Асосӣ: Навигариҳо ШОИРИ ХУШСУХАН ВА ХУШНАВИСИ ЗАРҚАЛАМ
+++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз577
mod_vvisit_counterДирӯз2074
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта8029
mod_vvisit_counterДар ин моҳ22520
mod_vvisit_counterҲамагӣ1387578
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Ноябри
16
Ҷумъа
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ШОИРИ ХУШСУХАН ВА ХУШНАВИСИ ЗАРҚАЛАМ

30.10.2018

Дар санаи 26 октябри соли 2018 бо ташаббуси Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ба муносибати 150-солагии шоир, мутафаккир ва хушнависи маъруфи тоҷик Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ Конфронси илмӣ баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш дар қатори дигар муҳаққиқон Котиби матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Сатторӣ, ки сӣ сол боз ба таҳқиқи рӯзгор ва осори Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ машғул аст, таҳти унвони "Шоири хушсухан ва хушнависи зарқалам" суханронӣ намуд. Инак, матни маърӯзаи ӯ пешкаши хонандагони сомонаи "mts.tj" мегардад.

***

Агар ба мағзи сухан хотири расо дорӣ,
Ҳар он чи Хоҷӣ бигӯяд, ба оби зар бинвис.

Яке аз суханварони нозукбаёну нуктасанҷи тоҷики охири қарни нуздаҳ ва аввали садаи бисти милодӣ Ҳоҷӣ Муҳаммадҳусайни Хатлонӣ мебошад. ӯ дар эҷоди шеър дасти

тавоно, тахайюли рангин ва дар хушнависию наққошӣ истеъдоди нодир доштааст. Завқи баланд, истеъдоди фитрӣ ва ҳунарварии вайро донишмандони нуктасанҷ ва аҳли илму адаби Бухорои Шариф ҳангоми дар қайди ҳаёт буданаш эътироф намудаанд. Аксари тазкиранависон ба ашъори рангину ширин ва пурмаънои Ҳоҷӣ Ҳусайн баҳои муносиб ва баланд додаанд. Аз ҷумла Ҳоҷӣ Неъматуллоҳ Муҳтарами Бухороӣ дар «Тазкират-уш-шуаро» менависад: «Ҳоҷӣ тахаллуси сухансанҷу волофитрат, дарёнаварду сонеъзамир, саҳронаварду сонеътироз, қаламзану бадеъпардоз, нигорандаи мабонӣ, нигористони маонӣ Мулло Муҳаммади Хатлонӣ. Таҳсили улум ба назди асотизи (устодони–Қ.С.) дорулфохира (Бухоро–Қ.С) карда, пайки тараддуд ба ҳар кӯча даррасида, абвоби футуҳро дар ҳарб ба рӯйи худ кушода, аз ҳар тумане донаро рабуда, пас аз он ба улуфи худ тарки иқомат андохта. Дар он ҷо байни акобиру асоқир (хурду калон–Қ.С.) эътибори тамом ёфта, ашъори худро ба таркиби девон кашида, дар матбааи Тошканд ба зевари табъ расида».

Ин шоири ширинсухан ва хушнависи зарқалам дар байни мардуми Бухорои Шарқӣ, алҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тахаллуси Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ машҳур буд ва ҳаст. Ӯ соли 1868 милодӣ дар деҳаи Қарақамиши Кангурти Хатлонзамин дар хонадони Зокир-девонбегӣ чашм ба олам кушодааст. Гузаштагонаш аслан аз деҳаи Даштиканаки собиқ ноҳияи Сарихосоранд, ки шаҷараи хонаводагии онҳо ба Хоҷа Аҳмади Косонӣ, машҳур ба Махдуми Аъзами Даҳбедии Самарқандӣ мерасад. Падари Муҳаммадҳусайн Раҳим ибни Зокир-девонбегӣ рутбаи мирохӯрӣ дошта, дар Норак ва Кангурт ба ҳайси соҳибмансаби давлатӣ ифои вазифа мекард. ӯ яке аз шахсони фозили замони худ буда, дар маърифатнок кардани фарзандаш кӯшиши зиёде ба харҷ додааст.

Бояд гуфт, ки шаҳраки Кангурти Хатлон дар он замон ҳаждаҳ мадраса дошт ва дар онҳо дастпарварони мадрасаҳои олии Бухорову Самарқанд, Балху Ҳирот ба таълиму тарбияи толибилмон машғул буданд. Ҳоҷӣ Муҳаммадҳусайн таълими ибтидоиро дар мадрасаҳои машҳури зодгоҳаш аз донишмандони улуми исломӣ мегирад. Сипас ба шаҳри Бухоро, ба маркази бузурги тамаддуни тоҷикон ва умуман мардуми диёри Мовароуннаҳр рафта, дар мадрасаҳои Турсунҷон ва Рашидӣ таҳсил мекунад ва дониши худро такмилу сайқал медиҳад. Дар он ҷо Муҳаммадҳусайн на танҳо улуми расмии замонашро, балки илми калом, ҳунарҳои гуногуни нафиса, амсоли хушнависӣ, лаввоҳӣ, саҳҳофӣ, наққошӣ ва муҳрканиро меомӯзад ва дар ҳамаи ин ҳунарҳо устод мегардад. Ӯ дар як ғазалаш ба ҳамин маънӣ ишорае дорад:

Ҷаҳони санъатам, дар баҳри маънӣ гавҳарэҷодам,
Вале ҳамчун садаф, Ҳоҷӣ, надонам худситоиро.

Хоҷӣ Муҳаммадҳусайн махсусан, дар санъати хаттотӣ чун хушнависи чирадаст ва камназир шинохта шуда буд. Ӯ дар аз хушнависони чирадасти бухороӣ навъҳои гуногуни хатти арабӣ, амсоли насх, таълиқ, сулс, настаълиқ, куфӣ, райҳонӣ, руқум, нохунӣ, ёқутӣ, ёқутии зулфомез, қубор, қуръонӣ, китобӣ, тавъам ва ғайраро омӯхта, дар хушнависӣ шуҳрати беандоза пайдо мекунад. Ҳоҷӣ Ҳусайн роҷеъ ба ҳунари хушнависӣ рисолае низ бо номи «Ашколи хутути исломия» таълиф кардааст, ки дар он роҷеъ ба 62 навъи хати арабӣ маълумот медиҳад ва нусхаи ягонаи он дар захираи шуъбаи дастхатҳои шарқии Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфуз аст.

Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ аз овони наврасӣ ба сурудани шеър пардохтааст. Истеъдоди фитрӣ, ҷустуҷӯ, такопӯ, тахайюли рангин, омӯзиши пайваста имкон дод, ки Ҳоҷӣ дар эҷоди шеър устод гардад. Дар ин бора худи ӯ чунин гуфтааст:

Фикри шеъру навхатӣ, Ҳоҷӣ, хаёлам бурдааст,
З-он баландандешаам мазмуни ашъорам напурс.

Ҳоҷӣ Ҳусайн дар давоми таҳсилаш дар Бухоро аз ашхоси пешқадаму маорифпарвар ёру дӯстони бисёре пайдо карда буд. Аз ҷумла вай бо маорифпарварони Бухорои Шариф: Садри Зиё, Ҳоҷӣ Рафеъ, Қорӣ Аҳмадҷони Мунис, Ҳомидхоҷаи Ҳомид, Мулло Бурҳони Муштоқӣ ва дигар рӯшанфикрони замони худ ҳамнишину ҳамсӯҳбат ва ҳамақида будааст, яъне дар Бухорои Шариф дар радифи ин донишмандони пешқадам ба фаъолияти ислоҳотхоҳии исломӣ ва маорифпарварӣ машқул гардидааст. Аз ҳамин ҷост, ки осори Ҳоҷӣ Ҳусайн аз афкори пешқадам, қояҳои инсондӯстӣ, маорипарварии исломӣ, худшиносиву худошиносӣ, тарқиби омӯзиши илму ҳунар ва ҳоказо саршор аст.

Ривояте дар байни ҳамдиёронаш роиҷ аст, ки гӯё шоир ҳангоми сафари ҳаҷ дар яке бандарҳои кишвари Туркия ба киштие савор мешавад, то ки ба Миср биравад. Аммо киштӣ ба Фаронса мерафтааст ва ӯ аз фурсати муносиб истифода бурда, чанд муддате мамолики Аврупо, амсоли Фаронса, Олмон, Австрияро саёҳат мекунад ва ба тарзи зиндагӣ ва фарҳангу тамаддуни ин кишварҳои пешрафта ошно мешавад. Сипас Муҳаммадҳусайн ба василаи киштӣ ба Арабистон сафар намуда, ба зиёрати хонаи Худо мушарраф мегардад ва орзуи чандинсолааш ҷомаи амал мепӯшад. Ин ҳодисаи басо муҳим дар ҳаёти маънавии Муҳаммадҳусайн дигаргунии бузурге ба амал меоварад ва аз пас тахаллуси шоирии худро Ҳоҷӣ интихоб мекунад.

Хоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ чанд соле мамолики Шарқро саёҳат намуда, ба василаи киштӣ ба Аврупо, сипас ба Русия меравад. Дар ин сарзамин ҷойҳои таърихиро дидан карда, ба вазъи зиндагии мусалмони Тотористону Бошқирдистон ва Қафқоз ошно мегардад. Дар ин сафар бо чанд нафар маорифпарварони ин минтақаҳо ҳамсуҳбат гардида, дониши худро қанӣ ва ҷаҳонбиниашро васеъ мегардонад. Тибқи ривоятҳо Хоҷӣ Муҳаммадҳусайн китоби сафарномае навишта будааст, вале то ба ҳол он асар дастраси пажӯҳишгарон нагардидааст. Ҳоҷӣ Ҳусайн баъди сафари тӯлонӣ ба шаҳри Бухоро бармегардад ва ба фаъолияти маорифпарварӣ ва ислоҳотхоҳии исломӣ мепардозад, вале ба муқобилияти сахти ҳокимону амалдорон ва уламои иртиҷоии муҳофизакор мувоҷеҳ мешавад. Шояд ин байтро дар ҳамин лаҳзаҳои ҳаёташ бо ҳасрат гуфта бошад:

Ҳамчун ангушти шаҳодат ба кафи аҳли фаранг,
Ҳоҷӣ беқадр шуд аз кинаи танҳо ин ҷо.

Шоир дигар дар ин шаҳр истоданро дигар ба худ муносиб надида, ба Хатлонзамин, ба зодгоҳаш–шаҳраки Кангурт бармегардад. Чунонки дар боло зикр кардем, Кангурт дар он солҳо яке аз марказҳои маъруфи илмӣ ва фарҳанги исломӣ дар мулки Бухорои Шарқӣ ба шумор мерафт. Дар ин шаҳрак муҳити мусоиди адабиву фарҳангӣ ҳукмфармо буд ва аксар аҳли илму адаби ин ҷо рӯшанфикр ва пешқадам ба назар мерасиданд ва онҳо донишманди ҳамдиёри худро хуш ва самимона пазироӣ намуданд. Ҳоҷӣ Ҳусайн дар яке аз мадрасаҳои Кангурт аз улуми фиқҳи исломӣ, сарфу наҳви арабӣ ва хушнависӣ дарс медиҳад. ӯ дар зодгоҳаш ба қайр аз мударрисӣ ба навиштани шеъру достон, наққошӣ ва хушнависӣ шуқл меварзад, вале ёди Бухоро, накҳати ҷӯйи Мӯлиён, дӯстону муҳиббони он диёр эшонро ором намегузоштанд. Дар ин бора худи шоир дар яке аз номаҳояш ба яке аз дӯстонаш чунин менависад: «...Бандаро орзуи зиёрати волидайн ва қазияи «ҳуббул ватани минал имон» инон аз қабзаи ихтиёр рабуда, ба он қасаба маътуф медорад,... варна видоъи дӯстон ва ҳаҷри муҳиббон ранг аз рӯйи муҳаббат метарошад ва нохуни ифтироқ синаву ҷигар мехарошад».

Ҳокимони маҳаллӣ, бахусус мири Ҳисор Авлиёқулбек, ба шахсияти ин донишманд ва шоири маъруфи тоҷик ихлосу самимият доштанд ва ӯро аз лиҳози моддиву маънавӣ дастгирӣ ва кӯмак мекарданд. Инро аз мукотиботи Ҳоҷӣ Ҳусайн бо амалдорони мазкур фаҳмидан мумкин аст. Бо хоҳиши баъзе онҳо шоир барояшон китобҳои нодирро бо хатти зебояш нусхабардорӣ мекарда ва қитъаҳои таърихӣ ба муносибати бунёди қасру кушк, мадрасаву масҷид ва эҷод менамудааст. Шоир ҳеҷ гоҳ барои чоплусӣ ва ба даст овардани пулу мол дар ҳаққи зимомдорони давр ашъоре таълиф накардааст, вале барои панду насиҳат ба амалдорон ва соҳибмансабони давлатӣ гоҳ-гоҳе қасида ё шеъри тавсифӣ ҳам гуфтааст, то ки онҳоро ба раиятпарвариву адолат даъват намояд. ӯ ҳаёти фақирона ба сар бурда, ҳаёти дарбори шоҳону ҳокимон танаффур дошт ва ба лаби ноне қаноат меварзад. Худи шоир дар як қазалаш ин маъниро чунин гӯшзад кардааст:

Надорам аз ҷаноби шоҳ мансаб,
Зи қанди илтифоташ не шакарлаб.
На аз инъоми омаш баҳрабардор,
На аз хони қабулаш заллабардор.
На андар маҷлиси ӯ бор дорам,
В-агар борам диҳад, инкор дорам.
Ки ҳастам нотавону дилшикаста,
Ба давлатхонаи ғурбат нишаста.

Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ дар авҷи камоли эҷодӣ соли 1917 милодӣ аз олам чашм мепӯшад. Марқади ӯ дар мазори Ҳазрати Мавлавии Юсуфи Хатлонӣ, дар баландии он диёр воқеъ аст. Муҳаққиқи маъруфи тоҷик, номзади улуми филологӣ Сайидумар Султон ақида дорад, ки Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ дар соли 1922 дар синни 42 солагӣ вафот кардааст. Аммо фарзанди шоир Бибибақия ибрози назар кардааст, ки қиблагоҳаш дар соли 1917 дар синни 49 солагӣ дунёи фониро падруд гуфта, ки дар он вақт ӯ духтарчаи шаш-ҳафтсола будааст ва ӯ ин воқеаро равшан дар хотир дорад. Аз лиҳозе ки маълумоти фарзанди шоир боварибахштар ба назар мерасад, соли таваллуди Ҳоҷӣ Ҳусайнро на 1880 милодӣ, балки 1868 милодӣ ҳисобидан равост.

Неъматуллоҳи Муҳтарам низ санаи вафоти Ҳоҷӣ Ҳусайнро 1335 ҳиҷрӣ, яъне соли 1917 милодӣ ҳисобидааст: «Дар шаҳри рабеъулохири санаи 1335 ҳиҷрӣ вафот ёфт. Ҷисми ӯ ба замини мавлудаш монд ва рӯҳаш ба олами бақо шитофт». (Ниг. Ҳоҷӣ Неъматуллоҳи Муҳтарам. Тазкират-уш-шуаро.//Бо тасҳеҳ ва муқаддимаи Асқари Ҷонфидо//. Душанбе: Дониш,1975, саҳ. 96 –98).

Аз шоир бо номи Бибибоқия духтаре боқӣ монд, ки ба донишманди маъруфи ин диёр Домулло Шамс ба шавҳар баромада, дар деҳаи Ҷартеппаи ноҳияи Данқара зиндагӣ ба сар мебурд ва чанд сол пеш дунёи фониро падруд гуфт. Аз ӯ чанд нафар духтару писар боқӣ мондаанд, ки дар ноҳияи Данқара ва Восеъи вилояти Хатлон ҳаёт ба сар мебаранд. Муаллифи ин сатрҳо соли 1988 ба марҳум Бибибақия мулоқот карда, аз забони ӯ дар бораи падари бузургвораш нақлу ривоятҳо навишта гирифтааст. Шодравон зимни суҳбат девони қазалиёти Ҳофиз, Саъдӣ ва Бедилро, ки бо хатти зебои падараш китобат ёфтаро ба камина нишон дода буд, вале бо тааассуф зикр карда буд, ки осори даҳ соли охири умри қиблагоҳаш беному нишон гум шудааст. Банда баъди сафар ба диёри Кангурт ва ноҳияи Данғара дар арафаи саду бистсолагии зодрӯзи Ҳоҷӣ Ҳусайн мақолае дар рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Хатлон» таҳти унвони «Хомаи шакаррез ва мӯқалами сеҳрангез» ба табъ расонда будам.

Бояд гуфт, ки Муҳаммадҳусайни Ҳоҷӣ дар ҳақиқат шоири соҳибзавқу боистеъдод аст. Ашъори ӯ бо таровату тозагӣ, мазмунҳои бикр, тасвирҳои наву шоирона ва тахаюли рангин хеле ҷолибанд. Аз мероси адабии Ҳоҷӣ 254 қазал, 19 мухаммас, як мусаддаси 28 бандӣ, 4 марсия, 97 рубоӣ,13 таърихи манзум, манзумаҳои «Васила-ун-наҷот», «Таърихи ҷуда», рисолаи таърихии «Мунтахаб-ул-ахбор-фи-табақот-ус-салотин» ва маснавии «Комде ва Мадан» ба мо омада расидааст. Ҳамаи ашъори шоир дар «Куллиёт»-аш соли 1913 милодӣ гирд оварда шудааст, ки 13 ҳазору 100 мисраъро дар бар мегирад, ки дар чопхонаи шаҳри Тошканд ба табъ расидааст. Мутаассифона, чуноне дар боло гуфтем, осори назмиву насрии даҳ соли охири умраш дастраси пажӯҳишгарон ва ҳаводорони каломи бадеъ нест.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар омӯзиши аҳвол ва осори Ҳоҷӣ Муҳаммадҳусайни Хатлонӣ донишманди тоҷик Сайидумар Султони Истаравшанӣ хизмати шоистаеро анҷом додааст. ӯ соли 1962 ба муносибати 80-солагии зодрӯзи шоир «Асарҳои мунтахаб»-и ӯро тавассути Нашриёти давлатии Тоҷикистон нашр карда, дӯстдорони эҷодиёти шоирро бо рӯзгор ва осораш ошно намуд, вале, мутассифона, барои чопи осори як шоири иртиҷоӣ ва сӯфимашраб аз ҷониби зимомдорони даврони Шӯравии Тоҷикистон азобу ранҷ дидааст. Дар ин бора қарори Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ба тасвиб расида буд, барои чунин камбудии идеологӣ, яъне ба нашр расонидани осори шоири иртиҷоӣ Ҳоҷӣ Ҳусайн чандин нафар масъулони ҳизбиву давлатӣ ба ҷазоҳои маъмурӣ кашида шуданд.

Инак, айёми истиқлоли кишварамон фаро расиду аз рӯи осори Ҳоҷӣ Ҳусайн низ хатти бутлон бардошта шуд ва иқдоми наҷиби Сайидумар Султонро ду тан аз пажӯҳишгарони варзидаи тоҷик: Қамчин Чиллазодаи Теҳраӣ ва Амирхӯҷа Абдураҳимов идома дода, «Куллиёт»-и осори назмӣ ва насрии Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртиро ба ҳуруфи кириллӣ ва форсӣ таҳия намуда, бо дастгирии молии раиси Иттиҳодияи истеҳсолии бофандагии шаҳри Душанбе Анвар Бозоров ба чоп расониданд. Онҳо кори хайреро анҷом дода, барои муҳаққиқон ва дӯстдорони каломи бадеъ осори манзум ва мансури ин суханвар ва хушнависи барҷастаи тоҷикро дастрас карданд ва рӯҳи Ҳоҷӣ Ҳусайнро шод намуданд.

Ҳоҷӣ Ҳусайн шоири боистеъдоду андешапарвар аст ва ашъори худро басе самимӣ ва гуворо сурудааст. Аз лиҳози бадеияту балоқат, салосату нафосат шеъри ӯ дар пояи шоирони классики адабиёти форсу тоҷик қарор дорад, вале афсӯс то ба ин дам мақому манзалати ин шоири мумтоз дар таърихи адабиёти мо муайян нагардидааст. Ашъори Ҳоҷӣ аз ҷиҳати истифодаи санъатҳои лафзию маънавӣ, тасвирҳои тозаву нотакрор, образҳои шоирона, сабки омехтаи хуросонию ҳиндӣ ва қайра дар байни осори адибони форсизабони Мовароуннаҳр фарқ дорад. Маҳз ширинсуханию нодирагуфторӣ боис гардидааст, ки қазалиёти ӯро қабл аз Инқилоби Бухоро овозхонони маъруфи тоҷик ба риштаи оҳангҳои дилнавоз бикашанд ва бисароянд. Ба ин қазали «Чӣ сабаб, ки турки мастам...» Ҳоҷӣ Ҳусайн мисоли равшан аст, ки дар радифи беҳтарин ашъори шоирони классики адабиёти фору тоҷик вориди сурудҳои «Шашмақом» гардидааст ва солиёни зиёд аст, ки онро беҳтарин мақомхонони тоҷик месароянд. Ин ғазал бо оҳанг чун гӯшту нохун ба ҳам омадаанд ва беҳтарин иҷрокунандагони он Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Аҳмад Бобоқулов ва Ҳофизи халқии Тоҷикистон Тағоймурод Хушвақтов ба шумор мерафтанд:

Чӣ сабаб, ки турки мастам бари мо надида бигзашт,
Нанишасту нолаи мо даме ношунида бигзашт...
Зи ғами ҷудоӣ, Ҳоҷӣ, ба фиғон чаро нанолам,
Ки чу най зи найситонам ҳама кас бурида бигзашт.

Ашъори лирикии Ҳоҷӣ Ҳусайн басо хушоҳанг буда, ба забони содаву фасеҳ суруда шудаанд ва саҳли мумтанеъ ба назар мерасанд. Аз ҳамин ҷост, ки ба онҳо мутрибони гузашта ва имрӯзаи тоҷик оҳангҳои гӯшнавозу марғуб бастанд. Яке аз чунин хунёгарони хушовоз, ки мухлиси ашъори ҷонпарвари Ҳоҷӣ Ҳусайн буд, шодравон Ҳофизи халқии Тоҷикистон Одина Ҳошим ба шумор меравад. Марҳум аз эҷодиёти ин шоири хушсухан шеърҳои зиёдеро азёд медонист ва бо сабку услуби ба худ хос месароид. Бавижа суруди ӯ ба ин ғазали рӯҳафзои Ҳоҷӣ Ҳусайн басо самимӣ ва гӯшнавоз садо медод:

Ин чаманро, ҳар кӣ омад, як замон нодида рафт,
Гул агар бишкуфт, аммо ғунчасон нодида рафт....
Ҳоҷиё, некутарини мардумон донӣ, ки кист?
Он ки айби хеш диду аз касон нодида рафт.

Мавзӯи ишқу ошиқӣ дар ашъори шоир мақоми дараҷаи аввалро дорад, ки бесабаб наст, зеро Ҳоҷӣ чуноне ки гуфтем, пеш аз ҳама шоири лирик аст ва бо тақозои табиати хеш ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудааст. Ба қавли донишманди тоҷик, нахустин муҳаққиқи рӯзгор ва осори Ҳоҷи Ҳусайн–Сайидумар Султон: «Ғазалҳои Ҳоҷӣ ниҳоят равон, салис, табиӣ ва пуробуранг буда, хеле рӯҳафзо ва фаҳмо мебошанд». Дар ҳақиқат ҳамин тавр аст. Ин ҷиҳати ашъори ғиноии худро худи шоир гӯшзад ва таъкид намудааст:

Дар бинои сурати иншои ту аз оҷизӣ,

Мечакад ранги хиҷолат аз қалам Беҳзодро.

Мавзӯи ишқу ошиқӣ дар ашъори Ҳоҷӣ бештар хусусияти ирфонӣ дошта, муҳаббату дилдодагӣ, ваҷди рӯҳонӣ, лаззати маънавии аҳли тариқати нақшбандияи тасаввуф дар роҳи худшиносӣ, худошиносӣ ва расидан ба ҳақиқати куллро ифода мекунад. Ашъори Ҳоҷӣ саршори чунин қояҳои ҷовидонаанд, ки хонанда ва шунавандаро ба роҳи росту дуруст ҳидоят ва раҳнамоӣ мекунад. Яке аз мавзӯъҳои муҳими эҷодиёти Ҳоҷӣ Ҳусайн васфи зодгоҳи маҳбубаш Хатлонзамини Тоҷикистон аст. Шоир ба ҳадиси маъруфи набавӣ «Меҳри Ватан аз гӯшаи имон аст» амал намуда, дар оқози маснавии «Комдиву Мадан» табиати фирдавсмонанди мулки Хатлонро басо ҳунармандона бо истифодаи санъатҳои бадеӣ васф намудааст, ки дар адабиёти тоинқилобии мо камназир аст. Инак, пораеро аз он маснавӣ пешкаши хонандагони нуктасанҷ менамоем, ки худ қазоват кунанд:

Арши суханро бидиҳам бартарӣ,
Фарши хирадро бикунам зеваре.

Аз сифати хубии маъмурае,
В-аз гуҳари шодии мастурае.

Рафти сухан бар сари Хатлон бувад,
Ҳубби ватан гӯшаи имон бувад…

Чу Хатлон хиттае кам офарида,
Ки фирдавсе ба олам офарида…

Насими файз бар хокаш вазида,
Ғубораш то бихезад, гул дамида.

Шамолаш, гар бигардад, мушк резад,
Ҳавояш, гар бихандад, атр безад.

Тамошояш бубинад ҳуриён дӯш,
Биҳишт аз ёдшон гардад фаромӯш.

Чу наҳри шир ширин обшораш,
Лаби Ширин канори ҷӯйбораш.

Баҳоре набзи гулҳо баста дар мушт,
Ҳамеша сабзазораш чор ангушт…

Набинӣ бе баҳорон сарзаминаш,
Зимистон аст гул дар остинаш...

Тамаъ бар неъматаш чун осмон кард,
Забони косалесӣ Каҳкашон кард.

Кӯҳистонаш Хизири ахзаринпӯш,
Ридои осмонӣ бар сари дӯш.

Ба иффат чун занони покдоман,
Зи хуни лола марҷон то ба доман.

Бубинӣ санъати дасти худоӣ,
Дар он ҷо гар тафарруҷ менамоӣ…

Хулосаи калом, Ҳоҷӣ Муҳаммадҳусайни Хатлонӣ дар таърихи адабиёт, фарҳанг ва ҳунари охири қарни нуздаҳ ва аввали қарни бисти тоҷик мақоми арзанда ва шоиста дорад, ки мутаассифона, то ба ҳол ҷойгоҳи ӯ аз ҷониби муҳаққиқони таъриху адабиёт муқаррар ва муайян нагардидааст. Умед дорем, ки нақши ин мутафаккиру донишманд, маорифпарвару шоири ширинсухан ва хушнависи зарқалам дар рушди афкори сиёсиву иҷтимоӣ, адабиву фарҳангӣ ва ҳунарии мардуми тоҷик ба таври аниқу беғаразона равшан карда мешавад. Зеро ин тақозои даврони истиқлоли кишварамон аст, ки чеҳраҳои аслии ҳар як шахсияти таърихию фарҳангии халқамонро бар насли имрӯза ва ояндаи миллати тоҷик ба тарзи воқеъбинона арзёбӣ намоем, ки чӣ хидматеро барои халқу ватанашон анҷом додаанд.

Ҳозирин муҳтарам, суханронии худро бо як байти Ҳоҷӣ Муҳаммадусайни Хатлонӣ ҳусни мақтаъ мебахшем, ки дар бораи мақому манзалаташ дар илму ҳикмат, шеъру ҳунар барҳақ фармудааст:

Накаш, эй бехирад, ташвиши рашки эътиборамро,
Чун зар бигдохтам чандон, ки худро муҳтарам кардам.

Қиёмиддин Сатторӣ,
котиби матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегиии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Аълочии фарҳанг ва матбуоти
Ҷумҳурии Тоҷикистон