Асосӣ: Сиёсати дохилӣ Таҳқиқот “РОҒУН”- ИНШООТИ БУЗУРГИ СТРАТЕГӢ
+++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз571
mod_vvisit_counterДирӯз2074
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта8023
mod_vvisit_counterДар ин моҳ22514
mod_vvisit_counterҲамагӣ1387572
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Ноябри
16
Ҷумъа
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

“РОҒУН”- ИНШООТИ БУЗУРГИ СТРАТЕГӢ

12.11.2018

Бунёду барқарорсозии иншоотҳои муҳими стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори насли имрӯзу фардо, рушду пешрафти тамоми соҳаҳои иқтисодиёти миллии мамлакат, заминаи мусоид фароҳам меоранд. Яке аз чунин объекти стратегӣ НОБ–и Роғун ба ҳисоб меравад, ки аввалин чархаи он дар назар аст, ки 16 ноябри соли ҷорӣ ва чархаи дуюми он моҳи апрели соли 2019 ба истифода дода шавад. Дар маҷмӯъ он аз шаш чарха иборат буда, қудрати ҳар кадоми онҳо 600 мегаваттро ташкил медиҳанд. Сохтмони НОБ-и Роғун аз соли 2008 дубора оғоз гардидааст. Ҳамон сол дар НОБ –и Рогун 635 нафар коргар ва 46 адад техника ва механизм ба кор шуруъ кард. Ҳоло бошад дар он ҷо беш 21 ҳазор нафар мутахассисон ва коргарон, ки аксариятро ҷавонон ташкил медиҳанд, кор мекунанд.

Аҳамияти стратегӣ доштани НОБ – Роғун дар он дида мешавад, ки ҳоло дар неругоҳҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисоби миёна 16-17 миллиард кВт. соат неруи барқ дар як сол истеҳсол карда мешавад. Талаботи пурра ба барқ дар даҳсолаи наздик бошад, 22-25 миллиард кВт. соатро ташкил медихад. Барои пешрафти иқтисодиёт ва таъмини аҳолӣ 5-7 миллиард кВт. соат неруи барқ дар фасли зимистон намерасад. Аз ин лиҳоз

дар навбати аввал сохтан ва ба итмом расонидани НОБ– и Роғун барои Тоҷикистон аҳамияти аввалиндараҷаи стратегӣ дорад.

Илова ба ин, дар марҳилаи ҳозира ғафсии қабати лойқаи обанбори Норак беш аз 100 метр шудааст. Агар НОБ-и Роғун сохта нашавад, пас аз 45- 50 сол НОБ - и Норак аз лойқа пур гашта аз кор мемонад. Сохтани НОБ-и Роғун умри НОБ - ҳои дигар аз қабили: Сангтуда-1, Сангтуда -2, Бойғозӣ, Сарбанд ва Марказиро, низ дароз намуда муҳлати кори онҳоро ба садсолаҳо таъмин менамояд.

Яъне ҳадафи стратегияи истиқлолияти энергетикӣ ба он равона карда шудааст, ки пеш аз ҳама Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботи дохилиро бо неруи барқ таъмин намояд ва неруи барқи иловатан тавлидшавандаро ба кишварҳои хориҷӣ ба фӯрӯш бароварда, рушди иқтисодиёти кишварро таъмин намояд.

Бояд гуфт, ки расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, тавлиди нерӯи барқи худӣ барои расидан ба ҳадафи стратегии дигар – таъмин намудани гузариш ба кишвари саноативу аграрӣ мусоидат менамояд. Зеро бе неруи барқи арзони дар дохил истеҳсолшаванда, корхонаву иншоотҳои саноатӣ, инфрасохторҳои нақлиётию сохтмонии мавҷудаву дар оянда сохташаванда фаъолият дошта бошанд. Имрӯз дар ҷумҳурӣ панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ фаъоланд, ки ҳамаи онҳо эҳтиёҷ ба нерӯи барқ доранд. Чунончи, ба туфайли сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ имрӯз дар ноҳияи Ёвон се корхонаи саноатӣ сохта шудаанд. Корхонаи маъдантозакунии Такоб барои тавлиди алюминий, маҷмааи бофандагӣ доир ба коркарди пахта дар ноҳияи Данғара ва ғайра, иншоотҳоеанд, ки низ эҳтиёҷ ба барқи худӣ доранд. Дар шимоли кишвар низ як қатор объектҳои истеҳсолӣ вуҷуд доранд, ки бо истифода аз неруи барқ дар татбиқи нақшаҳои стратегии кишвар саҳм гузошта истодаанд.

Сохтмони неругоҳи Роғун таърихи дуру дарози зиёда аз чил сола дорад. Дар давоми ин муддат масъалаи бунёди он мавриди ҳамлаи ҳам тарафдорон ва муқобилони он қарор гирифта буд. Ягона шахсе, ки тарафдори воқеии сохтмони ин иншооти азим ва дар асоси он таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар буд – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали барқарор гардидани сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ба ҳаёти осоишта гузаштани халқамон, бунёди ҷомеаи аз нигоҳи иқтисодию технологӣ пешрафта, камари ҳиммат бастанд.

Имрӯз мо мебинем, ки ҳамаи саъю талоши Пешвои миллат беҳуда набудааст ва мо дар арафаи ифтитоҳи фаъолияти ин неругоҳи пуриқтидор қарор дорем.

Пешвои миллат дар ҳамаи суханрониҳояшон пайваста ба масъалаи таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар ишора мекарданд ва барои расидан ба ин ҳадафи стратегӣ халқи тоҷикро сафарбар мекарданд.

Вобаста ба ин, илова ба сохтмони НОБ - и Роғун, бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар замони 27 соли Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, як қатор иншоотии дигари гидроэнергетикӣ сохта ба истифода дода шуданд, аз қабили бунёди неругоҳҳои барқи обии “Сангтуда–1” ва “Сангтуда–2”, дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 220 ва 500 киловолта дар шаҳри Норак, зеристгоҳи барқии “Лолазор”, хатти интиқоли барқи баландшиддати 220 киловолтаи “Лолазор–Хатлон”, зеристгоҳи барқии “Хатлон”, хатти интиқоли барқи баландшиддати 500 киловолтаи “Ҷануб–Шимол”, ба истифода додани навбати аввали Маркази барқу гармидиҳиии “Душанбе–2” бо иқтидори 100 мегаватт ва ғайра.

Ин дастовардҳо имконият доданд, ки шурӯъ аз 28 октябри соли 2017 маҳдудияти меъёри барқ дар фасли зимистон дар миқёси ҷумҳурӣ бардошта шавад.

Дар маҷмӯъ, дар ин давра дар кишварамон беш аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нави энергетикӣ ба истифода дода шуданд. Илова ба ин, бунёди навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе–2” бо иқтидори 300 мегаватт, таҷдиду барқарорсозии НБО-и “Норак” оғоз гардидаанд. Лоиҳаи байналмилалии интиқоли неруи барқ ба хориҷи кишвар “КАСА–1000” дар марҳилаи татбиқ қарор дода шудааст.

Бинобар ин, 16 ноябри соли 2018, яъне рӯзи ба истифода дода шудани чархаи нахустини НОБ – и Роғун дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистони азизамон, санаи таърихӣ ва фаромӯшнашаванда аст. Орзу, заҳмату талошҳои чандинсолаи Пешвои миллатамон, мардуми тоҷик ҷомаи амал мепӯшанд ва аввалин неругоҳи бо қувваю сармояи худи халқ масрафкарда ба истифода дода мешавад. Дар ин кор саҳми ширкатҳои хориҷӣ аз ҷумла ширкати итолиёвии «Салини Импреҷило С.п.А.» (Salini Impregilo SpA), ки дар марҳилаи ниҳоии сохтмон иштирок дорад, низ боиси таҳният мебошад.

Бояд қайд кард, ки баъд аз муроҷиати Пешвои миллат аз 5 январи соли 2010 оид ба сохтмони НОБ – и Роғун, ҷавонони кишвар барои саҳм гирифтан дар бунёди ин иншооти азим рағбат нишон доданд. Дар баробари харидани саҳмияҳои он, аксари донишҷуёни мактабҳои олии кишвар бо ихтисосҳои соҳаҳои барқтаъминкунӣ, кафшеркориву дигар корҳо, дар ин сохтмон кор мекунанд. Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо ҷавонон дар қатори бинокорону васлгарон паҳлу ба паҳлу истода, меҳнат карда истодаанд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки ҷавонони тоҷик таҷрибаи таърихии бунёдкорӣ ва анъанаи дӯстию бародариро сарбаландона идома дода, дар анҷоми ин сохтмон саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Хулоса, созандагию хирадмандии Сарвари давлат, дили мо ҷавонон ва мардуми кишварро дар самти ватандӯстиву меҳанпарастӣ рӯҳу тавони тозае мебахшад. Ҳар як ҷавон ва фарди тоҷик бояд ба монанди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муазами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии худро дар назди Миллат, Ватан ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ободиву осоиштагии кишвари азизамон бо кору пайкори созанда собит намояд.

Ҳикматулло Хоҷаев

сармутахассиси Раёсати омӯзиши

масъалаҳои амнияти минтақавӣ

Маркази тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон