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, илму техникии ноилгардидаро ҳифз намоем. Барои расидан ба ин ҳадаф, мо ҷавонон, бояд, сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳии миллиамонро беш аз пеш баланд бардорем ва қишрҳои дигари ҷомеаро низ ба ин роҳ ҷалб намоем.

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як шаҳрванди кишвари азизамон муборак бод!

Ҳикматулло Хоҷаев,
сармутахассиси Раёсати омӯзиши масъалаҳои
амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон