Асосӣ: Сиёсати дохилӣ Таҳқиқот ВОЛОИЯТИ ҚОНУН, НА ҶАНГИ ШАҲРВАНДӢ
+++ Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 9 феврали соли 2019, №АП-1165 +++ Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир +++ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нахустин Муколамаи «Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ-Афғонистон» иштирок намуд +++ ЧАНД ДАСТОВАРДИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2018 +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26.12.2018 12:21, шаҳри Душанбе +++ Дар Душанбе масъалаи шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россияро баррасӣ намуданд +++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1199
mod_vvisit_counterДирӯз1683
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта12377
mod_vvisit_counterДар ин моҳ25603
mod_vvisit_counterҲамагӣ1517985
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Феврали
17
Якшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ВОЛОИЯТИ ҚОНУН, НА ҶАНГИ ШАҲРВАНДӢ

24.10.2018

Таҳлили матни баёниияи Паймони Миллии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки роҳбарони он роҳи иғвогариро пеш гирифтаанд.

Ҳеҷ кас дар Бадахшон ҷанг карданӣ нест. Неруҳои ҳукуматӣ сирф барои барқарор кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ки ҳаёти осоиштаи мардуми Бадахшонро халалдор месохт, ба ин ҷо сафарбар шудаанд. Оё мумкин аст, ки дар қаламрави вилоят мошинҳои шахсӣ бе доштани иҷозатномаҳои ронандагӣ, рақамҳои давлатӣ рафтуомад намоянд ва қонунвайронкуниҳои дигари ҳамонанд ҷой дошта бошанд? Муҳимаш ин, ки нигоҳ доштани ғайриқонунии аслиҳа дар дасти мардум ба қайд гирифта шудааст.

Тавре аз гузоришҳо бармеоянд, дар давоми ин муддат дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои дахлдор 3053 ҳолати вайрон кардани қоидаҳои роҳ, 32 мошини бо шишаҳои сиёҳ ғайриқонунӣ насбшуда, 53 автомашинаи бе рақами давлатӣ ва ҳолатҳои дигар муайян гардиданд. Аз аҳолӣ то 200 адад аслиҳаю муҳимоти гуногун мусодира карда шуд. Агар чунин вазъият имрӯз ислоҳ нагардад, дар оянда ҳолати криминалӣ дар вилоят боз ҳам вахимтар мегашт. Рафтуомади меҳмонони дохилию хориҷӣ ба ин минтақа зери хатар қарор мегирифт. Аз зеҳни мардум ҳодисаҳои охири моҳи июли соли 2018 дар Данғара рӯйдода ҳанӯз фаромӯш нашудааст.

Хабари гӯё ба Бадахшон сафарбар кардани собиқадорони "Фронти халқӣ" низ дӯрӯғ аст. Ягон қувваи иловагӣ аз ҳисоби ветеранҳои ҷанги шаҳрвандӣ ё «Фронти халқӣ», ки дар баёния омадааст, ба ВМКБ сафарбар нашудааст, зеро аксари чунин собиқадорон, ки он солҳо нақши калидӣ доштанд имрӯз дар қайди ҳаёт нестанд ва ё пири барҷомонда ҳастанд. Бинобар ин, чунин ҳарфҳо дурӯғи маҳз ва барои шӯрандозию иғвоангезӣ мебошанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми мушкилоти иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон огоҳӣ дорад ва барои беҳбуд бахшидани он кӯшиш карда истодааст, вале барои амалӣ кардани нақшаю чорабиниҳои ҳукуматӣ бояд, пеш аз ҳама, вазъи криминогенӣ беҳтар гардад. Маҳз ба ҳамин мақсад чунин амалиёти пешгирикунанда гузаронида мешавад.

Бояд гуфт, ки зарурати истифодаи неруҳои ҳарбӣ бар ВМКБ ба он асос ёфтааст, ки дар вилоятҳои шимоли бо Тоҷикистон ҳамсарҳади Афғонистон, аз ҷумла вилояти Бадахшони он, ахиран гуруҳҳои террористони байналмилалӣ ҷой гирифтаанд ва ба суботу осоиштагии кишвари мо хатар эҷод мекунанд. Бинобар ин, мақсади асосии эъзоми ин неруҳо пешгирӣ кардани эҳтимолияти истифода кардани онҳо аз вазъияти ба вуҷудомада мебошад.

Даъвоҳои Паймони Миллии Тоҷикистон дар хусуси имкони сар задани ҷанги шаҳрвандӣ низ беасос мебошанд ва иғвобарангезанд. Ҳеч гоҳ ин қувваҳо бар зидди мардуми осоишта истифода бурда намешаванд.

Ба ақидаи мо, роҳбарони Паймони миллии Тоҷикистон бо ҳушдору даъватҳои муғризонаи худ, баръакс, вазъиятро ба манфиати худ истифода карданӣ ҳастанд, ки ин оқибати хуб надорад ва ба нафъи мардуми тоҷик намебошад. Бинобар ин, хуб мешуд, ки ин "ҷанобони ғамхори миллат" ба ҷойи тарғибу ташвиқи ҷанги шаҳрвандӣ аз пайи ободию пешрафти кишвари азизамон мешуданд.

Нарзулло Сангинов, Қадамшо Масумов,

коршиносони Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон