Асосӣ: Сиёсати дохилӣ Таҳқиқот САМАРАИ ФАЪОЛИЯТИ РАЁСАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ (СОЛИ 2018)
+++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз583
mod_vvisit_counterДирӯз2074
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта8035
mod_vvisit_counterДар ин моҳ22526
mod_vvisit_counterҲамагӣ1387584
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Ноябри
16
Ҷумъа
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

САМАРАИ ФАЪОЛИЯТИ РАЁСАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ (СОЛИ 2018)

27.09.2018

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Раёсати худ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) фаъолиятҳои зиёдеро сарбаландона амалӣ кард, ки ба рушди устувору таъмини амният дар ҳар як кишвари узви ин созмони бонуфузи байналмилалӣ мусоидат намуд:

1. Самтҳои афзалиятноки фаъолият дар доираи Раёсати Тоҷикистон дар ИДМ бештар бо ҳалли чунин вазифаҳо равона гардида буданд:

• тақвияти робитаҳои корӣ байни кишварони ИДМ дар доираи СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар амалишавии Ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, таъмини дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва энергияи тоза;

• устувор гардонидани муносибатҳо ва робитаҳои таърихӣ дар байни кишварони ИДМ бо таъмини эҳтироми манфиатҳои миллӣ, шарикият дар такмили неру ва устувории рушд;

• баланд бардоштани нақши ИДМ дар ҳалли масъалаҳое, ки бо таъмини амният ва

устуворӣ, аз ҷумла дар сарҳадҳои ҷануби ин созмони байналмилалӣ марбутанд, такмили фаъолияти мақомоти ин созмони байналмилалӣ дар самти мубориза ва пешгирии таҳдиду хатарҳои нав ба амнияту субот;

• таваҷҷуҳи бештар додан ба мустаҳкам гардонидани ҳамкориҳо дар самти мубориза бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ба инобат гирифтани нақши СММ дар ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ ва таъмини амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳон;

• устувор гардонидани ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ, аз ҷумла дар амалишавии "Консепсияи ҳамкориҳои низомии кишварҳои узви ИДМ то соли 2020" ва "Барномаи ҳамкориҳо дар устуворгардонии амнияти сарҳадӣ барои солҳои 2016–2020";

• тақвиятии ҳамкориҳои иқтисодӣ, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика, саноат, нақлиёт ва коммуникатсия;

• густариши ҳамкориҳо дар бахши фарҳангию гуманитарӣ.

2. Нақшаи чорабиниҳо дар доираи Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ таҳия ва мавриди амал қарор гирифт, ки дар маҷмӯъ, 42 тадбири муҳимро дар бар мегирад. Дар ин раванд силсилаи вохӯрию нишастҳо дар сатҳи баланд, аз ҷумла дар доираи ҷаласаҳои Шӯроҳои Сарони кишварҳо ва Ҳукуматҳо, Шӯроҳои вазирони корҳои хориҷӣ ва адлия, прокурорҳои генералӣ, Шӯроҳо доир ба ҳамкориҳо дар бахши тандурустӣ, илм, ҷавонон ва меҳнат баргузор гардид, ки дар онҳо мубодилаи афкор доир ба вазъ ва самтгирии рушди ҳамкориҳо, иттилооту таҷриба таъмин гардид. Бештари чорабиниҳои мазкур дар шаҳри Душанбе баргузор шуданд. Созишномаҳои қабулшуда, дар умум, бо таъмини устувории вазъ дар бахшҳои гуногуни рушд, тақвияти заминаи меъёрии ҳуқуқии ҳамкориҳо ва ҳамгироиҳо барои муборизаю пешгирии чолишҳои нав марбутанд.

3. Дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2018 "Соли фарҳанг" эълон гардида, дар доираи ин чорабии муҳим силсилаи чорабиниҳои байналмилалии бошукӯҳ дар доираи ин бахш баргузор гардиданд ва то охири сол амалӣ мешаванд, аз ҷумла:

• чорабиниҳо бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ (март, Душанбе);

• 13-ум Форуми зиёиён, кормандони бахшҳои фарҳангу илм (июн, Остона).

• Намоишгоҳи байналмилалии китоб (сентябр, Душанбе);

• Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои лӯхтаки «Чодари хаёл» (октябр, Душанбе);

Пешбинӣ мешавад, ки масъалаи эълон намудани соли 2021 дар ИДМ "Соли меъморию шаҳрсозӣ" ва шаҳри Душанбе чун пойтахти фарҳангии ИДМ дар доираи ҷаласаи Шӯрои Сарони кишварҳои узви ин созмони байналмилалӣ рӯзҳои 27–28 сентябри соли ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад. Ин боиси ифтихору масъулияти баланди ҳар як сокини Душанбе мебошад.

4. Муҳокима ва баррасии масъалаҳои таъмини амният, фаъолияти дастаҷамъӣ бо терроризму экстремизм заминаи муҳимро ба таъмини устувории рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои ИДМ мегузорад. Фаъолиятҳо дар самти ривоҷу равнақи ҳамкориҳои илмӣ, таъмини рушди инноватсионии кишварҳо, аз ҷумла созишномаҳои мушаххас доир ба ташаккул ва рушди бозори моликияти зеҳнӣ, консепсияи ҳамкориҳо доир ба рушди инноватсионии энергетика амалӣ гардид Дар ин раванд Лоиҳаи байналмилалии ҷавонон «Сад ғоя барои ИДМ» мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифт. Баргузории силсилаи ҷаласаҳо доир ба раванди амалишавии Стратегияи «Саломатии аҳолии кишварҳои ИДМ» ба ривоҷу равнақи ҳамкориҳои судманд дар бахшҳои пешгирӣ ва табобати бемориҳои саратону қанд, таъминоти тиббию беҳдоштии нақлиёти ҳавоӣ мусоидат намуд. Дар доираи баррасии масъалаҳои шуғл мубодилаи маводи иттилоотию методӣ, меъёрии ҳуқуқӣ, коркард ва таҳияи усулҳои ягонаи ташаккулу истифодаи стандартҳои касбии кишварҳои ИДМ таъмин гардид.

5. Ҳоло давраи сеюми иҷрои "Стратегияи рушди иқтисодии кишварҳои ИДМ" мавриди амал қарор гирифтааст. Тоҷикистон барои иҷрои нақшаи чорабиниҳои Стратегияи мазкур низ дар давоми сол мусоидат намуд. Бояд қайд намуд, ки неруи ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои узви ИДМ бузург буда, ниёз ба такмили механизмҳои амалӣ намудани чунин ҳамкориҳо ҷой дорад. Дар давоми соли ҷорӣ ҳаҷми мубодилаи маҳсулот дар доираи ИДМ нисбат ба соли гузашта дар ҳудуди 15 дарсад афзуд, аз ҷумла дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 84,7 млрд. долларро ташкил дод (барои муқоиса дар ҳамин давраи соли 2017 ҳаҷми мубодилаи маҳсулот ба 73,7 млрд. доллари ИМА баробар буд). Албатта, ҳар як кишвар узви ИДМ имконияту манфиатҳои худро дар бозорҳои хориҷӣ амалӣ мегардонад, лекин Тоҷикистон дар доираи Раёсати худ дар ин созмони байналмилалӣ кӯшиши мусоидат намуданро ба такмили асосҳои меъёрии ҳуқуқии ташкили муносибатҳои иқтисодӣ, мутобиқгардонии ИДМ ба вазъиятҳои зудтағйирёбандаи муосир амалӣ намуд. Дар маҷмӯъ, фаъолиятҳо дар самти баррасии масъалаҳои рушд дар давраи Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ то охири сол идома меёбанд ва баргузории чандин чорабинии муҳим дар назар аст.

Дар баробари ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми ҳамаи солҳои Истиқлолияти давлатӣ иштирокчии фаъол ва масъулиятноки баррасии масъалаҳои муосири рушд дар доираи муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.

Муминова Ф.М.,
муовини директори Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон