Асосӣ: Соҳибкорӣ ва рушди сектори хусусӣ Тадкикот, нашрияю баромадхо ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: ЗАМИНАГУЗОРИ АСОСИИ РУШДИ БАХШИ ХУСУСӢ ВА ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
+++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз254
mod_vvisit_counterДирӯз1408
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта4718
mod_vvisit_counterДар ин моҳ19204
mod_vvisit_counterҲамагӣ1431652
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Декабри
13
Панҷшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: ЗАМИНАГУЗОРИ АСОСИИ РУШДИ БАХШИ ХУСУСӢ ВА ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

01.11.2018

Имсол аз қабули Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» 27 сол сипарӣ мегардад. Яъне бисту ҳатфт сол муқаддам миллати мо ба дастоварди бузургтарини

Таърихӣ- Истиқлолияти давлатӣ ноил шуд.

Ба хотири дарки арзиши таърихӣ ва дарёфти роҳҳои таҳкими он мо паҳлуҳои гуногуни ин неъмати азизи худододро таҳлил ва мавриди арзёбӣ қарор медиҳем.

Тавре ки аён аст, баъди касби истиқлолияти давлатӣ, кишвари мо ба мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ шуд, зеро дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта давлати тозаистиқлоли мо ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд.

Ҷанги шаҳрвандӣ ва буҳрони сиёсие, ки кишвари моро фаро гирифта буд, боиси хисороти азими иқтисодӣ ва гузашта аз ин, фалаҷ шудани иқтисодиёт ва коҳиши бесобиқаи нишондиҳандаҳои тамоми соҳаҳо гардид. Агар мо ба нишондиҳандаҳои рушди иқтисодӣ дар солҳои аввли соҳибистиқлолии мамлакат назар афканем, дар ин ҷода талафот хеле зиёд ба назар мерасад. Масалан, агар соли 1991 ҳаҷми маҷми маҳсулоти дохилӣ нисбат ба соли 1990 -ум 6% кам шуда бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 1992 якбора то 40% поён рафта буд. Тамоми бахшҳои иқтисодиёт тақрибан фалаҷ гашта буд. Кормандон аз истеҳсолот берун монда буданд ва ин шумора рӯз то рӯз тамоюли афзоиш дошт. Мардуми кишварро хатари гуруснагӣ таҳдид мекард, яъне таъмини нон, хӯрок ва ашёи зарурии рӯзгор масъалаи асосӣ ба ҳисоб мерафт.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, истеъмолӣ, маҳсулоти кишоварзӣ зиёда аз 70 дарсади нишондиҳандаи соли 1991-ро ташкил дода буд. Умуман, кулли нишондиҳандаҳои иқтисодии соли 1992 яку якбора поён рафт. Дар ин давра, агар сатҳи поёнравии миёнасолонаи маҷмӯи маҳсулоти дохилии воқеӣ дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ҳисоби миёна 9% ташкил дода бошад, пас ин рақам дар иқтисодиёти кишвари мо ба 25% баробар буд. Дар маҷмӯъ, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ иқтисодиёти кишвари азизамон, беш аз 10 миллиард доллар хисороти молиявӣ ворид намуд. Табиӣ аст, ки дар чунин шароит барқарор намудани инфрасохтори иқтисодӣ-иҷтимоии фалаҷшуда кори сахту вазнин буд. Дар чунин шароит таъҷилан аз байн бурдани хавфи гуруснагӣ, барқарор намудани фаъолияти корхонаҳои фалаҷгардида, манзилҳои зист ва иншооту биноҳои сӯхтаву валангоргашта вазифаи фаврӣ ва аввалиндараҷа ҳисоб меёфт. Дар ин ваъият андешидани татбирҳои муассир, ҳамзамон таҳияву татбии қонун ва стратегияву барномаҳои мушаххаси давлатие, ки ба ҷорӣ намудани муносибатҳои бозаргонӣ мусоидат мекунанд, талаб менамуд.

Ин ҷо таъкид кардан зарур аст, ки қабули фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тақсими 75 ҳазор гектар замин ба мардум дар таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ ва наҷот додани мардум аз хатари гуруснагӣ тадбири ниҳоят ҷиддӣ ва саривақтӣ буд.

Бо азму талошҳои пайваста ва бо дарки баланди масъулиятшиносии роҳбари давлат ҷиҳати идораи иқтисодиёти миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол сохтори нави Ҳукумат ташкил карда шуд. Қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ҳамаи самтҳои муносибатҳои иқтисоди бозориро танзим ва равандҳои ислоҳотро дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт муайян менамоянд, таҳия ва қабул гардиданд.

Ҳамин тавр, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои муассир, танҳо аз ибтидои солҳои 2000-ум сар карда, кишвари мо ба марҳалаи рушд ворид шуд ва пешрафти босуботи иқтисодиёт ва татбиқи ислоҳоти фарогир дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ, таъмин гардид.

Ҷорӣ намудани навъҳои гуногуни моликият, шаклҳои гуногуни ташкили хоҷагидорӣ, пеш гирифтани сиёсати хусусигардонии моликияти давлатӣ, ба муомилот баровардани асъори пули, озод намудани нархҳо, бунёди корхонаҳои муштарак ва ғайра имконият доданд, ки барои рушди устувори иқтисодиёти Тоҷикистон, мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ ва таҳкими дастовардҳои истиқлолият қадамҳои устувор тавассути рушди бахши хусусӣ гузошта шаванд.

Авалин қадаме, ки дар пиёдасозии омилҳои рушди иқтисодӣ ва ҷалби бештари бахши хусусӣ дар идоракунии давлатӣ гузошта шуд, таҳия ва қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи майи соли 1997 «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» мебошад. Ин санад иртиботи байни давлатро дар шахси мақомоти ваколатдори он ва шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар раванди хусусигардонии моликияти давлатӣ муайян намуда, барои рушду тараққиёти шаклҳои гуногуни фаъолияти соҳибкорӣ шароити мусоид фароҳам овард. Маҳз дар шароити мураккаби сиёсию иқтисодӣ ба соҳибкорон ва дигар шахсони алоҳида вогузор намудани моликият боиси рушди иқтисодиёт гардид.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» иншоотҳои зиёди хурд ва корхонаи миёнаю калон хусусӣ гардонида шуда, ки ин раванд дар муътадил гардидани вазьияи макроиқтисодӣ нақши муҳим гузошт.

Ҳоло агар мо, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва рушди бахши хусусиву соҳибкориро аз замони ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ то кунун мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳем, пас дар ин росто кишвари мо ба дастоварҳои назаррас ноил гаштааст. Агар дар солҳои аввали эълон гардидани истиқлолияти давлатӣ ҳаҷми маҷмӯи мҳсулоти дохилии кишвар 13,4 млн. сомониро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2017 беш аз 61 млрд. сомонӣ ва афзоиши воқеии он бошад, ба 7,1 дарсад баробар гаштааст. Дар ин давра маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сар аҳолӣ аз 2,5 сомонӣ то зиёда аз 6 676 сомонӣ ё тақрибан 75 маротиба зиёд гардидааст.

Тибқи маълумоти оморӣ соли 2017 даромади пулии аҳолӣ беш аз 27,6 миллиард сомониро ташкил кард, ки ин рақам дар соли 1997 ба 45,8 милион сомонӣ баробар буд. Ҳамаи ин боиси то се баробар паст гардидани сатҳи камбизоатӣ, беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум ба ин васила то 73,5 сол боло рафтани дарозумрии миёнаи шаҳрвандон гардид. Зикр кардан ба маврид аст, ки сатҳи миёнаи дарозумрии шаҳрвандон дар солҳои аввали истиқлолият ба 67,6 сол баробар буд.

Аз баракати Истиқлолияти давлатӣ, бо амалӣ гардидани татбирҳои муассири давлатӣ ва амалисозии барномаҳои қабулгардида дар бобати дастгирии бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ ҳиссаи ин бахши муҳими иқтисодиёт дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ мунтазам афзуда, дар соли 2017 беш 70 дарсадро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда дар қиёс бо соли 1998 тақрибан 2,5 маротиба зиёд мебошад. Давоми солҳои 1991-2017 шумораи субъектҳои соҳибкорӣ бо дарназардошти хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) беш аз беш аз 37 маротиба, шумораи корхонаҳои хурде, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд ва мақоми шахси ҳуқуқиро доранд, зиёда аз 2,5 маротиба, кормандони дар ин корхонаҳо фаъолияткунанда бошад, беш аз 1,5 маротиба зиёд гардидаанд. Дар ин давра фонди музди меҳнати ин корхонаҳо зиёда аз 1,1 милион сомонӣ ва ҳаҷми даромад аз фурӯши маҳсулот бошад, аз 6,1 милион сомонӣ то зиёда аз 329,- 6170,9 милион сомонӣ баробар гардид.

Дар 27 соли Истиқлолияти давлатӣ дар кишварамон бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ садҳо корхонаи хурду бузурги истеҳсолӣ бунёд ва ҷойҳои корӣ таъсису барқарор карда шуданд. Бо вуҷуди дастовард ва тамоюлҳои мусбат, ҳоло ҳам баъзе масъалаҳои ҳассоси дигари ҳалталаб, аз ҷумла иқтидори нокифояи захираҳои қарзӣ ва молиявӣ, мизони (ставкаи) баланди кредитӣ, кӯтоҳ будани муҳлати бозгардонии қарз, мавҷуд набудани иттилооти зарурӣ барои ташкил ва идоракунии тиҷорат, мукаммал набудани механизмҳои дастгирии молиявию қарзӣ ва суғуртаи хавфҳои соҳибкорӣ, шароитҳои номусоиди қарздиҳӣ, рушди нокифояи механизми лизинг, инчунин, меёрҳои нисбатан баланди андозбандӣ ва ғайра низ мавҷуд мебошанд, ки дар рушди устувори фаъолияти соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ монеа эҷод мекунанд. Бинобар ин, ислоҳот ва дастгириҳои пайвастаи давлатӣ дар иртибот ба ҳалли масоили ҷойдоштаи марбут ба рушди соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусӣ бо ҳам фаъолтар гардонида шаванд.

Одинаев А.И.,
муовини сардори Раёсати тадқиқоти
масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи
бахши хусусии МТС-и назди
Президенти Чумҳурии Тоҷикистон,

Ғуломносирова Ф.М.,
мутахассиси пешбари Раёсати
тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ
ва инкишофи бахши хусусии МТС-и
назди Президенти Чумҳурии Тоҷикистон